Главная / Гуногун / ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ МАЗҲАБ ДАР ИСЛОМ

ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ МАЗҲАБ ДАР ИСЛОМ

Шояд хонандаи азизро суоле пеш омада, ки пас маънии вожа /калима/-и «мазҳаб» чист ва сабабу илали пайдоиши мазоҳиб, дар дини мубин ва басо ростини Ислом дар чист?

Хуб аст, агар хонандаи гиромӣ, пеш аз назари болиғу мубораки хеш бурдан, ба сутури мавзӯъи ин бахш нахуст, ба маънии лафзии калимаи «мазҳаб», ба таври бояду шояд иттилоъе дошта бошед.

Вожа, ё худ калимаи «мазҳаб», лафзи арабӣ буда, аввалан, ба маънии роҳ, равиш, секта ва тариқат аст ва дуввум ин ки ба маънии шӯъба ва шохае аз дин ё худ таълимот ва равишу маслаки диниеро гӯянд, ки аз ҷониби пешвоён ва уламойи бузурги илоҳиётшиносу фуқаҳову ҳакимони барҷастаи Ислом дар оғози Ислом ва дар замони охирин асҳоби Киром ва тобиъин (р) ба вуҷуд омадаву таъсис гардидааст. Шакли ҷамъи калимаи «мазҳаб», ҳамоно «мазоҳиб» аст.

«Вожа» ё худ истилоҳӣ ва ё термини «мазҳаб», ва «мазоҳиб», бештар дар байни уламойи илоҳиётшинос, муфассирони «Қуръон» муҳаддисон ва ҳакимону фақеҳон, яъне, ҳуқуқшиносони исломӣ ва сӯфиёни тариқат истифода мешавад. Ва маънии нисбатан устувор ва асосии «мазҳаб» – тариқат, мактаб, равиш, секта ва роҳи илоҳиётшиносиву фақҳист, ки аз ҷониби пешвоёни дини Ислом таъсис дода шудааст. Дар оғози дини Ислом «мазҳаб», гуфта мактабҳои гуногун ва равияҳои мухталифи фиқҳӣ, яъне, ҳуқуқшиносиро меномиданд, масалан, мазҳаби Сӯфён-ас-Саврӣ, мазҳаби Авзоӣ ва ғайра. 28, 152.

Баъди қонунан исбот намудан, муайян сохтан ва танзим намудани таълимоти мактаби худ, аҳли суннат ва ҷамоъат нахуст роҳ ё худ равиши пешгирифтаи мактаби худро минбаъд на бо унвони тариқат ва ё маслак, балки бо номи «мазҳаб» ба забон мегирифтагӣ шуданд. Ва вожаи «мазҳаб» минбаъд ҳамчун калима ва истилоҳи (термини) ивазкунандаи мафҳуми «роҳ», «равиш», ва «маслак»-у «тариқат», ба ҳукми анъана ва расмият даромада, бештар маъмул гардид.

Ҳоло таълимоти чаҳор мактаби бузурги илоҳиётшиносиву фақҳии дини мубини Ислом; ҳанафия, моликия, шофеъия ва ҳанбалияро ҳамчун мазҳаб ном мегиранд, ки ин равияҳои динӣ, то ба имрӯз бештар таҳти ҳамин мафҳум, яъне, термини «мазҳаб» фаъолият намудаву амал карда истодаанд.

Сабабҳои пурасрори фурӯғи абадият ва пайдоиши мазоҳиби ҳақ ҳам ин буда, ки бо иродаи Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ҷалла ҷалолаҳу дар авохири даҳаи аввали садаи ҳафтуми мелодӣ, тибқи муқаддароти азалӣ ва фазлу раҳмати илоҳияш, инсонияти дар залолат афтида ва дар дарёи разолат ғарқшударо, ба дароз кардани ресмони канданашавандаи шариъати ғурроёи Муҳаммадия /с/ яъне, дини мубини Ислом, мадад кард ва раҳоӣ бахшид. Касе, ки ба он чанг зада, бо тамоми кучу қуввати хеш онро маҳкам гирифт, аз чоҳи тангу торики ҷаҳолат ва залолат, ба арсаи пурнуру беинтиҳои ҳидоят баромад ва нафси хешро аз ҳалокати абадӣ ва барбодии ҳамешагӣ наҷот дод.

Ба мадади парвардигор, яъне, Аллоҳ таъоло ҷалла ҷалолаҳу нур бар залолат, хирад бар ҳамоқат, ҳақ бар ботил пирӯз гашт ва комёб гардид. Дар он рӯзгор мардумони наҷотёфта, ҳамагӣ мисли як шахси воҳид тобеъи бечунучарои дастӯроти Худованд ва ҳидоёти Расули гиромӣ /с/, ки аз ҷинси онон буда, дар байнашон ҳаёт бар сар мебурд ва рисолати хешро анҷом медод, пайравӣ мекарданд. Ба баракати ҷаҳду ҷиҳод ва ҷадали эшон майдон /басо сабзу ҷовидонӣ-С.Б.Б/-и тасаллут ва ҳокимияти дини мубини Ислом рӯз ба рӯз васеътар ва фарохтар мегардид. Кор ба ҷое расида буд, ки решаи куфру залолат мутазалзил ва заъиф шуда, аз хавфу хатари нобудии хеш доду фарёд мекард ва навҳа мекашид. Чунин ҳолат дар замони ҳаёти Расулуллоҳ Ҳазрати Муҳаммади Мустафо /с/ ва чанд соли дигар, баъди реҳлаташон, ба ҷавори Парвардигор ҳоким буд. Аммо пасон муқаддароти илоҳӣ чунин буда, ки дар солҳои баъдина /замони ҳокимияти ду халифаи рошиддин Ҳазрати Усмони Зиннурайн разиаллоҳ ва Ҳазрати Имом Алии Муртазо алайҳиссалом ва рӯзгори саҳобаву тобиъин ва табаъа тобиъин-С.Б.Б/ ин уммати якпорча ва муттаҳид ба парокандагиҳо рӯ ба рӯ шуд ва ба кашмакашиҳои дохилӣ даст ба гиребон гардид. Худованд, ба ҳақиқати ҳол донотар аст, аммо то ҷое, ки аз таърихи Ислом зоҳир мешавад, яке аз сабабҳои асосии ин бадбахтиҳо, ҷой гирифтани муҳаббати дунё /сарвату савлати дунё, такаббур, рибоъу риё, нафси шайтонӣ ва ғайра мислуҳум-С.Б.Б/ дар қалбҳои пок ва равшани мусалмонон ва дигараш зарбаҳои дохилии мунофиқин /яъне, тиҳимағзони шайтонулинс ва ториксалот-С.Б.Б/ инчунин дасисаҳои яҳуд, насоро ва дигар душманони худоношиносу кӯрдили Ислом мебошанд. Ин ихтилофоти дохилӣ, нақшу асари бади худро дар тарзи тафаккур ва андешаҳои иддае аз мардумон гузошт. Чуноне, ки маълум аст, ҳатто баъзе уламо Қуръони Маҷид ва Ҳадисро яксӯ гузошта, ба тадрис ва интишори илми ҳикмат, яъне, фалсафаи сохта ва бофта ва бебунёди юнониҳои ҳазорхудо /наъузубиллоҳ/ пардохтанд. Дар натиҷаи чунин нобасомониҳо ва ғалатравиҳо ақойиди фосид, монанди махлуқ гуфтани Қуръон, инкор кардани дидору ҷамоли Парвардигор, дар фардои қиёмат, инкори азоби қабр, саволи накиру мункар ва ғайра ба вуҷуд омад ва аҳодиси маҷҳӯлу мавзӯъӣ, яъне, дурӯғини бешумор, аз номи нури олам – Ҳазрати Расулуллоҳ /с/ дар ҷомеъа /пурталотум ва пуршӯру шар-С.Б.Б/-и инсонӣ интишор ёфт/ ва мардуми мусалмони як замон муттаҳидро паҳну парешон кард ва боиси ба вуҷуд омадани гурӯҳхо ва фирқаҳои мухталифи динию сиёсӣ гардид-С.Б.Б/.

Уламои воқеъӣ /ки Худованд ба Эшон сӯхтанҳову сохтанҳо иноят фармуда-С.Б.Б/ дар он замон хатари бузургеро эҳсос намуданд ва ба хотири поксозии сафҳои мусалмонон, аз фирқаҳо ва гурӯҳҳои гумроҳ, ба майдони муборизаи ақидавӣ баромаданд. Ба хотири дуруст фаҳмидани маънои оёти Илоҳӣ ва аҳодиси набавӣ /с/, қоида ва усули муайян ва мушаххас вазъ карданд, ки дар асоси ин усул муҳаддисин, ба тадвини аҳодис ва ихроҷи он, фуқаҳо ба иҷтиҳоди масоил, аз оёти шариф ва аҳодиси набавӣ машғул гардиданд. Яке аз чунин муборизони майдони набард, бар муқобили фирқаҳои залол ва ҷудоиандозу тамаддункуш, Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Хоҷа Собит разиаллоҳу анҳу /аслан форсиасл, яъне, аз тоҷикони Кобули Афғонистон, ки соли 80-ҳиҷрӣ-қамарӣ, мутобиқ ба 699 мелодӣ, дар шаҳри Кӯфаи Ироқ ба дунё омада ва соли 150 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 767 мелодӣ, дар шаҳри Бағдод фавтидаанд-С.Б.Б/ мебошанд. Номбурда дар ин амр усули худро вазъ кардааст, ки пайравони усули вазъкардаи ӯро ҳанафӣ ё аҳноф мегӯянд, ки дар роҳи ҳақ басо содиқанд. 79-5-6.

Дар оғози Ислом, ба хусус дар садаи аввал ва дуввум он чунин усулҳо зиёд буданд, вале чаҳортои бузуртарин ва пурҳақоиқи он, мақбули оммаи мусалмонон гардид, ки онҳо ба чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат ёд мешаванд. Ин чаҳор мазҳаб, дар масоили ҷузъӣ, агар чанде баъзе ихтилофро доранд, вале дар масоили аслӣ муттафиқанд ва ба манзали як ҷисми воҳид мебошанд. Ва касе хилофи роҳи эшон ва хилофи ақидаи эшонро дошта бошад, бадроҳ ва гумроҳ аст. 79-6.

Аз ақидаи дуруст ва ҳақ пайравӣ кардани мо имрӯз, аввалан фазл ва раҳмати Худост, ки ба моён арзонӣ дошта ва сониян хидмат ва заҳматҳои кашидаи чунин имомҳои бузург, монанди Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/, Имом Молик Ал-Асбаҳӣ /р/, Имом Идрис ибни Абдуллоҳи Шофеъӣ /р/, Имом Аҳмад ибни Ҳанбал /р/; шогирдони Имоми Аъзам-Имом Абӯюсуфи Яъқуб /нахустқозиюлқуззот/ Ал-Ансорӣ /р/, Абдуллоҳ ибни Муборак, Имом Муҳаммади Шайбонӣ /р/, Имом Ҳаммод ибни Абӯҳанифа /р/, Имом Иброҳим ибни Ҳаммод /р/ Имом Зуфар ибни Ҳузайл /р/, Имом Абӯмуқотили Самарқандӣ /р/, Имом Абӯмутеъи Балхӣ, Имом Бухорӣ  Имом Муслим, Махдуми Аъзами Даҳбедӣ  ва баъдан Имом Бурҳониддини Марғелонӣ – муаллифи «Ҳидоя» /р/, Шайх Масъуд ибни Маҳмуди Самарқандӣ раҳамуллоҳ /муаллифи китоби «Салоти Масъудӣ»/, Валиюллоҳи Деҳлавӣ (Шайхул-Ҳинд), Мулло Ҳусайн ибни Искандари Ҳанафӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Ғаззолӣ, Имом Розӣ, Имом Раббонӣ ва садҳо муҷтаҳидони дигари ин мазоҳиби ҳақ мебошад. Бале, «Иҷтиҳоди воқеии эшон фаҳмидани дину оинро бароямон осон, ақидаҳои ботилро ошкор ва аз пайравӣ, ба он ҳазар кунонидааст». Ҳазрати Расулуллоҳ /с/ дар ҳадиси саҳеҳ фармудаанд: «Касе шукронаи мардумро накард, Худоро шукргузорӣ накардааст».

Шакке нест, ки соҳиби дини Ислом ва ҳофиз /муҳофизаткунанда/-и он Аллоҳ таъолост. Ва инчунии шакке нест, ки Ӯ таъоло барои ҳифзи динаш бандаҳои хосе офарида, ки ҳамеша ба хотири пирӯзӣ ва интишори он, дар саъю талошанд. Ва табиист, ки чунин бандагон назди Худованди мутаъол, аз мақоми хосе бархӯрдор мебошанд. Биноан зарур аст, ки мо низ мақому манзалати эшонро бишиносем, ба қадри сӯхтанҳову заҳматҳояшон бирасем ва сипосгӯяшон бошем /ва аз роҳи нишондодаи эшон, ки мувофиқ ва дар асоси Қуръон ва Ҳадис аст, берун пой нагузорем, ки шариъат нозу нузи кас набардорад, яъне, инсони пок бояд буд ва худошиносу худотарс-С.Б.Б./ вагарна оқибат аз гузаштагони солеҳи худ, ки нисбат ба мову шумо бештар, аз илму дониш ва зӯҳду тақво бархӯрдор будаанд, канда шуда, наъузу биллоҳ, ба чоҳи залолат фурӯ хоҳем рафт /ва пасон дар нори дӯзах фурӯ хоҳем рафт-С.Б.Б/.

Сарчашмаҳо ва ё манобеъи фиқҳи исломӣ, ки дар асоси нишондодҳои он ҳукме содир мешавад /ва бояд гуфт, ки мазоҳиби фиқҳии Ислом, чӣ аҳли суннат ва ташайюъ ва ба хусус мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоъат, маҳз дар асоси ин чаҳор манобеъи зерин, ки ҳоло дидаи мубораки худ бар он медӯзед, таъсис гардидаанд/ инҳоянд:

  1. Китоби маҷмӯъи аҳкоми раҳнамои Худованд, яъне, «Қуръон»-и Маҷид /дар истилоҳи фуқаҳо он мухтасаран «Китоб» номида мешавад/.
  2. Суннат-Аҳодиси набавӣ, яъне, гуфтору кирдор, одату равиш ва қарорҳои Расулуллоҳ-Ҳазрати Муҳаммади Мустафо /с/.
  3. Иҷмоъ, ҳамраъйӣ, ҳамоҳангиву ҳамдигарфаҳмӣ ва созишу мувофиқати уламои Ислом ё ашхоси барӯманду фозил ва фақеҳ, дар ҳалли як масъала.
  4. Қиёс – /ё ақл дар шиъа/ – муҳокима, дар асоси муқоисаи мавриди ҳукм, бо масъалаи монанд ба он ҳукм шуда. Қиёс кардан аз усул /методҳо/-и ақлонӣ /ратсионалӣ/-и истинботӣ, нормаҳо ва меъёри ҳуқуқӣ мебошад. Аз рӯи муносибат ба усули ақлонӣ, фуқаҳо ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим шудаанд:
  5. Асҳоби Ҳадис-онҳое, ки танҳо ба Ҳадис такя доранд ва Қуръонро низ ба воситаи ҳадис тафсир мекунанд.
  6. Асҳоби Раъй, ки ба истифода аз фикри мустаъқил ва муҳокима ва таҳқиқи ақлонӣ (дар баробари ва баъди истифода аз оят ва ҳадис-С.Б.Б) пайравӣ мекунанд. Густаришу пешрафти ин усул ба эътирофи иҷтиҳод /аз калимаи арабӣ, ба маънии ҷаҳду кӯшиш ва саъю талоши зиёд, дар сари муҳокимаву ҳалли масъалаи мавриди баҳс бар насси оят ва ҳадис/ овард, ки он як навъи фаъолияти ҳукмбарории фақеҳ аст, ки дар асоси истифода аз ақл ва усулу далелҳо оят ва ҳадис ва дониши худ устувор аст.

Асҳоби Раъй усулҳои мухталифи берун овардани нормаҳо ва аҳкоми шаръӣ ва ҳуқуқро дар баробари қиёс чун ал-истеҳсон /муҳокима ба ҳусни ният/, ал-истислоҳ /муҳокимаи мустаъқил, барои манфиати кор/ ва ҳамчунин аз-зараъи /муҳокимаи иҷозат додан ё надодан/, ал-истидлол /муҳокимаи хулосаи истидлолӣ дедуктивӣ/ ва ниҳоят ал-истиҳсоб /категорияи «презумсияи тағйирнаёбандагии ҳолат»/-ро кор кардаанд. Ин ҳама категорияҳои раъй мебошанд, дониши онҳо ва истифода кардани онҳо барои муҷтаҳиду фақеҳ зарур ва ҳатмист. 18-73-74.

Фиқҳи исломӣ /ҳадди аққал/ ба ҳафт мазҳаби асосии фиқҳӣ; чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат ва се мазҳаби аҳли ташайюъ /шиъа/ тақсим мешавад. Аммо пеш аз баёни бевоситаи ин мазҳабҳо бояд гуфт, ки сабаби пайдоиши онҳо ихтилофҳо рӯи мавзӯи истифода кардан ё накардан, дар ҳукм аз суннат, иҷмоъ ва авф /ё қиёс/ будааст.-18.74.

Пас аз вафоти муаллими башарият Ҳазрати Муҳаммад /с/ Пайғамбари Ислом асҳоби Ӯ, дар ҳалли масоилу осонии мушкилоти худ, пеш аз ҳама ба Қуръон ва агар дар он пайдо накардаанд, ба Ҳадис – суннат ва қавлу феъл ва рафтори Пайғамбари гиромӣ /с/ муроҷиат мекарданд, вақте, ки дар он низ баёни равшане пайдо накардаанд, рӯ ба раъю иҷтиҳод овардаанд, яъне, кӯшидаанд, наздиктарин роҳи ҳал, ки ба Қуръон ва Суннат мутобиқ бошад, пайдо кунанд. Масалан, агар дар мавриди ягон хӯрок ё меваи мадҳушкунанда, ё гиёҳи нашъа ва амсоли тарёкиҳои сархушкунандаву мадҳушкунанда /мусаккар/ ҳукм баровардан лозим бошад, вале ҳукми равшане дар бораи ҳаром ё ҳалол будани он дар Қуръону Ҳадис набошад, он гоҳ ба раъйи худ, онро қиёс бо хамр мекарданд.

Чун хамр мусаккар – масткунанда аст, пас ҳаром аст /тарки тамоку, яъне, нос бошад, дар мазҳаби Имоми Аъзам воҷиб аст ва бино ба қавли ҳашт тан аз фуқаҳои бузурги ҳанафӣ, нос чизи макрӯҳ аст ва ифлоскунандаи даҳон ва ифлоскунандаи манзилу макон ва гулгашту хиёбон; бояд шахси носкаш бидонад, ки бо он забону лабон ва дандонҳову даҳоне, ки нос ба он меолад, лафзи ҳалол ва номи Худоро гирифтан мутлақо ҷоиз нест; даҳон барои луқмаи ҳалол, нӯшокии ҳалол ва алфози ҳалол, яънё калимоти илоҳиву гуфтори бо адаб аст ва ниҳоят даҳон халта ё сатили порӯандозӣ нест, ки ба он ҳар чизи ҳаром ва макрӯҳро ворид кунем, ки ба саломатии мо ва насли мо зарар оварад; касе, ки уммати солеҳ аст, касе, ки пайрави солеҳи Расулуллоҳ ва муриди воқеии Имоми Аъзам аст, бояд ба зоҳиру ботин пок бошад-С.Б.Б/, пас ҳар чизе, ки мусаккар аст, ба ҳаром ҳукм мешуд. Хулоса, ихтилоф дар усули истинбот баровардани ҳукми шаръию қонунӣ, сабаби пайдоиши мазҳабҳои фиқҳӣ гардид, ки асоситарини онҳо инҳоянд: 18.,74.

  1. Ҳанафия 
  2. Моликия
  3. Шофеъия
  4. Ҳанбалия
  5. Ваҳҳобия 
  6. Дини илоҳӣ
  7. Мавлавия
  8. Нақшбандия
  9. Санӯсиён 
  10. Саъдия
  11. Чиштия
  12. Қодирия
  13. Кубравия   ва дигарон 
  14. Ҷунайдия
  15. Зайдия
  16. Ҷаъфария
  17. Исмоилия

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …