Главная / Илм / БА ТАНЗИМОРИИ ХОСИЯТҲОИ ЭКРАНИ МОНИТОР

БА ТАНЗИМОРИИ ХОСИЯТҲОИ ЭКРАНИ МОНИТОР

Ҳангоми кор дар Windows истифодабарандаи компютер имконият дорад, ки шакли экран ва элементҳои онро мувофиқи таъби худ ба тартиб орад. Истифодабаранда метавонад, ки барои сатрҳои сарлавҳа ва менюи равзанаҳо, матнҳои ҷудокардашуда ва ғайра тобишҳои рангиро мувофиқи таъби худ интихоб намояд. Барои ороиш ва зебу зиннат додани Мизи кории система истифодабаранда дар ихтиёри худ воситаҳо ва имкониятҳои сершумор дорад.

Барои батанзимории хосиятҳои экран, дар Панели идоракунии Windows мо бояд нишонаи Экранро интихоб кунем ва равзанаи папкаи онро кушоем. Равзанаи робитавии Свойства: Экран (Хосиятҳои экран) дар расми 51 оварда шудааст.

Батанзимории экран ба воситаи шаш тугмаи қабатии равзана – Фон (Замина), Заставка (Ороиш), Оформление  (Батартиборӣ), Эффекты (Таъсирот), Web (Web), Настройка (Танзим) амалӣ гардонида мешавад. Тугмаи қабатии Замина имконият медиҳад, ки ранг ва нақшу нигори заминаи Мизи корӣ интихоб карда шавад. Объекте, ки ба сифати заминаи Мизи корӣ истифода бурда мешавад, асосан аз папкаи С:\Windows гирифта мешавад.

monitorАгар объектҳои папкаи Windows қобили қабули истифода-баранда набошанд, он гоҳ ў тугмаи командавии Обзор-и рав-занаро пахш намуда, расму нақшу нигорҳои ба худ мувофиқтарро дастрас намуда метавонад. Ҳангоми интихобкунии объекти заминавӣ, система бо ёрии тугмаҳои коман-давии Узор… (Нақшу нигор…), Расположить (Гузошта ша-вад) ва Применить (Тадбиқ карда шавад) ба истифодабаран-да шароит муҳайё месозад, ки объект таҳрир ва сабт карда шуда, дар мобайн ё тамоми экран ҷойгир карда шавад.

Тугмаи қабатии Ороиш барои интихобкунии тасвири ди-намикии экран ва фосилаи вақти пайдошавии он хизмат менамояд, ки он ҳангоми бо компютер кор накардани истифодабаранда, ба таври автоматӣ ба кор медарояд. Дар вақти кори тасвири динамикии экран информатсияи аслии дар экранбуда нопадид мегардад. Ин информатсия вақте аз нав пайдо мешавад, ки агар истифодабаранда ягон тугмаи клавиатура ё мушро пахш намояд. Дар ин мавридҳо баъзан мегўянд, ки экран ба реҷаи дамгирӣ гузаштааст. Дар ҳақиқат ҳам ҳангоми пайдошавии тасвири динамикии экран, монитор ба реҷаи сарфакунии энергия мегузарад.

Тугмаи қабатии Батартибории равзанаи Хосиятҳои экран барои танзими намуди зоҳирии элементҳои идоракунии Windows пешбинӣ карда шудааст. Бо ёрии воситаҳои танзимгари ин тугма пеш аз ҳама рангҳо ва ҳуруфҳо интихоб карда мешаванд.

Воситаҳои иловагии танзими ороишии Мизи корӣ дар тугмаи қабатии Таъсирот пешбинӣ карда шудаанд. Бо ёрии тугмаи қабатии Web-саҳифаҳои Итернетро дар Мизи корӣ ҷойгир кунонидан мумкин аст.

Тугмаи қабатии Танзими равзанаи Хосиятҳои экран барои ба танзимории параметрҳои ғунҷоишӣ ва рангии экран хизмат мерасонад. Миқдори рангҳои дар экран истифодашаванда бо ёрии рўйхати Цветовая палитра (Палитраи рангӣ) ва ғунҷоиши нуқтаҳои экранӣ бо ёрии тездаваки Область экрана (Соҳаи экран) ба танзим оварда мешаванд. Қиматҳои ҳудудии ин параметрҳо аз хосиятҳои видеоадаптер ва монитор вобастаанд.

Саволҳо:

  1. Батанзимории хосиятҳои экран гуфта чӣ дар назар дошта шудааст?
  2. Чӣ тавр хосиятҳои экранро ба танзим овардан мумкин аст?
  3. Тугмаи қабатии Заминаи равзанаи Хосиятҳои экран кадом вазифаҳоро иҷро менамояд?
  4. Функсияи тугмаҳои қабатии Ороиш, Батартиборӣ, Таъсирот, Web ва Танзим дар чист?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва мазмуни онро мухтасар дар дафтар сабт намоед.
  2. Равзанаи Хосиятҳои экранро кушоед ва ба тугмаҳои қабатӣ ва дигар элементҳои он шинос шавед.
  3. Аз имкониятҳои тугмаи қабатии Заминаи равзанаи Хосиятҳои экран истифода бурда намуди зоҳирии Мизи кории системаро тағйир диҳед.
  4. Бо ёрии тугмаҳои қабатии Ороиш ва Батартиборӣ тасвири динамикии экран ва фосилаи вақти пайдошавии он ва ҳамчунин намуди зоҳирии элементҳои идоракунии Windows-ро ба танзим оред.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …