Главная / Варзиш / Тарбияи ҷисмонӣ ва саломатӣ

Тарбияи ҷисмонӣ ва саломатӣ

Шумо каме аз Бозиҳои олимпӣ – аз варзиши бузург, аз дастовар- дҳои баланди варзишгарон огоҳӣ ёфтед.

Ҳоло дар бораи тарбияи ҷисмонӣ, ки барои ҳар як шахс зарур аст, сухан меронем. Тарбияи ҷисмонӣ на танхо машғулият бо машқхои ҷисмонӣ, балки донистани бадани худ, бехдошти бадан, обутоб, реҷаи рӯз, хӯроки дуруст, инчунин истифодаи ин донишу малакахо дар ҳаётро дар бар мегирад.

tarbiyai-jismoni

Тарбияи ҷисмонӣ ба инсон барои ташаккул ва мустаҳкамкунии саломатӣ ёрӣ мерасонад. Бачахое, ки бо тарбияи ҷисмонй машғуланд, кам бемор мешаванд, аз ин рӯ дар дарсҳо хуб иштирок менамоянд. Онҳо пуртоқат буда, кам хаста мешаванд, дониши хуб доранд.

Тарбияи ҷисмонӣ ба бадани ту барои инкишоф ва рущди дуруст ёрӣ медиҳад.

Агар қаду қомати мавзун, тани сиҳат, мушакҳои бақувват доштан хоҳӣ, бо тарбияи ҷисмонӣ машғул шав. Узвҳои дарунии одамоне, ки чунин хусусиятҳоро доранд, фаъолияташон низ хуб аст. Аз ин рӯ онҳо худро нағз ҳис мекунанд, табъи болида доранд. Тарбияи ҷисмонӣ ба шумо боирода, ботартиб, нотарс, мустақил буданро меомӯзад. Ба варзиш машғул шуда,шумо дӯстони хуби бисёр пайдо мекунед.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …