Главная / Теги: Шералӣ Мўсо (страница 10)

Теги: Шералӣ Мўсо

Падар (Ҳикоя)

pritcha-01

Аз ҳавои хуши зодгоҳаш чуқур нафас кашида, Тоҷинисо бо писараш чун наврўзи баҳор ба остонаи хонаи падар қадам мегузорад. Ва эҳсоси он ки модараш ўро пешвоз намегирад, сараш ба шўр омада, дилаш пурғусса мегардад. Ҳа, бе модараш ҳавлӣ холӣ, хона тиҳӣ! Вале эҳсоси он ки падараш ҳаст, акаҳову хоҳараш ҳастанд, …

Муфассал »

ТИРУ КАМОН (Ҳикоя)

tiru-kamon

Он рўз ў якбора чанд сол калонтар шуд. Гўё дар як он ба воя расид. Кўдак рафту болиғ баргашт. Хандон, беғам, бедарду алам рафту гирёну ғамзада, бо дарду алам омад. Сарфарозу сарболо, бо рўи сурх аз дар баромаду сархам бо рўи чун пахта сап-сафед аз дар даромад. Гуноҳи падар агарчи …

Муфассал »

ТУЛЎЪ ДАР ҒУРУБ (Ҳикоя)

priroda-rassvet-solnce

– Модарҷон!.. Омад… Аз ин нидо, ки булўри сукутро пора-пора месозад, модар як қад мепарад. Дилаш ҷиғғас мезанад ва биму хатар аз гулўяш мегирад. Сипас ба худ мепечаду ҳаросон сар ба рўи писар хам карда, бо тарсу таҳлуқа мепурсад: – Чӣ гуфтӣ, ҷонакам? Кӣ омад? – Падарам омад, – чеҳраи …

Муфассал »

МУКОФОТИ АМАЛ ( Ҳикоя)

xona

Устод Ато Ҳамдам аз боғи баҳори панҷоҳумини худ гул чида истодааст. Дар ин айёми муборак чун яке аз онҳое, ки  аз фазилати неки инсонии ў баҳра бардоштаам, дар борааш сухане нагуфтанам норавост. Ман аз тақдиру толеи худ бисёр розиву  қаноатманд ҳастам, ки дар зиндагӣ маро бо ин инсони нек рў …

Муфассал »

Ғамхурда – Ҳикоя

gamgin

Баҳори соли 1992, ки ин қадар бетоқатона интизораш будем, фаро расид. Вале – дареғ! – ки он накў наомад. Дар ин баҳор хуни чандин нафар бегуноҳон рехт. Бар илова, журналисти боистеъдод ва нависанда Раҳмат Зайдуллоро ҳам аз қатори мо рабуд ин баҳор. Басо бармаҳал, дар қиёми орзую ниятҳои нек рабуд. …

Муфассал »

ЧУН БИШКАНАД ШОХИ ҶАВОНӢ

javoni

Марги беамон ўро рабурд. Бо ҳазорон орзуҳояш. Ў худ гул буд. Поизи соли гузашта умри ў хазон гашт.           Зи сад гул як гулат нашкуфта рўзе,           Аз ин дунё дили ѓамнок бурдӣ,           Ҷавонӣ зеби дунё дорад, афсўс,           Ҷавониро ту зери хок бурдӣ. Чанде пеш дафтари киссагиамро варақ …

Муфассал »

ВАҚТИ ГУЛИ СЕБ

118365_or

Зебоӣ бо тамоми шукўҳу шаҳомат зиндагиро ба оғўш кашида. Ва зиндагӣ дар ин оғўши пур аз назокату латофат фароғат дорад. Мардум мисли ин ки кўҳеро аз дўш фароварда бошанд, худро сабук, озод, болидарўҳ ҳис мекарданд. Ба лаб ҳазор шукр ва ба таъкид мегуфтанд: – Наврўзат фирўзу ҳар рўзат Наврўз бод! …

Муфассал »

Шералӣ Мўсо – Нависанда

Тарҷимаи ҳол (биография): Шералӣ Мўсо (Мўсоев) 25 марти соли 1951 дар деҳаи Ганҷинаи (собиқ Меҳнатобод) ноҳияи Ваҳдат (собиқ Кофарниҳон) дар оилаи деҳқон дида ба олам кушодааст. Соли 1968 пас аз хатми мактаби миёнаи №1 ба номи Н. Крупскаяи ноҳия ба Институти Политехникии Тоҷикистон дохил гашта, онро соли 1973 бо ихтисоси муҳандиси …

Муфассал »