Главная / Гуногун / Таҷзияи ҳокимият ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад.

Таҷзияи ҳокимият ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад.

 Нишонаи чаҳоруми давлати ҳуқуқбунёд . Ҳарсе шохаи ҳокимият дар татбиқи фаъолияти худ мустақил мебошанд. Таҷзияи ҳокимияти ягонаи давлатӣ ба се шохаи мустақил яке аз принсипҳои асосии ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад. Вай асоси конститутсионии худро дар бисёр кишварҳои дунё ёфтааст. Дар моддаи 9 (Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳокимияти давлатӣ, дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Мақсади ин принсип ноил шудан ба мустақилияти пурраи шохаҳои ҳокимият, роҳ надодан ба ҳама гуна сўиистеъмоли ҳокимияти давлатӣ аз тарафи мақомоти он мебошад.

Ин чунин маъно дорад, ки худи ҳокимияти давлатӣ ягона ва тақсимнашаванда буда, танҳо шохаҳои он бояд аз ҳамдигар фарқ намоянд, ки онҳо дар ҷудо будани салоҳияти ҳар як шохаи ҳокимият ифода меёбад.

Фаъолияти мақомоти ҳокимият дар доираи қонун ба роҳ монда мешавад ва ин ба онҳо имконият намедиҳад, ки аз ҳадди муқаррарнамудаи қонун берун бароянд. Ҳар як шохаи ҳокимият вазифаҳоеро иҷро менамояд, ки ба доираи салоҳияти он дохил мешаванд. Ҳамаи се шохаи ҳокимият муҳиманд. Онҳо ба ҳамдигар таъсир расонида ва барои барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд хизмат мекунанд. Ҳокимияти қонунгузор аз тарафи халқ интихоб карда шуда, истиқлолияти давлатро ифода менамояд. Ҳокимияти иҷроия бо амалӣ намудани қонунҳо ва фаъолияти хоҷагию идоракунӣ машғул мешавад. Ҳокимияти судӣ ба сифати кафили барқароркунандаи ҳуқуқҳои вайронкардашуда баромад намуда, барои ҳама гунна сўиистеъмолкунӣ ҷазо медиҳад. Дар давлати ҳуқуқбунёд фақат суд метавонад ҳама гуна баҳсҳои байни шаҳрвандон ва ҳокимиятро баррасӣ намояд. Суд танҳо ба қонун такя намуда, фаъолияти худро мустақилона ба амал мебарорад.

karikatura

Ҷамъияти шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд Ҷамъияти шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд бо ҳамдигар алоқамандии зич доранд. Давлати ҳуқуқбунёдро дар он ҷое барпо намудан мумкин аст, ки дар он ҷой ҷамъияти шаҳрвандии инкишофёфта ва пурқувват мавҷуд бошад. Ҷамъияти шаҳрвандӣ соҳаи нисбатан мустақили новобаста аз давлат ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад, ки дар он гурўҳҳои иҷтимоии гуногун, иттиҳодияҳои маданӣ, миллӣ, динӣ, ҳудудӣ ва хислати дигар доштаи ифодакунандаи манфиатҳои ҳархелаи одамон амал менамоянд. Ҷамъияти шаҳрвандӣ чунин ҷамъиятест, ки дар он қонуни ҳуқуқӣ ҳукмрон буда, устувории озодии шахс, ҳуқуқ, шаъну шараф, қадру қимати он, инчунин ҷавобгарии тарафайни шахс ва давлат амал менамояд. Мафҳуми «ҷамъияти шаҳрвандӣ» имконият медиҳад, ки соҳаи сиёсӣ ва ғайрисиёсии ҳаёти ҷамъиятӣ фарқ карда шуда, мафҳумҳои давлат ва ҷамъият аз ҳамдигар ҷудо карда шаванд.

Ҷамъият аз организми мураккабе иборат аст, ки дар он одамони дорои манфиатҳои гуногун, талабот, хислатҳои гуногун ҳамкорӣ менамоянд. Ҳамзамон бо ин, одамон бо ҳамдигар дар алоқаҳои маданӣ, тиҷоратӣ, манзилӣ, оилавӣ, меҳнатӣ ва ғайраҳо қарор доранд. Ба низоми ҷамъияти шаҳрвандӣ ба ғайр аз муносибатҳои сиёсӣ муносибатҳои иқтисодӣ, нажодӣ, маънавӣ, иттилоотӣ, оилавӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд, ки новобаста аз давлат вуҷуд доранд ва инкишоф меёбанд. Албатта, ҷамъият ва давлатро пурра аз ҳамдигар ҷудо кардан номумкин аст, зеро давлат маҳсули инкишофи ҷамъият ва шакли мавҷудияти он мебошад. Ҷудо намудани ҷамъияти шаҳрвандӣ аз давлат маънои онро дорад, ки соҳаи ҳаёти ҷамъиятие вуҷуд дорад, ки дар тобеият ва назорати давлат намебошад. Яъне давлат набояд ба ҳаёти хусусии одамон дахолат намояд.

Ҳамзамон инсон дар ҷамъияти шаҳрвандӣ унсури асосӣ аст, вале вай наметавонад талаботи худро дар алоҳидагӣ ё бе алоқамандӣ бо одамони дигар қонеъ гардонад. Он чӣ ки ба муносибати байни шахс ва давлат тааллуқ дорад, ин пеш аз ҳама дар иҷрои ўҳдадориҳои шахс дар назди давлат, хусусан ўҳдадории шахс оид ба итоат намудан ба қонун ва супоридани андоз ифода меёбад. Агар шахс ўҳдадориҳои худро дар назди давлат софдилона иҷро намояд, он гоҳ дар дигар мавридҳо ҳаёти шахсии инсон бояд барои давлат фарқ надошта бошад ва давлат ҳақ надорад, ки ба он дахолат намояд.

Давлат бояд ба ҷамъияти шаҳрвандӣ ва манфиати он хизмат намуда ва бо ҳамин манфиати умумии ҷамъиятро ифода намояд. Инкишофи нопурраи ҷамъияти шаҳрвандӣ мумкин аст шароитеро муҳайё созад, ки боиси фурў бурдани ҷамъияти шаҳрвандӣ аз тарафи давлат ё муқобил гузоштани он ба ҷамъият ва манфиати худро бо зўрӣ ба ҷамъият бор кардан гардад. Барои ҳамин, на ҳама гуна ҷамъият ҷамъияти шаҳрвандӣ мебошад. Нишонаи асосии ҷамъияти шаҳрвандӣ – ин ҷамъияти дорои муносибатҳои иқтисодии инкишофёфта будани он мебошанд.

Дар чунин ҷамъият шахс аз моликият ҷудо набуда, баръакс имконият дорад, ки ҳама гуна шакли моликиятро интихоб намояд, инчунин ҳақ дорад натиҷаи меҳнат ва қобилияти худро ба меҳнат ихтиёрдорӣ кунад. Салоҳияти давлат дар чунин ҷамъият барпо намудани шароити мўътадил барои ташаббуснокӣ ва инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ, муҳофизат ва ҳифзи моликият, таъмини рақобати озод, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва муҳофизати тартибот мебошад.

Нишонаи дигари ҷамъияти шаҳрвандӣ эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои табиии инсон ва ҳифзи самараноки он мебошад.

Нишонаи сеюми ҷамъияти шаҳрвандӣ мавҷуд набудани манополизми идеологӣ дар ҷамъият мебошад.

Дар чунин ҷамъият фикр, нуқтаи назар, ақида, мулоҳиза ва мафкураи гуногун раво мебошад. Ҷамъиятишаҳрвандӣ доираи гузаронидани фаъолияти гуногуни сиёсии ташкилотҳо, институтҳо ва иттиҳодияҳоро муайян менамояд. Вай ғояҳои пешқадам ва инсондўстонаро пеш бурда, тарзҳои демократии идоракунии корҳои ҷамъиятиро истифода мебарад.

Хусусияти фарқкунандаи ҷамъияти шаҳрвандӣ ошкоро ва худидора будани корҳои шахсӣ мебошад. Ошкоро будан аз ҷумла озодона ворид шудан ба ҳамаи манбаъҳои иттиллоот (ба ғайр аз сирри давлатӣ ва тиҷоратӣ), ошкоро гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳое, ки ба ҳаёти ҷамъиятӣ вобастаанд, озодии сухан, матбуот, танқид, озодии алоқаҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷиро дар назар дорад.

Ҳамин тавр, ҷамъияти шаҳрвандӣ – ин ҷамъияти ҳуқуқӣ, демократӣ, инсондўст ва сулҳдўстона буда, дар он барои ҳеҷ гуна зўрӣ ба шахсият ҷой нест, баръакс дар он адолат, баробарӣ ва озодии пурра ҳукмрон аст.

Саволҳо:

  1. Моҳияти давлати ҳуқуқбунёд аз чӣ иборат аст?
  2. Нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёдро номбар кунед.
  3. Бартарии ҳуқуқ дар давлати ҳуқукбунёд чӣ маънӣ дорад? 4.Волоияти қонун чист?
  4. Арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар чӣ ифода меёбад? 6. Масъулияти тарафайни давлат ва шахсро фаҳмонда диҳед. 7. Моҳияти таҷзияи ҳокимиятро ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ баён намоед.
  5. Ҷамъияти шаҳрвандӣ чист?
  6. Фарқи давлат аз ҷамъияти шаҳрвандӣ дар чист? 10.Нишонаҳои ҷамъияти шаҳрвандиро номбар намоед.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …