Главная / Ҷамъият / ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №4, мод. 151; с. 2007, №7, мод. 696; с. 2009, №3, мод. 84; с. 2012, №7, мод. 718; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 424; Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 с., №1463)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии таҳсилоти ибтидоии касбиро муайян намуда, фаъолияти субъектҳои сохторҳои таълимию истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми гирифтани касб, тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ равона карда шудаанд, танзим менамояд.

maktab

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

таҳсилоти  ибтидоии касбӣ – қонеъгардонии мақсадноки талаботи шаҳрвандон тавассути таълим, ки қисмҳои таркибии он метавонанд таълими кадрҳо, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандоне бошанд, ки  таҳсилоти ибтидоии касбӣ надоранд;

муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ – муассисае, ки дар равванди таълим як ё якчанд барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро амалӣ намуда, таълим ва тарбияи хонандагонро таъмин менамояд;

кормандони муҳандисию педагогӣ – шахсони дорои таҳсилоти дахлдоре, ки дар асоси касбӣ ба таълиму тарбияи хонандагон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ машғуланд;

тахассус – дараҷаи касбие, ки дар раванди таҳсилоти ибтидоии касбӣ хонанда аз худ намуда, он бо ҳуҷҷати намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти  ибтидоии касбӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи  таҳсилоти  ибтидоии касбиро афзалиятнок эълон менамояд. Самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ аз инҳо иборатанд:

– хусусияти башардустона ва демократӣ доштани таълим ва тарбия;

– муттасилӣ ва пайдарпаӣ;

– дастрас будани  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ, мутобиқшавии низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба сатҳ, хусусиятҳои инкишоф ва тарбияи касбии хонандагон;

–  хусусияти дунявӣ доштани низоми таҳсилоти  ибтидоии касби;

–  хусусияти демократии давлатию ҷамъиятии идораи низоми таҳсилоти  ибтидоии касбӣ; (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)

–  дастгирии маърифатнокӣ ва  истеъдод.

Дар муассисаҳои таълимиии соҳаи  таҳсилоти ибтидоии касбӣ, мақомоти идораи соҳаи  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба таъсис ва фаъолияти сохторҳои ташкилии ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои динӣ иҷозат дода намешаванд.

 

Моддаи 4. Кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ

Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва тайёрии касбӣ давлат ба шаҳрвандоне, ки  таҳсилоти умумии асосӣ ё  таҳсилоти миёнаи умумиро гирифтаанд, ҳуқуқи гирифтани  таҳсилоти ибтидоии касбиро кафолат медиҳад.

Дар муассисаҳои таълимии давлатӣ мутобиқи талаботи стандарти давлатии таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати бепул гирифтани  таҳсилоти касбӣ дода мешавад, агар шаҳрванд сатҳи  таҳсилоти мазкурро бори аввал гирад. Хонандагони ятим метавонанд касбӣ дуюми  таҳсилоти ибтидоии касбиро беgул гиранд.

Ба шаҳрвавдони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби озодонаи муассисаи таълимӣ, инчунин шаклҳои гирифтани  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ кафолат дода мешавад.

 

Моддаи 5. Оинномаи муассисаи таълимии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ

 

Оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар маҷлиси умумии муҳандисону педагогҳои муассисаи таълими қабул ва аз ҷониби муассис тасдиқ карда мешавад.

Дар оинномаи муассиаи таълими бо тартиби ҳатмӣ: ном, маҳалли ҷойгиршавӣ (суроғаи ҳуқуқӣ ва воқеӣ), вазъи ҳуқуқии муассисаи таълимӣ, муассис, шакли ташкилию ҳуқуқии муассисаи таълимӣ, мақсадҳои равади таълим, навъ ва намудҳои барномаҳои татбиқшавандаи таълимӣ, сохтори фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии муассисаи таълимӣ ва тартиби идораи муассисаи таълими нишон дода мешаванд. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)

Он қисмати оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим нагардидааст, аз тарафи муассисаи таълими мустақилона таҳия гардида, аз ҷониби муассис тасдиқ карда мешавад.

Ҳангоми зарурати танзими самтҳои фаъолияти дар моддаи мазкур зикргардидаи муассисаи таълими тавассути санадҳои дигари дохилии онҳо ҳамчун илова ба оинномаи муассисаи таълими бояд ба қайд гирифта шаванд.

Санадҳои дохилии муассисаи таълими мухолифи оинномаи он буда наметавонанд.

 

Моддаи 51. Забони таҳсил

 

Забони таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.  (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)

 

БОБИ 2.

НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

 

Моддаи 6. Низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ

 

Низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз инҳо иборат аст:

– стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

– барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

– муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, новобаста  аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият;

– мақомоти идораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои (хоҷагиҳои таълимӣ-таҷрибавии) тобеи онҳо;

– хонандагон, падару модари онҳо, омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ.

 

(ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)

 

Моддаи 7. Сохтори низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии зерин таъсис дода мешаванд:

– литсейҳои касбӣ-техникӣ;

– литсейҳои касбӣ;

– литсейҳои махсуси касбӣ;

– комбинатҳои таълимӣ-истеҳсолӣ;

– марказҳои таълимии калонсолони мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ;

– марказҳои таълимии иҷтимоию соҳибкорӣ;

– марказҳои таълимии назди корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо.

 

(ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)

 

Моддаи 8. Стандартҳои давлатии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ

 

Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар доираи стандартҳои ягонаи давлатии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, амалӣ карда мешавад.

Стандартҳои давлатии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ иборатанд аз:

– талаботи умумӣ ба барномаҳои асосии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ;

– талабот ба ҳадди ақали ҳатмии мундариҷаи барномаҳои асосии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ, ба шартҳои татбиқи онҳо, аттестатсияи ҷамъбастии ҳатмкунандагон ва сатҳи омодагии онҳо мутобиқи ҳар як касб;

– мӯҳлатҳои аз худ намудани барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

– ҳаҷми ҳадди ниҳоии сарбории таълимии таълимгирандагон.

 

Моддаи 9. Барномаҳои таълимии касбии  таҳсилоти ибтидоии

 

Барномаҳои таълимии зерини таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ муттасил ва зина ба зина татбиқ карда мешаванд:

– барномаи ягонаи якҷояшудаи  таҳсилоти умумӣ ва касбӣ дар заминаи  таҳсилоти асосии умумӣ (синфи 9) бо мӯҳлати таҳсил то 3 сол; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1127)

–  таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи  таҳсилоти асосии умумӣ (синфи 9) бидуни гирифтани  таҳсилоти миёнаи (пурраи) умумӣ бо мӯҳлати таҳсили 1 – 2 сол;

–  таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи  таҳсилоти миёнаи (пурраи) умумӣ (синфи 11) бо мӯҳлати таҳсил то 2 сол; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1127)

– тайёрии касбӣ,  таҳсилоти иловагии касбӣ, аз ҷумла бозомузӣ ва такмили ихтисос бо мӯҳлати таҳсили то 1 сол.

Барномаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ метавонанд зина ба зина сохта шаванд. Баробари ба охир расидани ҳар як зина имтиҳоноти хатмкунӣ пешбинӣ шудааст, ки супоридани онҳо ба хонанда ҳуқуқ медиҳад, ҳуҷҷати намунаи давлатиро гирад ва тибқи тахассусӣ дар давраи таҳсили ҳар як зина гирифтааш кор кунад.

Бо хоҳиши худ хонанда метавонад таҳсилро дар зинаҳои минбаъда идома диҳад. Дар ҳар як зинаи минбаъдаи таҳсил хонанда донишҳои махсус, маҳорату малакаи сатҳи нисбатан баландтари касб ва тахассусро соҳиб мешавад. Ихтисори мӯҳлатҳои таълим аз рӯи зинаҳо низ иҷозат дода мешавад.

Шахсони ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии  таҳсилоти  ибтидоии касбиро соҳибгардида, инчунин барномаҳои  таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро омӯхта ҳуқуқ доранд аз рӯи барномаҳои кӯтоҳмуддат дар муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи касбӣ ва  таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи намуди тайёрии касбӣ таҳсил намоянд.

Шахсони соҳиби ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, инчунин барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро азхуднамуда ҳуқуқ доранд дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дар асоси барномаҳои кӯтоҳмуддат мувофиқ ба самти тайёрии касбӣ ба таълим фаро гирифта шаванд. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)

 

Моддаи 10. Шаклҳои гирифтани  таҳсилоти ибтидоии касбӣ

 

Хонандагон барномаҳои касбии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро метавонанд дар шаклҳои рӯзона, шабона, ғоибона ва экстернат аз худ намоянд. Ба якҷоя кардани шаклҳои гуногуни гирифтани  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва бозомӯзии касбӣ иҷозат дода мешавад.

Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ ба таври ройгон сурат мегирад.

Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ илова ба фармоиши давлатӣ метавонанд хонандагонро бо тариқи шартнома  қабул намоянд. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)

Номгӯи касбҳое, ки аз рӯи онҳо гирифтани  таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шакли экстернат иҷозат дода намешавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Ҳамаи шаклҳои гирифтани  таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи барномаи мушаххаси таълимӣ бояд дар доираи стандартҳои ягонаи давлатии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ анҷом дода шаванд.

Шахсоне, ки дар муассисаҳои  таҳсилоти ибтидоии касбии аккредитатсияи давлатӣ надошта таҳсил намуда, онҳоро бомуваффақият хатм намудаанд, барои аттестатсияи байнифосилавӣ ва ҷамъбастӣ дар муассисаҳои  таҳсилоти ибтидоии касбии аккредитатсияи давлатӣ дошта бо шартҳои экстернат ҳуқуқ доранд.

Ба шахсоне, ки таҳсилро тибқи барномаҳои таълимии касбии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ хатм намудаанд ва аз аттестатсияи ҷамъбастӣ гузаштаанд, дар хусуси сатҳи дахлдори таҳсил ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии дорои нишонаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

 

Моддаи 11. Таълим ва бозомӯзии касбии шаҳрвандони бешуғл ва калонсол

 

Таълим ва бозомӯзии касбии шаҳрвандони бешуғл ва калонсол дар литсейҳои касбӣ, марказҳои таълимии калонсолони мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва марказҳои таълимии иҷтимоию соҳибкорӣ бо тариқи ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат вобаста ба талаботи бозори меҳнат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

 

 (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)

 

Моддаи 12. Намудҳо ва категорияҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти  ибтидоии касбӣ

 

Таҳсилоти ибтидоии касбиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё дар муассисаҳои дигари таълимӣ, гирифтан мумкин аст.

Ба муассисаҳои  таҳсилоти ибтидоии касбӣ инҳо мансуб мебошанд:

литсейҳои касбӣ, ки дар онҳо барномаҳои касбии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии таъминкунандаи ба даст овардани касбу тахассусе, ки барои фаъолияти мустақилонаи меҳнатӣ кифояанд, амалӣ карда мешаванд. Литсейҳои касбӣ намуди асосии муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба ҳисоб мераванд;

марказҳои таълимии калонсолони мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ, комбинатҳои таълимию дарсомӯзӣ, марказҳои таълимию истеҳсолӣ ва дигар муассисаҳои таълимии сатҳи мазкур, ки дар онҳо тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои коргарӣ, малакаҳои меҳнатии иҷрои корҳои муайян ё гурӯҳи корҳоро зуд аз худ намудани таълимгиранда анҷом дода мешавад ва баланд намудани сатҳи таълимиро пешбинӣ намекунад;

– маркази таълимии иҷтимоию соҳибкорӣ – корхонаи воҳид (корҳонаи давлатии дорои ҳуқуқҳои пешбурди хоҷагидорӣ), ташкил ва таҳияи барномаҳоро оиди мутобиқшавии аҳолӣ ба бозори меҳнат, мусоидат кардан ба шуғл тавассути раҳнамоии касбӣ, таълим ва бозомӯзии аҳолиро амалӣ намуда, фаъолияти худро дар асоси тиҷорат ба сифати объекти мустақили хоҷагидор иҷро менамояд.

Барои шахсоне, ки ба шароити махсуси таҳсил ва таълим эҳтиёҷ доранд, муассисаҳои махсуси  таҳсилоти ибтидоии касбӣ – литсейҳои махсуси касбӣ таъсис дода мешаванд. Муассисаҳои  таҳсилоти ибтидоии касбӣ давлатӣ ва ғайридавлатӣ шуда метавонанд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №868)

 

Моддаи 13. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии

                        таҳсилоти ибтидоии касбӣ

 

Муассисаҳои давлатии таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори он бо тартиби дархост ва бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, аз нав ташкил карда ва барҳам дода мешаванд.

Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбии ғайридавлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №868)

 

  Моддаи 14. Аттестатсия, аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбї

                         ва иҷозатномадиҳии фаъолияти онҳо

 

Аттестатсия, аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбї ва иҷозатномадиҳии фаъолияти онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 

Моддаи 15. Идоракунии муассисаи таълимии таҳсилоти  ибтидоии касбӣ

 

Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимӣ дар асоси таносуби принсипҳои яккасардорӣ ва дастаҷамъӣ идора карда мешавад.

Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ раванди таълим, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва ғайраро дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиннома амалӣ менамояд.

Фаъолияти муассисаҳои таълимии ғайридавлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар қисмати риояи стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақоми ваколатдори он танзим карда мешавад.

 

БОБИ 3.

СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ,

ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ОНҲО

 

Моддаи 16. Хонандагони муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ

 

Хонандагони муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ шахсоне мебошанд, ки бо тартиби муқарраргардида барои таҳсил ба муассисаи таълимӣ қабул гардидаанд.

Хонандагон дар давраи таҳсил ба таъминоти моддӣ аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

Ба хонандагон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ овардан ва истифода бурдани телефонҳои мобилӣ манъ аст. (ҚҶТ аз 26.03.09с., №491)

Ба хонандагон бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ омадан манъ аст. Хонандагоне, ки бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ меоянд, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1463)

Давраи таҳсили хонандагон дар муасиссаи таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбии шакли рӯзона ба собиқаи умумии корӣ ва муттассили меҳнатӣ дохил мешавад.

 

Моддаи 17. Кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии  таҳсилоти  ибтидоии

                       касбӣ ва талабот нисбати онҳо

 

Ба кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ инҳо дохил мешаванд: маъмурият, омӯзгорон, устоҳои калон, устоҳои (инструкторҳои) таълими истеҳсолӣ, мураббиён, методистҳо ва дигар кормандоне, ки раванди таълим ва тарбияро амалӣ менамоянд.

Дар муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо фаъолияти муҳандисию педагогӣ он шахсоне машғул шуда метавонанд, ки дорои  таҳсилоти  миёнаи касбӣ ё  таҳсилоти олии касбӣ, малакаҳои зарурии касбӣ ва тахассус аз рӯи ихтисос, тайёрии амалии касбӣ бошанд; инчунин шахсоне, ки дар соҳаҳои иқтисодиёт таҷрибаи кории истеҳсолӣ ва сифатҳои баланди ахлоқӣ дошта бошанд.

Ба кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбї дар раванди таълим истифода бурдани телефонҳои мобилї манъ аст. (ҚҶТ аз 26.03.09с., №491)

Муносибатҳои меҳнатии кормандони муҳандисию педагогӣ тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ танзим карда мешаванд. Муқаррароти шартнома (қарордод) бо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

Давлат барои кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ на камтар аз як маротиба дар панҷ сол такмили ихтисоси бепулро кафолат медиҳад.

Такмили ихтисоси кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои ғайридавлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҳисоби маблағҳои муассис (муассисон) ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)

Такмили тахассуси кормандони муҳандисию педагогӣ метавонад инчунин тибқи шартномаҳои басташудаи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ бо донишкадаҳои такмили ихтисос, муассисаҳои олии таълимӣ ва ташкилот ё муассисаҳои илмӣ аз ҳисоби маблағи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ анҷом дода шавад.

Талабот ба кормандони муҳандисию педагогӣ ба воситаи тавсифномаҳои тахассуси, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, муайян карда мешавад.

Бо мақсади такмили фаъолияти муҳандисию педагогӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, таъмини мутобиқати онҳо бо вазифаи ишғолкардаашон, ҳавасмандгардонии рушди сатҳи касбӣ, такмили сифат ва самаранокии кор, мунтазам дар панҷ сол як маротиба аттестатсияи кормандони низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ гузаронида мешавад.

Тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи кормандони муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Ба фаъолияти муҳандисию педагогӣ дар муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ шахсоне роҳ дода намешаванд, ки ба онҳо ин фаъолият бо ҳукми суд ё бо нишондодҳои тиббие, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, манъ карда шудааст.

 

Моддаи 18. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони муассисаҳои таълимии  таҳсилоти  ибтидоии

                        касбӣ

 

Кормандони муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои иштирок дар идораи муассисаи таълимӣ, ҳифзи шаъну эътибори касбии худ, таъмини шароити зарурӣ барои фаъолияти касбӣ, такмили тахассус бо тартиби муқарраргардида, ташаббуси педагогӣ ва паҳн намудани таҷрибаи худ, интихоби озодонаи шаклҳо, усулҳо ва тарзҳои самараноки таълим ҳуқуқ доранд.

Ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои касбӣ, кормандони муҳандисию педагогӣ барои интихоби озоди истифодаи усули таълиму тарбия, дастурҳои таълимӣ, маводҳо, китобҳо ва усулҳои баҳодиҳии дониши хонандагон ҳуқуқ доранд.

Сарбории таълимии корманди муҳандисию педагогии муассисаи таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ нишон дода шудааст, бо ҳадди ниҳоии муайяннамудаи шакл ва намуди дахлдори муассиса маҳдуд карда мешавад.

Ӯҳдадориҳои кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз инҳо иборатанд:

таъмини татбиқи сифатноки стандарти давлатии таълим, ташаккули сифатҳои ахлоқию эстетикӣ ва шаҳрвандӣ;

таъмини аз худ намудан ва иҷрои барномаҳои таълимӣ дар сатҳи ҳатмии талаботи давлатӣ аз тарафи хонандагон;

риояи одоб ва ахлоқи педагогӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва шаъни хонандагон;

ҳифзи хонандагон аз шаклҳои гуногуни зӯроварии ҷисмонию равонӣ, амалӣ намудани корҳои маърифатию фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии истеъмоли  воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва машрубот. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)

 

БОБИ 4.

ТАҲСИЛОТИ  ИБТИДОИИ КАСБИИ ШАХСОНЕ,

КИ БО ҲИФЗИ МАХСУСИ ИҶТИМОӢ ТАЪМИН КАРДА МЕШАВАНД

 

Моддаи 19. Категорияи шахсоне, ки бо ҳифзи махсуси иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд

 

Ба шахсоне, ки мутобиқи Қонуни мазкур бо ҳифзи махсуси иҷтимоӣ таъмин карда мешавад, инҳо дохил мешаванд:

– маъюбон, ятимон ва ноболиғоне, ки бе сарпарастии падару модар мондаанд;

– хонандагони муассисаҳои махсуси таълимии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ;

– хонандагони муассисаҳои таълимии касбии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ;

– муҳоҷирони иҷборӣ, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд.

 

Моддаи 20. Таъмини таҳсили маъюбон

 

Давлат ба маъюбони модарзод, шахсоне, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ ва ҷароҳатҳо маъюб гардидаанд, мутобиқи хоҳиши онҳо ва тавсияномаҳои меҳнатии комиссияи экспертии тиббию меҳнатӣ (КЭТМ) ҳуқуқҳои имтиёзнокро барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии давлатии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои омӯхтани касбҳо кафолат медиҳад.

 

Моддаи 21. Таъмини ҳуқуқи ятимон, ноболиғони бе сарпарастии волидайн монда ва

                         муҳоҷирони иҷборӣ, ки дар муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ

                         таҳсил менамоянд

 

Давлат ба ятимон, ноболиғони бе сарпарастии волидайн монда ва муҳоҷирони иҷборӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои давлатии таълимии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ ҳуқуқҳои имтиёзнок медиҳад.

Дар давраи таҳсил дар муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ давлат хароҷоти иловагиро барои таълим ва таъмини онҳо ба зимма мегирад.

 

Моддаи 22. Таъмини ҳуқуқи хонандагони литсейҳои махсуси касбӣ

 

Барои шахсоне, ки ба шароити махсуси таълимӣ эҳтиёҷ доранд, литсейҳои махсуси касбӣ таъсис дода мешаванд.

Давлат мутобиқи ихтисоси литсейҳои махсуси касбӣ ба хонандагони муассисаҳои махсуси таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқи идома додани  таҳсилоти умумӣ ё таълими касбиро кафолат медиҳад.

Шахсоне, ки дар муассисаҳои махсуси ибтидоии касбӣ ба гирифтани  таҳсилоти касбӣ фурсат наёфтаанд, барои давом додани таҳсил дар курси дахлдори муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқ доранд. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)

 

Моддаи 23. Таълими наврасони маъюби дорои нуқсонҳои инкишофи ҷисмонӣ ва кӯдакони

                        маъюб

 

Барои таълим, тарбия ва табобати наврасони маъюби дорои нуқсонҳои инкишофи ҷисмонӣ ва кӯдакони маъюб литсейҳои махсуси касбӣ таъсис дода мешаванд. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)

Хонандагони муассисахои махсуси давлатии таълимӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд.

 

БОБИ 5.

ИДОРАИ низоми ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

 

Моддаи 24. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ

 

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дохил мешаванд:

– муайян намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

– маблағгузории рушди соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ;

– муқаррар намудани тартиби аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

– таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки татбиқи низоми таҳсилоти ибтидоии касбиро таъмин мекунанд;

– тасдиқи стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

– тасдиқи феҳристи касбҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

– муайян ва тасдиқ намудани тавсифномаҳои тахассусии талабот ба кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

– муқаррар намудани номгӯи касбҳое, ки аз рӯи онҳо гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шакли экстернат иҷозат дода намешавад.

 

(ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)

 

Моддаи 241. Ваколатҳои мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар соҳаи таҳсилоти

                       ибтидоии касбӣ 

 

Мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ:

– сиёсати давлатиро дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ амалӣ мегардонанд;

– роҳбарии соҳаро таъмин мекунанд;

– раванди таълимро тибқи стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, назорат мекунанд;

– нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия ва тасдиқ менамоянд;

– қоидаҳои қабули хонандагонро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳия ва тасдиқ менамоянд;

– санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбиро дар доираи ваколатҳояшон қабул менамоянд.

(ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)

 

Моддаи 25. Назорати давлатии сифати  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ

 

Назорати давлатии сифати  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи  таҳсилоти ибтидоии касбӣ, баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассисон, истифодаи дурусти маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои маблағгузории муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҷудо шудаанд, равона карда мешавад.

Назорати давлатии сифати  таҳсилоти  ибтидоии касбиро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа тибқи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

 

БОБИ 6.

МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДӢ ДАР СОҲАИ  ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

 

Моддаи 26. Маблағгузории муассисаҳои таълимӣ таҳсилоти ибтидоии касбӣ

 

Тартиби умумии маблағгузории муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.

Манбаи асосии маблағгузории фаъолияти таълимию истеҳсолӣ ва хоҷагӣ, рушди иҷтимоии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ маблағҳои буҷети давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, инчунин дигар манбаъҳо мебошанд.

Маблағгузории муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ метавонад бо маблағҳои зерини ғайрибуҷетӣ пурра карда шавад:

– даромади фаъолияти истеҳсолӣ;

– хизматрасонии таълимии пулакӣ;

– маблағи корфармоён;

– маблағи мақомоти давалатии шуғли аҳолӣ;

– маблағи сарпарастон;

– маблағи шахсии хонандагон ва падару модари онҳо;

– маблағҳои эҳсонкорӣ;

– дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои ғайридавлатии таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ метавонад мутобиқи меъёрҳои давлатӣ аз лаҳзаи аккредитатсияи давлатӣ гирифтан ва ҳангоми мавҷуд будани супориши давлатӣ ҷиҳати тайёр намудани кадрҳо аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда шавад.

Маблағгузории тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси коргарон, хизматчиён ва шаҳрвандони бекор аз ҳисоби маблағи корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳои манфиатдор, инчунин аз ҳисоби маблағи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)

 

Моддаи 27. Хизматрасонии пулакии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ

 

Муассисаҳои таълимии давлатӣ ҳуқуқ доранд ба аҳолӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, ба таври шартномавӣ (пулакӣ) ва хизматрасонии иловагии таълимро аз рӯи барномаҳои иловагии таҳсил, дарсомӯзи дар курсҳои махсус ва силсилаи фанҳо, репетитори, машғулиятҳо бо хонандагон ба омӯзиши амиқи касбҳо ва дигар хизматрасониҳо, ки барномаҳои дахлдор ва стандартҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ пешбинӣ намекунанд, расонанд.

Муассисаҳои таълимии ғайридавлатии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқ доранд, ки аз хонандагон барои хизматрасониҳои таълимӣ, аз ҷумла барои таҳсил дар доираи стандартҳои давлатии таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ маблағ рӯёнанд, ки он ҳамчун соҳибкорӣ баррасӣ намешавад, агар даромади аз он ба даст оварда шуда, барои ҷуброни хароҷоти таъмини раванди таълим, аз ҷумла барои музди меҳнат, инкишоф ва такмилӣ он дар муассисаҳои таълимии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ равона гардида бошад.

Муносибати муассисаи ғайридавлатии таълимӣ ва таълимгиранда, падару модари он  (шахсони онҳоро ивазкунанда)ба воситаи шартнома, ки сатҳи таълим, мӯҳлати таҳсил, ҳаҷми пардохти таҳсил ва дигар шароитҳоро муайян мекунад, танзим карда мешавад. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)

Хизматрасонии таълимии шартномавӣ (пулакӣ) наметавонад ба ҷои фаъолияти таълимӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, амалӣ гардад.

 

БОБИ 7.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 28. Ҳамкории байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ

 

Муассисаҳои  таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ҳуқуқ доранд дар соҳаи  таҳсилоти ибтидоии касбӣ робитаҳои байналмилалиро анҷом диҳанд.

 

Моддаи 29. Ҷавобгарӣ барои вайрои кардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ вайрон менамоянд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 30. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                      Э. РАҲМОНОВ

 

ш. Душанбе, 22 апрели соли 2003

№21

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …