Главная / Ҷамъият / Таксим шудани ҳоли ӯ бар панҷ тариқа

Таксим шудани ҳоли ӯ бар панҷ тариқа

Таксим шудани ҳоли ӯ бар панҷ тариқа

Эй падару модари азиз, чун марг чунин душвор бошад, пас мову шуморо тавба кардан ба даргоҳи Худо ва шабзиндадории бо ибодат лозим меояд ва намоз хондану рӯза доштан, иҷрои фармудаҳои Худои таъоло, то халос шавем аз азоб.

Гуфта шудааст, ки чун мавти бандаи мӯъмин наздик шавад, ҳоли ӯ бар панҷ тариқа тақсим шавад.  Мол барои ворис ва рӯҳ барои Малакулмавт. Гӯшт барои кирмон ва устухон барои  хок. Некӣ барои хусуматкунандагон, яъне даъвогарон, ки онҳоро ранҷонида бошад ё ҳаққи онҳоро хӯрда бошад.

Пас бибарад ворис молро ва барад Малакулмавт рӯҳро ва  барад кирмон гӯштро ва барад хок устухонро ва барад  хусуматкунандагон некиҳоро.

Кошкӣ шайтон набарад имонро ҳангоми мурдан, ки  рафтани имон чудоӣ аз Парвардигор аст ва нест ивази он.

Илоҳо, охири кори ҳама бандагони мӯъмину мӯъминотро ба хайр биёрӣ ва гуфтани калимаи тайибаро бар забони ҳама мусулмонон дар вакти марг осон гардонӣ. Ба ҳурмати Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с).

Муштамил аст бар панҷ фасл:

 

Фасли аввал дар баёни ҷудо шудани рӯҳ аз бадан.

Фасли дуюм дар баёни овоз кардани замин ва қабр.

Фасли сеюм дар баёни дафн кардани мурда.

Фасли чаҳорум дар баёни хатарҳои азиме, ки дар пеши майит оянд.

Фасли панҷум дар баёни васваса кардани шайтони лаин.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …