Главная / Ҷамъият / ТАҲОРАТИ КАЛОН (ШУСТУШЎ) – ҒУСЛ

ТАҲОРАТИ КАЛОН (ШУСТУШЎ) – ҒУСЛ

САВОЛ: ҒУСЛ ЧИСТ? kontrastnyy-dush-dlya-rebenka

ҒУСЛ (ГУСЛ) – ин шустани тамоми бадан аст.

Фарзҳои ғусл 3-то аст:

  1.  Мазмаза: бо об даҳонро то гулў ғарғара кардан.
  2. Истиншоқ: ба бинӣ об кашида сахт афшонидан.
  3. Тамоми баданро ягон ҷои хушк намонда шустан.

Суннатҳои ғусл:

  1. Се бор шустани панҷаи дастон.
  2. Шустани узвҳои таносул.
  3. Агар дар бадан наҷосат бошад, онро дур андохтан.
  4. Вузў (таҳорати хурд) кардан.
  5. Тамоми баданро се бор шустан.
  6. Се бор болои сари худ об рехтан; сипас се бор – аз китфи рост, баъди он се бор – аз китфи чап.
  7. Дар дил нияти ғусл карданро гузаронида ва он ниятро ба забон рондан: «Ният кардам барои пок шудан ғусл намоям».
  8. Ҳангоми шустани панҷаи дастон «Аъузу би-л-Лоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим, бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим» талаффуз кардан.
  9. Аз сарфи беҳудаи об худдорӣ кардан.
  10. Шармгоҳи худро пўшонидан, хусусан ин ҳангоми дар ҳаммом будан муҳим аст.
  11. Баданро бо кафҳои дастон молиш дода шустан.
  12. Дар макони пўшида аз одамон шустушў кардан.
  13. Дар вақти ғусл сухан нагуфтан.
  14. Дар вақти шустушў кардан рўй ба сўи Каъба нагардонад.

Ғусл кардан бо риояи тамоми фарзҳо, суннатҳо ва қоидаҳои одоб:

Шахсе, ки хоҳиши ғусл кардан дошта бошад, нахуст суханони «Аъузу би-л-Лоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим, бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим»-ро талаффуз намуда, сипас ният мекунад. Панҷаи дастонро мешўяд ва зери нохунҳоро пок мекунад. Сипас узвҳои таносул ва тамоми баданро мешўяд.

Пас аз ин бо дасти рост ба даҳон об гирифта, се бор дандонҳо ва даҳонро то гулў ғарғара мекунад. Сипас ҳамчунин обро се бор бо дасти рост кашида биниро мешўяд.

Барои он ки бинӣ хуб тоза шавад, баъди ҳар бор об кашидан онро бо дасти чап меафшонад.

Сипас таҳорати хурд – вузўро аз рўи тартиби муқаррарӣ адо менамояд. Агар ҳангоми шустушў дар зери пойҳо об ҷамъ шавад, пас пойҳоро дар анҷоми ғусл мешўянд. Баъди вузў кардан се бор болои сари худ, сипас се бор – аз китфи рости бадан, баъди он се бор – аз китфи чап об рехта, тамоми баданро бишўяд. Ноф ва дигар ҷойҳоеро, ки ба онҳо об хуб намерасад, алоҳида бишўяд. Агар мўйҳо дароз бошанд, онҳоро бикушояд ва бехи мўйҳоро бишўяд. Агар дар бадан захми басташуда мавҷуд бошад ва болои он афтодани об нофорам бошад, бандинаро бо дасти тар тоза намояд.

Фоидаи ҷисмонии ғусл:

Ғусл таҳорати пурраи маросимӣ аст, ки инсонро аз нопокии маънавӣ тоза месозад ва бегумон барои бадани ў манфиатовар мебошад. Ғусл фаъолияти ҷисмонии баданро мунтазам ба тартиб медарорад.

Баъди ғусл кардан фаъолияти дилу рагҳо беҳтар мешавад ва фишори раги шараён устувор мегардад, нафаскашии пўст беҳтар мешавад, аз қабати пўст миқдори зиёди микроб-ҳои касалиовар дур мегардад.

Ҳолатҳое, ки дар мавриди он ғусл кардан зарур аст:

Мардону занон баъди алоқаи ҷинсӣ, занон – баъди ҳайз дидан ва покшавӣ пас аз зоймон (нифос) ғусл мекунанд. Бехи мўйҳоро шустан фарзи ғусл аст. Агар ҳангоми шус-тушў об ба бехи мўйҳо бирасад, он вақт барои кушодани кокулҳо зарурат нест.

Ҳангоми шустушў чархонидани ангуштарӣ (чалла) ва ҳал-қаҳои гузаронидашуда воҷиб аст.

Ғарғараи даҳон, об кашида афшонидани бинӣ ва се бор худро дар махзани оби тозае, ки ҳукми оби ҷориро дорад ва масоҳаташ 45-50 метри мураббаъ аст, зери об кардан ғусл ҳисоб мешавад.

Ҳамчунин ғусли касе дуруст мешавад, ки дар оби ҷорӣ оббозӣ кунад.

Ҳар чизи дар болои пўст, нохун ва зери он буда, ки монеи расидани об бар онҳо мегардад, (лак, хамир ва ғ.) ғуслро нодуруст мегардонад.

Дар ҳолати набудани ғусл анҷом додани корҳои зерин ҷоиз нест:

  • Ба масҷид даромадан.
  • Қуръони каримро хондан.
  • Даст расонидан ба Қуръони карим.
  • Тавофи Хонаи Каъба кардан.
  • Намоз гузоридан.
  • Дар давраи ҳайз дидан ва покшавӣ пас аз зоймон (нифос) занон намоз намегузоранд ва рўза намедоранд (рўзаи онҳо ба вақти дигар мегузарад).

Ҳолатҳои махсус барои занон:

  1. Покшавии моҳона – Ҳайз.
  2. Покшавӣ пас аз зоймон – Нифос.
  3. Хунравии ғайримуқаррарӣ – Узр.

Ҳар кадоми ин ҳолатҳоро донистани занон фарз аст. Вазифаи омўзонидани занон бар дўши шавҳарон ва парас-торони онҳо гузошта шудааст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …