Главная / Гуногун / Таоми дуюм аз сабзавот барои гарнир

Таоми дуюм аз сабзавот барои гарнир

Таомҳои тайёр аз сабзавот ҳамчун таоми мустақил ва ҳамчун гарнир додан мумкин. Миқдори гарнир ба таоми 2-ум бо вазни таоми асосӣ доимо мувофиқ (мутаносиб) бошад.

Мисол, агар гӯшт ё моҳиро барои 1 кас 100 г гирем, он гоҳ гарнир –картошкаи тайёрро 150-200 г аммо макарон ё шавлаҳоро аз биринҷу гречка 100-150 г мегиранд.

garnir

Барои ҳифзи витамини С дар вақти коркарди аввал ва бирён кардани картошка чунин талаботро риоя кунед:

  1. Дар вақти тоза кардан пӯсти онро бо корди картошка тозакунак ё корди тез маҳин гиред.
  2. Картошкаи тозакардаро вақти зиёд дар об надоред.
  3. Картошкаро пеш аз бирён кардан, реза кунед.
  4. Картошкаи резакардаро батоба (сковородка) ё дег дар равғани доғшуда андозед. Барои то гирдаш парда гирифта сурх шуда пухтанаш сарпӯшаш пурра руст бошад.
  5. Картошкаи тайёрпухтаро зуд ба миз диҳед.
  6. Коркарди аввалаи картошка иборат аз ҷудо кардан ба навъҳо, шустан пок кардан, боз шустан реза кардан. Барои тоза ва реза кардани картошка кордҳои махсус (желабковый) ва барои пок кардану чашмакҳояшро гирифтан (корекчатый) вуҷуд дорад. Дар истеҳсолоти хӯроки умумӣ асбобҳои махсус картошкаро тозакунанда ҳаст, ки он мӯҳлати корро тез ва осон мекунад дар як соат 125 то 400 кг картошка тоза мекунад.
  7. Якчанд намуди технологияи тайёр кардани таом аз картошкаро дида мебароем.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …