Главная / Маданият ва санъат / Тариқаи зиёрати аҳли қубур – (зиёрати қабристон)

Тариқаи зиёрати аҳли қубур – (зиёрати қабристон)

Аввал таҳорат созад, пас аз он дар хона ду ракаъат намози шукри вузу хонда, дар роҳ ба суханҳои бемаъно машғул нагашта, ба сӯйи қабристон равад. Чун ба қабристон расад, рӯ ба рӯйи аҳли қабристон пушт ба қибла истода, ду даст дар пеш гирифта, салом бигӯяд.

Дар ҳадисҳо салом барои аҳли қабристон бо калимоте мухталиф омадааст, ки намунаҳояш чунин аст:

«Ас-салому алайкум, аҳла-д-диёри мина-л-муъминина ва-л-муслимина, ва инно иншоаллоҳу бикуму-л-лоҳи куна, насъалуллоҳу лано ва лакуму-л-офията»[2].

Тарҷума: Салом бар шумо, соҳибони ин қубур аз муъминон ва мусалмонон ва мо ҳам, иншоаллоҳ, ба шумо хоҳем расид. Мо барои худ ва шумо аз Худованд талаби офият ва саломатӣ мекунем.

«Ас-салому алайкум, ё аҳла-л-қубури, яғфируллоҳу лано ва лакум, антум салафуно ва наҳну би-л-асар»[3].

Тарҷума: Салом бар шумо, эй соҳибони қубур, Худованд мову шуморо мавриди мағфират қарор диҳад. Шумо аз мо пештар рафтед ва мо пушти сари шумо хоҳем омад.

Пас аз он сураи «Фотиҳа» ва «Ояту-л-Курсӣ»-ро то «холидун»[4] ва ояти «Лиллоҳи мо фӣ-с-самовоти ва мо фӣ-л-арз»-ро то «фа-нсурно ала-л-қавми-л-кофирин» ва сураҳои «Изо зулзилат» ва «Такосур» ҳамаро як маротибагӣ бихонад ва сураи «Ихлос» ва дурудро даҳ бори бихонад. Ва агар тавонад сураҳои «Ёсин»[5] ва «Таборак»-ро низ як бори бихонад ва савобашро ба гузаштагони аҳли қабристон ҳадя кунад.

Бо сабаби пурра кардани ин китоб мо он сураҳову оятҳоро бо хати имрӯза пешкаши хонандагон месозем.

Сураи «Фотиҳа»

Аузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим

Бисмиллоҳи-р-Раҳмоии-р-Раҳим

Ал-ҳамду лиллоҳирабби-л-оламин. Ар-Раҳмони-р-Раҳим. Молики явми-д-дин. Ийёка наьбуду ва ийёка настаъин. Иҳдина-с-сирота-л-мустақима, сирота-л-лазина анъамта алайҳим, ғайри-л-мағзуби алайҳим вала-з-золлин. (Омин).

«Ояту-л-Курсӣ»

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим.

Аллоҳу ло илоҳа илло Ҳува-л-Ҳайю-л-Қайюм. Ло таъхузуҳу синату-в-ва ло навм, Лaҳy мо фӣ-с-самовоти ва мо фӣ-л-арз. Ман за-л-лазӣ яшфаъу индаҳу илло биизниҳ. Яьламу мо байна айдиҳим ва мо халфаҳум, ва ло юҳитуна бишайъи-м-мин илмиҳи  илло бимо шоъ. Васиа курсийюҳу-с- самовоти ва-л-арз. Ва ло яудуҳу ҳифзуҳумо ва Ҳува-л- Алийю-л-Азим. Лo икроҳа фӣ-д-дини, қад-табайяна-р-рушду мина-л-ғаййи, фа май-якфур би-т-тоғути ва юъмим биллоҳи фа қади-стамсака би-л-урвати-л-вусқо ланфисома лаҳо, валлоҳу Самиъун Алим. Аллоҳу валийю-л-лазина оману юхриҷуҳум мина-з-зулумоти ила-н-нур. Ва-л-лазина кафару авлиёуҳуму-т-тоғуту, юхриҷунаҳум мина-н-нури ила-з-зулумот. Улоика асҳобу-н-нори, ҳум фиҳо холидун.

Ояти «Лиллоҳи мо фӣ-с-самовоти ва мо фӣ-л-арз»

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Лиллоҳи мо фӣ-с-самовоти ва мо фӣ-л-арз, ва ин тубду мо фӣ анфусикум ав тухфуҳу юҳосибкум биҳиллоҳ, фа яғфиру лимай-яшоъу ва юъаззибу май-яшоъ, валлоҳу ало кулли шайъин қадир. Омана-р-Расулу би мо унзила илайҳи ми-р-Раббиҳи ва-л-муъминун, куллун омана биллоҳи ва малоикатиҳи  ва кутубиҳи ва русулиҳи  ло нуфарриқу байна аҳади-м-ми-р-русулиҳ ва қолу самиъно ва атаъно, ғуфронака Раббано ва илайка-л-масир. Лo юкаллифуллоҳу нафсан илло вусъаҳо, лаҳо мо касабат ва алайҳо мактасабат, Раббано ло туохизно ин насино ав ахтаъно, Раббано ва ло таҳмил алайно исран камо ҳамалтаҳу ала-л-лазина мин қаблино, Раббано ва ло туҳаммилно мо ло тоқата лано биҳ ва-ъфу анно ва-ғфир лано, ва-рҳамно, Анта Мавлоно фа-нсурно ала-л-қавми-л- кофирин.

Сураи «Изо зулзилат»

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Изо зулзилати-л-арзу зилзолаҳо. Ва ахраҷати-л-арзу асқолаҳо. Ва қола-л-инсону мо лаҳо. Явмаъизин туҳаддису ахбораҳо. Би анна Раббака авҳолаҳо. Явмаъизий-ясдуру-н-носу аштота-л-ли юрав аъмолаҳум. Фа май-яьмал мисқола зарратин хайрай-яраҳ. Ва май-яъмал мискола заррат шаррай-яраҳ.

Сураи «Такосур»

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Алҳокуму-т-такосур. Ҳатто зуртуму-л-мақобир. Калло савфа таъламуна, сумма калло савфа таъламун. Калло лав таъламуна илма-л-яқин. Латаравунна-л-ҷаҳима сумма латаравуннаҳо айна-л-яқин. Сумма латусъалунна явмаъизин аии-н-наъим.

Сураи «Ихлос»

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Қул Ҳуваллоҳу Аҳад. Аллоҳу-с-Самад. Лам ялид ва лам юлад. Ва лам яку-л-Лаҳу куфуван аҳад.

Салавот ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма салли ва саллим ва борик алайҳ.

 Сурауои «Ёсин» ва «Таборак»-ро метавонед аз китоби «Ҳазрати Ёсин ва Таборак» дарёфт намоед. Ва тариқаи бахшидани ин сураҳову оятҳои зикршударо баён месозем. Пас аз хондани ин Сураҳову оятҳо ин дуоуоро бихонед:

Садақаллоҳу-л-Алийю-л-Азим. Ва садақа Расулуҳу-н-Набийю-л-карим. Ва наҳну ало золика мина-ш-шоҳидина ва-ш-шокирин. Ва-л-ҳамду лиллохирабби-л-оламин.

Субҳона Раббика Рабби-л-иззати аммо ясифун. Ва саломун ал а-л-мурсалин. Ва-л-ҳамду лиллоҳирабби-л-оламин.

Сипас дастҳоро бардошта чунин дуо намоед:

duo-mazor

Илоҳӣ, омин, ҳадя кардем савобу самараи ин оятҳои каломи Раббониро ба ризоии Ҳақ субҳонаҳу ва таоло ба рӯҳонияти ҷамеъи анбиёи мотақаддам ва анбиёи мурсалин, хусусан ба рӯҳи пурфутуҳи мутаҳҳари мунаввари Ҳазрати рисолатпаноҳӣ саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Ва ба рӯҳонияти хулафои рошидин ва ҷамеъи саҳоба ва тобиъин ва табаъа тобиъин. Ва ба рӯҳонияти ҷамеъи муҷтаҳидин, хусусан Имоми Аъзами куфиву суфӣ раҳматуллоҳи алайҳ. Ва ба рӯҳонияти падарону модарон ва ҷамеъи муъминину муъминот ва муслимину муслимот, хусусан ба гузаштагони ин манзилу макон. Аллоҳумма-ҳфазно ё Файёз мин ҷамиъи-л-балоёи ва-л-амроз. Ва саллаллоҳу таоло ало хайри халқиҳи Муҳаммадив-ва ало Олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

[1] Қубур – қабрҳо. Аҳли қубур – сокинони қабрҳо.

[2] Ин ҳадисро Имом Муслим аз Бурайда ривоят кардааст. («Маорифу-л-ҳадис», ҷилди 3, саҳ 376).

[3] Ин ҳадисро Имом Тирмизӣ аз Ибни Аббос ривоят кардааст. («Маорифу-л-ҳадис», ҷилди 3, саҳ 376).

[4] Дар китоби «Хайрату-л-фуқаҳо» меорад, ки: “Ҳар кӣ як бор «Оятул-Курсӣ»-ро бихонад ва савоби онро ба аҳли қубур бахшад, аз савоби «Ояту-л-Курсӣ» Ҳақ таоло дароварад дар ҳар гуре чиҳил нур ва ҷумлаи гурҳо мунаввар мегардад. Хонандаро инчунин савоби сесад пайғамбар каромат шавад»

[5] Дар китоби «Хайрату-л-фуқаҳо» меорад, ки: “Ҳар шахсе, ки дар гуристон шавад, чун сураи «Ёсин»-ро бихонад ва савоби онро ба аҳли қубур бахшад, Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу ва таоло аз шарофати сураи «Ёсин» азобро аз гуристон бардорад ва хонандаро савоби азим ҳосил ояд». (саҳ. 42)

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …