Главная / Илм / ТАНБЕҲ

ТАНБЕҲ

… Ахиран, дар поёнбахши ин мавзӯъе, ки мавриди назари мубораку мӯшикофи Шумо азизон-қарор гирифт, бори дигар таъкидан, баҳри мутаассибину халафиён ва муддаиёни аҳволу осор ва шахсияти нотакрори Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), иқтибосе аз китоби «Ал-Хайрот ал-Ҳисон фӣ-Маноқиб Ал-Имом Ал-Аъзам Абӯҳанифа Ан-Нӯъмон»-и Аллома -Муфтӣ Ал-Ҳиҷоз Шайх Шаҳобиддин Аҳмад ибни Ҳаҷар Ал-Ҳайтамӣ Ал-Маккии шофеимазҳаб овардаем, то эшон бори дигар бидонанду огоҳ бошанд, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р)-и инсони комил чи гуна шахсияте буд ва барои аҳли Қибла ва ҷумлаи муҳаққиқини исломшиноси олам чи меросе аз худ боқӣ гузошта аст.

Дар китоби «Ал-Хайрот ал-Ҳисон фӣ-Маноқиб Ал-Имом Ал-Аъзам Абӯҳанифа Ан-Нӯъмон» (ки тарҷумаи ҷадиди форсии ин асар, бо номи «Маноқиби Имоми Аъзам раҳамуллоҳ», дар таҳқиқи Шайх Халил-Мудири Ал-Азҳар ва тарҷумаи муҳаққиқ ва мутарҷими шоиста-устод Абдуррауфи Мухлис, мавриди мутолиа ва истифодаи мо буд)-и Имоми Аллома, маввоҷи илм ва ирфон Шайх Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳаҷар Шаҳобуддин Абулаббос Ҳайтамӣ Саъдии Ансории Маккиӣ, оиди таснифоти Имом Абӯҳанифа (р)омада:

Китобҳое. ки ба Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳ нисбат медиҳанд иборат аст аз «Фиқҳи акбар», «Ал-Олим вал-мутаал-лим» ва «Муснад-Ал- Имом Абӯҳанифа».

  1. «Фиқҳи акбар» рисолаест мухтасар дар ақоид, ки Мулло Алӣ Қории Ҳиравӣ бар он шарҳе шофӣ нигошта аст, ва ин китоб дар миёни аҳноф (ҳанафимазҳабон) аз муҳимтарин кутуби ақоид, ба шумор меравад ва дар ҳама билоди Ислом, дар дасраси умум қарор дорад (ва китоби раҳнамову рӯимизии фуқаҳо ва муҳассилину мубтадиин мебошад.С.Б.Б)… Ғайр аз Мулло Алӣ Қории Ҳиравӣ касоне дигар чун Муҳиддин Муҳаммад Баҳоуддин, Мавлавӣ Илёс ибни Иброҳим Ал-Санӯсӣ, Ҳаким Исҳоқ, Шайх Акмалуддин ва теъдоде дигар низ бар он шуруҳе нигоштаанд.
  2. «Ал-олим вал-мутааллим» рисолаест, ки ба тариқи суолу ҷавоб нигошта шуда аст.

З.Ва «Муснад ал-Имом Абӯҳанифа» дорои нусхаҳои мутааддиде аст, ки Абулмуайяд Муҳаммад ибни Маҳмуди Хоразмӣ Ал-Форсӣ ҳамаи онҳоро якҷо намуда ва дар муқаддимаи он менависад:

«Дар билоди Шом аз як идда ҷоҳилон шунидам, ки мегуфтанд:-Абӯҳанифа дар фанни Ҳадис чандон дастрасе надошта ва аз ин рӯ, дар ин илм, яъне, илми Ҳадис китобе нанигошта. Пас (мегӯяд Абулмуйяди Хоразмӣ) аз шунидани ин илқоот (талқин), ҳамийят (мурувват, ғайрату мардонагӣ ва рашк) -и мазҳабии ман ба ҷӯшиш дар-омад ва бар он шудам, то барои овардани бурҳони қотеъ, ба тӯдаи ҷоҳилону авомон, тамоми он масонид (муснадҳо), яъне, ҷамъи ҳадисҳоеро, ки уламо аз аҳодиси баёндоштаи Абӯҳанифа раҳамуллоҳ мураттаб намудаанд, якҷо ҷамъ намоем» (дар инҷо ба нақл аз китоби «Ҳаёти Имоми Аъзам», таълифи Аллома Шиблии Нӯъмонӣ асомии ин масонидро нақл менамоем, ки нусхаҳои «Муснад»-и Имоми Аъзам (р) мебошанд: 1.«Муснад»-и Ҳофиз Абӯмуҳаммади Бухорӣ, 2.«Муснад»-и Абулқосим Талҳа ибни Муҳаммад, 3.«Муснад»-и Ҳофиз Абулҳасан, 4.«Муснад»-и Ҳофиз Абӯнаъими Исфаҳонӣ, 5.«Муснад»-и Шайх Абӯбакр Муҳаммад ибни Абдулбоқӣ, 6.«Муснад»-и Имом Абӯаҳмади Ҷурҷонӣ, 7.«Муснад»-иҲофиз Умари Ашнонӣ, 8.«Муснад»-и Абӯаҳмади Калоӣ, 9.«Муснад»-и Қозӣ Абӯюсуф (р), 10.«Муснад»-и Имом Муҳаммад (р), 11.«Муснад»-и Ҳаммод ибни Абӯҳанифа (р), 12.«Муснад»-и Имом Абулқосими Иддиӣ-Мутарҷим: Абдуррауфи Мухлис).

Гарчи муҳаққиқон дар интисоби ин кутуб, ба Имоми Аъзам (р) шак кардаву далоиле пойдарҳаво низ бар ин амр иброз доштаанд, ки инҷо маҷоли тарҳу шарҳи онҳо нест (зеро ҳама ҷуз хӯрдагирӣ чизи дигаре нест).

Воқеият ин аст, ки инсоф (дар муслимин.-С.Б.Б.,) нест, мо аз шахсияте басо бузургу мутабаррик-чун Имоми Аъзам (р), ки тамоми умри пурбаракати иҷтиҳодии хешро машғӯли истинботи аҳкоми шаръӣ (ва посдориву эҳёи шариъати ғуррои Муҳаммадия саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам ва интишори Суннати он Ҳазрати Рисолатпаноҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам.С.Б.Б.). буда ва яке аз бузургтарин мазоҳиби исломиро дар партави Қуръон ва Суннат бунёнгузорӣ намудаанд, таваққӯъ (умед, ёрӣ, дӯстӣ ва муҳаббат доштан)-и таснифу таълифи кутуб ва давовин (девон)-и фиқҳиро дошта бошем, чи коре, эшон кардаанд, бисёр бузургтар аз инҳост ( бале Имоми Аъзам раҳамуллоҳ, дар таърихи Ислом, яъне, пас аз Расулуллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам ва асҳоби киром разиаллоҳу анҳум, ба хусус, баъди Мавло Алӣ ва дар баробари Имом Ҷаъфари Содиқ разиаллоҳ нахустин муҷтаҳид ва нахустин олими воқеӣ-Имоми посдори шариат ва- ҳакими соҳибҳикмату соҳибдевони фиқҳӣ ва соҳибрасоиласт, ки илми шаъриати ғуррои Муҳаммадия (с) ва Суннати он Ҳазрат (с)-ро ба низоми аслӣ ва воқеъӣ даровард, ва ба иборае дигар, нахустин бор ӯ зербинои басо мустаҳками мармарине барои бинои бегазанди шаъриати ғурройи дини мубини Ислом ва Суннати Расулуллоҳ (с)-ро тармим намуд ва теъдоди анқариб ҳафт асари илмиро перомуни ин мавзуъот, ба мо мерос гузошт, -С.Б.Бузургмеҳр) ба ҳамин далел мулоҳиза мекунем, ки ин кор аз шогирдон ва ёрони онҳо низ сохта буда,   чунончӣ   Ҳазрати   Имом   Муҳаммад  ва Имом Абӯюсуф (раҳамуллоҳ) ки тадвинкунандаи бузуртарин кутуби фиқи ҳанафӣ мебошанд, ба тавре, мероси илмие бар ҷой монда аз ин ду шахсияти бузургвор, ки бар тамоми арсаи фарҳанги фақоҳати Ислом партав густурдааст». 62-157-158.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …