Главная / Теги: Шералӣ Мўсо (страница 4)

Теги: Шералӣ Мўсо

ҚАЗОИ НАМОЗИ ШОМ

osmon-namoz

Дунё вафо надорад, эй нури ҳар ду дида… Ҳофиз – Оҳ!.. Пирамард, ки тарс аз қазои намоз дошт, саросема ба офтоб нигаристу «хайрият» гуфта, оҳи сабук кашид. Офтоб рў ба уфуқ мерафт ва кам-кам қудрати худро аз даст медод. Рўшноию гармӣ коста мегардид. Торафт заиф мешуд. Коҳилу зардранг мегашт. Бобои …

Муфассал »

ҚИССАИ  БАҲОРӢ

siyohgush

Аввали баҳор бошад ҳам офтоб заминро чун танўр метафсонд. Ин вазъиятро пуршиддат мегардонад. Аз ин рў пагоҳӣ ба ў таъкид карданд, ки ҳушёр бош, баҳор аст. Ҳа, дар ин айём мошин бисёр мешавад. Бўи баҳор ба димоғ зада, одамро маст мекунад. Бедоршавии табиат ҳамаро каме хоболуд мегардонад. Хусусан ба ронандаҳо …

Муфассал »

Қиёми Қисмат

Аристократы эфталитов

Ҳеҷ шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд. Мирзо Бедил Шаб субҳро хайрбод мегуфт. Субҳ руҷўи дидор дошт. Нафаси тозаи субҳ ҷисми Давлат Раҳматро навозиш мекард. Накҳати орзуро дар фазои дили ў паҳн менамуд. Ҷисмаш гўё гул кардаву қалбаш сурур дошт. Баногоҳ хоби шаб дидааш ба ёдаш зад. Хоби хеле аҷиб. …

Муфассал »

Исёни аскар

mangiti

– Холаи Гулмоҳ! – Ҳа… Чӣ мегўӣ? – Э тезтар бароед, Раис худоӣ дода истодааст. Худоӣ… – Худоӣ? Чӣ хел худоӣ? – Ҳафти бародараш. Шаш дег ош мондааст. Боз мегўянд, ки кабку моҳӣ ҳам мепазанд. Гулмоҳ дар маҳалла аз ҳама камбаѓал буду ягона такягоҳ – ҳамсараш се моҳ пеш аз …

Муфассал »

Идона

duru-marvorid

  Яке аз рўзҳои тираи моҳи ноябр. Мо аз маъракаи ҳафт бармегаштем. Пеш-пеши мо марде дар арқааш як лингаи вазнин заминро газам-нагазам базўр роҳ мерафт. – Ана, ид ҳам наздик омад, – гуфт Ботур, марди навчаи газгўшт, шонапаҳн. Дар ҳамин ҳангом бачае баланд нидо намуд: – Ид омаду ид омад, …

Муфассал »

Забони ширин

duxtaroni-tojik-77

Рўзи душанбе. Аз пагоҳӣ борон сим-сим меборид. Аброр дўсташ Ҷабборро ғамгину маъюс дида, хавотиромез пурсид: – Ҳа, чӣ шуд? Аз қошу қавоқат барфу борон меборад? – Эъ, кӣ кашад ҷабру ҷафо, кӣ кунад кайфу сафо, – бо андўҳи бепоён ҷавоб дод Ҷаббор. – Айюби Буз мепарад. Аз чӣ бошад, ки …

Муфассал »

Ё ВА Ё

«Боғи шукуфон». С. Чокморов

Ин ҷавонмарди қадпаст ва чорпаҳлўи фарбеҳ Салим ном дошт. Ў марде буд назарногир, вале чопсул. Касе номи ҳақиқиашро намегирифт. Ҳама Пакана мегуфтанд ўро. Ҷудо меҳрашон тобад – Малыш. Дар маъракаву нишастҳо ба ў гап намерасид. Насибаш танқиду сарзаниш буд. Боре болоро ҳам надида буд. Ба қавле саги погаҳи дар буд. …

Муфассал »

ДЎКОНИ МУҲОБОТ

zan

Дар чунон тараққосзанон кушода шуд, ки гўё касе онро бо лагад барқасд кўфт. Мо як қад парида, сўи дар дида дўхтем. Аввал шиками калон, баъд худи соҳиби шикам – марди ханҷарбуруте намоён гашт. Вай ҷунбида-ҷунбида чанд қадам пеш омад. Мо аз вазъияти «озод бош!» ба вазъияти «тайёр бош!» гузаштем. Мард …

Муфассал »

Дизертир – ҳикоя

dezertyr

Ўро табъ вожгун буду дил чун шоми ғарибон сиёҳ. Дар курсии корӣ менишасту на маҷоли сухан ва на майли амале дошт. Вай ҷавонмарде буд: зебо, зиндадилу хушгап, ба дилаш ғамро роҳ намедод. Аз он рўзе, ки ҳаёт дар ҷумҳурӣ ноором гашт, ў ҳам тағир ёфт. Чашмонаш чукида ва суп-сурх. Гўё …

Муфассал »

ГУЛ ДАР ЧАМАН ХУШ АСТ

duxtaroni-tojik-92

Ид буд он рўз! Зеботарин ид – иди занон, занони тамоми дунё! Пирамард аз ҳаррўза барвақттар хеста, як сабад гулдаста тайёр кард. Рўз акнун сафед шуда меомад, қуллаҳо бошад, кайҳо ғарқи нўри офтоб гашта, нофармону норинҷӣ метофтанд. Пирамард чашмонашро нимкоф карда, ба осмон менигарад. Ҳаво басо дилкаш буду дилкушо. Бо …

Муфассал »