Главная / Без рубрики / Танзими лагандаи мошинаи дарздўзии дастӣ

Танзими лагандаи мошинаи дарздўзии дастӣ

Ҷобаҷогузории сӯзани мошинаи дарздӯзӣ. Сӯзан яке аз қисмҳои асосии мошинаи дарздӯзист. Вобаста ба ғафсии матоъ ва риштаи сӯзанҳои гуногун (вобаста ба рақам) истифода бурда мешаванд.

Барои матои ғафс набояд сӯзани борик гузоштан даркор аст, зеро сӯзан тез мешиканад.

moshina-suzanАгар бо сӯзани ғафс матои тунукро дӯзем, матоъ сӯрохдор мешавад. Дарозӣ ва шакли сӯзани интихоб карда ба намуди кори иҷрошаванда вобаста аст. Колбаи сӯзан аз як тараф суфта шуда, аз дигар тараф барҷаста мебошад.

Ба тарафи суфташудаи сӯзан рақам гузошта мешавад. Колба-сарпӯши сӯзан барои мустаҳкам кардани сӯзан ба сӯзангузораки мошин хизмат мекунад. Мустаҳкам кардани сӯзан бо чунин тарз иҷро мешавад:

Чархи мошинаро бо дасти рост оҳиста ба ҳаракат дароварда, тоб ва механизми сӯзангузорандаро ба ҳолати боло мегузоред.

Суръати сӯзанмонакро камтар сабук мекунем ва сӯзанро ба дохили он мегузорем, ки тарафи чуқурдори он (желобок) ба ресмон кашанда нигоҳ кунад ва мурват сахт мекунем. Баъд тарзи мустаҳкам шудани сӯзанро месанҷем, сӯзанро ба боло ва ба поён ба дохили сӯрохи пластинадор мефарорем. Шикастан ва каҷ шудани сӯзан дар натиҷаи нодуруст истодани дастаки танзимдиханда рӯй медиҳад. Дар чунин мавридҳо винти саракдори дастаки танзимдихандаро тавре бояд маҳкам кард, ки он нисбат ба сӯзан ва сӯрохии сӯзангузорак мавқеи дурустро ишғол намояд. ҳодисаи шикастани сӯзан борик дӯхтани матои ғафс, дар аснои чокдӯзӣ кашидани матоъ, ба тарафи худ кашида гирифтани матои дӯхташуда ҳам ба амал омаданаш мумкин аст. Сӯзани мошинаи дарздӯзиро фақат аз рӯи афсиаш фарқ мекунанд ва мувофиқи он рақам мегузоранд. Сӯзани дарздӯзӣ бояд рост (сӯзан андаке қат бошад ҳам, чок каҷ мешавад) бошад. Сатҳаш хеле хуб сайқал дода ва нӯгаш тез бошад.

Сӯзанҳои мошинро дар ҷои хушк бояд нигоҳ дошт. Ҳангоми номунтазам (фосиланок) шудани кӯк дурустии мавқеи сӯзан, мувофиқати рақамҳои сӯзан ва ресмонро санҷидан, сӯзани кунд ё каҷ шударо иваз кардан лозим аст.

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …