Главная / Ҷамъият / ТАЪЛИМИ КАСБИИ КАЛОНСОЛОНИ ТОҶИКИСТОН

ТАЪЛИМИ КАСБИИ КАЛОНСОЛОНИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ РУШДИ ТАЪЛИМИ КАСБИИ КАЛОНСОЛОНИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020

 

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Маблағгузории татбиқи Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои буҷетии пешбинишуда, маблағҳои махсус, маблағҳои бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар манбаъҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, анҷом дода шавад.
  3. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқи Барномаи мазкурро дар мўҳлатҳои муқарраргардида таъмин карда, аз ҷараёни иҷрои он ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 1 июли соли 2016, № 268

ш. Душанбе

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …