Главная / Ҷамъият / Таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ

Таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2003, №12, мод.677; соли 2008, №10, мод.822; №12, қисми 2, мод. 1015; с.2011, №12, мод. 857; ҚҶТ аз 22.07.2013с. №1010)

 Маҷлиси намояндагон 11 июни соли 2003 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 21 ноябри соли 2003 ҷонибдорӣ кардааст

sanitariyu-epidimologi

 Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва тадбирҳои вобаста ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.

 Бо Кодекси тандурустии ҶТ аз 30.05.2017 с., №1413

АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТА ШУД

Боби I. МуҚаррароти умумӢ

 

Моддаи  1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зайл истифода мешаванд:

– амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ – вазъи саломатии аҳолӣ ва муҳити зисти одамон, ки тавассути он таъсири зарарноки омилҳои муҳити зист ба  инсон вуҷуд надорад ва  шароити мусоиди  фаъолияти ӯ таъмин карда мешавад;

– муҳити зисти инсон- маҷмӯи иншоот, ҳодисаҳо ва омилҳои муҳити атроф (табиӣ ва маснӯӣ), ки шароити фаъолияти инсонро муайян менамоянд;

– омилҳои муҳити зист-омилҳои биологӣ (сироятӣ, бактериалӣ, паразитарӣ ва ғайра), кимиёвӣ ва физикӣ (садо, ларза, ултрасадо, инфрасадо, афканишоти гармӣ, ионикунанда, ғайриионикунанда ва дигар афканишот), иҷтимоӣ (ғизо, таъминоти об, шароити маишӣ, меҳнат, истироҳат) ва дигар омилҳои муҳити зист, ки ба инсон ва (ё)  вазъи саломатии насли оянда таъсир мерасонанд ё  метавонанд таъсир расонанд;

– таъсири зараррасон ба инсон– таъсири омилҳои муҳити зист, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон ё ҳаёт ва саломатии насли оянда таҳдид мекунанд;

– шароити мусоиди фаъолияти инсон– ҳолати муҳити зисте, ки дар он хатари таъсири зараровари омилҳои муҳити зист ба инсон (шароити безарар)  ҷой надорад ва имконияти барқарорсозии фаъолияти вайроншудаи узвҳои инсон вуҷуд дорад ;

– шароити  бехатар барои инсон- ҳолати муҳити зисте, ки дар он хатари таъсири зараровари омилҳояш  ба инсон    вуҷуд надорад;

– вазъи санитарию эпидемиологӣ -вазъи  саломатии аҳолӣ ва муҳити зист  дар ҳудуди муайян ва вақти мушаххас нишондодашуда;

– меъёрҳои гигиенӣ- бузургии тавассути тадқиқот муқарраргардидаи  нишондиҳандаҳои иҷозатшудаи ниҳоӣ ё ҳадди ақали  теъдодӣ ва (ё) сифатие, ки ин ё он омили муҳити зистро аз нигоҳи бехатарӣ ва (ё) безарарӣ ба инсон тасниф мекунад;

– қоида ва меъёрҳои давлатии санитарию эпидемиологӣ – санадҳои меъёрии ҳуқуқие,  ки талаботи санитарию эпидемиологиро (аз ҷумла  меъёрҳои бехатарӣ ё безарарии омилҳои муҳити зист барои инсон, гигиенӣ ва дигар меъёрҳоро ) муайян менамояд ва риоя накардани онҳо метавонад ба ҳаёти инсон, инчунин  барои  пайдо шудан  ва паҳншавии беморӣ таҳдид намояд;.

– мониторинги иҷтимоию гигиенӣ- системаи давлатии назорати вазъи саломатии инсон ва муҳити зист, таҳлили он, арзёбӣ, дурнамо, инчунин муайянсозии робитаҳои сабабу оқибат байни саломатии инсон ва таъсири омилҳои муҳити зист;

– назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ – фаъолияти вобаста ба ошкорсозӣ ва пешгирии вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи таъмини  амнияти  санитарию эпидемиологии аҳолӣ бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муҳити зист;

– хадамоти санитарию эпидемиологӣ – системаи мақомот, муассиса ва ташкилотҳое, ки барои татбиқи назорати санитарию эпидемиологӣ таъин гардидаанд;

– хулосаи санитарию эпидемиологӣ (пешгирикунанда) – ҳуҷҷати   тасдиқкунандаи мутобиқати (номутобиқатии) омилҳои муҳити зист, фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, мол, кор, хизматрасонӣ, инчунин лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ, лоиҳаҳои сохтмони иншоот, ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ   ба қоидаҳои санитарӣ;

– тадбирҳои санитарию зиддиэпидемиологӣ (пешгирикунанда)– тадбирҳои ташкилӣ, маъмурӣ, инженерию техникӣ, тиббию санитарӣ, байторӣ ва дигар тадбирҳое, ки барои  рафъ ё  кам кардани таъсири зараровари  муҳити зист ба инсон, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии   бемориҳои   сироятӣ (паразитӣ)  ва бемориҳои оммавии ғайрисироятӣ нигаронида шудааст;

– карантин (тадбирҳои маҳдудкунанда)- тадбирҳои маъмурӣ, тиббию санитарӣ, байторӣ ва дигар тадбирҳое, ки ба пешгирии паҳншавии  бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) нигаронида шуда, низоми махсуси хоҷагидорӣ, дигар навъи фаъолият, маҳдудсозии  ҳаракати одамон, воситаҳои нақлиёт, бор, мол ва ҳайвонотро пешбинӣ менамояд;

– бемориҳои сироятӣ –бемориҳои инсон, ки пайдоиш ва паҳншавии онҳо ба таъсири омилҳои биологии муҳити зист ба инсон  (барангезандаи бемориҳои сироятӣ) ва имконоти интиқоли беморӣ аз инсону ҳайвони бемор ба инсони солим вобастагӣ дорад;

– бемориҳои оммавии ғайрисироятӣ (заҳролудшавӣ)- бемории инсон, ки пайдоиши он ба таъсири омилҳои физикӣ ва (ё) кимиёвӣ ва (ё) иҷтимоии муҳити зист вобаста аст;

– ҳифзи санитарии ҳудуд– маҷмӯи тадбирҳо барои пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии барангезандагони бемориҳои карантинӣ ва дигар бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) ба ҳудуди кишвар, ки ҳам аз ҷониби хадамоти сарҳадӣ ва ҳам аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва хадамоти  санитарию эпидемиологӣ анҷом дода мешаванд;

– ташхиси эпидемиологӣ (ташхиси манбаи эпидемикӣ)- системаи чорабиниҳо, ки дар манбаи эпидемикӣ бо мақсади ошкорсозии сабаб ва шароити ба миён омадани он ва таҳияи тадбирҳо ҷиҳати маҳдуд намудан ва рафъи он гузаронида мешавад;

– эпидемия- категорияи мунтазамии ҷараёни эпидемикӣ, ки мубталоии оммавии аҳолӣ ё гурӯҳҳои алоҳидаи онро ба бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) мубтало месозад, ки аз сатҳи бемориҳои маъмулан дар ин ҳудуд сабтшаванда ба таври назаррас бештар аст;

– хуруҷи эпидемикӣ (бемориҳои гурӯҳӣ) -авҷи кӯтоҳмуддати бемориҳои сироятии  (паразитии) гурӯҳҳои маҳдуди аҳолӣ (коллектив, нуқтаи аҳолинишин), ки   бемориҳои онҳо бо манбаи умумии барангезанда ё усули умумии интиқол (омил) алоқаманд аст;

– саломатӣ– ҳолати офияти пурраи ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоӣ, на танҳо  набудани беморӣ ва нуқсонҳои ҷисмонӣ;

– қоидаҳои фитосанитарӣ– маҷмӯи ҳуҷҷатҳои асоснокшудаи меъёрӣ, ки  талабот нисбат ба замин, ҷангал ва растаниҳо, инчунин теъдоди зараррасонҳои растаниҳо, паҳншавии бемории растаниҳо ва шумораи алафҳои бегонаро  муқаррар менамояд;

– бемориҳои паразитӣ – ҳолати сироятёбӣ ва ё ҳар гуна табаддулотҳои узвҳо, вобаста ба таъсири узвҳои соддатаринҳо ё кирмҳо, ки дар натиҷа шаклҳои гуногуни ҷараёни сироятӣ ё табаддулотӣ ба вуҷуд меоянд;

– токсикология – илми соҳаи тиб, ки қонунмандии таъсири  мутақобилаи узвҳои зиндаро бо заҳрҳо меомӯзад;

– тамъиз (дезинсексия)- нобуд кардани канаҳои буғумпо, ки интиқолдиҳандагони барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) мебошанд, инчунин дигар намуди ҳашароти аҳамияти санитарию гигиенӣ дошта, ки  ба меҳнат ва фароғати одамон халал мерасонанд;

– дератизатсия- нобуд кардани хояндагон – манбаъҳои интиқолдиҳанда, инчунин бо мақсади аз онҳо ҳифз намудани ғалладона, моли озуқа ва амвол;

– дезинфексия– дур кардан ё нобудсозии барангезандагони бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) дар  иншооти муҳити зист;

-экспертизаи санитарию эпидемиологӣ – фаъолият оид ба муайян намудани мутобиқати (номутобиқатии) ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, иншооти фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ ба қоида ва меъёрҳои давлатии санитарию эпидемиологӣ. (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини амнияти  санитарию эпидемиологии аҳолӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ ба Конститутсияи  (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст,  иборат аст.

 

Моддаи 3. Таъмини амнияти  санитарию эпидемиологии аҳолӣ

Амнияти  санитарию эпидемиологии аҳолӣ ба таври зайл таъмин мегардад:

– пешгирии бемориҳо мувофиқи вазъияти санитарию эпидемиологӣ ва пешгӯӣ, ҷараёни инкишоф ва тағйирёбии онҳо(Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

– таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ, миллӣ ва минтақавии таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ  ва таҳкими саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо ва солимгардонии муҳити зисти инсон ва шароити фаъолияти ӯ;

– иҷрои тадбирҳои санитарию эпидемиологӣ (пешгирикунанда) ва риояи ҳатмии қоидаҳои санитарӣ  ҳамчун қисми таркибии фаъолияти аз ҷониби ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалигардида;

– муҳайёкунии ҳавасмандии иқтисодии шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҷиҳати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, таъмини тадбирҳо ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо барои вайронкунии қоидаҳои санитарӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

– бамеъёргирии давлатии санитарию эпидемиологӣ;

– назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, назорати истеҳсолию ҷамъиятӣ;

– сертификатсияи мол, кор ва хизматрасоние, ки ба ҳаёт ва саломатии  инсон   хатари имконпазир дорад;

– додани хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ ба он намудҳои фаъолияте, ки ба ҳаёту саломатии инсон ва вазъи муҳити зист хатари имконпазир дорад;

– бақайдгирии давлатии маводи кимиёвӣ, биологӣ, навъҳои алоҳидаи мол, партовҳои  истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, инчунин навъҳои алоҳидаи моли мавҷуда ва бори аввал ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаи барои инсон  эҳтимолан хатарнок, мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

– гузаронидани мониторинги иҷтимоию гигиенӣ;

– тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи  таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ;

– тадбирҳо ҷиҳати сари вақт огоҳонидани аҳолӣ оиди  рух додани бемориҳои сироятӣ (паразитӣ), бемориҳои ғайрисироятии оммавӣ (заҳролудшавӣ), ҳолати муҳити зист ва тадбирҳои санитарию эпидемиологии (пешгирикунанда) гузаронидашаванда;

– тадбирҳо оид ба таълиму тарбияи гигиении аҳолӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим.

-ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ. (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

 

Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ

Ба салоҳияти Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба  таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ дохил мешаванд:

– муқаррар намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

– таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, барнома ва тадқиқотҳои комплексӣ дар ин соҳа бо вазорату идораҳои дахлдор;

– ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

– ташкили хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррар намудани тартиби идора ва сохтори мақомоти давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ;

-муқаррар намудани тартиби пешбурди феҳристҳои давлатии маводи эҳтимолан хатарноки кимиёвӣ, биологӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, инчунин навъҳои алоҳидаи маҳсулоти озуқаи мавҷудаи бори аввал ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва истеҳсолшаванда; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

– муқаррар намудани системаи ягонаи давлатии меъёрҳои тарбияи мутахассисони хадамоти санитарию эпидемиологӣ;

– таъмини ҳифзи санитарии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ҷорӣ намудан ва бекор кардани тадбирҳои маҳдудкунанда (карантин) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ҷорӣ намудан ва бекор кардани назорати санитарию карантинӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳ, тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– анҷом додани ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бастани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

– иҷрои дигар салоҳиятҳо тибқи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 5. Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини  амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ

Ба салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ дохил мешаванд: (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

– татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

– таҳияи дурнамо ва барномаҳои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

– таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ тибқи тартиби муқарраргардида;

– бамеъёргирии давлатӣ дар соҳаи  санитарию эпидемиологӣ;

– таҳия, тасдиқ ва татбиқи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарию гигиенӣ  ва таъмини назорати амалӣ намудани онҳо;

– тадбирҳо ҷиҳати сари вақт огоҳонидани аҳолӣ оиди  рух додани бемориҳои сироятӣ (паразитӣ), бемориҳои ғайрисироятии оммавӣ (заҳролудшавӣ), ҳолати муҳити зист ва тадбирҳои санитарию эпидемиологии (пешгирикунанда) гузаронидашаванда;

– додани хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ ба он намудҳои фаъолият (кор, хизматрасонӣ), ки ба ҳаёт ва саломатии инсон ва вазъи муҳити зисти ӯ хатари имконпазир доранд.;

гузаронидани экспертизаи санитарию эпидемиологии маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ, ки барои инсон хатари имконпазир дорад;

-гузаронидани санҷиш, таҳқиқ, ташхис, озмоиш, арзёбӣ ва экспертизаи санитарию эпидемиологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

-ташкили чорабиниҳо ҷиҳати ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

-мунтазам такмил додани системаи назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва мутобиқсозии он ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ;

-ҷорӣ кардани қоида ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон бармеоянд;

-ба эътибор гирифтани сертификати сифат ва бехатарии маҳсулоти воридотии мамлакатҳое, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд;

-пешниҳоди ахбороти муфассал дар бораи чораҳои андешидашуда, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сифат ва бехатарии маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, оби нӯшокӣ, маводи эҳтиёҷоти шахсӣ ва маишӣ, кор ва хизматрасониҳое, ки ба саломатии инсон эҳтимолияти хатар доранд; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

– назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ;

– мониторинги иҷтимоию гигиенӣ;

– ҳамоҳангсозии тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

– иштирок дар таҳияи системаи ягонаи давлатии баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

– ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ташкилоту корхона ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, оид ба масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

– анҷом додани аттестатсияи  мутахассисон  дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сертификатсияи дониши онҳо;

– иҷрои дигар салоҳиятҳо тибқи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 6. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини  амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ

Ба салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ дохил мешаванд:

– назорат оиди риоя кардани меъёр ва қоидаҳои санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

– иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

– таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва шароит барои амалӣ гардонидани назорати давлатӣ оид ба вазъи санитарию эпидемиологии дар ҳудуди тобеи идора;

– амалӣ гардонидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ (пешгирикунанда), вобаста ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ҳудуди тобеи идора, инчунин рафъи қонунвайронкуниҳои ошкоршуда;

– ҷорӣ намудани тадбирҳои маҳдудкунанда (карантин) ҳангоми хавфнокии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар асоси таклифҳои сардухтурони давлатии санитарӣ ё муовинони онҳо;

– андешидани тадбирҳо ҷиҳати сари вақт огоҳонидани аҳолӣ дар мавриди рух додани бемориҳои сироятӣ, бемориҳои ғайрисироятии оммавӣ (заҳролудшавӣ), вазъи муҳити зист ва тадбирҳои санитарию эпидемиологӣ  (пешгирикунанда) гузаронидашаванда;

– ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои ҳудуди тобеи идора новобаста аз шакли моликияташон оид ба таъмини талаботи санитарию эпидемиологӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар доираи ваколатҳояшон;

– таъмини иштироки аҳолӣ дар муҳофизат, нигаҳдорӣ  ва мустаҳкам кардани саломатии худ ва атрофиён тавассути риояи тадбирҳои санитарию гигиенӣ, зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла иҷрои талаботҳои санитарию эпидемиологӣ нисбати муҳити зист, сохтмони нуқтаҳои аҳолинишин, манбаъҳои об ва системаи обтаъминкунӣ, сохтмон ва истифодаи биноҳои истиқоматӣ, ҷамъиятӣ ва объектҳои дигари ҳудуди тобеи идора;

– таъмини тадбирҳо барои ошкор намудани омилҳое, ки ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд ва гузаронидани чорабиниҳо барои бартараф сохтани онҳо;

– гузаронидани тадбирҳо оид ба таълиму тарбияи гигиении аҳолӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим;

– ташаккул додани мақомоти идоракунӣ ва мустаҳкам кардани бунёди моддию техникии хадамоти санитарию эпидемиологии ҳудуди идора;

– ташаккул додани буҷети дахлдори маҳаллӣ барои фаъолияти хадамоти санитарию эпидемиологии ҳудуди тобеи идора, аз ҷумла тайёр кардан ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи санитарӣ, гигиенӣ ва эпидемиологӣ, инчунин ташкили тадқиқотҳои илмӣ оиди масъалаҳои муҳими таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

– иҷрои дигар салоҳиятҳо тибқи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Боби II Ҳуқуқ ва ӮҲдадории шаҲрвандон, соҲибкорони Инфиродӣ ва шахсони ҲуқуқӢ дар соҲаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҲолӢ

 

Моддаи 7. Ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуқуқ доранд:

– ба муҳити зисти мусоид (муҳити табиии атроф, шароити меҳнат, зист, маишат, истироҳат, тарбия ва таълим, озуқа, моли истеъмол ё истифодашаванда), ки омилҳои он набояд ба инсони имрӯза ва насли оянда таъсири зараровар расонад;

– мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шахсони ҳуқуқӣ дар доираи салоҳияташон ба  гирифтани маълумоти комил ва мушаххас  дар бораи вазъи санитарию эпидемиологӣ, ҳолати муҳити зист, сифат ва бехатарии моли таъиноти истеҳсолию техникӣ, озуқа, оби нӯшокӣ, молҳои эҳтиёҷоти шахсӣ ва маишӣ,   корҳо ва хизматрасониҳои эҳтимолан барои инсон хатарнок, қоидаҳои таъмини амнияти амалкунанда, тадбирҳои андешидашаванда оид ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва натиҷаи он;

– ба анҷом додани назорати ҷамъиятии иҷрои меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ;

– ба манзури пешниҳодот ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомот ва муассисаҳои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

– ба иштирок дар таҳияи барномаю чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

– ба тибқи тартиби муқарраркардашуда ҷуброн кардани  зарари барояшон ва амволашон дар натиҷаи аз ҷониби дигар шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, тавассути вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ расида, ки боиси ба миён омадани бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) ва заҳролудшавии одамон, инчунин бемориҳои касбӣ расонида шудаанд.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дорои ҳамон ҳуқуқҳоеанд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ доранд.

 

Моддаи 8. Ҳуқуқҳои соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ

Соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд:

– мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома, аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомот ва муассисаҳои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи санитарию эпидемиологӣ, ҳолати муҳити зист, қоидаҳои санитарии  амалкунанда ва бемории аҳолӣ маълумот ба даст оранд;

– дар таҳияи барномаҳо ва чорабиниҳои вобаста ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иштирок намоянд; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

– зарари барояшон ва амволашон   дар натиҷаи аз ҷониби дигар шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, инчунин ҳангоми иҷрои тадбирҳои санитарию эпидемиологӣ (пешгирикунанда) расонидашуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷуброн карда шавад.

 

Моддаи 9. Ӯҳдадории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд:

– талаботи қонунгузориро дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, инчунин қарору дастурҳо ва хулосаҳои санитарию эпидемиологиро, ки шахсони мансабдори анҷомдиҳандаи назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ баровардаанд, иҷро намоянд;

– аз имконияти фароҳамовардаи ҷомеа оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим истифода бурда, оид ба саломатии худ, аъзои оила ва  паҳн намудани донишу малакаи санитарию эпидемиологӣ, байни аъзои оила ғамхорӣ намоянд;

– амалеро, ки метавонад боиси  поймол кардани ҳуқуқи дигар шаҳрвандон ба  саломатӣ ва муҳити мусоиди зист гардад, анҷом надиҳанд;

– тадбирҳои гигиению зиддиэпидемиологӣ доир намоянд ва дар гузаронидани онҳо иштирок кунанд;

– тибқи тартиби муқарраркардашуда зарари ба саломатии дигар шаҳрвандон дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ расонидаро ҷуброн намоянд.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дорои ҳамон ӯҳдадориҳое мебошанд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ доранд. (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

 

Моддаи 10. Ӯҳдадориҳои соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ

Соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ тибқи фаъолияти худ ӯҳдадоранд:

– талаботи қонунгузориро дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, инчунин қарору дастурҳо ва хулосаҳои санитарию эпидемиологиро, аз ҷумла оиди боздоштан ё қатъи фаъолияти иншооти сохташаванда, аз нав сохташаванда ва технологияҳо, бо вайрон кардани қоида ва меъёрҳои санитарӣ, ки шахсони мансабдори анҷомдиҳандаи назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ баровардаанд, иҷро намоянд;

– таҳия ва гузаронидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиологӣ (иштирок дар гузаронидани чунин тадбирҳо), ки ба пешгирӣ ва рафъи ифлосшавии муҳити зист, солимгардонии шароити меҳнат, маишат ва истироҳати кормандон, пешгирии  пайдоиш ва паҳншавии бемориҳо нигаронида шудааст, а амал бароранд;

– барои инсон бехатар будани корҳо ва хизматрасонӣ, инчунин моли таъиноти истеҳсолию техникӣ, озуқа ва моли таъиноти шахсӣ ва маиширо ҳангоми истеҳсол, интиқол, нигаҳдошт ва фурӯши мол ба аҳолӣ таъмин намоянд;

– ҳангоми истеҳсол, харид, нигаҳдошт, интиқол, фурӯши моли озуқаворӣ ва оби нӯшокӣ, иловагиҳои озуқавӣ, ашёи хоми озуқа ва маводу моли бо онҳо робитадошта, қоида ва меъёрҳои санитариро иҷро намоянд, ҳамчунин ҷиҳати таъмини бехатарии онҳо тадбирҳо андешанд; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

-оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ тадбирҳо андешанд; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

– назорати истеҳсолиро, аз ҷумла тавассути гузаронидани тадқиқот ва озмоиши лабораторӣ, оид ба риояи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ  ва гузаронидани тадбирҳои санитарию эпидемиологӣ (пешгирикунанда) ҳангоми иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ, инчунин ҳангоми истеҳсол,   интиқол, нигаҳдошт ва  фурӯши мол анҷом диҳанд;

– оид ба асосноксозии  барои инсон хатарнок набудани навъҳои  нави мол, технологияи истеҳсоли он, меъёрҳои бехатарӣ ва (ё) безарарии омилҳои муҳити зист корҳоро анҷом диҳанд ва усулҳои назорати омилҳои муҳити зистро таҳия намоянд;

– сари вақт аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомот ва муассисаҳои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси ҳолатҳои садамавӣ, боздоштани истеҳсолот, вайрон шудани ҷараёни технологӣ, ки ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ таҳдид менамояд, огоҳ намоянд; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

– бо нашрияҳои расмии қоидаҳои санитарӣ, усул ва методикаи назорати омилҳои муҳити зист таъмин бошанд;

– таълими гигиении кормандонро, ки ба баланд бардоштани фарҳанги тиббӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим нигаронида шудааст, ба амал бароранд;

– зарари ба саломатии дигар кормандон ва аҳолӣ дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ расонидаро тибқи тартиби муқарраркардашуда  ҷуброн намоянд;

– татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ва дигар субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқиро, ки Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, таъмин кунанд.

 

Боби III.Талаботи санитарию эпидемиологӢ дар соҲаи Таъмини

амнияти санитарию эпидемиологии АҲолӢ

 

Моддаи 11. Талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбати банақшагирӣ ва сохтмони нуқтаҳои аҳолинишин

Банақшагирӣ ва сохтмони нуқтаҳои аҳолинишин бояд фароҳам овардани шароити нисбатан мусоидро барои зиндагӣ ва саломатии инсон, ободонии маҷмӯии  шаҳрҳо ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин,  пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровар ва хатарноки омилҳои муҳити зист ва шароити фаъолият ба саломатии инсонро   пешбинӣ намояд.

Ҳангоми таҳияи меъёрҳои лоиҳакашӣ, нақшаи  банақшагирии рушди ҳудуди шаҳрсозӣ, нақшаҳои генералии шаҳру деҳсозӣ, лоиҳаҳои банақшагирии марказҳои ҷамъиятӣ, минтақаҳои истиқоматӣ, роҳҳои шаҳрҳо, ҳалли масъалаҳои иншооти таъиноти мулкӣ, саноатӣ ва кишоварзӣ, инчунин муқаррар намудани ҳудуди санитарию муҳофизатии онҳо, интихоби қитъаҳои замин таҳти сохтмон ва ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, азнавтаҷҳизонии техникӣ,воситаҳои техникӣ ва шабакаҳои инженерӣ, тавсеа, консерватсия (боздоштан) ва барҳам додани иншооти саноатӣ, нақлиётӣ, бино ва иншооти таъиноти фарҳангию маишӣ, биноҳои истиқоматӣ, иншооти инфраструктураи инженерӣ, ободонӣ ва дигар иншоот (минбаъд-иншоот) бояд қоидаҳои таъмини амнияти ҷорӣ риоя гарданд.

Ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмон, тасдиқи меъёрҳои лоиҳакашӣ ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавию меъёрии техникӣ, дар мавриди сохтмон (азнавсозӣ, азнавтаҷҳизонӣ), ба истифодадиҳии биноҳои истиқоматӣ, бино, иншоот, корхонаҳои саноатӣ, нақлиётӣ ва дигар корхонаю иншоот (маҷмуаҳои ба истифода додашаванда),  инчунин воситаҳои нақлиёт, танҳо  ҳангоми мавҷудияти хулосаҳои мақомот ё муассисаҳои санитарию эпидемиологӣ, дар бораи мутобиқати онҳо ба меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ иҷозат дода мешавад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои иҷрои корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмон, маблағгузорӣ ва (ё) кредитонии иншоот масъуланд, дар сурати ошкорсозии вайрон кардани меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ ё имконнопазирии иҷрои онҳо вазифадоранд пешбурди корҳои зикршуда, маблағгузорӣ ва (ё) кредитонии ин иншоотро боздоранд ё пурра қатъ намоянд.

 

Моддаи 12. Талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбати  молҳои таъиноти  истеҳсолию техникӣ, молҳои таъиноти шахсӣ ,  маишӣ ва технологияи истеҳсоли онҳо

Молҳои таъиноти истеҳсолию техникӣ, инчунин молҳои эҳтиёҷоти шахсӣ ва маишии шаҳрвандон ҳангоми истеҳсол, интиқол, нигаҳдошт, татбиқ (истифода) ва партов, ки иштироки мустақими инсонро тақозо менамоянд, набояд ба инсон ва муҳити зист таъсири зараровар расонанд ва вобаста ба хусусият ва нишондиҳандаҳо бояд ба  меъёр ва қоидаҳои таъмини амнияти шаҳрвандон мутобиқ бошанд.

Технологияҳои нав, инчунин молҳои таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои эҳтиёҷоти шахсӣ ва маишии шаҳрвандон барои истеҳсол, татбиқ ё истифода танҳо дар асоси хулосаи санитарию эпидемиологии хадамоти санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди мутобиқати он ба меъёр ва қоидаҳои санитарӣ  иҷозат дода мешавад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки коркард, истеҳсол, интиқол, харидорӣ, нигаҳдошт ва фурӯши молро анҷом медиҳанд, ҳангоми муқаррар намудани номутобиқатӣ ба талаботи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ вазифадоранд чунин фаъолиятро боздоранд, молро аз муомилот гиранд ё нобуд созанд ва барои татбиқи истифодаи   мол бо мақсадҳое, ки расонидани зарарро ба инсон истисно менамояд, тадбирҳо андешанд.

 

Моддаи 13. Талаботи санитарию эпидемиологӣ  нисбати маводи кимиёвӣ, биологӣ ва  навъҳои алоҳидаи молҳои барои инсон эҳтимолан хатарнок

Маводи кимиёвӣ, биологӣ ва навъҳои алоҳидаи молҳои барои инсон эҳтимолан хатарнок баъди бақайдгирии давлатии онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур барои таҳия, истеҳсол, интиқол, харидорӣ, нигаҳдошт, фурӯш ва татбиқ (истифода) иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 14. Талаботи санитарию эпидемиологӣ  нисбати молҳои озуқаворӣ, иловагиҳои озуқавӣ, ашёи озуқа, ҳамчунин масолеҳ, маснуот ва технологияи истеҳсоли бо онҳо робитадошта

Молҳои озуқаворӣ бояд талаботи физиологии инсонро бо маводи зарурӣ ва энергия қонеъ гардонад, ба талаботи маъмулан ба маводи озуқа пешниҳодшаванда дар қисмати нишондиҳандаҳои ҳавосӣ (органолептикӣ) ва физикию кимиёвӣ ҷавобгӯ ва ба талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ нисбати таркиби иҷозатшудаи маводи кимиёвӣ (аз ҷумла радиоактивӣ), биологӣ ва омехтаҳои он, микроорганизмҳо ва дигар организмҳои биологӣ, ки ба саломатӣ хатарнок аст, мутобиқ  бошанд ва набояд ба он таъсири зараровар расонанд.

Молҳои хӯрокворӣ, иловагиҳои озуқавӣ, ашёи озуқавӣ, ҳамчунин мавод ва моли дар ҷараёни истеҳсол, нигаҳдошт, интиқол ва фурӯш ба аҳолӣ бо онҳо робитадошта, бояд ба талаботи меъёр ва қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ мутобиқ бошанд. (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

Истеҳсол, татбиқ (истифода) ва ба аҳолӣ фурӯхтани навъҳои мавҷуда ва инчунин навъи молҳои озуқаворӣ (ки бори аввал таҳия ва дар истеҳсолот ҷорӣ мегарданд), иловагиҳои озуқавӣ, ашёи озуқа, инчунин  мавод ва моли бо онҳо робитадошта, татбиқи ҷараёни нави технологии истеҳсоли онҳо ва таҷҳизоти техникӣ, ҳангоми мавҷудияти хулосаи санитарию эпидемиологӣ дар бораи мутобиқати онҳо ба меъёр ва қоидаҳои санитарӣ иҷозат дода мешавад.

Воридот, фурӯш ва истифодаи молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он истеҳсолшаванда танҳо дар сурати мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ва бехатарии (хулосаи санитарию эпидемиологии) онҳо ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

Молҳои озуқаворӣ, иловагиҳои озуқавӣ, ашёи озуқа, ҳамчунин маводу моли бо онҳо робитадошта, ки ба меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ  мутобиқ нестанд ва барои инсон хатарноканд, бо қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ бояд фавран аз истеҳсолот ё фурӯш гирифта шаванд.

Молҳои озуқаворӣ, иловагиҳои озуқавӣ, ашёи озуқа, ҳамчунин маводи бо онҳо робитадошта, ки аз истеҳсолот ё фурӯш гирифта шудаанд, бояд аз ҷониби моликони онҳо ба мақсадҳое, ки расонидани зарар ба инсонро истисно менамояд, истифода гарданд ё нобуд карда шаванд.

 

Моддаи 15. Талаботи санитарию эпидемиологӣ ба  молҳое, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд

Молҳои аз ҷониби шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вориднамуда, ки татбиқ ва (ё) истифодаи онҳо иштироки мустақими инсонро талаб менамояд, бояд ба талаботи байналмилалии бехатар ва безарар будан ба инсон ҷавобгӯ бошанд.

Молҳои дар банди 1 ҳамин модда зикргардида ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавриди мутобиқати онҳо ба меъёр ва қоидаҳои санитарӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешаванд.

Навъҳои алоҳидаи молҳои бори аввал ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ки номгӯи онҳоро Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, то ворид намудан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мутобиқи қонунгузорӣ ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки барои ворид намудан ва фурӯши ҳар як қисмати чунин маҳсулот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳо (қарордод) мебанданд, бояд иҷрои талаботи муқаррарнамудаи ҳамин моддаро таъмин кунанд.

 

Моддаи 16. Талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбати ташкили хӯроки аҳолӣ

Ташкили хӯроки аҳолӣ дар маҳалҳои махсус ҷиҳозонидашуда (ошхона, тарабхона, қаҳвахона, бар ва ғайра), аз ҷумла ҳангоми коркарди озуқа ва нӯшокиҳо, нигаҳдошт, интиқол а фурӯши онҳо ба аҳолӣ, барои пешгирии ба миён омадан ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) ва бемориҳои сироятии оммавӣ (заҳролудшавӣ) бояд тибқи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ амалӣ гардонида шавад. (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

ҳангоми ташкили хӯрок дар муассисаҳои томактабӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои муолиҷавию пешгирикунанда, солимгардонӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, муқаррар намудани меъёри хӯрок барои хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин муқаррар намудани меъёри хӯрок барои шахсони дар изоляторҳои тафтишотӣ қарордошта ё шахсоне, ки дар муассисаҳои ислоҳотӣ адои ҷазо мекунанд, бояд меъёрҳои аз нигоҳи илмӣ асоснокшудаи физиологӣ барои инсон ҳатман риоя карда шаванд.

Ҳангоми муқаррар намудани стандартҳои ҳадди ақалли иҷтимоии сатҳи зиндагии аҳолӣ, ки давлат кафолат медиҳад, бояд меъёрҳои физиологии хӯроки инсон ба инобат гирифта  шаванд.

 

Моддаи 17. Талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбат ба манбаъҳои бо об таъминкунӣ ва объектҳои об

Сифати оби манбаъҳое, ки барои таъмини мутамарказ ва ғайримутамарказ бо оби нӯшокӣ, шиноварӣ, шуғли варзиш, истироҳат ё мақсадҳои табобатӣ истифода мегардад, аз ҷумла объектҳои обии дар ҳудуди нуқтаҳои аҳолинишин қарордошта бояд ба меъёр ва қоидаҳои санитарӣ  ҷавобгӯ бошад.

Меъёри бехатарӣ ва (ё) безарарии объектҳои об ба инсон, аз ҷумла қуввати (консентратсияи) иҷозатшудаи ниҳоии маводи кимиёвӣ, биологӣ, микроорганизмҳо ва сатҳи заминаи радиатсионӣ тибқи қоида ва меъёрҳои санитарӣ, муқаррар карда мешавад.

Иҷозат барои истифодаи объекти об бо мақсадҳои мушаххаси зикргардида ҳангоми мавҷудияти хулосаи санитарию эпидемиологӣ оид ба мутобиқати объектҳои об ба қоидаҳо ва меъёрҳои санитарӣ ва шароити безарари истифодаи объектҳои обӣ барои инсон иҷозат дода мешавад.

Барои ҳифзи объектҳои об, пешгирии ифлосшавии онҳо, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои бо мақомот ва муассисаҳои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқашудаи ниҳоии таъсири зараровар ба объектҳои об, меъёрҳои иҷозатшудаи ниҳоии партовҳои маводи кимиёвӣ, биологӣ ва микроорганизмҳо ба объектҳои  об муқаррар карда мешавад.

Лоиҳаҳо ва минтақаҳои муҳофизати санитарии объектҳои об, ки барои нӯшидан, таъминоти хоҷагию маишӣ ва муолиҷавӣ истифода мегарданд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми мавҷудияти хулосаи санитарию эпидемиологӣ тасдиқ карда мешаванд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар сурати номутобиқатии сифати об ба талаботи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ ӯҳдадоранд ҷиҳати пешгирӣ, боздошт ё манъи истифодаи объектҳои обии зикргардида тадбирҳо андешанд. (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

 

Моддаи 18. Талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбати оби нӯшокӣ ва таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ

Сокинони шаҳр ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо оби нӯшокӣ ба миқдоре, ки барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти физиологӣ ва хоҷагидорӣ кифоя буда, аз ҷиҳати эпидемиологӣ ва радиатсионӣ бехатар, аз нигоҳи таркиби химиявӣ безарар ва дорои хосияти мусоиди ҳавосӣ (органолептикӣ) бошад, таъмин карда мешаванд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки истифодаи системаҳои мутамарказ, ғайримутамарказ, тақсимкунанда ба хонаҳо ва системаи автоматии таъминоти аҳолӣ бо об ва системаҳои таъминоти оби нӯшокиро дар воситаҳои нақлиёт анҷом медиҳанд, бояд мутобиқати сифати оби нӯшокии системаҳои зикргардидаро ба талаботи меъёр  ва қоидаҳои   санитарӣ таъмин намоянд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд тадбирҳоеро, ки ба рушди системаи таъминоти мутамаркази об нигаронида шудааст, анҷом диҳанд. (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

 

Моддаи 19. Талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбат ба ҳавои атмосферӣ дар нуқтаҳои аҳолинишин, ҳудуди корхонаҳои  саноатӣ, ҳавои минтақаҳои кории биноҳои  истеҳсолӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳо

Ҳавои атмосфера дар нуқтаҳои аҳолинишин,  ҳудуди корхонаҳои саноатӣ, ҳавои минтақаҳои кории биноҳои истеҳсолӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳо, ҳамчунин дар маҳалли истиқомати доимӣ ва муваққатии одамон бояд ба меъёрҳои муқарраргардида мутобиқ бошад.

Меъёрҳои бехатарӣ ва (ё) безарарии ҳавои атмосфера барои инсон дар нуқтаҳои аҳолинишин, дар ҳудуди корхонаҳои саноатӣ, ҳавои биноҳои маҳалли истиқомати доимӣ ва муваққатии одамон, аз ҷумла қуввати (консентратсияи) иҷозатшудаи ниҳоии маводи кимиёвӣ, биологӣ ва микроорганизмҳо дар фазо тибқи қоида ва меъёрҳои санитарӣ муқаррар карда мешаванд.

Меъёрҳои партовҳои иҷозатшудаи ниҳоии чанг, маводи кимиёвӣ, биологӣ ва микроорганизмҳо ба фазо, лоиҳаҳои минтақаҳои санитарию муҳофизатӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ   карда мешаванд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд ҷиҳати пешгирӣ ва барҳам додани ифлосшавии фазо ва ҳавои маҳалли истиқомати доимӣ ва муваққатии аҳолӣ бо маводи зараровар, ба онҳо таъсир намудани омилҳои физикӣ, ки ба саломатии инсон таъсири номусоид мерасонанд,  тадбирҳо андешанд. (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

 

Моддаи 20. Талаботи санитарию эпидемиологӣ  нисбати хок,  ҳолати нигоҳубини ҳудуди нуқтаҳои аҳолинишин, майдончаҳои саноатӣ

Дар таркиби хоки нуқтаҳои аҳолинишин, заминҳои кишоварзӣ таркиби иҷозатшудаи ниҳоии маводи кимиёвӣ, биологӣ ва микроорганизмҳои барои инсон эҳтимолан хатарнок, инчунин сатҳи заминаи радиатсионӣ, набояд аз қуввати (консентратсияи) иҷозатшудаи ниҳоии муқаррарнамудаи меъёр ва қоидаҳои    санитарӣ бештар бошад.

Шароити нигаҳдошти ҳудудҳои нуқтаҳои аҳолинишин ва майдончаҳои саноатӣ бояд ба талаботи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ ҷавобгӯ бошанд.

Тартиб ва шароити  нигаҳдошти ҳудудҳои нуқтаҳои аҳолинишин аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар карда мешавад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  мутобиқи салоҳияти худ ӯҳдадоранд ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани ифлосшавии таркиби хок дар нуқтаҳои аҳолинишин  тадбирҳо андешанд. (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

 

Моддаи 21. Талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбати ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ,  интиқол, нигаҳдошт ва гӯр кардани партовҳои истеҳсолӣ ва  маишӣ

Партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ бояд  ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол, нигаҳдошт ва гӯронида шаванд, ки шароит ва усули онҳо бояд ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист бехатар бошад ва тибқи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  анҷом дода шавад.

Тартиб, шарт ва усули ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол, нигаҳдошт ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Дар ҷойҳои мутамаркази ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол, нигаҳдошт ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ   ва маишӣ бояд назорати санитарию эпидемиологӣ ва радиатсионӣ анҷом дода шавад.

Партовҳои истеҳсолӣ ва маишие, ки дар сурати амалӣ гардонидани  назорати радиатсионӣ, баландравии сатҳи заминаи муқарраршудаи  радиатсионӣ тибқи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ ошкор шудааст, бояд мутобиқи қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ истифода, безараргардонӣ, нигаҳдорӣ ва гӯронида шаванд.

 

Моддаи 22. Талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбати биноҳои истиқоматӣ

Биноҳои истиқоматӣ вобаста ба майдонча, сохт, рӯшноӣ, инсолятсия, микроиқлим, мубодилаи ҳаво, сатҳи садо, ларзиш, афканишоти ионикунанда ва ғайриионикунанда бояд бо мақсади таъмини шароитҳои безарари зист, сарфи назар аз мӯҳлати онҳо ба талаботи меъёр ва  қоидаҳои санитарӣ   мутобиқ бошанд.

Нигаҳдошти биноҳои истиқоматӣ бояд ҷавобгӯи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ   бошанд.

 

Моддаи 23. Талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбати истифодаи иморатҳои саноатию ҷамъиятӣ, биноҳо, иншоот, таҷҳизот ва нақлиёт

Ҳангоми истифодаи иморатҳои саноатию  ҷамъиятӣ, биноҳо, иншоот, таҷҳизот, инчунин нақлиёти ҳавоӣ, обӣ ва рӯизаминӣ бояд тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи муҳити табиии зист ва чорабиниҳои санитарию эпидемиологӣ (пешгирикунанда) амалӣ гардида,  ба инсон шароити бехатари кор, маишат ва истироҳат мутобиқи талаботи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фароҳам оварда шавад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд фаъолият ё кори худ ё кори сехҳо,  қитъаҳои алоҳида, истифодаи иморатҳо, биноҳо, иншоот, таҷҳизот, инчунин нақлиёти ҳавоӣ, обӣ ва рӯизаминӣ, иҷрои намуди алоҳидаи корҳо ва хизматрасониро боздоранд ё қатъ намоянд, агар дар сурати иҷрои чунин фаъолият, кор ва хизматрасонӣ меъёр ва қоидаҳои   санитарӣ вайрон гарданд.

 

Моддаи 24.  Талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбати шароити меҳнат

Шароити меҳнат, ҷои кор ва ҷараёни меҳнат набояд ба инсон таъсири зараровар расонад. Талабот ҷиҳати таъмини шароити меҳнати барои инсон бехатар, тибқи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд  талаботи   меъёр ва қоидаҳои санитарӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  нисбати ҷараёни истеҳсолӣ ва таҷҳизоти технологӣ, ташкили ҷойҳои корӣ, воситаҳои хусусӣ ва дастаҷамъии ҳифзи кормандон, низоми кор, фароғат ва хизматрасонии маишии кормандон, бо мақсади пешгирии ҷароҳатбардорӣ, бемориҳои касбӣ, бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) ва бемориҳои (заҳролудшавӣ) вобаста ба шароити меҳнати онҳоро иҷро намоянд.

Шароити кор бо маводи биологӣ, организмҳои биологӣ,  микробиологӣ ва токсинҳои онҳо, инчунин  шароити кор бо ангезандагони бемориҳои сироятӣ (паразитӣ)  набояд ба инсон таъсири зараровар расонад.

Талабот ҷиҳати таъмини шароити меҳнати барои инсон ва муҳити зист бехатар, ки дар қисми 3 ҳамин модда зикр гардидааст, тибқи қоидаҳои санитарӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Иҷрои корҳо бо маводи биологӣ, организмҳои биологӣ, микробиологӣ ва токсинҳои онҳо ҳангоми мавҷудияти хулосаи санитарию эпидемиологӣ дар мавриди мутобиқати шартҳои иҷрои чунин корҳо ба талаботи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ иҷозат дода мешавад.

Ҳангоми кор бо маводи радиоактивӣ ва дигар манбаъҳои афканишоти ионикунанда ва ғайриионикунанда, мошину таҷҳизот, олот, асбобу анҷом ва дастгоҳҳо, ки манбаи омилҳои таъсири физикӣ  ба инсон мебошанд (садо, ларзиш, таъсири ултрасадо, инфрасадо, афканишоти гармӣ, ионикунанда, ғайриионикунанда ва дигар афканишот), бояд талаботи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ риоя карда шаванд.

Меъёрҳои бехатарӣ ва (ё) безарарии шароити кор ва манбаъҳои омилҳои физикии таъсир ба инсон, аз ҷумла сатҳи иҷозатшудаи ниҳоии таъсир, тибқи талаботи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ   муқаррар карда мешаванд.

Истифодаи мошин, механизмҳо, таҷҳизот, олот ва дастгоҳҳо, инчунин истеҳсол, татбиқ (истифода), интиқол, нигаҳдорӣ  ва гӯронидани воситаҳои  радиоактивӣ, дигар манбаъҳои афканишоти ионикунанда, мавод  ва партовҳо,  ки манбаи дар қисми 6 ҳамин модда зикршудаи омилҳои таъсири физикӣ  ба инсон мебошанд, танҳо ҳангоми мавҷудияти хулосаи санитарию эпидемиологӣ оиди мутобиқаташон ба меъёр ва қоидаҳои санитарӣ иҷозат дода мешавад.

Муносибатҳое, ки дар соҳаи таъмини амнияти радиатсионии   аҳолӣ ва бехатарии корҳо бо манбаъҳои афканишоти ионикунанда ба миён меоянд, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

 

Моддаи 25. Талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбати шароити таълим ва тарбия

Дар муассисаҳои томактабӣ ва солимгардонӣ, мактабҳо, муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсус, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, корхонаю ташкилот, ки сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ба тарбия, таълим ва омодагии касбӣ машғуланд, бояд шароит ҷиҳати ҳифз ва таҳкими саломатии шаҳрвандон ва пешгирии бемориҳо, аз ҷумла   ташкили ғизои онҳо андешида шавад ва талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ  иҷро гардад.

Барномаҳо, усул ва низоми тарбия ва таълим, воситаҳои техникӣ, аудиовизуалӣ ва дигар воситаҳои таълиму тарбия, мебели таълимӣ, инчунин адабиёт ва дигар маҳсулоти нашрӣ барои истифода, ҳангоми мавҷудияти хулосаи санитарию эпидемиологӣ дар бораи мутобиқати онҳо ба талаботи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ  тасдиқ карда мешаванд.

Дар мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ истифодаи воситаҳои тарбиявӣ, таълимӣ ва мебелҳое, ки ба стандарти давлатӣ ва дигар меъёру қоидаҳои санитарӣ ҷавобгӯ намебошанд, манъ аст.

 

Боби IV.ТадбирҲои санитарию гигиенӢ ва зиддиэпидемикӢ (пешгирикунанда)

 

Моддаи 26. Ташкил ва гузаронидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ

Бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) ва бемориҳои ғайрисироятии оммавӣ (заҳролудшавӣ) бояд  сари вақт ва дар ҳаҷми пурра тадбирҳои зарурии ташкилӣ, инженерию техникӣ, муолиҷавию пешгирикунанда, санитарию   зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла тадбирҳо оид ба анҷом додани ҳифзи санитарии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ кардани чорабиниҳои маҳдудкунанда (карантин), анҷом додани назорати истеҳсолӣ, тадбирҳо нисбати шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ, доир намудани муоинаҳои тиббӣ, эмкуниҳои пешгирикунанда, тарбия ва таълими гигиении шаҳрвандон  анҷом дода шавад.

Чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ (пешгирикунанда) тибқи тартиби ҳатмӣ аз ҷониби шаҳрвандон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи фаъолияти аз ҷониби онҳо иҷрошаванда, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур гузаронида мешаванд.

Моддаи 261. Истифодабарӣ ва мутобиқати тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ”

Тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ барои ҳимоя, ҳифзи ҳаёт ва солимии аҳолӣ татбиқ гардида, бояд ба доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мутобиқ буда, ба дастовардҳои нави илмӣ асос ёфта бошанд.

Ҳамаи тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикие, ки аз ҷониби дигар давлатҳо, аз ҷумла дар сатҳи байналмилалӣ андешида шудаанд, мувофиқ ба тадбирҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мегарданд, агар аз тарафи мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад, ки ин тадбирҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бехатарии инсонро дар сатҳи баробар ва беҳтар таъмин менамоянд.

Ҳангоми мавҷуд набудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлатӣ, стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ ва ё агар тадбирҳои андешидашаванда аз стандартҳо,  дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ ба куллӣ фарқ намоянд ва ё тадбирҳои андешидашаванда ба савдо таъсири назаррас расонанд, мақоми ваколатдор дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ ӯҳдадор аст:

ҷиҳати таъмини шаффофияти тадбирҳои татбиқшаванда тамоми чораҳоро андешад;

-тарафҳои манфиатдорро ба таври расмӣ оид ба нияти андешидани тадбири мушаххаси санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ дар марҳилаи пешакии омодагӣ огоҳ намояд, то ки ба давлатҳои манфиатдор барои шиносоӣ имконият фароҳам оварда шавад;

-барои гирифтани эзоҳ, пешниҳодот ва ворид намудани тағйиру иловаҳо тибқи созишномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидааст, матни тадбирҳои андешидашаванда ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳияшударо пешакӣ нашр намояд;

-ҳамаи чораҳоро оид ба асосноккунии илмии тадбирҳои татбиқшаванда андешад;

-доираи вақтиро барои баррасии пешниҳодот ва эзоҳот бо тарафҳои манфиатдор муайян намояд;

-тамоми чораҳоро андешад, ки огоҳсозӣ оид ба андешидани чораҳо ё ҷорӣ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба масолеҳи муайян ё маҳсулот ва асосноккунии он 75 рӯз пеш аз қабули татбиқи расмии он нашр карда шавад.

 

Моддаи 262. Тадбирҳо ҳангоми баҳодиҳии сатҳи хатари маҳсулот ба ҳаёт ва саломатии нсон

Ҳангоми баҳодиҳии сатҳи хатари маҳсулот ба ҳаёт ва саломатии инсон дар раванди таҳия ва татбиқи тадбирҳои санитарӣ мақоми ваколатдор ӯҳдадор аст ҳолатҳои зеринро ба инобат гирад:

-асосноккунии илмӣ, усулҳои мавҷудаи истеҳсол, коркард, усулҳои бозрасӣ, интихоб барои озмоиш ва санҷиш, сатҳи паҳншавии бемориҳо, мавҷуд будани минтақаҳои озод аз бемориҳо ва зараррасонҳо, шароити мусоиди экологӣ, чораҳои карантинӣ ва ғайраҳо;

-омилҳои дахлдори иқтисодӣ, аз ҷумла зарари эҳтимолӣ аз кам кардани ҳаҷми истеҳсолот ё фурӯш дар ҳолати воридшавӣ, нобудсозӣ ё паҳншавии ин ё он зараррасон ва ё беморӣ, хароҷот барои мубориза бар зидди онҳо ё нест кардани онҳо ва таносуби нисбии хароҷот ва самаранокии усулҳои алтернативӣ барои кам кардани хатар.

Дар ҳолатҳое, ки асосноккунии илмӣ нокифоя аст, мақоми ваколатдор метавонад дар асоси иттилооти зарурии мавҷуда, аз ҷумла иттилооте, ки аз ташкилотҳои байналмилалӣ гирифта шудааст ва ҳамчунин иттилооот оид ба тадбирҳои санитарие, ки дар дигар давлатҳо татбиқ мегардад, тадбирҳои санитарии муваққатиро амалӣ намояд.

Тадбирҳои санитарӣ бо назардошти хусусиятҳои санитарии маҳал, ё дар тамоми қаламрави мамлакат ва ё дар минтақаҳои алоҳидаи он ё дар якчанд мамлакат ё қисмҳои онҳо, ки дар қаламрави онҳо маҳсулот истеҳсол мешавад ва барои он пешбинӣ шудааст, татбиқ карда мешаванд.

Дар мавриди баҳогузории хусусиятҳои санитарии минтақа, мақоми дахлдор дар қатори дигарҳо дараҷаи паҳншавии зараррасонҳо ё бемориҳои мушаххас, мавҷуд будани барномаҳои мубориза бар зидди онҳо ё нест кардани онҳо ва меъёрҳо ё талаботе (нишондиҳандаҳо, дастурҳое), ки метавонанд аз тарафи ташкилотҳои байналмилалии дахлдор таҳия шаванд, ба инобат мегирад.  Мақоми дахлдор консепсияи минтақаҳои озод аз зараррасонҳо ё бемориҳо ва минтақаҳои паҳншавии на он қадар назарраси зараррасонҳо ё бемориҳоро эътироф мекунад. Ҳангоми муайян кардани чунин минтақаҳо омилҳое, ба монанди ҷуғрофия, экосистема, назорати эпидемиологию санитарӣ ва самарабахшии он ба асос гирифта мешаванд.

Давлатҳои содиркунандае, ки ҳудуди худро минтақаҳои озод аз зараррасонҳо ё бемориҳо ва ё минтақаҳои паҳншавии на он қадар назарраси зараррасонҳо ё бемориҳо эълон кардаанд, бояд ба мақоми дахлдор ҳуҷҷати тасдиқкунандаро пешниҳод намоянд.

Тадбирҳои санитарии татбиқшаванда назар ба тадбирҳое, ки ба заминаи стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ асос ёфтаанд, метавонанд сатҳи баланди ҳимояи санитариро таъмин намоянд, агар дорои асосноккунии илмии дахлдор бошанд ва ё ин сатҳи ҳимояи санитарӣ зарурӣ дониста шаванд.

 

Моддаи 263. Пешниҳоди маълумот

Ҳамаи қоидаҳои санитарӣ фавран нашр карда мешаванд.

Мақоми ваколатдор дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ мутобиқи созишномаҳои байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидашуда бояд тавассути системаи ягонаи иттилоотии давлатӣ ахбороти мавҷуда ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии зеринро пешниҳод намояд:

-тадбирҳои ҷорӣ ё таҳияшаванда дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

-ҳамаи расмиёти назоратӣ ва бозрасӣ, қоидаҳои истеҳсолот ва карантин, расимёти розигӣ додан ба миқдори имконпазири иловаҳои ғизоӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд;

-андешидани тадбирҳо дар ҳолатҳои фавқулодда ва муайянкунии дараҷаи зарурии ҳимояи ҳаёт ва солимии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-узвият ва иштирок дар ташкилотҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва машваратҳо, тартиб ва расмиёти ҳимояи ҳаёт ва солимии аҳолӣ, мавҷудият ва нигоҳдории санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба ва бисёрҷониба.

 

Моддаи 264. Ҳамарзишии тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ

Тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикии дар дигар давлатҳо татбиқшаванда ба тадбирҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарте ҳамарзиш ҳисобида мешаванд, ки мақоми ваколатдор ва ё мақомоти давлатии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намоянд, ки ин тадбирҳо ба дараҷаи баробар ва ё беҳтар бехатарии ҳаёт ва солимии одамро таъмин менамоянд.

Қарор оид ба ҳамарзиш донистани тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ бояд интишор шавад.

 

Моддаи 265. Чорабиниҳо дар соҳаи назорат, бозрасӣ ва маъқул донистани тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ

Чорабиниҳо дар соҳаи назорат, бозрасӣ ва маъқул донистани тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ бояд ба таври зайл анҷом дода шаванд:

-дар доираи вақти муайяншуда, батаъхирандозии беасос байни маҳсулоти воридшаванда ва маҳсулоти ба ин монанди ватанӣ;

-дар асоси маълумоти камтарин гузаронидани назорат, бозрасӣ ва маъқул донистан;

-огоҳ намудани муроҷиаткунанда дар бораи мӯҳлати хотимаёбии расмиёт, нишон додани тамоми камбудиҳо дар ҳуҷҷатҳои таҳияшуда, доираи вақти ҳуҷҷатгузорӣ ва додани натиҷаҳо;

-риояи қатъии махфияти маълумоти дастрасшуда;

-риояи қоида ва меъёрҳо, ҳангоми гирифтани намунаҳои барои сертификатсияи маҳсулот зарурӣ;

-агар гурӯҳбандии маҳсулот нисбат ба талаботи татбиқшаванда пас аз назорат ва бозрасӣ тағйир ёбад, он гоҳ расмиёти татбиқшаванда ба маҳсулоти тағйирёфта то даме маҳдуд карда мешавад, ки маҳсулоти тағйирёфта новобаста ба меъёр ва стандартҳои мавҷудбуда, ҳамчун пештара мутобиқ мебошад;

-ҳамаи талабот оид ба назорат, бозрасӣ ва маъқул донистан ба намунаи алоҳидаи маҳсулот дар ҳолате маҳдуд карда мешавад, ки он асоснок ва зарурӣ шуморида шавад;

-боҷҳои давлатӣ вобаста ба расмиёти ба молҳои воридшаванда татбиқшаванда бояд аз намуди боҷҳои молҳои ҳамшабеҳи ватанӣ ё молҳои интиқолшаванда дар ҳудуди дигар давлатҳо истеҳсолшуда, аз нархи воқеии хизматрасониҳо зиёд набошанд. (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

Моддаи 27. Муҳофизати санитарии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳофизати санитарии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  ворид намудан ва паҳн кардани бемориҳои сироятӣ (паразитӣ), ки барои аҳолӣ дорои хатар мебошанд, инчунин ҷиҳати пешгирии ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани мол, маводи кимиёвӣ, биологӣ ва радиоактивӣ, партовҳо ва дигар борҳо (минбаъд –  бор ва молҳои хатарнок), ки барои инсон хатарнок аст, нигаронида шудааст.

Номгӯи бемориҳои сироятӣ (паразитӣ), ки гузаронидани чорабиниҳоро оид ба ҳифзи санитарии  қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  тақозо менамоянд, аз ҷониби мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ   муайян карда мешавад.

Ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  ворид намудани молҳои хатарнок, ки воридоти онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, инчунин молҳое, ки ҳангоми гузаронидани назорати санитарию эпидемиологӣ муайян гардидааст, ки ворид намудани онҳо ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) ё бемориҳои ғайрисироятии оммавӣ (заҳролудшавӣ) таҳдид мекунанд, иҷозат дода намешавад.

Ҳифзи санитарии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои гузаргоҳ тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби  нуқтаҳои санитарию карантинии хадамоти назорати санитарию эпидемиологӣ анҷом дода мешавад.

Шартҳои чорабиниҳо оид ба анҷом додани ҳифзи санитарии  қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.

Тартиби кори нуқтаҳои санитарию карантиниро Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 28. Тадбирҳои маҳдудкунанда (карантин)

Тадбирҳои маҳдудкунанда (карантин) дар нуқтаҳои гузаргоҳ тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қаламравҳои алоҳида ва нуқтаҳои аҳолинишин, ташкилот ва иншооти фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият  ҳангоми таҳдиди пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда мешаванд.

Тадбирҳои маҳдудкунанда (карантин) дар асоси таклифҳо ва амрномаҳои сардухтурони давлатии санитарӣ ё муовинони онҳо аз ҷониби  Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷорӣ (бекор) карда   мешаванд.

Тартиби анҷом додани тадбирҳои маҳдудкунанда (карантин) ва номгӯи бемориҳои сироятӣ (паразитӣ), ки ҳангоми  пайдоиш ё паҳншавии  онҳо тадбирҳои маҳдудкунанда (карантин) ҷорӣ карда мешавад, тибқи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаврии фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии дахлдор ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳо оиди пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва рафъи эпидемияҳо, бемориҳои сироятӣ (паразитӣ)  ва заҳролудшавии одамон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ комиссияҳои фавқулоддаи зиддиэпидемикии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ таъсис дода мешаванд.

Салоҳият ва тартиби фаъолияти комиссияҳои дар ҳамин модда зикргардидаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 29. Тадбирҳо нисбати шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ (паразитӣ)

Шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ (паразитӣ), шахсони ба чунин бемориҳо гумонбаршуда ё бо шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) робитадошта ва шахсони интиқолдиҳандаи ангезиши бемориҳои сироятӣ (паразитӣ), бояд таҳти ташхиси лабораторӣ, муоинаи тиббӣ ё муолиҷа ва дар ҳолати  ба атрофиён хатарнок буданашон, бояд ҳатман бистарӣ гардонида шаванд ё  дар асоси меъёр ва қоидаҳои санитарӣ, ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоҳида нигоҳ дошта шаванд.

Шахсони интиқолдиҳандаи ангезиши беморӣ, дар ҳолате, ки   онҳо метавонанд вобаста ба хусусияти шуғли истеҳсолотӣ ё коре, ки иҷро менамоянд, манбаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) гарданд, муваққатан то шифо ёфтан ба кори дигар, ки ба хатари   паҳн кардани бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) алоқаманд намебошад, гузаронида мешаванд. Дар сурати вобаста ба шароити истеҳсолӣ имконнопазирии гузаронидан ба кори дигар баҳс тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории меҳнат ҳал карда мешавад.

Ҳамаи ҳодисаҳои  бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) ва бемориҳои ғайрисироятии оммавӣ (заҳролудшавӣ) бояд аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои системаи тандурустии маҳалли ошкорнамудаашон ба қайд гирифта шуда, оид ба онҳо баҳисобгирии давлатӣ ва пешбурди  ҳисобот доир ба онҳо аз ҷониби мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Тартиби баҳисобгирии давлатии чунин ҳодисаҳо (заҳролудшавӣ),  инчунин пешбурди ҳисобот доир ба онҳо, аз ҷониби мақомоти  назорати давлатии  санитарию эпидемиологӣ муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 30. Тадбирҳои дезинфексионӣ, дератизатсионӣ ва дезинсексионӣ

Бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ  ва паразитӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд аз ҳисоби худ вобаста ба нишондиҳандаҳои эпидемиологӣ ва дастурҳои мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ тадбирҳои дезинфексионӣ, дератизатсионӣ ва дезинсексионӣ гузаронанд.

Ҳангоми пайдоиши ҳолатҳои фавқулоддаи эпидемикӣ бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи пешниҳоди мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ тадбирҳои ғайринавбатии ҳатмии дезинфексионӣ, дератизатсионӣ ва дезинсексионӣ гузаронида мешавад.

Дезинфексияи макон тавассути муассисаҳои муолиҷавию пешгирикунанда, инчунин муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва марказҳои дезинфексияи профилактикӣ гузаронида мешавад.

 

Моддаи 31.  Муоинаи ҳатмии тиббӣ

Бо мақсади ҳифзи саломатӣ, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ (паразитӣ), бемориҳои ғайрисироятии оммавӣ (заҳролудшавӣ), бемориҳои касбӣ ва ҳодисаҳои нохуш,  соҳибкорони инфиродӣ, кормандони истеҳсолот ва ташкилот, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идорӣ, ки ягон фаъолияти хоҷагидорӣ ва (ё) дигар фаъолиятро анҷом медиҳанд, бояд пеш аз дохилшавӣ ба кор ва ба таври давравӣ, таҳти муоинаи ҳатмии тиббии пешгирикунанда қарор гиранд, инчунин аз ташхиси махсуси тиббӣ (минбаъд- муоинаи тиббӣ) гузаранд.

Ҳангоми зарурат, дар асоси пешниҳодоти мақомоти муассисаҳои санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ташкилотҳои алоҳида (сехҳо, лабораторияҳо ва дигар воҳидҳои сохторӣ) метавонад дар мавриди муоинаи кормандон нишондодҳои нав ҷорӣ карда шаванд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи истеҳсолот ва фаъолияти хоҷагидорӣ машғуланд, вазифадоранд  сари вақт доир намудани муоинаи тиббии кормандон ва муоинаи тиббӣ оид ба нишондиҳандаҳои эпидемиологиро таъмин созанд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи истеҳсолот ва фаъолияти хоҷагидорӣ машғуланд, ҳуқуқ надоранд шахсонеро, ки аз муоинаи тиббии пешакӣ ё давравӣ нагузаштаанд ё вобаста ба вазъи саломатӣ корношоям эътироф шудаанд, ба кор роҳ диҳанд.

Маълумот дар бораи муоинаи тиббӣ, бояд дар дафтари шахсии тиббӣ сабт гардида, аз ҷониби муассисаҳои муолиҷавию пешгирикунанда, инчунин мақомоти давлатии хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳисоб гирифта шавад.

Номгӯи омилҳо, кор ва хизматрасонии зарарнок, ки ҳангоми иҷрои онҳо бояд муоинаҳои ҳатмии пешакӣ ё давравии  тиббӣ гузаронида шавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Тартиб ва мунтазамии гузаронидани онҳо, баҳисобгирӣ, пешбурди ҳисоботдиҳӣ ва ба кормандон додани дафтарчаҳои шахсии тиббӣ  аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи  32.  Эмкуниҳои пешгирикунанда

Эмкуниҳои пешгирикунандаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ анҷом дода мешавад.

Номгӯи бемориҳо, ки алайҳи онҳо эмкуниҳои пешгирикунанда сурат мегирад, тартиб, мӯҳлати гузаронидан ва гурӯҳҳои аҳолии   эмшавандаро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 33.  Назорати истеҳсолӣ

Назорати истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи истеҳсолот ва фаъолияти дигари истеҳсолию хоҷагидорӣ машғуланд, анҷом дода шуда, гузаронидани ташхиси лабораторӣ, озмоиши риояи қоидаҳои санитарӣ ва иҷрои қоидаҳои санитарию эпидемиологиро (пешгирикунанда) дар ҷараёни истеҳсол, нигаҳдошт, интиқол ва фурӯши маҳсулот, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ дар бар мегирад.

Назорати истеҳсолӣ барои пешгирӣ ва рафъи ифлосшавии муҳити зист, вобаста ба шароити меҳнат, истироҳат, таълим ва тарбияи одамон, нишондиҳандаҳои гигиении сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ ва стандартҳои давлатӣ анҷом дода мешавад.

Ашхосе, ки назорати истеҳсолиро анҷом медиҳанд, барои иҷрои саривақтӣ, мукаммалӣ ва саҳеҳии он масъуланд.

 

Моддаи  34. Таълим ва тарбияи гигиенӣ

Таълим ва тарбияи гигиении шаҳрвандон ба баланд бардоштани   маданияти санитарӣ, пешгирии бемориҳо, паҳн намудани маърифат оид ба тарбияи ҳаёти солим нигаронида шудааст.

Таълим ва тарбияи гигиенӣ дар оила аз ҷониби волидон, дар    ҷараёни таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ – аз ҷониби мураббиён, ҳангоми таълим дар мактаб ва дигар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, ҳангоми тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон бошад,  аз ҷониби муаллимон тавассути ба барномаи таълимӣ ворид намудани фаслҳо оид ба донишҳои гигиенӣ амалӣ гардонида мешавад.

Таълим ва тарбияи гигиенӣ ҳангоми тарбияи касбии гигиенӣ, аттестатсияи шахсони мансабдор ва кормандони ташкилот, ки фаъолияти онҳо ба истеҳсол, нигаҳдошт, интиқол ва фурӯши маҳсулоти озуқа, оби нӯшокӣ, тарбия ва таълими атфол, хизматрасонии коммуналӣ ва маишии аҳолӣ алоқаманд аст, гузаронида мешавад.

 

Моддаи  35.  Экспертизаи санитарию эпидемиологӣ

Экспертизаи санитарию эпидемиологӣ қисми таркибии таъмини   амнияти санитарию эпидемиологии  аҳолӣ буда, аз ҷониби хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида мешавад.

Экспертизаи санитарию эпидемиологӣ  вазифаҳои зайлро анҷом медиҳанд:

– ташхиси сабабҳо ва шароити пайдоиши бемориҳои сироятӣ (паразитӣ), бемориҳои ғайрисироятии оммавӣ ва заҳролудшавии аҳолӣ;

– арзёбии маҷмӯии таъсири муҳити зист ба вазъи санитарию эпидемиологӣ;

– арзёбии мутобиқати қарорҳои  дар ҷараёни фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият қабулшаванда ба қоида ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ;

– муайян намудани  мутобиқати (номутобиқатии)  ҳуҷҷатҳои лоиҳавии объектҳои таъиноти истеҳсолӣ, хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба   қоида ва меъёрҳои санитарӣдар доираи экспертизаи давлатии лоиҳаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ. (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

Экспертизаи санитарию эпидемиологӣ ва маслиҳатҳо оид ба арзёбии таъсири омилҳои муҳити зисти инсон ба саломатии ӯ тибқи муқарраркардашуда ва бо супориши сардухтурони давлатии санитарӣ, инчунин аз рӯи аризаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гузаронида мешавад.

Маблағгузории экспертизаи санитарию эпидемиологӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти (мол, кор, хизматрасонӣ) онҳо таҳти тадқиқоти мазкур қарор мегирад ва дар ҳаҷми хароҷоти иҷрошуда таъмин карда мешавад.

Муассисаҳои хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва экспертҳо, ки экспертизаҳои санитарию эпидемологиро анҷом медиҳанд, барои сифат ва саҳеҳии он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.

 

Моддаи 36. Хулосаи санитарию эпидемиологӣ

Дар асоси натиҷаҳои экспертизаҳои санитарию эпидемиологӣ, тадқиқот, муоина, ташхис,  озмоиш ва арзёбиҳои токсикологию гигиенӣ ва дигар навъи арзёбӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида  ба расмият дароварда шудааст, сардухтурони давлатии санитарӣ дар доираи салоҳияташон хулосаи санитарию эпидемиологӣ    медиҳанд.

Оид ба навъҳои алоҳидаи фаъолият (кор, хизматрасонӣ), ки барои ҳаёт ва саломатии инсон хатари имконпазир доранд, бояд ҳатман экспертизаи санитарию эпидемиологӣ бо додани хулосаи санитарию эпидемиологӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур гузаронида шавад.

ҳангоми додани хулосаи санитарию эпидемиологӣ маблағ дар ҳаҷми хароҷоти воқеӣ ситонида мешавад.

 

Боби V. Танзими давлатӢ дар соҲаи таъмини амнияти cанитарию  эпидемиологии аҲолӢ

 

Моддаи  37.  Бамеъёргирии давлатии санитарию эпидемиологӣ

Бамеъёргирии давлатии санитарию эпидемиологӣ  инҳоро дар бар мегирад:

– таҳияи талаботи ягонаро ҷиҳати гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба асосноксозии меъёр ва қоидаҳои санитарӣ;

– назорати гузаронидани корҳои илмию тадқиқотиро дар мавриди бамеъёргирии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ;

– таҳия (таҷдиди назар), экспертиза, тасдиқ ва интишори қоидаҳои санитариро;

– назорати татбиқи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ, омӯзиш ва ҷамъбасти амалияи татбиқи онҳоро;

– ба қайдгирӣ, ба системадарории меъёр ва қоидаҳои санитарӣ, ташаккул ва пешбурди махзани маълумоти ягонаи ҷумҳурӣ дар соҳаи бамеъёргирии давлатии санитарию эпидемиологӣ.

Бамеъёргирии давлатии санитарию эпидемиологӣ аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон  анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 38.  Таҳия ва тасдиқи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ

Меъёр ва қоидаҳои санитарӣ аз ҷониби хадамоти санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад.

Санадҳои муқарраркунандаи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ таҳти тобеияти мустақими хадамоти санитарию эпидемиологии  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва истифодаи онҳо дар санадҳои дигар вазорату агентиҳо ва идораҳо бояд бо Сардухтури давлатии санитарии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шаванд.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёр ва қоидаҳои санитарие амал мекунанд, ки аз ҷониби хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ ва татбиқ мегарданд.

Меъёр ва қоидаҳои санитарӣ бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд ва расман интишор гарданд.

 

Моддаи 39.  Талаботи санитарию эпидемиологӣ

Меъёр ва қоидаҳои санитарӣ нисбат ба инҳо талаботи санитарию эпидемиологиро муқаррар менамояд:

– таркиб ва истифодаи бино, иморат, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт;

– интихоби қитъаи замин барои сохтмон;

– лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, боздоштан (консерватсия), истифодадиҳӣ ва барҳамдиҳии иншоот, аз ҷумла истеҳсолӣ, моли  таъиноти истеҳсолию техникӣ;

– молҳо барои эҳтиёҷоти шахсию маишӣ ва технологияи истеҳсоли онҳо;

– маводи озуқаворӣ, истеҳсол, воридот, интиқол, нигаҳдошт ва фурӯши онҳо;

– ташкили хӯроки аҳолӣ;

– истифодаи маводи кимиёвӣ, воситаҳои биологӣ, доруворӣ ва мол;

– таъмини оби нӯшокию таъиноти хоҷагӣ ва ҷойҳои маданӣ-маишии истифодаи об;

– ҳавои атмосфера дар нуқтаҳои аҳолинишин, қаламрави корхонаҳои саноатӣ, ҳаво дар биноҳои истеҳсолӣ, манзил ва дигар иншоот;

– дар хок, нигаҳдошти қаламрави нуқтаҳои аҳолинишин, майдончаҳои саноатӣ;

– ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол, нигаҳдошт ва гӯр кардани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ;

– истифодаи иморатҳо, биноҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ, иншоот, таҷҳизот ва нақлиёт;

– шароити меҳнат;

– шароити кор бо маводи биологӣ, организмҳои биологӣ, микробиологӣ ва токсинҳо;

– шароити кор бо манбаъҳои омилҳои физикии таъсир ба инсон;

– шароити тарбия ва таълим ва таҷрибаи амалии кӯдакон ва наврасон;

– таълим ва тарбияи гигиении аҳолӣ;

– воситаҳои нақлиёт ва шароити ҳамлу нақли мусофирон;

– ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ (стандартҳо, шартҳои техникӣ ва ғайра), ки нисбат ба навъҳои нави ашё, таҷҳизоти техникӣ ва ҷараёнҳо, асбобу анҷом, ашёи хоми озуқаворӣ ва маҳсулоти озуқа, маводи сохтмон, манбаъҳои афканишоти ионикунанда, зарф, маводи кимиёвӣ, биологӣ ва доруворӣ, маводи басту банд ва полимерӣ, молҳои атторию косметикӣ, молҳои  полиграфӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум таҳия карда мешаванд.

 

Моддаи  40. Сертификатсияи навъҳои алоҳидаи фаъолият (кор, хизматрасонӣ), ки барои  инсон хатари  имконпазир доранд

Сертификатсияи навъҳои алоҳидаи фаъолият (кор, хизматрасонӣ), ки барои инсон хатари имконпазир доранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми мавҷудияти хулосаи санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди мутобиқати чунин молҳо, кор ва хизматрасонӣ ба меъёр ва қоидаҳои санитарӣ анҷом дода мешавад. (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

 

Моддаи 41. Бақайдгирии давлатии навъҳои алоҳидаи мавод ва моле,  ки ба инсон таъсири зараровар мерасонанд

Навъҳои алоҳидаи мол ва маводе, ки ба инсон таъсири зараровар доранд,  бояд дар Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шаванд:

– маводи мавҷуда ва бори аввал дар истеҳсолот ҷоришаванда ва қаблан истифоданашуда ва воситаҳои дар асоси онҳо таҳияшаванда (минбаъд – мавод), ки барои саломатии аҳолӣ эҳтимолан хатарноканд;

– иловагиҳои озуқаворӣ, рангомезиҳо, мол ва маводи бо об, молҳои озуқа робитадоштаи мавҷуда, ё ки бори аввал ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашаванда.

Бақайдгирии давлатии мавод ва навъҳои алоҳидаи маҳсулоти дар ҳамин модда зикршуда дар асоси зайл сурат мегирад:

– арзёбии экспертии маводи хатарнок ва навъҳои алоҳидаи маҳсулот барои инсон ва муҳити зист;

– муқаррар намудани меъёрҳои гигиенӣ ва дигар меъёрҳои таркиби мавод, унсурҳои алоҳидаи маҳсулот;

– таҳияи тадбирҳои махсус, аз ҷумла шартҳои партов кардан ва нобуд сохтани мавод ва навъҳои алоҳидаи мол, оид ба пешгирии таъсири зараровари онҳо ба инсон ва муҳити зист.

Бақайдгирии давлатии мавод ва навъҳои алоҳидаи моли дар   ҳамин модда зикршуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Барои бақайдгирӣ маблағ ба андозаи хароҷоти воқеӣ ситонида мешавад.

Феҳристи мавод ва моле, ки истифодаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, бояд нашр гардад.

 

Моддаи 42. Мониторинги иҷтимоию гигиенӣ

Барои арзёбӣ, ошкор намудани тағйирот ва пешбинии вазъи саломатии аҳолӣ ва муҳити зист, муайянсозӣ ва рафъи таъсири зараровари  муҳити зист ба инсон мониторинги иҷтимоию гигиенӣ анҷом дода мешавад.

Мониторинги иҷтимоию гигиенӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон  якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот анҷом дода мешавад. (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

Тартиби гузаронидани мониторинги иҷтимоию гигиенӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 43. Назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ

Назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

Назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ инҳоро дар бар мегирад:

– тадбирҳои пешгирии вайрон намудани иҷрои қонунгузориро дар соҳаи беҳдошти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, додани дастур ва баровардани қарорро дар мавриди далелҳои вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ  ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони онро содирнамуда;

– назорати иҷрои қонунгузориро дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, тадбирҳои санитарию зиддиэпидемикӣ (пешгирикунанда), дастур ва қарорҳои шахсони мансабдорро, ки  назорати давлатии санитарию эпидемиологиро анҷом медиҳанд;

– назорати санитарию эпидемиологиро дар нуқтаҳои гузаргоҳ, тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– назорати вазъи санитарию эпидемиологиро;

– гузаронидани тадқиқоти санитарию эпидемиологӣ, ки барои ошкор намудани сабабҳо ва   шароити пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) ва бемориҳои ғайрисироятии оммавӣ (заҳролудшавӣ) нигаронида шудааст;

– таҳияи пешниҳодотро оид ба гузаронидани тадбирҳои санитарию эпидемиологӣ  (пешгирикунанда);

– назорат, арзёбӣ ва пешбинии вазъи саломатии аҳолиро вобаста ба ҳолати муҳити зист;

– назорати омориро дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар сатҳи давлатӣ, бақайдгирии давлатии бемориҳои сироятӣ (паразитӣ), бемориҳои касбӣ, бемориҳои ғайрисироятии оммавӣ, заҳролудшавиро вобаста ба таъсири зараровари омилҳои муҳити зист бо мақсади ташаккули захираҳои иттилоотии давлатӣ.

 

БОБИ VI. ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ САНИТАРИЮ

ЭПИДЕМИОЛОГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 44. Принсипҳои асосии ташкил ва фаъолияти системаи давлатии хадамоти санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон  системаи ягонаи давлатии мутамаркази мақомот ва ташкилот мебошад, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Системаи хадамоти давлатии санитарию эпидемиологӣ инҳоро дар бар мегирад:

– мақомот ва муассисаҳои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро;

– воҳидҳои сохтории хадамоти давлатии санитарию эпидемиологӣ дар дигар вазорату идораҳо;

– ташкилотҳои илмию тадқиқотиеро, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ  фаъолиятро анҷом медиҳанд;

– дигар ташкилотҳои санитарию пешгирикунанда.

Мақомот ва муассисаҳои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд дар доираи салоҳияти худ ҳамкории доимию қавиро оид ба масъалаҳои ҳифз ва таҳкими саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо ва таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ анҷом диҳанд.

Ташкили фаъолияти системаи хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сардухтури давлатии санитарии  Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сардухтурони давлатии санитарии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, дар нақлиёт (нақлиёти обӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан), сардухтурони  воҳидҳои сохтории дигар вазорату идораҳо, ки дар сархати чоруми қисми дуюми ҳамин модда зикр гардидаанд, амалӣ гардонида мешавад.

Сардухтурони санитарии воҳидҳои сохтории дигар вазорату идораҳо, ки дар сархати чоруми қисми дуюми ҳамин модда зикр гардидаанд, вобаста ба ӯҳдадориҳои вазифавии хеш ба Сардухтури  давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошанд.

Сардухтурони давлатии санитарӣ роҳбарони мақомот ва муассисаҳои дахлдори хадамоти санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

Сохтор, мақсад, вазифа ва тартиби ба амал баровардани фаъолияти хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 45. Маблағгузории хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳисоби зайл анҷом дода мешавад:

– буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;

– маблағҳое, ки барои иҷрои корҳо ва хизматрасонии муассисаҳои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартномаҳо бо шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ворид гардидаанд;

– маблағҳое, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба тариқи пардохти хароҷоти иловагии мақомот ва муассисаҳои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои гузаронидани тадбирҳои санитарию эпидемиологӣ  (пешгирикунанда) ворид мешаванд;

– маблағҳое, ки аз фаъолияти интишорӣ ба даст меоянд;

– саҳмҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳои шаҳрвандон (аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони шаҳрванд) ва шахсони ҳуқуқӣ;

– дигар манбаъҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  манъ карда нашудаанд.

Бо мақсади маблағгузории хароҷот барои гузаронидани тадбирҳои гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ дар ҳолатҳои фавқулодда оид ба рафъ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ (паразитӣ), ғайрисироятӣ ва заҳролудшавии аҳолӣ дар назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди махсуси «эпидемиологӣ» пешбинӣ мегардад, ки ҳуқуқи ихтиёрдории он ба зиммаи Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини ӯ гузошта мешавад.

 

Моддаи 46. Ҳуқуқи мақомот ва муассисаҳои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои истифодаи амвол ва қитъаҳои замин

Бино, иморат, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволе, ки мақомот ва муассисаҳои давлатии хадамоти санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда истифода мебаранд, таҳти моликияти давлатӣ қарор доранд ва ба ин мақомот ва муассисаҳо барои истифода бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё идора тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта мешаванд.

Қитъаҳои замине, ки дар онҳо бино ва иншооти мақомот ва муассисаҳои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба онҳо ба таври ройгон барои истифодаи доимӣ дода мешаванд.

 

Моддаи  47. Шахсони мансабдори мақомоти хадамоти  давлатии санитарию эпидемиологӣ

Шахсони мансабдори хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи Қонуни мазкур ваколатдоранд аз номи мақомот ва муассисаҳои хадамоти зикргардида назорати давлатии санитарию эпидемиологиро  анҷом диҳанд (минбаъд – шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро анҷом медиҳанд), сардухтурони давлатии санитарӣ ва муовинони онҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва муовинони онҳо, мутахассисони мақомот ва муассисаҳои ҳамин хадамот мебошанд.

Номгӯи мутахассисоне, ки ваколатдоранд назорати давлатии санитарию эпидемиологиро анҷом  диҳанд, тибқи низомномаи хадамоти санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муқаррар карда мешавад.

Таъсиррасонӣ дар ҳар шакле, ки набошад, ба шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро анҷом медиҳанд, ба мақсади таъсир ба қарори қабул намудаи онҳо ё монеа ба он дар ҳама гуна навъи фаъолияти онҳо манъ буда, боиси масъулияти муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро анҷом медиҳанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доранд.

Барои ишғоли мансабҳои сардухтурони давлатии санитарӣ ва муовинони онҳо шаҳрвандони  Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии тиббӣ доранд ва вобаста ба ихтисоси “санитария, гигиена ва эпидемиология” ё тандурустии ҷамъиятӣ сертификат гирифтаанд, ҳуқуқ доранд. (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

 

Моддаи 48. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани шахсони мансабдори хадамоти санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Ба зиммаи сардори раёсати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ӯҳдадории муовини сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №1010)

 

Моддаи 49. Ҳуқуқи шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро анҷом медиҳанд

Шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро анҷом медиҳанд, ҳангоми иҷрои ӯҳдадории хизматии худ ва пешниҳод намудани шаҳодатномаи хизматӣ ҳуқуқ доранд:

– аз вазоратҳо, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  оид ба масъалаҳои таъмини амнияти  санитарию эпидемиологии аҳолӣ  иттилооти расмиро дархост намоянд ва ба даст оранд; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

– санҷиши санитарию эпидемиологиро  доир намоянд;

– ба ҳудуд ва биною иншоот, ки бояд таҳти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ қарор гиранд, бо мақсади санҷиши риояи қонунгузорӣ ва иҷрои тадбирҳои санитарию эпидемиологӣ (пешгирикунанда) ва қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, шахсоне, ки вазифаҳои идоракуниро дар ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳанд, инчунин шахсони мансабдор бе монеа ворид шаванд;

– бо розигии шаҳрвандон ва бо мақсади санҷиши шароити зист ба биноҳои истиқоматашон ворид шаванд;

– барои интихоби таҳқиқи мол, аз ҷумла ашёи хоми озуқаворӣ ва молҳои озуқа тибқи ҳаҷм ва миқдори муайяннамудаи Вазорати тандурустии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаҳо гиранд;

– азназаргузаронии нақлиёт ва борҳои интиқолшаванда, аз ҷумла ашёи хоми озуқаворӣ ва молҳои озуқаро бо мақсади муайян намудани  мутобиқати воситаҳои нақлиёт ва бори интиқолии онҳо ба талаботи қоида ва меъёрҳои санитарӣ   анҷом диҳанд;

– омилҳои муҳити зистро бо мақсади муқаррар намудани мутобиқати чунин омилҳо ба талаботи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ таҳқиқ ва чен кунанд;

– дар бораи вайрон кардани қонунгузорӣ  дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ протокол тартиб диҳанд.

Ҳангоми ошкорсозии вайрон намудани қонунгузорӣ  дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, инчунин ҳангоми таҳдиди пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) ва бемориҳои ғайрисироятии оммавӣ (заҳролудшавӣ) шахсони мансабдори анҷомдиҳандаи назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ҳуқуқ доранд ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ амрномаҳо диҳанд, ки барои иҷро дар мӯҳлатҳои муқарраргардида  ҳатмӣ мебошанд:

– дар бораи бартараф намудани вайронкунии талаботи меъёр ва  қоидаҳои санитарии ошкоргардида;

– дар бораи қатъи фурӯши мол, аз ҷумла ашёи хоми озуқаворӣ ва молҳои озуқа, ки ба меъёр ва қоидаҳои санитарӣ мутобиқат намекунанд ва дорои хулосаи санитарию эпидемиологӣ намебошанд;

– дар бораи гузаронидани тадбирҳои иловагии санитарию  гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ;

– дар бораи гузаронидани ташхиси лаборатории шаҳрвандоне, ки бо шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ робита доранд ва назорати тиббии чунин шаҳрвандон;

– дар бораи иҷрои корҳо оид ба дезинфексия, дезинсексия ва дератизатсия дар манбаъҳои бемориҳои сироятӣ, инчунин дар ҳудуд ва биноҳое, ки ҳанӯз имконияти пайдоиш ё паҳншавии бемориҳои сироятӣ вуҷуд дорад.

 

Моддаи 50. Ваколати сардухтурони давлатии санитарӣ ва муовинони онҳо

Сардухтурони давлатии санитарӣ ва муовинони онҳо  дар доираи салоҳияти худ ҳамзамон бо ҳуқуқҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур дорои ваколатҳои зайл мебошанд:

– баррасии маводҳо дар бораи вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

– пешниҳоди мавод ба суд тибқи тартиби муқарраршуда, ҳангоми вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

– ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ, ки тибқи Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст;

– ба мақомот ва муассисаҳои хадамоти санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудани шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ, шахсони мансабдор ҷиҳати баррасии маводҳо дар мавриди вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

– ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани амрномаҳо, ки барои иҷро дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ҳатмӣ мебошад:

– мутобиқи фаъолияти аз ҷониби онҳо иҷрошаванда гузаронидани экспертизаи санитарию эпидемиологӣ, ташхис, тадқиқот ва озмоиши баррасиҳои токсикологӣ, гигиенӣ ва дигар навъи арзёбиҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур.

Ҳангоми ошкорсозии вайрон намудани қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ки ба пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) ва бемориҳои ғайрисироятии оммавӣ (заҳролудшавӣ) таҳдид  мекунад, баровардани қарори асоснок дар бораи то бартараф намудани чунин вайронкунӣ боздоштани истифодаи он ё дар сурати имконнопазирии бартарафсозӣ манъ кардани он ҳангоми:

– лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, азнавтаҷҳизонии техникии объектҳо ва ба истифода додани онҳо;

– истифодаи объектҳо, сехҳо ва қитъаҳои истеҳсолӣ, биноҳо, иншоот, иморатҳо, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт,  иҷрои корҳои алоҳида ва хизматрасонӣ;

– таҳия, истеҳсол, фурӯш ва  татбиқи (истифодаи) мол;

– истеҳсол, воридот, нигаҳдошт, интиқол ва фурӯши ашёи хоми озуқаворӣ, иловагиҳои озуқавӣ, молҳои озуқа, оби нӯшокӣ, пестисидҳо ва маводу молҳои ба онҳо робитадошта;

– истифодаи объектҳои обӣ бо мақсади таъмини оби нӯшокию  хоҷагию маишӣ ва эҳтиёҷоти дигар;

– ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани молҳое, ки дар мавриди мутобиқат ба қоида  ва меъёрҳои санитарӣ дорои хулосаи санитарию эпидемиологӣ намебошанд ё маводи тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтимолан барои инсон хатарнок ба қайд гирифтанашудаи кимиёвӣ, биологӣ, радиоактивӣ, навъҳои алоҳидаи маҳсулот, партовҳо, мол ва бор.

Ҳангоми таҳдиди пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятии барои атрофиён  хатарнок дар мавриди зайл қарорҳои асоснок мебарорад:

– бистарикунонӣ барои ташхис ё алоҳида нигоҳ доштани шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ, ки барои атрофиён хатарноканд ё шахсони ба чунин беморӣ гумонбаршуда;

– гузаронидани ташхиси ҳатмии тиббӣ, бистарикунонӣ ё алоҳида нигоҳ доштани шаҳрвандоне, ки бо шахсони мубталои бемориҳои сироятии ба атрофиён хатарнок робита доранд;

– муваққатан аз кор барканор намудани шахсоне, ки интиқолдиҳандагони ангезандаи бемориҳои сироятӣ мебошанд ва метавонанд манбаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ гарданд;

– аз кор барканор намудани шахсоне, ки интиқолдиҳандагони ангезандаи бемориҳои сироятӣ мебошанд ва метавонанд вобаста ба хусусиятҳои корҳои аз ҷониби онҳо иҷрошаванда ё истеҳсолот паҳнкунандагони бемориҳои сироятӣ шаванд;

– гузаронидани эмкуниҳои пешгирикунандаи шаҳрвандон ё гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон вобаста ба нишондиҳандаҳои эпидемикӣ;

– ҷорӣ намудани (бекор кардани) тадбирҳои маҳдудкунанда (карантин) дар ташкилот ва объектҳо.

Барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини амнияти  санитарию эпидемиологии аҳолӣ баровардани қарори асоснок дар мавриди зайл:

– оид ба ҷазодиҳии маъмурӣ;

– ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристодани мавод дар мавриди вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ барои ҳалли масъалаҳо оид ба оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ.

Пешниҳодот манзур медоранд:

– ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар бораи татбиқи тадбирҳо оид ба беҳбуди вазъи санитарию эпидемиологӣ ва иҷрои талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, инчунин пешниҳодот марбут ба лоиҳаҳои барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудудҳо, барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва барномаҳои мақсадноки минтақавии таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ,  ҳифз ва таҳкими саломатии аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

– ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи ҷорӣ намудани (бекор кардани) тадбирҳои маҳдудкунанда (карантин); (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

– ба шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми мутобиқи қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар амал татбиқ намудани қарорҳо, фармоишҳо ва дастурамалҳо дар қисмати масъалаҳои таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

– ба ташкилотҳои молиявию кредитӣ дар мавриди боздоштани амалиёти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба суратҳисобҳо ва ҳисобномаҳо, дар ҳолати аз ҷониби ин шахсон вайрон кардани меъёр ва қоидаҳои санитарӣ ҳангоми иҷрои корҳо оид ба лоиҳакашӣ, сохтмони биноҳо, иморатҳо, иншоот ва иҷро нанамудани қарорҳо дар мавриди боздоштан ё қатъи чунин корҳо;

– ба мақомоти масъули сертификатдиҳанда  дар бораи боздоштани амал ё кашида гирифтани сертификати мутобиқати корҳо, хизматрасонӣ, маҳсулот, ҳангоми ошкорсозии номутобиқатии чунин корҳо, хизматрасонӣ, маҳсулот ба қоидаҳо ва меъёрҳои санитарӣ;

– ба мақомоти масъули иҷозатдиҳанда (литсензиядиҳанда) дар бораи боздоштани амали иҷозатнома (литсензия) ба навъҳои алоҳидаи фаъолият ё дар мавриди бозпасгардонидани чунин иҷозатномаҳо (литсензияҳо) ҳангоми ошкорсозии вайрон кардани қоида ва меъёри санитарӣ  ҳангоми иҷрои чунин навъи фаъолият;

– ба корфармоён дар бораи татбиқи ҷазои интизомӣ нисбат ба кормандоне, ки ба вайрон намудани қоидаҳои санитарӣ роҳ додаанд;

– ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  дар мавриди ҷуброни зарар ба шаҳрванд, ки дар натиҷаи аз ҷониби онҳо роҳ додан ба вайронкунии қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ расонида шудааст, инчунин дар бораи ҷуброни хароҷоти иловагие, ки муассисаҳои табобатию профилактикӣ, қомот ва муассисаҳои хадамоти санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани тадбирҳо оид ба рафъи бемориҳои сироятӣ ва бемориҳои ғайрисироятии оммавӣ (заҳролудшавӣ) вобаста ба вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ  зикршуда сарф намудаанд. (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони он дар доираи салоҳияти худ, ҳамзамон бо ҳуқуқ ва ваколатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур дорои ваколатҳои иловагии зайл мебошанд:

– дар мавриди мутобиқати лоиҳаҳои меъёрҳои лоиҳакашӣ, лоиҳаҳои стандартҳои давлатӣ, меъёр ва қоидаҳои сохтмон, лоиҳаҳои қоидаҳои байторӣ ва фитосанитарӣ, лоиҳаҳои қоидаҳои ҳифзи меҳнат, қоидаҳои ҳифзи муҳити зист, лоиҳаҳои стандартҳои таълимӣ, лоиҳаҳои дигар санадҳои меъёрӣ ва барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявии таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ (минбаъд–ҳуҷҷатҳо) ба меъёр ва қоидаҳои санитарӣ, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ мегарданд,  хулосаи санитарию эпидемиологӣ  диҳанд; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

– меъёр ва қоидаҳои санитарӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи фаъолияти мақомот ва муассисаҳои хадамоти санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ кунанд;

– ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар мавриди ба қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ  мутобиқ гардонидани ҳуҷҷатҳои тасдиқнамудаи мақомоти дахлдор, ки тибқи қонунгузории мазкур пешбинӣ  шудааст, пешниҳод манзур доранд; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

– ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавриди ҷорӣ намудани (бекор намудани) тадбирҳои маҳдудкунанда (карантин) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод манзур доранд;

– дастурамалҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи тартиби иҷрои назорати давлатии санитарию эпидемиологиро дар объектҳои нақлиёти ҳавоӣ, обӣ, роҳи оҳан, автомобилӣ, мудофиа ва дигар объектҳои таъиноти махсус тасдиқ  намоянд.

Дар сурати иҷро накардани қарорҳо ва амрномаҳои сардухтурони давлатии санитарӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маводҳо ба суди маҳалли ҷойгиршавии ҷавобгар барои таъмини иҷрои маҷбурӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд.

 

Моддаи 51. Ӯҳдадориҳои шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию  эпидемиологиро  анҷом медиҳанд

Шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро  анҷом медиҳанд, ӯҳдадоранд:

– сари вақт ва дар ҳаҷми пурра ваколатҳоро оид ба пешгирӣ, ошкор намудан ва рафъи вайронкунии қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ  шудааст, иҷро кунанд;

– сабабҳоро муайян сохта,  шароитҳои пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ (паразитӣ)  ва бемориҳои сироятии оммавиро (заҳролудшавӣ) дар байни аҳолӣ ошкор намоянд;

– муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ  баррасӣ намуда, тадбирҳои дахлдор андешанд;

– вазоратҳо, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва аҳолиро оид ба вазъи санитарию эпидемиологӣ  ва тадбирҳое, ки мақомот ва муассисаҳои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ  анҷом медиҳанд, огоҳ созанд;

– фаъолияти худро оид ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар ҳамоҳангӣ бо вазоратҳо, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ анҷом диҳанд;

– махфияти сирри давлатӣ,  духтурӣ ва дигар сирри аз тарафи қонун ҳифзшавандаро нисбати  иттилооте, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ барояшон маълум гардидааст, риоя кунанд;

– ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар масъалаҳои таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ мусоидат намоянд.

 

Моддаи 52. Ҷавобгарии шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро  анҷом медиҳанд

Шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро анҷом медиҳанд, барои иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳои хизматӣ, инчунин барои пинҳон доштани далел ва ҳолатҳое, ки ба амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ таҳдид мекунанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 53. Шикоят аз амали ( беамалии) шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии  санитарию эпидемиологиро  анҷом медиҳанд

Нисбат ба амали (беамалии) шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро  анҷом медиҳанд, ба мақоми болоии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Сардухтури давлатии санитарӣ дар ҷараёни як моҳ шикоят кардан мумкин аст.

Шикоят тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ мегардад.

Додани ариза иҷрои амали шикоятшударо бознамедорад, агар иҷрои амали арзшуда бо қарори суд боздошта нашавад.

 

Моддаи 54. Вазъи ҳуқуқӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро  анҷом медиҳанд

Шахсони мансабдор ва мутахассисоне, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро  анҷом медиҳанд, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ буда, таҳти ҳифзи давлат қарор доранд. (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №793)

Дар фаъолияти худ онҳо мустақил буда, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегиранд.

Ҳама гуна таъсиррасонӣ, дар ҳар шакле набошад, нисбат ба  мутахассисон ва шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро анҷом медиҳанд ва он барои иҷрои ӯҳдадориҳои касбии онҳо монеа мегардад ё дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.

Дар вақти иҷрои ӯҳдадориҳои хизматии худ шахсони мансабдор ва мутахассисони хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аз ҳимояи иҷтимоии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.

 

БОБИ VII. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 55. Ҷавобгарӣ  барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ  аз 31.12.08с №481).

 

(Моддаи 56. Ҷавобгарии шахсони ҳуқуқӣ  барои вайрон кардани Қонуни мазкур).  (Хориҷ карда шудааст  бо ҚҶТ  аз 31.12.08с №481).

 

Моддаи 57. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи назорати санитарии давлатӣ”

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 “Дар бораи назорати санитарии давлатӣ” (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 15-16, мод. 239; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №3, мод. 48, фасли IХ; соли 1997, №23- 24, мод. 333, фасли ХХII) беэътибор дониста шавад.

 

Моддаи  58. Тартиби  мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э.РАҲМОНОВ

    ш. Душанбе

8 декабри соли 2003

№ 49

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …