Главная / Ҷамъият / Тақсим кардани моли майит

Тақсим кардани моли майит

Тақсим кардани моли майит

Вақте ки инсон аз дорулфано ба дорулбақо реҳлат намуд,  яъне аз дунёи нестшаванда ба олами боқиву ҷовидон сафар мекунад, ворисон -касоне, ки аз молу чизи вай ҳақбар мешаванд; падару писар ва бародару духтар ва ғайра, бояд мувофқи, гуфтаҳои зерин амал кунанд, то ин ки ҳам барои худашон ва ҳам барои мурда фоида шавад. Ва ҳам мувофиқи гуфтаҳои  шариат шавад.

Аз моли майит аввал ӯро кафан кунанд ва чизҳои барои  қабр кардан лозимро муҳаё созанд.

Дуюм, қарзҳои ӯро пеш аз тақсими мол адо кунанд.

Сеюм, агар васият карда бошад, ки фалониро фалон чиз ва бисмадониро бисмадон чиз диҳед, моли ӯро се тақсим; карда, аз як қисмаш ҳаққи васияткардашудагонро диҳанд.

Чаҳорум, моли боқимондаро шаш тақсим карда аз он як  қисмашро барои зани майит диҳанд ва панҷ қисми дигарашро ба писарону духтаронаш тақсим кунанд. Ба ин тариқ, ки  писарон як ҳақ гиранд ва духтарон ним ҳак.

Баъди он ки ҳама ҳаққи худро мегиранд, ҳар ки моли худро  ба падари худ сарф мекунад ё гирифта ба хонааш мебарад ва ё ба бародару хоҳари хурдсолаш мебахшад, сохибихтиёр аст. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ӯро гӯяд, ки молатро чунин ё чунон  кун, зеро ин мол моли ҳалоли ӯст.

Падари ӯ дигар дар он мол ҳеҷ ҳаққе надорад. Ва агар бе  иҷозати соҳиби мол моли ӯро сарф кунанд, тамоман дуруст нест.

Ин кори муҳимро, мутаассифона, имрӯз аксарияти мардум иҷро ва риоя намекунанд. Ҳаққи ятим будану ризоияти соҳиби  молро ба эътибор нагирифта, онро бе тарака сарф мекунанд. Ҳол он ки ҳаққи ятимро хӯрдан ба ҳеҷ қавл ва ба ҳеҷ далел раво нест.

Одати инсонҳои замони мо ҳамин аст, ки агар падар аз дунё гузарад, хона ва гову моли ӯро як кас гирифта, маишат мекунаду дигар бародарону хоҳаронашро маҳрум месозад. Дар сурате, ки он гову мол ва чизҳои аз падар боқӣ монда, аз они ҳамаашон аст, фикр намекунад, ки бародарону хоҳарон розӣ ҳастанд ё не? Фикри қиёматро намекунад.

Касоне, ки ба Худои таъоло бовар дошта бошанду аз ҳисоботи рӯзи қиёмат андеша кунанд ва аз азоби дӯзах битарсанд, фирефтаи чандрӯза маишати дунё нагашта, бояд мероси падарро мувофиқи гуфтаи шариат тақсим кунанд. Чунки ӯ танҳо падари шахси хонаву чизҳоро соҳибшуда не, балки падари ҳамаашон буд.

Илоҳо, ҳамаи мо мискинонро тавфиқи риоя кардани андозаи мерос рӯзӣ гардонӣ. Омин ё раббу-л-оламин.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …