Главная / Гуногун / Талаботи санитарию гигиенӣ барои ошхона ва хонаи хӯрокпазӣ.

Талаботи санитарию гигиенӣ барои ошхона ва хонаи хӯрокпазӣ.

Ҳангоми пухтани хӯрок ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ бояд риоя кард.

  1. Пеш аз хӯрокпазӣ ё тайёр кардани хӯрок дастонро бо собун маҳлул ё хокаҳои махсус шустан зарур аст.
  2. Либоси корӣ (пешдомон) бояд тоза ва озода бошад, мӯйро ба таги рӯймол ё каллапӯш гиирфтан беҳтар аст.
  3. Ба тарзи шустушӯи зарфҳои ошхона ва хонаи хўрокхўрӣ диққати ҷиддӣ бояд дод. Бисёр вақт на танҳо масолеҳи бадсифат, балки ҳолати зиддисанитарии ошхона, асбобу анҷоми хӯрокпазӣ, бепарвоии беэҳтиётӣ ва бедиққатӣ, ки соҳибхоназан ё хонандагон, вақти тайёр кардани хӯрок зоҳир мекунанд, сабаби бемориҳои шикаму рӯда ва заҳролудшавӣ мегардонад. Маҳсулотро пешакӣ хеле бодиққат аз назар гузаронидан лозим аст.
  4. Корду тахтачаҳоро бо оби гарм нағз шустан лозим аст. Барои пора кардани гӯшт, хамир тахтачаи алоҳида доштан лозим аст.
  5. Меваю сабзавотро низ дар оби равон якчанд бор шустан зарур аст. Таоми навпухтагиро бо таоми пешпухтагӣ ҳамроҳ кардан мумкин нест.
  6. Зарфҳо (косаю табақро) дар ҷевонҳои дарпӯш нигоҳ доштан даркор аст.
  7. Партовро ба партовҷои сарпӯшдор рехтан ва зуд онро партофтан лозим аст.
  8. Ҳатман баъди партофтани партоф шустани зарфи онро шустан даркор аст.
  9. Барои тайёр намудани хӯрок аз маҳсулоти тару тоза ва ё нағз нигоҳдошташуда истифода баред ва пеш аз пухтан ин маҳсулотро тоза шӯед.
Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

farishta

Дуое, ки фариштагони осмони чаҳорумро ба харакат дармеоварад

Ҳазрати Анас ибни Молик (раз) мефармояд: Кунияти яке аз асҳоб Абӯмуаллақ буд ва ӯ ба …