Главная / Биология / Таҷдид чист? (репродуксия)

Таҷдид чист? (репродуксия)

Таҷдид дар натиҷаи афзоиши ғайриҷинсӣ ва ҷинсии фардҳо ба вуқўъ мепайвандад. Насли организмҳои зинда, одатан ба волидонашон монанд мебошанд. Масалан, аз гурба – гурбача, аз саг – сагбача тавлид мешавад, аз дони гандум – гандум ва аз тухми (донаи) ҷав – ҷав мерўяд. Амёбаи якҳуҷайра дар вақти афзоиш ба ду қисм тақсим мешавад, ки онҳо ба ҳуҷайраи модарӣ пурра монанд мебошанд.

hayvonotҲамин тавр, афзоиш хоси организми зинда буда, дар раванди он организми ба худ монанд ба вуҷуд меояд.

Дар натиҷаи таҷдид нафақат организмҳои том, балки ҳуҷайра ва органеллаҳои он (митохондрия, пластидҳо ва ғайра) низ баъди тақсимшавӣ ба авлоди худ монанд мегарданд. Ҳангоми тақсимшавии КДН аз як молекулаи он ду молекулаи духтарӣ пайдо мешавад, ки пурра такрори шакли аввала мебошанд.

Асоси таҷдид ба реаксияи синтези қолабӣ (матритса) вобаста аст, яъне молекулаҳои нав дар асоси ахбори пайдарҳами дар КДН вуҷуддошта пайдо мешаванд. Пас, маълум мегардад, ки таҷдид яке аз хосиятҳои муҳими организмҳои зинда буда, ба ирсият робитаи ногусастанӣ доштааст.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …