Главная / Ҷамъият / ТАҲОРАТ АЗ ГУНОҲ ПОК МЕГАРДОНАД

ТАҲОРАТ АЗ ГУНОҲ ПОК МЕГАРДОНАД

tahorat_Ин ҳодиса дар давраҳои паҳншавии ПИНҲОНИИ Ислом дар Макка рух дода буд. Дар яке аз қабилаҳое, ки дар биёбон зиндагӣ мекарданд, шахсе буд бо номи Амр ибни Аббос. У дар бораи дини нав аз ҷое шунида, ба хотири аз наздик ба он ошноӣ пайдо кардан ба Макка омада Пайғамбар (с) -ро ҷустучӯ менамуд ва дар охир бо ӯ вохӯрд. Амр аз Пайғамбар (с) суол кард:

-Ту кй ҳастӣ, худро чй Гуна муаррифӣ мекунӣ?

-Ман Пайғамбар ҳастам ҷавоб дод, ҳазрати Муҳаммад (с).

-Кй туро ба ин роҳ роҳнамуд кард? пурсид Амр.

Ҷаноби Пайғамбар (с) ҷавоб дод:

-Маро Аллоҳ раҳ намуд сохт.

Амр ибни Аббос пурсид:

-Кадом вазифаҳоро Аллоҳ ба ту вогузошт?

-Ба хешовандон ёрӣ расонидан, бо онҳо муносибати хуб доштан, бутҳоро шикастан, Аллоҳро чун Худованди ягона қабул донистан ва ба у ҳеч касеро шарик надонистан.

-Дар ин ҷойҳо касе ҳаст, ки ба ту ёрӣ расонад?

  • Як марди озод ва як ғулом ҳаст, – ҷавоб дод Пайғамбари мӯҳтарам Муҳаммад (с). Дар он вақт дар қатори Пайғамбар (с) Исломро қабулкардагон Абубакр ва Билол буданд.

Амр гуфт:

  • Ман низ мехоҳам бо ту ҳамроҳ шавам, ба ту мадад кунам ва дар назди ту бошам.

Пайғамбар (с) ҷавоб дод:

– Ту он чизеро ки мегӯӣ имрӯз карда наметавонй. Ту ҳолати вазнини маро дар Макка намебинй? Ба қабилаи худ баргард. Вақте дар бораи ман хабаре шунидй, ба наздам биё.

Амр ибни Аббос калимаи шаҳодатро ба забон ронда мусулмон шуд. Чанд замоне Ӯ дар назди Пайғамбар (с) монд, сипас ба қабилаи худ баргашт. Дар он вақт ҳанӯз ҳукму фармон дар бораи фарз гаштани намози панҷ вақта аз тарафи Аллоҳ нозил нагардида буд. Бинобар ин, Пайғамбари Худо (с) дар бораи намоз ба Ӯ чизе нагуфт. Баъди ин ҳодиса СоЛҲо гузаштанд. Мусулмонон аз Макка ба Мадина ҳиҷрат карданд. Аз ҳиҷрат дарак ёфта, Амр ибни Аббос ба назди Пайғамбар (с) ба Мадина омад, то ӯро бубинад:

  • Ё Расули Худо! Маро дар ёд доред?
  • Бале, – ҷавоб дод Пайгамбар (с) – ту ҳамон шахсе нестй, ки ба назди ман ба Макка омада будй?

Амр ибни Аббос чавоб дод:

Бале, ё Расули Худо! Бигу ба ман он чиро, ки Худо ба ту омӯхт ва он чиро, ки ман намедонам. Пайғамбар (с) ба Ӯ дар бораи панҷ вақт намоз ва вақти хондани он нақл намуд. Ҳамчунин пеш аз хондани намоз доштани таҳоратро ба ӯ фаҳмонида дода, фармуд:

– Касе аз шумоён ки оби таҳорат тайёр мекунаду даҳону бинияшро мешӯяд, гуноҳҳои чашм, даҳон, ва бинияш шуста мешаванд. Агар Ӯ дастонашро то оринҷ шӯяд, гуноҳони дастони Ӯ бо об аз нӯги ангуштонаш чорй шуда мерезанд. Агар сари худро маҳс кашад, гуноҳони сари

Ӯ бо об аз нӯги мӯйҳояш мерезанд. Баъд Ӯ агар пойҳояшро то бучулак шӯяд, гуноҳони П0ЙҲ0ЯШ бо об аз нӯги ангуштони ПоЙҲоЯШ мерезанд. Агар шахси таҳорат карда, дар болои чойнамоз истода, ба намоз шурӯъ намуда ҳамду сано ва ситоиши Аллоҳ таъолоро кунад ва Уро бузург донад, чи хеле ки Аллоҳ таъоло ба ин ситоиш сазовору арзанда аст, бо тамоми ҳастиаш ба Худованд наздик мешавад ва ҳатман аз гуноҳ пок мегардад, ҳамчуноне, ки нав аз модар таваллуд шуда бошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …