Главная / Биология / ТАҶРИБАҲОИ ЛАБОРАТОРӢ

ТАҶРИБАҲОИ ЛАБОРАТОРӢ

СОХТИ ОБСАБЗҲОИ САБЗИ ЯКҲУҶАЙРА

  1. Ба шишачаи ашёгузор бо чакрарез як қатра оби “шукуфтаро” чакконед, онро бо пардашишачаи рӯйпӯш пӯшонед ва бо пурбини хурди микроскоп бубинед.
  2. Аз байни обсабзҳои якҳуҷайра хламидомонада (обсабзи байзашакли нӯгборики дуқамчинакдор) ва хлорелларо (ки шаклаш курамонанд аст) ёбед.
  3. Тавассути коғази намкаш як қисми оби зери шишачаи рӯйпӯшро ҷаббида гиред. Ҳуҷайраи обсабзро бо пурбини ка- лони микроскоп бубинед.
  4. Ҳуҷайраи обсабзро бодиққат аз назар гузаронед ва дар он ҷилд, ядро ва хромотофори ҳуҷайраро аниқ кунед. Шакл ва ранги хромотофорро дар дафтаратон қайд кунед.
  5. Микропрепарати тайёркардаатонро бо маҳлули йод рангнок кунед ва дар зери микроскоп бубинед. Сабаби тагйир ёфтани ранги обсабзро аниқ карда фаҳмонед. Оиди ғизогирии обсабзҳо хулоса бароред.
  6. Расми хуҷайраи хламидомонада ва хлорелларо ба албом ё дафтаратон кашед ва номи чузъиётҳои онро нишон диҳед. Бо расми дар китоб дарҷёфта муқоиса карда дурустии расми кашидаатонро аниқ кунед.

СОХТИ УШНА

  1. Растании ушнаро аз назар гузаронед. Хусусиятҳои сохти берунии онро нишон диҳед. Поя ва барги онро ёбед.
  2. Тарзи ҷойгирии барг, андоза ва ранги онро ба қайд гиред. Барги ушнаро дар зери микроскоп бубинед ва расмашро кашед.
  3. Муайян кунед, ки поя шохаронда аст ё не.
  4. Ғӯзаи спорадори дар нӯги пояи ушна бударо мушоҳида кунед. Аҳамияти спораро дар ҳаёти растаниҳои дараҷаи паст фаҳмонед.
  5. Сохти ушнаро бо сохти обсабзҳо муқоиса кунед. Монандӣ ва фарқияти онҳоро нишон диҳед.

СОХТИ САРАХСИ СПОРАДОР

  1. Дар мисоли сарахсҳои флораи Тоҷикистон ба сохти берунии сарахс шинос шавед. Ба узвҳои рӯизаминӣ ва зерихокии онҳо аз наздик шинос шавед. Доир ба сохти реша, шакл ва ранги решапоя, андозаи пояи рӯизаминӣ ва ранги баргҳои сарахс маълумоти мухтасар диҳед.
  2. Ба халтачаҳои бӯрранги спорадори пушти барг шинос шуда, аҳамияти спораро дар ҳаёти сарахсшаклон нишон диҳед.
  3. Дар натиҷаи муқоисаи сарахс бо ушна аломатҳои монанд ва фарқияти байни онҳоро нишон диҳед.
  4. Аз халтачаи бӯрранги спорадори поёни барги сарахс бо рохи харошидани он бо алмос микропрепарат тайёр карда, дар зери микроскоп бубинед. Натиҷаи мушоҳидаатонро дар дафтар қайд кунед.

СОХТИ ЧИЛБАНДИ СПОРАДОР

  1. Бо истифодаи гербарий тавассути пурбин навдаи тобистона ва баҳории чилбандро аз назар гузаронед.
  2. Хӯшаи спорадори чилбандро ёбед ва аҳамияти спораро дар ҳаёти ин растанӣ муайян кунед.
  3. Банд (буғум) ва байни бандҳоро дар растанӣ аниқ кунед.
  4. Баргҳои пулакчашакли онро, ки ба таври ҳалқагӣ дар бандҳо мавқеъ доранд, нишон диҳед.
  5. Расми решапоя, поя, навдаи чилбандро дар дафтаратон кашед.

СОХТИ СУЗАНБАРГ ВА ЧАЛҒУЗАИ ДАРАХТОНИ СУЗАНБАРГ

  1. Сӯзанбаргҳоро аз назар гузаронед. Шакл ва тарзи ҷой- гиршавии онҳоро дар поя муайян кунед. Дарозии сӯзанбаргҳоро чсн кунсд ва ба ранги онҳо диққат диҳед.
  2. Шакли барги санавбар ва арчаро бо ҳамдигар муқоиса кунед. Монандӣ ва фарқияти онҳоро муайян кунед. Аниқ кунед, ки кадоми онҳо шаклашон пулакчамонанд мебошад.
  3. Ба намуди зоҳирии чалғӯзаи санавбар ва арча диққат диҳед. Шакл, андоза ва ранги онҳоро муайян кунед. Фарқияти чалғӯзаи санавбар ва арчаро нишон диҳед. Мушоҳидаҳоятонро дар ҷадвали зерин қайд кунед.
Номи растанӣ Сӯзанбарг Чалғӯза
дарози ранг ҷойгирӣ дар навда андоза шакли пулакча зичӣ
Санавбар            
Арча            
  • Якто пулакчаро аз чалғӯза ҷудо кунед. Ба ҷойгирӣ ва сохти берунии тухми онҳо шинос шавед. Чаро чалғӯзаи ар- чаро мевачалғӯза мегӯянд?

ОШКОР НАМУДАНИ НИШОНАҲОИ ОИЛА АЗ РӮИ СОХТИ БЕРУНИИ РАСТАНИҲО

  1. Растании додашударо бодиққат аз назар гузаронед.
  2. Сохти решагиашро аз назар гузаронда, ба кадом гурӯҳи реша мансуб будани онро муайян кунед.
  3. Сипас ба шакли барг, тарзи рагбандӣ диққат диҳед ва ҷойгиршавии баргро дар поя муайян кунед. Сохти берунии поя ва аломатҳои хоси онро нишон диҳед.
  4. Муайян кунед, ки ин растанӣ гули ҷудогона (тоқа) ё хӯшагул дорад. Агар хӯшагул дошта бошад, он ба кадом намуди хӯшагулҳо мансуб аст.
  5. Сохти гулро омӯхта муайян кунед, ки онҳо чандто косабарг, гулбарг доранд.
  6. Микдори гардбаргҳо ва тарзи ҷойгиршавии онҳоро нишон диҳед. Адади тухмдони гул ва сохти онро аниқ кунед.
  7. Сохти меваро омӯзед. Хусусиятҳои сохт ва ба кадом намуди меваҳо тааллуқ доштани онро муайян кунед.
  8. Аз рӯи маҷмӯи аломатҳои дар боло зикршуда аниқ кунед, ки растании омӯхташуда ба кадом синф ва оила мансубият дорад.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …