Главная / Теги: tandurusti (страница 6)

Теги: tandurusti

БОЛДИРҒОН дар Канзи Шифо (Китоб)

boldirgon-660x330

Болдирғон  (Борщевик ба русс.) — ин растаниро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон куруш низ меноманд. Гиёҳаш баланд — баробари қадди одам ва баландтар низ, пояаш миёнхолӣ. Ин ду навъ аст: яке хушбӯй, дигаре бадбӯй. Қисмеро баргаш монанди барги карам ва аз он кӯчактар, гулаш чатрӣ, монанди гули шибит, вале назар ба …

Муфассал »

МЕҲРГИЁҲ дар Канзи Шифо (Китоб)

mehrgiyoh

Меҳргиёҳ —  ин гиёҳи машҳур ва мӯътабар аст, ки ба забони руссӣ онро «Женщень» меноманд. Навъҳои гуногун дорад. Як навъи растании саҳроияш монанди мармиҷон аст, баландиаш то як газ мехезад, баргаш монанди барги анҷир, вале майдатар аз он, самараш дар вақти расидан сурх мегардад, ки ба андозаи самари тут аст. …

Муфассал »

ЗАҒИР дар Канзи Шифо (Китоб)

zagir-660x330

ЗАҒИР (Загер) — Ин растании зироатӣ ва маълум аст, қадаш то 50-70 сантиметр мехезад ва камтар аз он низ мешавад. Гулаш бунафш, тухмаш дар қуббае пур ва зич ҷой гирифтааст, қариб ба тухми кунҷид монанд аст. Аз пояи он нахҳо ҳосил карда, матоъ мебофанд. Либосаш дар гармои тобистон бисёр салқин медорад. …

Муфассал »

ЮНУЧҚАИ ЗАРДАК дар Канзи Шифо (Китоб)

younuchqai_zard-492x330

Юнучқаи зардак — инро тоҷикон дар як қатор маҳалҳо говришқа ва ришқаи зардак ҳам меноманд. Баргаш ба барги юнучқа шабоҳат дорад, вале гулаш зард аст. Шохҳои баъзе навъаш ба замин паҳн шуда месабзад ва баъзе навъи он поядор мебошад. Мизоҷаш мӯьтадил дар гармиву сардӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳамаи мизоҷҳоро …

Муфассал »

Коҳу дар Канзи Шифо (Китоб)

salat_qohu-660x330

Коҳу — Инро ба русӣ салат меноманд. Коҳу растании маълум ва машҳур мебошад; саҳроӣ ва бӯстонӣ низ мешавад. Қисми саҳроияш ҳам намудҳои гуногун дорад. Дар тиб барои давогӣ бӯстониашро истифода мекунанд. Мизоҷи коҳуи бӯстонӣ сард ва тар дар дараҷаи дувум аст. Хислатҳои шифобахши Коҳу: инро бихӯранд, хунро соф мегардонад, дар бадан …

Муфассал »

Чойкаҳак дар Канзи Шифо (Китоб)

choikahak

Чойкаҳак (русс. Зверобой) — Ин гиёҳ асосан дар се намуд мерӯяд, ки барои табобат истифода мегарданд. Ҳарсеро ҳам тухмаш ба ҷав монанд аст. Як қисмро баландии пояаш як ваҷаб ва зиёдтар аз он ҳам ҳаст. Баргаш монанди барги говкафонак, бисёр сурх, гулаш сафед ва монанди гули шибит чатрӣ, бӯяш ба бӯйи …

Муфассал »

Ёсамин дар Канзи Шифо (Китоб)

yosamin-560x330

Ёсамин (Жасмин ба забони руссӣ) —  инро есаман гуфтан ҳам дуруст мебошад, вале на «ёсуман». Ин гулест хушбӯй, рангҳои сафед, зард, кабуд дорад ва пушти гули баъзе навъаш бунафш аст. Ба ғайр аз навъи зардаш дигарҳои он бӯстонӣ; саҳроӣ ва кӯҳӣ мебошанд. Қисми сафеди он хушбӯй аст ва бисёртар вомехӯрад, …

Муфассал »

Нилуфар дар Канзи Шифо (Китоб)

nilufar-640x330

Нилуфар  —ин калима аслан аз «нилупаҳл»-и забони ҳиндӣ мебошад ва маънои «нил» дар забони ҳиндӣ — «об» ва «паҳл» — самар аст. Ба русӣ лотос меноманд. Нилуфар гулест, ки дар кӯлҳо ва дигар обҳои истода месабзад, баргаш ба рӯйи об паҳн мешавад ва аз паҳлӯи он поя баромада, дар сари …

Муфассал »

Коснӣ дар Канзи Шифо (Китоб)

kosni-660x330

Коснӣ (русс. цикорий) — ин гиёҳи маълум аст, баргаш қариб ба барги коҳу монанд аст, гулаш кабуди хушманзар ва таъми ин талх мебошад. Мизоҷи тару тозаи он дар охири дараҷаи аввал хунук ва тар аст. Агар дар ҷоҳои гарм ва дар ҳавои гарм расида бошад, мизоҷаш гарми ба хушкӣ моил мегардад. Ва мизоҷи …

Муфассал »

Наргис дар Канзи Шифо (Китоб)

nargis_2-660x330

Наргис — Ин гули хушбӯй ду навъ мебошад: яке қадаҳӣ, дигараш дутубақа. Гули навъи қадаҳии онро дар мобайнаш ба шакли қадаҳе ё пиёлачае, зардранг, баргҳои гулаш шаш адад, сафед ва моил ба гирдак. Инро наргиси нар ҳам мегӯянд ва навъи дутубақаро наргиси мода мехонанд. Баргҳои он зиёда ва бо рангҳои гуногун, …

Муфассал »