Главная / Теги: Кодекси Андоз (страница 32)

Теги: Кодекси Андоз

Оғози санҷиши андоз

ogozi-sanjishi-andoz

Моддаи 33-и Кодекси Андоз. Оғози санҷиши андоз Оғози санҷиши андоз лаҳзаи ба андозсупоранда (агенти андоз) супоридани амрнома ба ҳисоб меравад. Кормандони мақомоти андоз, ки санҷиши андозро мегузаронанд, вазифадоранд ба андозсупоранда шаҳодатномаи хизматии худро нишон диҳанд ва тибқи тартиби муқарраршуда дар дафтари бақайдгирии санҷишҳои субъектҳои хоҷагидорӣ қайди дахлдор кунанд. Кормандони мақомоти …

Муфассал »

Асос барои гузаронидани санҷиши андоз

asos-baroi-guzaronidani-sanjishi-andoz

Моддаи 32-и Кодекси Андоз. Асос барои гузаронидани санҷиши андоз Асос барои гузаронидани санҷиши андоз амрнома мебошад, ки шакли онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофика бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Дар асоси як амрнома танҳо як санҷиши андоз гузаронида мешавад, ба истиснои санҷиши амалиётӣ.

Муфассал »

Огоҳинома дар бораи санҷиш

ogohinoma-dar-borai-sanjish

Моддаи 31-и Кодекси Андоз. Огоҳинома дар бораи санҷиши дарпешистодаи андоз Мақомоти андоз на дертар аз 10 рўзи корӣ пеш аз оғози санҷиши ҳуҷҷатии андоз ба андозсупоранда дар хусуси гузаронидани санҷиши андоз огоҳинома мефиристанд ё месупоранд, агар ҳамин модда тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад. Дар бораи санҷиши дарпешистодаи ғайринақшавии андоз андозсупоранда …

Муфассал »

Давомнокӣ ва вақти гузаронидани санҷишҳои андоз

davomnoki-va-vakti-guzaronidani-sanjishhoi-andoz

Моддаи 30-и Кодекси Андоз. Давомнокӣ ва вақти гузаронидани санҷишҳои андоз Мўҳлати гузаронидани санҷишҳои андози дар амрномаи додашуда зикршаванда набояд аз лаҳзаи пешниҳоди амрнома аз 30 рўзи корӣ зиёд бошад, агар дар ҳамин модда тартиби дигар муқаррар нашуда бошад. Мўҳлати гузаронидани санҷиши ҳуҷҷатии андоз барои шахсони ҳуқуқӣ, ки дорои воҳидҳои алоҳида …

Муфассал »

Даврияти гузаронидани санҷишҳои андоз

davvriyati-guzaronidani-sanjishhoi-andoz

Моддаи 29-и Кодекси Андоз. Даврияти гузаронидани санҷишҳои андоз Санҷишҳои ҳуҷҷатии андоз ба навъҳои зерин тақсим мешаванд: -нақшавӣ – санҷишҳои маҷмўии ҳуҷҷатии андоз, ки тибқи нақшаи гузаронидани санҷишҳои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқшуда гузаронида мешаванд. Нақшаи санҷишҳои андоз дар асоси баҳодиҳии хавфи вайрон кардани қонунгузории андоз, таҳлили маълумотҳои дар ҳисоботҳои …

Муфассал »

Муқаррароти умумӣ

mukarraroti-umumi

Моддаи 28-и Кодекси Андоз. Муқаррароти умумӣ Санҷиши андоз – санҷиши аз ҷониби мақомоти андоз амалишаванда оид ба иҷрои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати иҷрои он ба зиммаи мақомоти андоз вогузор шудааст. Санҷишҳои андоз танҳо аз ҷониби мақомоти андоз гузаронида мешаванд. Дар ҳолати мавҷуд будани …

Муфассал »

Ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ

uhdadorihoi-makomoti-davlati

Моддаи 27-и Кодекси Андоз. Ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ ҳангоми ҳамкорӣ бо мақомоти андоз Мақомоте, ки бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷиро, ба истиснои шахсони мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба қайд гирифташуда, амалӣ менамоянд, ўҳдадоранд то санаи 15-уми моҳе, …

Муфассал »

Рақами мушаххаси андозсупоранда

rakami-mushaxxasi-andozsuporanda

Моддаи 26-и Кодекси Андоз. Рақами мушаххаси андозсупоранда Ҳангоми баҳисобгирӣ дар мақомоти андоз ба сифати андозсупоранда, ба ҳар як андозсупоранда – шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, филиал ва (ё) намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ рақами мушаххаси андозсупоранда ба тариқи ройгон дода мешавад. Рақами мушаххаси ба андозсупоранда додашуда дар ҳеҷ ҳолат, ба истиснои …

Муфассал »

Баҳисобгирии андозсупорандагон

bahisobgirii-andozsuporandagon

Моддаи 25-и Кодекси Андоз. Баҳисобгирии андозсупорандагон Бо мақсадҳои таъмини назорати андоз ҳамаи андозсупорандагон бояд дар мақомоти андоз ба баҳисобгирӣ (ба қайди андозӣ) гузошта шаванд. Андозсупорандагон, агентҳои андоз, аз ҷумла воҳидҳои алоҳидаи таъсиснамудаи онҳо (филиалҳо, намояндагиҳо, муассисаҳои доимӣ ва ғайра), инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни16-солагӣ расидаанд, бояд дар мақомоти …

Муфассал »

Нархҳои бозорӣ

narxhoi-bozori

Моддаи 24-и Колекси андоз. Нархҳои бозорӣ Барои мақсадҳои андозбандӣ ба сифати нархи мол (кор, хизматрасонӣ) нархи воқеие қабул карда мешавад, ки тарафҳои аҳд (бо ҳуҷҷатҳои аслӣ тасдиқшуда) нишон додаанд, агар ҳамин модда тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.Дар ҳолате, ки агар нархи нишондодашудаи мол (кор, хизматрасонӣ) аз нархи бозорӣ фарқ кунад …

Муфассал »