Талаб кардани касби ҳалол
Бидон, ки бинои ибодат бар луқмаи ҳалол аст. Пас бандаи мӯъмин бояд, ки дар талаби ҳалол бошад ва касби ҳалол кунад ва аз ҳаром ва шубҳа бипарҳезад, ки сабаби қабули бандагӣ бар тақво аст. Худои таъоло фармуд: бихӯред аз ҳалолҳо, ки шуморо рӯзӣ кардем ва шукр гӯед мар Худовандро дуъои касе, ки ҳаром хӯрад, қабул нашавад.