Главная / Теги: Таърихи умумӣ синфи 8 (страница 7)

Теги: Таърихи умумӣ синфи 8

Ҳолати ниммустамликавии Эрон

iran_14

Баъди ҷанги солҳои 1856 1857 Эрон ба ниммустамлика табдил меёбад. То солҳои 70- уми асри XIX Эрон аллакай ба Англияю Русия вобаста буд. Вобастагии Эрон баъди ба ширкатҳои хориҷӣ доднии иҷора (консессия) ва қарордодҳо дар бораи вомбарг (заём)-и хориҷӣ боз ҳам зиёдтар мешавад. Солҳои 1862-1874 англисҳо оид ба дар Эрон …

Муфассал »

Дигаргуниҳои иқтисодӣ ва ҷамъиятию сиёсии Афғонистон

afghanistan

Истеҳсолоти ҳамин давраи Афғонистон моҳияти натуралӣ дошт. Асоси ҳаёти иқтисодии мамлакатро мисли пештара кишоварзӣ ташкил мекард. Он ба меҳнати дастӣ асос ёфта буд. Дар оғози асри XX пешрафти пахтапарварӣ мушоҳида карда мешавад. Афғонистон онро ба Ҳиндустон ва Русия мебаровард. Дар ин давра марказҳои нисбатан калони тиҷоратию косибии мамлакат Кобул ва …

Муфассал »

Ба сари қудрат омадани Абдураҳмонхон дар Афғонистон

154px-abdur_rahman_khan

Дар дохили Афғонистон чунин шахсият набуд. Ҳам истилогарони англис, ҳам русҳо ва ҳам афғонҳои исгиқлолиятхоҳ дар ин вазифа набераи Дӯстмуҳаммад ва ҷияни Шералиҳои Абдураҳмонхонро дидан мехостанд. Русҳо ба Абдурахмонхон шарот фароҳам оварданд, ки аз Туркистон фирор кумад. Ӯ аввал ба Бадахшон омад. Дар он ҷо ҳокимияти ӯро эътироф карданд. Ҳар …

Муфассал »

Оғози ҷанги Англияву Афғонистон

battle_in_afghanistan

Дар ишғол кардани Афғонистон бо Англия Русия рақобат мекард. Соли 1873 ҳукумати Русия Англияро бовар кунонид, ки “Афгонистон минтақаи манфиатҳои худ намешуморад”. Баъди ин Англия сипоҳи худро ба наздикии сарҳади Афғонистону Ҳинду оварда ҷо ба ҷо кард ва ба ҷанги зидди Афғонистон омодагӣ гирифт. Аз ин кор Шералихон ба ташвиш …

Муфассал »

Ислоҳоти Шералихон дар Афғонистон

019pho000000127u00044000-svc1

Соли 1863 Дӯстмуҳаммадхон вафот кард ва барои тоҷу тахти Афғонистон дар байни писарони ӯ муборизаи мусаллаҳона сурат гирифт. Оқибат соли 1868 дар ин мубориза Шералихон ғолиб баромада, амири Афғонистон шуд. Шералихон ба Ҳиндустон сафар карда, ба навгониҳои аз Англия ба он ҷо роҳёфтаи буржуазӣ шиносоӣ пайдо намуда, баъди ­ба ватан …

Муфассал »

Вазъи мустамликавии Ҳиндустон дар аввали асри XX

1363023428_2

Соли 1899 ноиби шоҳ Кёрзон (1899 – 1905 ) таъйин карда мешавад. Ӯ дар Ҳиндустон сиёсати рӯирости нажодпарастиро пеш мебурд. Маъмурияти Кёрзон корчаллонҳои англисро пуштибонӣ карда, ба саноатчиёни ҳиндустонӣ монеаҳо эҷод мекард. Соли 1903 Кёрзон ба зери қонуни махсусе имзо гузошт, ки он дар ҷустуҷӯ ва азхудкунии боигариҳои минералии Ҳиндустон …

Муфассал »

Оғози ҳаракати умумиҳиндустонии миллию озодихоҳӣ

1363023184_1

Ба рафти болоравии ҳаракати миллию озодихоҳӣ дар мамлакат режими мустамликавӣ тавассути ҷазодиҳиҳо ҷавоб мегардонид. Соли 1878 ноиби шоҳ Литтон (1876-1880) дар бораи силоҳ қонуне баровард, ки аз рӯи он ба ҳиндуҳо соҳиби силоҳи оташфишон будан манъ карда шуд. Худи ҳамон сол қонуни ниҳоят бераҳмонае оид ба матбуот ҳам қабул гардид, …

Муфассал »

Оғози ҳаракати миллию озодихоҳӣ дар Ҳиндустон

1330985789_torzhestvennaya_processiya

Англия Ҳиндустонро дар парокандагӣ нигоҳ медошт. Дар ин ҷо қариб 600 княз мавҷуд буд ва ҷудоии онҳоро метрополия муҳофизат мекард. Ин ҳолат имконият намедод, ки миллатҳои Ҳиндустон хуб ташаккул ёбанд. Халқиятҳои дар гузашта пешқадам, масалан, андҳра, малаялӣ ва ғайра қаламрави умумии худро надоштанд. Заминҳои аҷдодии онҳо ба князиҳои алоҳила, ки …

Муфассал »

Сиёсат иқтисодии Англия дар Ҳиндустон

1330985739_process_tilaka

Сиёсати иқтисодии Британияи Кабир дар Ҳиндустони нимаи дуюми асри XIX – аввали асри XX ба нафъи империализми англис нигаронида шуда буд. Ин сиёсат ҳам кишоварзӣ, ҳам саноат, ҳам нақлиёт ва ҳам алоқаро дар бар мегирифт. Англисҳо дар Ҳиндустон захираи заминро аз нав ба ҳисоб гирифта, пардохти андоз аз замин ва …

Муфассал »

“Шӯриши сипоҳиён” ва тағйири идораи мустамликавии Ҳиндустон

46-1

Солҳои 1857 – 1859 дар Ҳиндустон ба муқобили мустамликадорони англис шӯриши калоне ба амал омад, ки он бо номи “Шӯриши сипоҳиён” машҳур аст. Ҳарчанд дар ин шӯриш асосан аскарони англисии баромадашон аз Ҳиндустон ширкат варзиданд, вале он дар байни халқи ин мустамликаи Британия хамовозии калон пайдо намуд. Англисҳо тавассути аскарони …

Муфассал »