Главная / Гуногун / Тарабхонаи беҳтарин дар Душанбе

Тарабхонаи беҳтарин дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 50 адад тарабхона фаъолият менамояд ва дар байни онҳо тарабхонаҳои калон хеле машҳуранд, ки асосан хўрокҳои миллиро пешниҳод менамоянду дар онҳо тўю маракаҳо баргузор мешаванд.

Тарабхона точикистон

Вале тарабхонаҳое, дар Душанбешаҳр ҳастанд, ки барои мардум хўрокҳои нотакрорро пешниҳод менамоянду ва нархҳояшон баланд нестанд. Яке аз инҳо ин Тарабхонаи «Шумон» мебошад. Дар ин тарабхона ҳам хўрокҳои қафқозӣ – гурҷӣ (грузинский) ва ҳам хурокҳои аврупоию миллӣ омода мешаванд.

Тарабхонаи Шумон

Дар ин тарабхона инчунин наҳорӣ (завтрак) кардан мумкин аст. Вақти корӣ дар тарабхонаи «Шумон» аз соати 7-и субҳ то 12:00 шаб мебошад ва он ҳар рўз кор мекунад, гарчанде моҳи шарифи Рамазон бошад. Сабаб дар он, ки ин тарабхона дар бинои меҳмонхона ҷойгир аст ва онро мизоҷони хориҷӣ бештар дуст медоранд.

Инчунин бартарияти ин тарабхона дар он аст, ки дар он пайваста баромадҳои ҳунармандони санъат бо сурудҳои худ таъби мизоҷонро болида мегардонанд.

хурокхои бомаза
Дар куҷо рафта обет кунем? Хўроки нисфирўзӣ хурем?

Барои боз ҳам фаҳмотар шудани ҳолат ба Шумо менюи ин тарабхонаро пешниҳод менамоем ва таклиф мекунем, ки ҳатман аз хурдани хўрокҳои бомазатарини он ҳаловат баред. Макони ҷойгиршавии Тарабхонаи Шумон ниҳоят аҷиб аст, чунки дар маркази  пойтахти кишвар қарор дорад ва паҳлўи он Боғи парчамӣ миллӣ , Бинои Вазорати корҳои хориҷӣ, Осорхонаи Миллӣ, Бемористони Ибни Сино ва дигар иморатҳои зебою маъмурии Душанбе мавҷуданд.

ВИДЕО ДАР БОРАИ ТАРАБХОНА

МАКОН ДАР ХАРИТА

Суроға: ш. Душанбе, кучаи Фотеҳ Ниёзӣ, 34. Назди Боғи «Парчам».
Тамос: Тел: (+992) 44 640 01 09
E-mail: info@shumonhotel.com
Сомона: www. shumonhotel.com

МЕНЮ

САЛАД ВА ХУРИШҲО

Салад-аперитиф “Марғзори сабз” 80 гр. 8 сомонӣ
(навъҳои гуногуни кабудӣ, лимӯ)

Салад-аперитиф “Себӣ” 120 гр. 10 сомонӣ
(баргҳои салад, себ, майи сафед)

Салад-аперитиф “Ангурӣ) 120 гр.10 сомонӣ
(баргҳои салад, карафс, ҷаъфарӣ, ангур)

ХЎРОКИ ХУНУК ВА ХУРИШҲО

Ассортӣ аз сабзавоти тару тоза 350 гр. 25 сомонӣ
(бодиринг, помидор, шалғамча, кабудӣ)

Ассорти аз туршиҳо 350 гр. 25 сомонӣ
(бодиринги шӯр, помидор, карам, пиёзи анзур)

Ассортии гӯштӣ 350 гр. 48 сомонӣ
(забони гов, гӯшти обпази гов, рулети мурғӣ, қазӣ)

Ассортии панирии гурҷӣ 250 гр. 48 сомонӣ
(панирҳои “Сулугунӣ” ва “Имеритинӣ”, рулет бо писта/зардолуи қоқ,
асал, чормағз)

Шӯрмоҳӣ ба тарзи русӣ 200 гр. 22 сомонӣ
(шӯрмоҳӣ, картошкаи обпаз, пиёз)

Боимҷон бо чормағз 200 гр. 26 сомонӣ
(боимҷони бирён, чормағз, бӯгузорҳои гурҷӣ)

Пхали дар ассортӣ 300 гр. 33 сомонӣ
(исфаноҷ, карам, сабзӣ, чормағз, бӯгузорҳои гурҷӣ)

Ситсивии мурғӣ 200 гр. 35 сомонӣ
(гӯшти мурғ, чормағз, пиёз, сирпиёз, бӯгузорҳо)

ХӮРИШҲОИ ГАРМ

Лӯбиё бо тарзи мигрелӣ 250 гр. 26 сомонӣ
(лӯбиёи сурх, пиёз, кабудӣ, бӯгузорҳо)

Панири сулугунии дар кетс бирёншуда 150 гр. 25 сомонӣ

Хинкалӣ 1 дона, 7 сомонӣ

Жулени занбуруғӣ 80 гр. 18 сомонӣ

ХӮРОКҲОИ ЯКУМ

Суп-харчо 250 гр. 17 сомонӣ
(гӯшти гов, биринҷ, пиёз, афшураи помидор,
кабудӣ, бӯгузорҳои гурҷӣ)

Хашлама 250 гр. 17 сомонӣ
(шӯрбои говӣ, қаламфури булғорӣ,
сабзӣ, пиёз, сирпиёз)

Мурғшӯрбо бо угро 300 гр. 17 сомонӣ
(мурғшӯрбо, пиёз, угрои хонагӣ)

Супи тунд бо гӯшт ва занбурӯғ 300 гр. 18 сомонӣ

Крем-супи занбурӯғӣ 300 гр. 25 сомонӣ

Суп аз афшураи помидор бо озодмоҳӣ 300 гр. 32 сомонӣ

ХӮРОКҲОИ ДУВВУМ

АЗ ГӮШТИ ГОВ

“Шумон” 200 гр. 45 сомонӣ
(гӯшти гӯсола, пиёз, олуча, бӯгузор)

Стейки “Минён” 200 гр. 58 сомонӣ

Стейк дар соуси сафед 200 гр. 58 сомонӣ

Истейк аз гӯшти кӯфта 200 гр. 25 сомонӣ
(гӯшти кӯфтаи гов, панир)

Лӯлакабобчаҳо аз гӯшти гӯсола бо панир 200 гр. 58 сомонӣ

Чашушулӣ 220 гр. 35 сомонӣ
(гӯшти гов, афшураи помидор,
сабзавот, кабудӣ, бӯгузорхои гурҷӣ)

Оҷахурӣ 200 гр. 28 сомонӣ
(гӯшти гов, картошка, қаламфури булғорӣ,
помидор, бӯгузор)

АЗ ГӮШТИ БАРРА

Пои бирёни барра бо афшураи анор 200 гр. 39 сомонӣ
(пои бирёни барра, соуси анорӣ, пиёз)

Қазон-кабоб 180/50 гр. 39 сомонӣ
(қабурғаи барра, сабзавот, бӯгузорҳо)

АЗ ГӮШТИ МУРҒ/САЙД
Гӯшти мурғ бо сиёҳолу 200 гр. 35 сомонӣ (гӯшти мурғ, сиёҳолу, лимӯ)
Мурғ ба тарзи шкмерӣ 200 гр. 38 сомонӣ (муғи бирёншуда дар соуси қаймоқӣ ва сиррӣ)
Мурғ ба тарзи испанӣ 200 гр. 26 сомонӣ (гӯшти мурғ, қаламфури булғорӣ, пиёз, афшураи помидор, зайтун, бӯгузорҳо)
Гӯшти мурғ бо занбурӯғ 200 гр. 33 сомонӣ (занбурӯғи бирён, гӯшти мурғ, панири обкардашуда)
Заргӯши бирён 200 гр. 45 сомонӣ (заргӯши бирён, сиёҳолу, зайтун, майи сафед)
АЗ ГӮШТИ МОҲӢ

Гулмоҳии бирён 350 гр. 75 сомонӣ

Гулмоҳӣ дар варақа бо сабзавот 350 гр. 75 сом

Стейк аз суфмоҳӣ 200 гр. 43 сомонӣ

Суфмоҳӣ дар варақа бо сабзавот 180/40 гр. 43 сомонӣ

Стейк аз озодмоҳӣ 180 гр. 78 сомонӣ

Харчанг дар соуси тунди қаймоқӣ 130 гр. 135 сомонӣ

СОУСҲО

Ткамели 50 гр. 8 сомонӣ
(соуси гурҷӣ аз олуча)

Сатсебели 50 гр. 8 сомонӣ
(соуси гурҷӣ аз афшираи помидор)

Кетчуп 30 гр. 3 сомонӣ

Баже 80 гр. 18 сомонӣ
(соуси гурҷӣ аз чормағз)

Матсонӣ 100 гр. 7 сомонӣ

Чакка 100 гр.5 сомонӣ

САЛАДҲО
“Сезар бо мурғ” 200 гр. 22 сом (барги салад, гӯшти мурғ, соуси сезар, нони бирён, панири пармезан, помидорҳои “черрӣ”)
“Сезар бо харчанг” 200 гр. 38 сомонӣ (барги саладӣ, харчанг, соуси сезар, нони бирён, панири пармезан)
“Гурҷӣ” 200 гр. 20 сомонӣ
Лаблабуи пухта, гўшти пухташудаи гов, пиёз, кабудӣ, майонез, тундиҳо
“Тбилисӣ” 200 гр. 22 сомонӣ (шалғамча, гӯшти гови обпаз, пиёз, бӯгузорҳои гурҷӣ)
“Англисӣ” 200 гр. 21 сомонӣ (картошкаи обпаз, занбурӯғ, гӯшти мурғ, бодринги тоза ва шӯр, майонез)
“Генацвалӣ” 200 гр. 21 сомонӣ (ангур, лубиёи сурх, гӯшти мурғ,занбурӯғ, майонез, кабудӣ, бӯгузорҳо)

“Ҷопонӣ” 200 гр. 21 сомонӣ (бодирингу помидорҳои ботароват, пиёзи кабуд,
забони гов, соуси лубиёӣ)

“Юнонӣ” 200 гр. 22 сомонӣ (барги саладӣ, помидор ва бодиринги тару тоза, қаламфури булғорӣ, зайтун, равғани зайтун, панири “фета”)
“Кура” 200 гр. 23 сомонӣ (помидор ва бодиринги тару тоза, кабудӣ, пиёз, чормағз, сирко, намак)
“Русь” 200 гр. 20 сомонӣ (замбурӯғ, гӯшти гов, бодиринги шӯр, пиёзи сабз)

ПУХТАНИҲО ВА МАҲСУЛОТИ ОРДӢ

Сабади нонӣ 350 гр. 12 сомонӣ
(нони “бородинский”, нони сафед, кулча)

Хачапурӣ бо тарзи мигрелӣ 450 гр. 40 сомонӣ
(хамири хамиртурушдор, панири хонагӣ, тухми мурғ)

Хачапури бо тарзи аджарӣ 350 гр. 38 сомонӣ
(хачапурии кушод бо тухм ва равғани маска)

Кубдари /пироги гӯштӣ/ 450 гр. 42 сомонӣ
(хамири хамиртурушдор, гӯшти гов, кабудӣ, бӯгузорҳои гурҷӣ)

Питсои “Маргарита” 350 гр. 40 сомонӣ
(хамир, соуси помидорӣ, помидор, панир)

Питсои “Шумон” 350 гр. 42 сомонӣ
(хамир, соуси помидор, помидор, занбурӯғ, гӯшти гов/мурғ, панир)

ХӮРОКҲОИ ВЕГЕТЕРИАНӢ (БЕ ГӮШТ)
САЛАД ВА ХӮРИШИ САРД
“Витаминка” 200 гр. 25 сомонӣ (афлесун, сабзӣ, пӯсти афлесун, донаҳо, панири сахт, равғани офтобпараст)
Исфаноҷ бо тарзи гурҷӣ 200 гр. 26 сомонӣ (исфаноҷи бӯғдодашуда, кабудӣ, чормағз, адвиёт)
ТАОМҲОИ АСОСӢ
Рагуи сабзавотӣ 220 гр. 22 сомонӣ (картошка, таррак, қаламфури булғорӣ, пиёз, афшураи помидор, кабудӣ, бӯгузорҳо)
Министроне/ шўрбо аз сабзавоти мавсимӣ/
Шўрбо аз занбурўғи тару тоза ва кабудӣ
Шўрбо-пюреи кадуӣ
Лӯбиё бо тарзи Тифлисӣ 220 гр. 30 сомонӣ (лубиёи сурх, чормағз, кабудӣ, бӯгузорҳо)
Картошкаи дамдодашуда бо панир 220 гр. 19 сомонӣ
Хинкалии занбурӯғӣ/кадугӣ 1 дона, 7 сомонӣ

ШИРИНИҲО

Торт “Браун” /торти шоколадӣ/ 180 гр. 18 сомонӣ

Чиз-кейк 180 гр. 22 сомонӣ

Найчаҳои шоколадӣ 180 гр. 19 сомонӣ

Салад бо мева ва қаймоқ 180 гр. 25 сомонӣ

Яхмоси навъҳои гуногун 150 гр. 180 сомонӣ

Буриши мева 400 гр. 60 сомонӣ

ХАРИТАИ МАЙ/WINEMAP

МАЙҲОИ САФЕД

Цинандалӣ /хушки гурҷӣ/ 750 мл., 175 сомонӣ

Пиросманӣ /нимхушкӣ гурҷӣ/ 750 мл., 175 сомонӣ

LuisEsсhenaues /хушки фаронсавӣ/ 750 мл., 175 сомонӣ

МАЙ СЕРКАФК

AstiMartini /ширини итолиёӣ/ 750 мл., 280 сомонӣ

Шампани русӣ 750 мл., 110 сомонӣ

ArthurMetz750 мл., 330 сом

МАЙҲОИ СУРХ

Майи сурхи хонагӣ /хушк/нимхушк/ 750 мл., 125 сомонӣ

Мерлот /хушки молдаванӣ/ 750 мл., 175 сомонӣ

Саперавӣ /хушки гурҷӣ/ 750 мл., 175 сомонӣ

Мукузанӣ /хушки гурҷӣ/ 750 мл., 175 сомонӣ

Киндзмараулӣ /нимширини гурҷӣ/ 750 мл., 175 сомонӣ

Водкаи алазан /нимхушки гурҷӣ/ 750 мл., 175 сом

Варианти охирини менюро аз сомонаи Тарабхонаи Шумон гиред !

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

hosilshavii-tuxm

КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТӢ

РӮЙХАТИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИТАБОБАТИЮ ПРОФИЛАКТИКИИ ЗЕРТОБЕИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ   № НОМ …