Главная / Теги: Тиб (страница 11)

Теги: Тиб

МЕЗОТЕЛИОМА

mezotelioma

МЕЗОТЕЛИОМА (Mesothelioma; юн. mesos – мобайнӣ, миёна ва [epi]thelium – эпителий), омосест, ки аз ҳуҷайраҳои мезотелий ташаккул меёбад; мезотелий пардаҳои серозии сифоқ (шикампарда), плевра ва ғ.-ро фаро гирифтааст. М. некфарҷом ва бадфарҷом мешавад. Дар давраҳои аввали беморӣ нишонаҳои болинии он возеҳ ба назар намерасанд. Дар ҷавфи серозӣ моеъи геморрагӣ ё …

Муфассал »

МЕЛАНОЗИ ПӯСТ

melanozi-pust

МЕЛАНОЗИ ПӯСТ (Melanosis cutis; юн. melas, melanos – сиёҳ), меланодермия, меланопатия, бемориест, ки бинобар дар таркиби пӯст бисёр ғун шудани пигмент (асосан пигменти меланин) рух менамояд. М. п., одатан, дар натиҷаи тамоси бардавоми саноатӣ (баъзан маишӣ) бо карбогидридҳо (маҳсули тақтири нефт, ангиштсанг, сланетс ва ғ.), ки ҳангоми нафас кашидани ҳавои …

Муфассал »

МЕЛАНОМА

melanoma

МЕЛАНОМА (Melanoma; юн. melas, melanos – сиёҳ ва … ома), меланобластома, меланокарсинома, меланосаркома, меланоситома, невокарсинома, омоси бадфарҷом, ки аз ҳуҷайраҳои пигментофар – меланоситҳо ташаккул меёбад. М. бисёр вақт дар пӯст ба мушоҳида мерасад, вале он метавонад дар рӯда (асосан рӯдаи борик ва рост), пардаи майна ва ҳароммағз, шабакия, ҷисми мижгоншакл, …

Муфассал »

МЕЛЕНА

melena

МЕЛЕНА (Melaena; юн. melaina [nosos] – бемории сиёҳ), наҷосати сип-сиёҳи бадбӯй; аломати асосии хуншории сурхрӯда, меъда ва рӯдаҳо. М. мумкин аст дар натиҷаи фурӯ бурдани хун, мас., ҳангоми хунравӣ аз бинӣ ё шуш низ ба вуҷуд ояд. Сабаби сиёҳ гаштани пасафканд дар он мавҷуд будани сулфиди оҳан (дар рӯда дар …

Муфассал »

МЕЛИОИДОЗ

melioidoz

МЕЛИОИДОЗ (Melioidosis; юн. melis – манқагӣ, eidos – намуд), псевдохолера, пневмоэнтерит, як навъ бемории сироятӣ, ки ҷараёни вазнин дошта, бо уфунат ва пайдоиши думбал дар узву бофтаҳои гуногун падид меояд. Ангезандаи М. – Pseudomonas pseudomallei қаламчамикроби граммусбат буда, ба таъсири моддаҳои гандзудо ва ҳарор. баланд тоб намеорад. Манбаи ангезандаи беморӣ …

Муфассал »

МЕНИНГИОМА

meningioma

МЕНИНГИОМА (Meningioma), омосе, ки аз ҳуҷайраҳои маинапардаи сахт – бофтаҳое, ки майнаро фаро гирифтаанд, месабзад. М. бемории маъмул аст. М. метавонад дар ҳама қисматҳои ҷумҷума падид ояд. Аломатҳои беморӣ ба ҷойгоҳи он вобаста мебошанд. Ҳангоми М. дасту по нимфалаҷ (парез) ва босира заиф шуда, дубинӣ рух медиҳад, хуруҷи саръ (эпилепсия) …

Муфассал »

МЕНИНГОКОКК

meningokokk

МЕНИНГОКОКК (Menungococcus), як намуди диплококкҳои грамманфӣ. М. ангезандаи бемориҳои менингококкӣ мебошанд. Андозаи М. 0,6 – 1,0 мкм аст. Ба шакли донаи қаҳва буда, дар моеи ҳароммағз ҷой мегиранд. Онҳо фақат дар муҳите меафзоянд, ки дорои сафедаи одам ё ҳайвонот аст. М. экзотоксин ҳосил намекунад. М. аз таъсири гармӣ (650С) баъди …

Муфассал »

МЕНИНГОКОККЕМИЯ

meningokokkemiia

МЕНИНГОКОККЕМИЯ (Meningococcaemia), як навъ бемории сироятии хеле вазнин; ба таври шадид оғоз меёбад. Ҳарорат ба 39 – 41°С расида, мариз табларза мекунад. Пайдоиши табу тасф ба дараҷаи вазнинии беморӣ мувофиқ намеояд. Дар мавриди инкишофи садамаи сироятӣ-заҳрӣ ҳарорат, одатан, паст мефарояд ё мӯътадил аст. Дар баробари афзудани ҳарорат, аломатҳои дигари заҳролудӣ …

Муфассал »

МЕНОПАУЗА

menopauza

МЕНОПАУЗА (Menopausa), давраи қатъи ҳайз. М. бинобар хомӯш шудани фаъолияти тухмдонҳо ба вуҷуд меояд. М. гуфта ҳамон ҳолатеро меноманд, ки агар аз ҳайзи охири зан камаш як сол сипарӣ шуда бошад. М. табиӣ ва сунъӣ мешавад. М.-и табиӣ ба харобии синнусолии захираи фолликулаҳо дар тухмдон вобаста аст. М. асосан дар …

Муфассал »

МЕТАБОЛИЗМ

metabolizm

МЕТАБОЛИЗМ (аз юн. metabole – тағйирёбӣ, табаддулот), маҷмӯи реаксияҳои химиявӣ дар ҳуҷайраҳои зинда, ки организмро бо энергия ва моддаҳои барои фаъолияти ҳаётӣ, сабзишу афзоиш муҳим таъмин менамоянд. Ба маънои васеъ «М.» мубодилаи моддаҳо ва энергия, ба маънии саҳеҳтар мубодилаи мобайнӣ, яъне табаддулоти моддаҳоро дар дохили ҳуҷайра ифода мекунад (аз лаҳзаи …

Муфассал »