Главная / Теги: Тиб (страница 2)

Теги: Тиб

МАҒЗИ САР

magzi-sar

МАҒЗИ САР (Encephalon), қисми пеши силсилаи асабҳои марказӣ, ки дар ҷавфи косахонаи сар (ҷумҷума) ҷой гирифтааст. Он аз нимкураҳо, тана ва майнача иборат аст. Вазни М. с.-и одами калонсол 1200 – 1400 г мебошад. М.с.-и кӯдаки навзод ба ҳисоби миёна 350 г вазн дорад, ки ҳаштяк ё даҳяки вазни умумии …

Муфассал »

МАҒЗИ УСТУХОН

magzi-ustugon

МАҒЗИ УСТУХОН (Medulla ossium), узви хуну устухонофар ва ҳифзи биологии организм; дар ҷавфи моддаи исфанҷии устухон ҷой гирифтааст. Ташаккули М. у. дар тифли батн дар охири моҳи сеюми рушди он хотима ёфта, дар моҳҳои 4 – 5 ба фаъолият (ҳосил кардани хун) оғоз мекунад. Дар навзодон массаи М. у. тақр. …

Муфассал »

МАҒЗЧА

magzcha

МАҒЗЧА (Cerebellum), майнача, як қисми мағзи сар. М. дар координатсияи ҳаракат, ҳифзи ҳолату вазъи тан, тонус ва мувозанати бадан ширкат меварзад. Дар чуқураки қафои ҷумҷума дар болои мағзи дарозрӯя ва пули Варолио мавқеъ гирифтааст. Дар болои М. ҳиссаҳои пасисарии майна мавқеъ ёфтаанд; дар байни онҳо ва М. шохаи сахти майнапарда …

Муфассал »

МАҒОР

magor

МАҒОР, пӯпанак, карра, гарди тибит ё махмалинест дар растанӣ, хӯрокворӣ, баъзан ҳайвонот ва ғ., ки аз спора гузоштани пӯпанак – аскомисетҳо, фикомисетҳо ва занбӯруғҳои дараҷаи паст ҳосил мешавад. Риштаҳои занбӯруғӣ (митселияҳо) субстратро сӯрох ва ферментҳои махсус ҷудо намуда, онро вайрон месозанд. М. ба хоҷагии халқ зарари калони иқтисодӣ мерасонад, маҳсулоти …

Муфассал »

МАДАЛИЕВ Исматулло Неъматуллоевич

nophoto

МАДАЛИЕВ Исматулло Неъматуллоевич ( 30. 09. 1950, ш. Душанбе – 10. 03. 2010, ҳамон ҷо), ҷарроҳ, доктори илми тиб (1997), проф. (1997). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1973). Ординатори Беморхонаи марказии ноҳ. Ленинград (1973 – 75), ординатори Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 (1975 – 85), аспирант (1985 – 88), ассистент (1988 – …

Муфассал »

МАЗОХИЗМ

mazohizm

МАЗОХИЗМ (Masochismus), майл ба зӯроварӣ, эҳсоси қаноатмандӣ пайдо кардан аз таҳқиру машаққат расондани дигарон. Истилоҳи М. аз номи нависандаи австрӣ Захер Мазох, ки гирифтори ин беморӣ будааст, бармеояд. М.-и шаҳвонӣ яке аз намудҳои фосиқӣ буда, дар мавриди он агар яке аз ҳамхобаҳо аз ҷониби шарики худ ҳарчи зиёдтар азияту залолат …

Муфассал »

МАЙВИЗАҶ

mayvizach

МАЙВИЗАҶ (Delphinium oreophilum), гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 70 см қад мекашад. Пояаш сершох, баргаш думчадароз, 3 – 5 – парра, гулаш кабуд, мевааш дарфшмонанди нӯгкаҷ, пашмакдор. Июн – июл гул карда, июл – сент. мева мебандад. Дар дашту арчазор, марғзор, чимзамин, нишебиҳо ва санглох мерӯяд. Дар қ.-кӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, …

Муфассал »

МАЙДОНИ МАГНИТӣ

magnit

МАЙДОНИ МАГНИТӣ, майдони қуввагиест, ки ба зарядҳои электрии мутаҳаррик ва ҷисмҳои дорои моменти магнитӣ новобаста ба ҳолати ҳаракати онҳо таъсир мекунад. Ноқили ҷараёндор, ҷисмҳои зарядноки мутаҳаррик ё магнитнок кардашуда манбаъҳои М. м. мебошанд. Дар ҳама маврид сабаби умумии пайдоиши М. м. ҳаракати зарядҳои электрӣ аст. М. м. ба ҳамаи объектҳои …

Муфассал »

МАЙДОНЧАИ СПОРТИи

maydoni-sport

МАЙДОНЧАИ СПОРТИи рӯи ҳавлӣ барои бо тарбияи ҷисмонӣ мунтазам машғул шудан шароити зарурӣ ва мусоид фароҳам меоварад. Министадиони рӯи ҳавлиҳо ҷои нисбатан камро ишғол мекунад ва зеби ҳар як маҳалли истиқоматӣ мебошад. Ҷиҳози М. с.-ро асосан аз ғулбаҳои филизӣ ва чӯб месозанд. Ҷиҳози асосӣ – барабан – «давдавак», ходаҳо барои …

Муфассал »

МАЙЗАДАГИИ МУЗМИН

mayzadagii-muzmin

МАЙЗАДАГИИ МУЗМИН, бемориест, ки аз сабаби мунтазам ва беэътидол истеъмол кардани нӯшокиҳои спиртдор инкишоф меёбад. Нишонаҳои аввалини он: одам миқдори муайяни машруботи спиртдорро менӯшад, вале заҳролуд намешавад, шароб ба дили ӯ намезанад ва қай намекунад. Дар айни замон нисбати машрубот шавқи носолиме пайдо хоҳад шуд (доимо дар бораи он фикр …

Муфассал »