Главная / Гуногун / Танзими риштакашак

Танзими риштакашак

Ресмонҳои дарзи мошин, яъне дарзи мошинагӣ ҳамон вақт зебо, мукстаҳкам ва рост мешаванд, ки агар ресмон аз ғалтак ва моку мӯътадил гузарад, ки ин ба тарангии ресмони боло ва поёни вобаста аст.

Нодурустии тарангии ресмон ба камбудиҳои дарз оварда мерасонад, яъне дарз ё халта, номустаҳкам, тугун ва кашиши матоъ меоварад. Ҳамаи ин ба танзимаи риштакашак вобаста аст. Тарангии ресмони болоро бо гардиши танзимаи риштакашаки ресмони боло иваз менамояд.

moshinaРесмони поёниро бо гузаронидани пружинаи кашиши мокудор танзим мекунад. Барои танзим додани тарангии ресмони поёнӣ бояд мурвати мокуро таранг ё халта кардан лозим аст. Мурвати пружинадори моку танзими тарангии ресмони поён ҳисобида мешавад.

Барои дуруст кор кардани мошин, сабук ҳаракат кардани механизмҳои он ва рост будани дарз, онро мунтазам тоза ва равған кардан лозим аст. Агар ҳаракати мошин вазнин бошад он гоҳ корҳои зеринро бояд иҷро кард: аз порчаҳои риштаҳои кандашуда ва чанг мокуро тоза кунед; ва мошинаро оҳиста ба ҳаракат дароред, баъд қисмҳои муҳаррики мошинро тоза пок ва бо равғани мошинӣ ҷойҳои серҳаракатро равған кунед. Аагар тасмаи ҳаракатоварро суст шуда лағжад, онро кӯтоҳтар намоед.

Агар чораҳои дар боло зикршуда барои бартараф кардани нуқсони мошинаи дарздӯзӣ натиҷаи қаноатбахш надиҳад, дар он сурат ба муаллим ё дар хона ба калонсолон хабар диҳед то, ки ба устохонаи хизмати маишӣ муроҷиат намоянд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …