Главная / Гуногун / ТАЪРИХИ РУСИЯ ДАР ИБТИДОИ АСРИ XX

ТАЪРИХИ РУСИЯ ДАР ИБТИДОИ АСРИ XX

Ҷанги Русияю Ҷопон. Ба давраи сармоядории инҳисорӣ дохил гардидани Русия ба вақте рост омад, ки дар байни мамлакатҳои калонтарини сармоядорй барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон зиддиятҳо тезу тунд мешуданд. Русия ҳам дар ин қатор меистод. Вай дар Шарқи Дур ва ҳавзаи Уқёнуси Ором манфиатҳои худро дошт. Лекин ба он Ҷопони ҷавони империалистӣ халал мерасоннд. Ин вақт дар мамлакат бӯҳрони инқилобй ҳам пухта мерасид. Барой баромадан аз ин бӯҳрон ба мутлақияти рус як ҷанги зафаровар лозим буд то ки баъди он ба нерӯҳои инқилобии мамлакат зарба занад.

Ҷопон ба ҷанги зидди Русия ҳануз аз солҳои 90-ум тайёрй медид. Вай ният дошт, ки ин давлатро аз ҳавзаи Уқёнуси Ором дур партояд ва бо ҳамин дар Шимоли Чин мавқеи худро мустаҳкам кунад. Ғайр аз ин Ҷопон мехост, ки Корея ва Манҷурияро низ ба даст дарорад.

Вале Русия ба ҷанги дар пешистода онқадар тайёр набуд. Сохтмони роҳи оҳани Транссибир, истеҳкомҳои кадъаи Порт- Артур, ки онро Русия дар нимҷазираи Ляодуни аз Чин ба иҷорагирифта месохт, ҳанӯз ба охир нарасида буданд. Сохтмони ин иншоот бояд соли 1909 анҷом меефт.

Дар ҳамин вазъият ҷанг 27 январи соли 1904 бо ҳамлаи эскадраи Ҷопон ба дастаи киштиҳои флоти рус, ки ин вақт дар бандари Чемулпои Корея буд. оғоз ёфт. Дар ин муҳориба крейсери номии Русия ‘’Варяг” ва канонеркам “Корея” зарари калон дида, дере нагузашта ғарк шуданд. Дар яке аз муҳорнбаҳои сахти баҳрй сарфармондеҳи флоти Уқёнуси Ороми рус адмирал С. О. Макаров ҳалок гардид.

Моҳҳои май – августа соли 1904 дар Порт-Артур ва Ляолян муҳорнбаҳои калон ба амал омада, ба фоидам ҷопониҳо анҷом ёфтанд. Аз Моҳи май то Моҳи декабри соли 1904 Порт-Артур дар муҳосира буд. Муҳофизатгарони он баъд аз мудофиаи дуру дароз ва талафоти зиёд маҷбур шуданд, ки ба Ҷопон таслим шаванд.

Моҳи феврали соли 1905 баъди дар Мукден шикаст хӯрдани русҳо Николайи II аз ҳисоби киштиҳои флоти Балтика эскадра» ҷадид» киштиҳоро ороста бар зидди ҷопониҳо фиристонд, вале флоти Ҷопон онро Моҳи майи соли 1905 дар наздикии Сусима торумор кард. Аз ин эскадра танҳо 3 киштй тавонист, ки аз муҳосираи ҷопониҳо халос шуда то ба шаҳри русии Владивосток рафта расад. Дар ин муҳорнба Русия талафоти калони ҷонӣ ҳам дод. Инчунин ҳазорҳо нафар баҳрнавардон ба асорат афтоданд.

Дар ҷанги зидди Ҷопон Русия шикаст хӯрд ва маҷбур шуд, ки Моҳи августи соли 1905 тавассути миёнаравии ИМА дар шаҳри Портсму  ин мамлакат ба Созишномаи сулҳи таслимшавӣ нмзо гузорад.

Ҷопон дар натиҷаи ғалаба бар Русия ба мақсади худ расид. Русия аз Порт-Артур ва қисми ҷанубии чазираи Сахалин маҳрум гардид.

Шикаст дар ҷанги зидди Ҷопон бӯҳрони инқилобиро дар Русия боз ҳам шадидтар гардонид.

Сабаб ва мақсадхои инқилоби якуми буржуазй-демократии солҳои 1905-1907. Ислоҳоти солҳои 60-ум – 70-уми асри XIX ҳарчанд Русияро ба роҳи сармоядорй даровард, лекин зиддиягҳои сершумори ҷомеаро бартараф карда натавонист. Боқимондаҳон феодалй ҳанӯз ҳам дар мамлакат ҳукмрон буданд ва ислоҳот масъалаи аграриро то охир ва одилона ҳал карда на тавонист. Яке аз монеаҳои асосин пешравии Русия дар деҳоти рус мавҷуд будани ҷамоаи дехқонй ба шумор мерафт. Ҷамоаро тарк карда рафтани деққонон мумкин набуд. Аз ин рӯ, онҳо барои барҳам додани он мубориза мебурданд.

Бўҳрони иқтисодии солҳои 1900-1903 заҳматкашони Русияро боз ҳам кашолтар кард. Ҳазорон-ҳазор коргарон ва табақаҳои Дигари меҳнаткашон бекор монданд. Ин бӯҳрон вазъи сиссию иҷтимоин мамлакатро низ беандоза тезу тунд гардонид.

Империяи Русия давлати сермиллат буд. Дар он даҳҳо миллату халқиятхои гуногун сокин буданд ва аз тарафи великоросҳо сахт истисмор карда мешуданд. Биноан, халқҳои мазлуми империям Русияи подшоҳй барои озодии худ мубориза мебурданд. Инқилоби дар пешистода дар ин империя занҷири зулми мустамликавиро ҳам шикаста метавонист.

Дар ҷанги зидди Ҷопон шикаст хӯрдани Русия саршавии инқилобро тезонид. Мардум нағз фаҳмид, ки гунаҳгорони асосии ин фалокат мутлақият ва дастгоҳи беҳунари давяатию ҳарбии он мебошанд.

Масъалаи аз ҳама асоситаринн инқилоб барҳамзании мутлақияти подшоҳӣ ва соҳиби замин шудани деҳқонони безамин ва камзамнн буд.

Оғози инқилоб. Якшанбеи хунин. Аксарияти коргарони фабрикаю заводи онвақтаи Русия он деқкононе буданд, ки бо сабаби барҳам хўрдани ҳуқуқи крепостнойӣ кори кишоварзиро партофта, ба шаҳрхо рафта, издиҳоми бузурги меҳнати кирояро ташкил карда буданд. Вале онҳо ҳанӯз аз рӯҳияи деҳқонй орй набуданд ва ба “шоҳ – падарҷонашон боварй доштанд. Жандармерия аз ин имтифода бурда, бо ёрии гумошгаи махфии худ поп Галон созмони “Маҷлиси коргарони руси фабрикаву заводҳои шаҳри Санкт-Петербург”-ро ташкил кард, то ки ба фаъолияти ин табақаи меҳнаткашон таъсир расонад ва нагузорад ки вай ба сохти сиёсии мавҷуда зиён оварад.

Мувофиқи маслиҳати поп Галон пагоҳии барвақти якшанба 9 январи соли 1905 ҳазорон нафар петербургиҳо дар таи либоси идона, бо зану фарзандҳояшон, суратҳои Николайн II ва худову фариштаҳо дар даст дуохонон аз дунболи поп Гапон ба сўи Қасри Зимнстона раҳсипор шуданд. Ҳукуматдорон барон “пешвоз” гирифтани издиҳом тайёрии пухта дида буданд. Ҳамин ки мардум ба майдони назди қаср ворид гардид, сарбозон ба суй он оташ кушоданд. Дар натиҷа зиёда аз 500 нафар одам куштаю ярадор шуданд. Якшанбеи хунин оғози инқилоби буржуазии рус буд.

Рафти инқилоб дар нимаи аввали соли 1905. Баъди якшанбеи хунин мамлакатро мавҷи намоишҳои эътирозии мардуми ба – шўромада фаро гирифт. Дар Моҳи январ зиёда аз 400 ҳазор нафар одамон корпартой карданд. То аввали бахор дар корпартоихо то 800 ҳазор кас ширкат варзид. Ҷунбишҳои миллию озодихоҳона дар гӯшаю канорҳои миллим империя низ ба амал омаданд.

Ҳукумат вазъи Петербургро ниҳоят хавфнок дониста, ба он генерал Треповро бо ваколатҳои фавқулодда ҳоким таъйин кард. Дар айни замон дар Петербург ва шаҳрҳои дигари мамлакат ҳабскуниҳои оммавии иштирокчиёни инқилоб оғоз ёфт. Вале ин ҳам ҳаракати инқилобиро паст карда натавонист. Аз ҳамин сабаб ҳукумати подшоҳӣ ба халқ ваъдаҳо медод. Подшоҳ Николайи II кайфияти мардум ва вазъи иқтисодию иҷтимоии феълии мамлакатро ба ҳисоб нагирифта наметавонист.

Моҳи май мавҷи корпартоиҳо боз ҳам зиёдтар шуд. I май намоишҳои сершумори меҳнаткашон ва буржуазия дар зсри шиорҳои сисёй гузаштанд. Корпартоии аз ҳама калон ва дуру дароз. ки он 72 рӯз давом кард, дар корхонаҳои бофандагии Иваново-Вознесенск ба амал омад. Дар он то 70 ҳазор кормандони соҳа иштирок карданд. Корпартофгагон Шӯрои вакилони худро интихоб карданд, ки вай аз 151 кас иборат буд. Шӯро ваколатдор карда шуд, ки бо соҳибони фабрикахо гуфтушунид карда, ба иҷрои талабҳои заҳматкашон муваффақ шавад.

14 июни соли 1905 баҳрнавардони киштии флоти Баҳри Сиёҳ “Княз Потёмкин Таврический” шўриш бардоштанд. Ба он матрос Григорий Вакуленчук роҳбарӣ мекард. Ӯ аз тарафи афсари сияҳкоре парронда шуд. Баъди ин роҳбарии шӯришро Афанасий Матюшенко ба ӯҳда гирифт. Ба ин киштй танҳо як киштии дигари флоти Баҳри Сиёҳ “Георгий Победоносетс” ҳамрох шуду халос. Баъди сарсонию саргардониҳои чандинрӯза “Потёмкин-и исёнгар 18 июн маҷбур шуд, ки ба соҳилҳои Руминия рафта, ба ҳукумати ин мамлакат таслим шавад.

Шўриши “Кияз Потёмкин Таврический” ва ошӯбҳо дар артиш нишон доданд, ки лашкар ва флот» Ҳарбин Баҳри ба ҳукумати подшоҳӣ содиқ намебошанд. Таъхир кардан мумкин набуд, вагарна вазъиятн мамлакат боз ҳам вазнинтар мешуд. Инро подшоҳ Николайи II хуб дарк карда буд.

Манифест 17 октябр. Тирамоҳи соли 1905 дар корпартоии умумироссиягӣ зиёда аз 2 миллион нафар одамон иштироқ карданд. Он шаҳрҳои Санкт-Петербург, Москва, Киев ва шаҳрҳои дигари Русияю музофотҳои мустамликавии вайро фаро гирифт. Дар ин вазъият подшоҳ ғайр аз гузашт кардан илоҷи дигар надошт. Ннколайи II маҷбур шуд, ки ба “Эъломия” (“Манифест”,-и “17 октябр” имзо гузорад. Дар он даъват карда шудани Думай давлатй. озодиҳои демократи; озодии сухан, матбуот. маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, ташкилотҳо ва озодии виҷдон ваъда карда туда буданд. Ин озодиҳо дар натиҷаи муборизаи оммавии ҳамаи қувваҳои инқилобӣ ба даст дароварда шуданд.

Дар арафаи инқилоб ва баъди баромаламн “Эъломия”-и шоҳ неруҳои нави сиёсӣ ташкил ёфтанд. Соли 1902 ҳизби Сотсиалисти Инқилобй (СР, бо ифодаи “эсер” ном бурда мешуд). соли 1903 Ҳизби Сотсиал-Демократии Коргарони Руссия” (РСДРП,, соли 1904 Демократҳои Конститугснонй (КД – бо ифолаи “кадет” ном бурда мешуд) ва моҳӣ октябри соли 1905 Ҳизби Октябрчиён бо коми “Иттифоқи 17-умн Октябр” ба фаъолият шурӯъ мекунанд.

Аз “Эъломия”-и 17 октябри подшоҳӣ 3 ҳизб – эсерҳо. кадетҳо ва октябристҳо қаноатманд буданд. Ин ҳизбҳо барҳам хӯрдани ҳокимияти подшоҳиро шарт ва зарур намешумориданд. Қисми зиёди аҳли меҳнат низ аз “Эъломия” розй буд. РСДРП бошад, тарафдори то барҳамхӯрии мутлакият давом додан» мубориза буд. Сарфи назар аз мавқеи РСДР11 аксарияти аҳолии мамлакат “Эьломия”-и Николай» Н-ро хуб истиқбол карданд. Аз ин рӯ, баъди эълон гардидани он инқилоб рў ба таназзул ниҳод.

Ду ҷаҳон I ва II давлат. Дар охирҳои моҳи апрели соли 1906 Думай I давлатй даъват карда шуд. Қонуни интихоботй интихоботро барон деҳқонон чорзинагӣ, барон коргарон сезинагӣ ва барон дворянҳою буржузия дузинагӣ. яъне нобаробар муайян карда буд. Қоидаҳои намояндагӣ низ барои табақаҳои гуногун як хел набуданд. Дворянҳо метавонистанд аз ҳар 2 ҳазор кас, буржуазия аз ҳар 4 ҳазор кас, деҳқонон аз ҳар 30 ҳазор кас ва коргарон аз ҳар 90 ҳазор кас 1 вакил интихоб кунанд. Инчунин қонун маҳдудиятҳои молумулкй ва синусолн ҳам дошт. Аз ни рӯ, на ҳамаи одамон ҳуқуқи интихоботй гирифтанд.

Шўрои давлатй ҳуқуқи палатам Олии Думаро гирифт. Нисфи аъзои онро худи подшоҳ таъйнн мекард. Лоиҳаи қонунҳо танҳо баъди тасдиқи подшоҳ хуқуқи қонунро мегирифтанд. Бинобар ин баьди даъвати Думай I ҳам Русия давлати ҳокимияти мутлақдор мондан шрифт. Лекин он аз тарафи Думай давлатй то як дараҷа маҳдуд карда шуд.

Думай I давлатй барои подшоҳ ва ҷонибдорони ӯ гапнодаро баромад. чунки фраксияч трудовикҳо бар хилофи манфиатҳои помешикҳо масьалаи ҳалли заминро ба муҳокима пешниҳод кард. Бннобар ин Николайн II ҳамчун сарвари давлати феодалй онро “балвогар” номнда, моҳи июни соли 1906 пароканда кард.

Ибтидои соли 1907 Думай II давлатй даъват карда шуд. Вале он аз Думай 1 ҳам гапнодаротар буд. Ин дума дар даврае даъват карда шуд, ки инқилоб аллакай ба шикаст дучор гардида буд. Барой ҳамин мутлақият бе ягон тарсу харос 30-юми июни соли 1907 Думай 2-ро ҳам барҳам зад.

Инқилоб ва фаъолияти ду думай давлатй нишон доданд, ки дар мамлакат ислоҳот гузаронидан лозим аст, ки яке аз ҷузъҳои муҳимтарини он масъалаи замин мебошад.

Ислоҳоти аграрии Столипин. То соли 1905 мутлақият ҷамоаи деҳотии русро бо ҳар роҳ муҳофизат мекард. Он барои ситонидани андоз, сафарбарй ба сарбозй ва аз тарафи помешикон истисмор кардани деҳқонон воситаи хеле қулай буд. Вале инқилоб нишон дод, ки минбаъд нигоҳ доштани ҷамоаи деҳқонй барои мутлақияти Русия хавфи калон дорад. Доираҳои пешқадами мамлакат сохти ҷамоавию патриархалли (падаршохй)-и Русияро ҳамчун яке аз монеаҳои асосии пешравии мамлакат медоннстанд. Барои ҳамин аз ҳукумати подшоҳӣ барҳам додани онро талаб мекарданд.

Дар зери сарпарастии яке аз шахсонн мансабдори калони давлатӣ Столипин Комиссиям давлатй лоиҳаи ислоҳоти аграриро кор карда баромад ва 9 ноябри соли 1906 Николайи II ба зери амр дар бораи ислоҳоти аграрй имзо гузошт. Баъдтар Шӯрои давлатй дар ин бора қонун ҳам баровард. Ин ислоҳот мувофиқи санаи аз тарафи подшоҳ тасдиқкарда “Қонуни 14 июни соли 1910” номида шудааст.

Бо ҳамин ҷамоаи деҳқонии рус барҳам хўрд. Деҳқонони аз ҷамоа озодгардида соҳиби замин шуданд. Ислоҳоти аграрй аз қисмати европавии мамлакат ба гӯшаю канорҳои дурдаст, аз он ҷумла, ба мустамликаҳо муҷоҷир кардани деҳқононро дар назар дошт. Ин қонун бояд дар зарфн 10 сол амалй мегардид.

Ислоҳоти аграрии Столипин кишоварзиро ҳам ба роҳи сармоядорй даровард. Вай барои камол ёфтани соҳибкорй ва муносибатҳои бозоргонй дар шаҳру деҳоти Русия шароити мусоид муҳайё менамуд. Сарфи назар аз ин сӯиқасди душманони ислоҳотба ҷони сарвари ислоҳотӣ аграрй Столипин, Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ва ниҳоят табаддулоти болшевикин моҳи октябри соли 1917 барон пурра ба амал баровардани ислоҳоти аграрии соли 1906 эълонкардаи Николай!! халал расониданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …