Главная / Ҷамъият / ТАЪМИНОТИ ИҶТИМОӢ, ХИЗМАТРАСОНӢ ВА МУҲОФИЗАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ТАЪМИНОТИ ИҶТИМОӢ, ХИЗМАТРАСОНӢ ВА МУҲОФИЗАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНОТИ ИҶТИМОӢ, ХИЗМАТРАСОНӢ ВА МУҲОФИЗАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с., 2016, №11, мод. 873)

Қонуни конститутсионии мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба кафолатҳои иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва таъмини амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурӣ барои самаранок амалӣ намудани ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, танзим менамояд.

xona

Моддаи 1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.
  2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Таъминоти давлатии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Хароҷот вобаста ба таъмимоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
  2. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои самаранок амалӣ намудани ваколатҳояш таъминоти давлатии зерин муқаррар карда мешавад:

– музди меҳнат, рухсатии меҳнатӣ ва нафақа;

– қароргоҳ, бӯстонсарои давлатӣ ва бинои истиқоматии хизматӣ;

– хизматрасонии нақлиётӣ;

– хизматрасонии тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ;

– суғуртаи давлатии ҳаёт ва саломатӣ;

– хизматрасонии алоқа;

– муҳофизати давлатӣ;

– таъмини хароҷот вобаста ба намояндагӣ ва ташриф ба давлатҳои хориҷӣ;

– дигар намудҳои хизматрасонӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

Моддаи 4. Музди меҳнат, рухсатии меҳнатӣ ва нафақаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Музди меҳнати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  2. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар вақти барои ӯ мувофиқ ба муддати 45 рӯзи тақвимӣ рухсатии меҳнатии пардохтшаванда дода мешавад, ки он мумкин аст қисм ба қисм истифода шавад.
  3. Ҳангоми ба рухсатии меҳнатӣ баромадан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакпулии яквақта ба андозаи музди меҳнати думоҳаи ӯ пардохт карда мешавад.
  4. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба охир расидани муҳлати ваколаташ ба таъмини нафақа, ки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷоя таъин менамоянд, ҳуқуқ дорад.

Моддаи 5. Қароргоҳ, бӯстонсарои давлатӣ ва бинои истиқоматии хизматии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати иҷрои ваколаташ бо қароргоҳи давлатӣ, бӯстонсарои давлатӣ ва бинои истиқоматии хизматӣ таъмин карда мешавад.
  2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба охир расидани ваколаташ ройгон бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин карда мешавад.
  3. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ дар давраи ваколаташ аз пардохти ҳаққи истифодаи манзили истиқоматӣ ва хизматрасонии коммуналӣ озод мебошанд.

Моддаи 6. Хизматрасонии нақлиётӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизматрасонии нақлиётии махсус таъмин карда мешавад.
  2. Хизматрасонии нақлиётӣ ба аъзои оилаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи протоколи чорабиниҳои давлатӣ ҳуқуқ дорад аз тамоми намудҳои хизматрасонии нақлиётӣ ройгон истифода барад.

Моддаи 7. Хизматрасонии тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизматрасонии тиббӣ, табобатию истироҳатӣ, табиби шахсӣ ва маводи доруворӣ ройгон таъмин карда мешавад.
  2. Аъзои оилаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматрасонии тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ истифода мебаранд.
  3. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз қатъи ваколати президентиаш якумра хизматрасонии ройгони тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ таъмин карда мешавад.

Моддаи 8. Суғуртаи давлатии ҳаёт ва саломатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ҳаёт ва саломатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи музди меҳнати солонаи ӯ суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда мешавад. Дар сурати вафот ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё дар давоми як соли баъди ба охир расидани ваколаташ ба аъзои оилаи ӯ кумакпулии яквақта ба андозаи музди меҳнати понздаҳсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шуда, ба онҳо бинобар бесаробон мондан нафақа муқаррар карда мешавад.
  2. Хароҷот вобаста ба дафни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби давлат пардохт карда мешаванд.

Моддаи 9. Таъмини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаҳои алоқа

  1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ваколатҳояш бо воситаҳои алоқаи махсус вадигар намудҳои алоқа таъмин карда мешавад. Хизматрасониҳои алоқа дар доираи хизматрасониҳои ҳукуматӣ амалӣ карда мешаванд.
  2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ дар давраи ваколаташ аз пардохти ҳаққи хизматрасрниҳои алоқа озод мебошанд.

Моддаи 10. Хароҷот вобаста ба намояндагӣ ва ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷӣ

  1. Хароҷот вобаста ба намояндагӣ ва ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешаванд.
  2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар намудҳои хизматрасонӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, истифода мебарад.

Моддаи 11. Таъмини амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи ӯ таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Шахсоне, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суиқасд мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
  2. Амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ваколаташ дар ҷойи зисти доимӣ ва будубоши муваққатӣ аз ҷониби мақомоти давлатии амнияти милли таъмин карда мешавад. Дар давраи иҷрои ваколати президентӣ амнияти аъзои оилаи Президент таъмин карда мешавад.
  3. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоя дар давраи иҷрои ваколаташ ҳуқуқ надорад, ки аз таъмини амнияти давлатӣ даст кашад.
  4. Пас аз қатъи ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти ӯ якумра таъмин карда мешавад.

Моддаи 12. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонунн конститутсионии мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 13. Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 “Дар бораи таъминот, адои хизмат ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 23-24, мод. 362; с. 2003, № 4, мод. 140; с. 2007, № 3, мод.156) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 1991 “Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1991, № 15, мод. 266) аз эътибор соқит дониста шаванд.

Моддаи 14. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур

Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

14 ноябри соли 2016 № 1357

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …