Главная / Ҷамъият / Талаботҳои асосӣ ба ташкилотҳои суғуртавӣ

Талаботҳои асосӣ ба ташкилотҳои суғуртавӣ

Ба роҳбарон ва сармуҳосибони ташкилотҳои суғуртавӣ расонида мешавад, ки вазифаҳо ва уҳдадориҳое, ки дар муқаррароти моддаҳои дахлдори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» ва «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» мебошад.

Бояд қайд намуд, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №154 аз 3 апрели соли 2012 «Дар бораи тадбирҳои иловагии танзими баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» ташкилотҳои суғуртавӣ ба рӯйхати субъектҳои дорои манфиати умум дохил мегарданд. Дар қатори ташкилотҳои суғуртавӣ инчунин бонкҳо, биржаҳо, фонди кафолатии пасандозҳои шахсони воқеӣ, субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳое, ки ҳаҷми даромади умумиашон накамтар аз 30 миллион, ҳаҷми дороиҳои умумӣ на камтар аз 100 млн, шумораи кормандон 1000 нафар ташкил менамоянд дохил мешаванд.

straxovaniye

Дар қатори риояи муқаррароти дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа субъектҳои дорои манфиати умум аз ҷумла ташкилотҳои суғуртавӣ тибқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» ва «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» вазифадоранд, ки:

  1. баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявиро тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» ба роҳ монанд;
  2. хизматрасонии доимоамалкунандаи аудити дохилиро таъсис диҳанд;
  3. сармуҳосибони субъектҳои мазкур бояд сертификати муҳосибӣ касбӣ дошта бошанд;
  4. дар муҳлати муқарраргардида дар воситаҳои ахбори омма ҳисоботи солонаи молиявиашонро аз ҳисоби худ нашр намоянд;
  5. аз аудити ҳатмии ҳарсола гузашта бошанд;
  6. барои гузаронидани аудити ҳатмӣ чораҳои зарурӣ андешида онро саривақт гузаронад;
  7. ба ташкилотҳои аудиторӣ барои гузаронидани аудити саривақтӣ ва босифат шартнома оид ба гузаронидани санҷиши аудиторӣ шароит фароҳам оварда бошад: 
  8. ҳисоботи солонаи молиявиро якҷоя бо хулосаҳои аудиторӣ ҳамасола ба маҳфуздоранда пешниҳод намоянд;

Тибқи маълумоти феҳрести ягонаи давлатии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон теъдоди ташкилотҳои суғуртавии расман ба қайд гирифташуда 30 ададро ташкил медиҳанд.

Вобаста ба сертификатсиякунонии сармуҳосибони ташкилотҳои суғуртавӣ бояд қайд намуд, ки дар давраи соли 2016 аз ҷониби сармуҳосибони ташкилотҳои суғуртавӣ ба унвонии Вазорати молия аризаҳо оиди гирифтани сертификати муҳосибӣ касбӣ ворид гардида буданд. Бо сабаби минбаъд дар сохторҳои дахлдор фаъолият надоштан ва иштироки номунтазами аъзоёни комиссияи сертификатсионӣ аризаҳои мазкур баррасӣ нагардидаанд ва муҳлати баррасӣ намудани аризаҳои воридгардида низ гузаштааст.

Айни замон ҳайати Комиссияи мазкур пурра гардида, сармуҳосибони ташкилотҳои суғуртавӣ метавонанд ҳуҷчатҳои заруриро оид ба гирифтани сертификат ба Комиссия пешниҳод намоянд.

Сертификатсиякунонӣ баъди гузаштани курсҳо дар муассисаи таълимию методӣ оид ба омӯзиш ва азнавтайёркунӣ, ки онҳоро Комиссияи Вазорати молия муайян намудааст бо роҳи супоридани имтиҳонот гузаронида мешаванд. Шумораи соатҳои таҳсил ва барномаи омӯзиш ва такмили ихтисос аз ҷониби роҳбари Комиссия муайян ва тасдиқ мешавад. Хароҷотҳо вобаста ба тайёр намудан ва омӯзиш аз ҳисоби довталабон амалӣ карда мешавад.

Сертификати мазкур дар шакли муқарраршуда ба муҳлати номаҳдуди амал дар давоми як моҳ аз рӯзи қабул намудани қарори Комиссия баъди бомуваффақият супоридани имтиҳонот ба довталаб дода мешавад. Ҳар як муҳосибе, ки дорои сертификати муҳосиби касбӣ мебошад уҳдадор аст, ки баъди гузаштани се соли пас аз гирифтани сертификат курсҳои омӯзиширо гузарад.

Довталаб ба Раёсати сиёсати баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва фаъолияти аудитории Вазорати молия ҷиҳати иштирок дар курсҳои омӯзишӣ ва гирифтани сертификати мазкур ҳуҷчатҳои зеринро пешниҳод менамояд аз ҷумла;

  1. ариза барои иҷозат ҷиҳати иштирок дар курсҳои омӯзишӣ ва супоридани имтиҳонот;
  2. нусхаи дипломи таҳсилоти олӣ ё миёнаи махсус;
  3.  ду донаи сурати андозаи 3х4;
  4.  хати расид оиди баррасии ариза (50 сомонӣ) ва барои омӯзиш (1440 сомонӣ),;
  5. нусхаи тасдиқшудаи дафтарчаи меҳнатии довталаб бо муҳри ташкилоте, ки довталабро ба курсҳои омӯзишӣ ирсол намудааст;
  6. нусхаи шиносномаи довталаб.

Ба довталабе, ки иҷозатнома ва аттестати тахассусии Вазорати молия оиди ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти аудиториро дорад ва номзадҳои илми иқтисод сертификати муҳосибии касбӣ дар натиҷаи суҳбат бе гузаштани имтиҳонот дода мешавад.

Мутобиқи банди 7 Дастурамали намунавии мансабии сармуҳосиб, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015, №359 тасдиқ шудааст маоши моҳонаи вазифавии сармуҳосибоне, ки дорои сертификати муҳосиби касбӣ мебошанд ба андозаи 85 фоизи маоши моҳонаи вазифавии роҳбари ташкилот ё 90 фоизи маоши муовини роҳбар сарпарасти қисми молиявӣ муқаррар карда мешавад. Дар ташкилотҳои буҷетии бахши давлатӣ маоши сармуҳосибон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда муқаррар мегардад.

Айни замон аз тарафи Вазорати молия дар ҳамкорӣ бо Шӯрои машваратӣ лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағийру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омода гардида истодааст. Дар лоиҳаи Қонуни мазкур барои риоя нагардидани муқаррароти моддаҳои дахлдори Қонуни ҶТ “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ” ҷарима нисбат ба рохбарон ва сармуҳосибони Субектҳои дорои манфиати умум дар ҳолатҳои зерин аз ҷумла

  1. -тибқи стандартҳои байналмилалӣ тартиб надодани ҳисоботҳои молиявӣ,
  2. – бе сертификати муҳосиби касбӣ фаъолият намудани сармуҳосибон,
  3. -ба маҳфуздоранда пешниҳод накардани ҳисоботҳои молиявӣ бо хулосаи аудиторӣ,
  4. -дар воситаҳои ахбори омма нашр накардани ҳисоботҳои молиявии солона,
  5. -таъсис надодани аудити дохилӣ пешбинӣ мегардад.

Аз аудити ҳарсолаи ҳатмӣ гузаштани субъектҳои дорои манфиати умум аз ҷумла ташкилотҳои суғуртавиро моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” пешбинӣ намуда, муҳлати гузаронидани онро на дертар то 30 июни соли ҳисоботӣ пешбинӣ ва муайян намудааст.

Барои саривақт гузаронидани аудити ҳарсолаи ҳатмӣ, бастани шартнома бо ташкилотҳои аудиторӣ оид ба гузаронидани санҷиши аудиторӣ ва подоши хизматрасониҳои ташкилотҳои аудиторӣ муқаррароти моддаи 17 Қонуни мазкур фармоишгари аудит яъне роҳбари корхонаро вазифадор намудааст.

Илова ба ин, мутобиқ ба моддаи 648 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саркашӣ намудани шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки бояд таҳти аудити ҳатмӣ қарор гиранд, аз гузаронидани он, инчунин мамониат кардан ба гузаронидани он ба соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда шуда, барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда ба соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Бо истифода аз фурсати муносиб пешниҳод менамоем, ки ташкилотҳои суғуртавӣ фаъолияти худро ба муқаррароти Қонунҳои дар болозикр мутобиқ гардонанд. Оиди риояи муқаррароти қонунҳои дар боло зикр аз тарафи макоми ваколатори давлатӣ дар ташкилотҳои суғуртавӣ ва дигар субектҳои дорои манфиати умум таҳлил гузаронида мешавад.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

paydoishi-islom

ПАЙДОИШИ ИСЛОМ

Дини ислом дар нимҷазираи Арабистон дар иқлими Ҳиҷоз ба вуҷуд омад. Дар таърих замони пеш …