Главная / Теги: Кодекси Андоз (страница 12)

Теги: Кодекси Андоз

бъекти андозбандӣ

moddai-234-kodeksi-andoz

Моддаи 234-и Кодекси Андоз. Объекти андозбандӣ Объекти андозбандӣ маъданҳои фоиданоки зерин мебошанд: -аз конҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаи сарватҳои зеризаминии ба андозсупоранда ҷудошуда истихроҷшаванда; -аз партовҳо (талафот) ҳосилкардашуда, агар барои чунин ҳосилкунӣ иҷозатномаи (иҷозати) алоҳида дода шавад. Объекти роялти барои истихроҷ доир ба ҳар намуди маҳсулоти тайёр алоҳида …

Муфассал »

Андозсупорандагон

moddai-233-kodeksi-andoz

Моддаи 233-и Кодекси Андоз. Андозсупорандагон Супорандагони роялти барои истихроҷ истифодабарандагони сарватҳои зеризаминие мебошанд, ки дар доираи ҳар як иҷозатномаи (иҷозати) барои истифодабариисарватҳои зеризаминӣдодашуда чунин амалҳоро анҷом медиҳанд: -истихроҷи маъданҳои фоиданок, аз ҷумла маъданҳои фоиданок аз зуҳуроти минералии техногенӣ; -коркарди маъданҳои фоиданок бо ҳосил кардани ҷузъҳои фоиданок аз таркиби онҳо.

Муфассал »

Муқаррароти умумӣ

moddai-232-kodeksi-andoz

Моддаи 232-и Кодекси Андоз. Муқаррароти умумӣ Роялти барои истихроҷ андозе мебошад, ки истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ аз рўи ҳар як намуди маъданҳои фоиданоки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истихроҷшаванда, новобаста ба он, ки онҳо ба харидорон (қабулкунандагон) таҳвил (бор карда фиристода) шудаанд ё барои эҳтиёҷоти худӣ истифода гардидаанд, алоҳида месупорад.

Муфассал »

Эъломияи андоз

moddai-231-kodeksi-andoz

Моддаи 231-и Кодекси Андоз. Эъломияи андоз Эъломия оид ба бонуси кашфи тиҷоратӣ аз ҷониби истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии кон дар мўҳлате, ки барои пардохти бонуси мазкур муқаррар шудааст, пешниҳод карда мешавад.

Муфассал »

Мўҳлати пардохти бонуси кашфи тиҷоратӣ

moddai-230-kodeksi-andoz

Моддаи 230-и Кодекси Андоз. Мўҳлати пардохти бонуси кашфи тиҷоратӣ Бонуси кашфи тиҷоратӣ ба буҷет на дертар аз 90 рўз аз санаи додани иҷозатнома (иҷозат) барои истихроҷи маъданҳои фоиданок ё аз рўзи аз ҷониби мақоми давлатии барои ин мақсадҳо ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани ҳаҷми захираҳои маъданҳои фоиданоки ба таври иловагӣ …

Муфассал »

Андозаи бонуси кашфи тиҷоратӣ

moddai-229-kodeksi-andoz

Моддаи 229-и Кодекси Андоз. Андозаи бонуси кашфи тиҷоратӣ Андозаи бонуси кашфи тиҷоратӣ мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, дар қарордоди истифодаи сарватҳои зеризаминӣдарҷкарда мешавад. Барои конҳои ҷудогонаи маъданҳои фоиданок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад андозаи баландтари бонуси кашфи тиҷоратиро муқаррар намояд.

Муфассал »

Андозсупорандагон

moddai-228-kodeksi-andoz

Моддаи 228-и Кодекси Андоз. Андозсупорандагон Андозсупорандагони бонуси кашфи тиҷоратӣ ин истифодабарандагони сарватҳои зеризаминие мебошанд, ки дар бораи кашфи тиҷоратии маъданҳои фоиданок дар ҳудуди қарордодӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ дар доираи иҷозатномаи (иҷозати) барои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣгирифташуда эълон кардаанд.

Муфассал »

Муқаррароти умумӣ

moddai-227-kodeksi-andoz

Моддаи 227-и Кодекси Андоз. Муқаррароти умумӣ Бонуси кашфи тиҷоратӣ андози устувори яккаратаи истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ барои кашф ва бақайдгирии конҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ барои истихроҷ муносиб, инчунин гирифтани ҳуқуқи истихроҷ дар ҳудуде мебошад, ки дар иҷозатнома (иҷозат) муайян шудааст. Бонуси кашфи тиҷоратиро истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ дар асоси иҷозатномаҳои (иҷозати) зерин …

Муфассал »

Эъломияи андоз

moddai-226-kodeksi-andoz

Моддаи 226-и Кодекси Андоз. Эъломияи андоз Эъломияи бонуси обунавӣ аз ҷониби истифодабарандаисарватҳои зеризаминии ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии кон дар мўҳлате, ки барои пардохти бонуси мазкур муқаррар шудааст, пешниҳод карда мешавад.

Муфассал »

Мўҳлати пардохти бонуси обунавӣ

moddai-225-kodeksi-andoz

Моддаи 225-и Кодекси Андоз. Мўҳлати пардохти бонуси обунавӣ Бонуси обунавӣ дар мўҳлатҳои зерин пардохт мешавад, агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188): -панҷоҳ фоизи маблағи муқарраршуда дар давоми 30 рўзи тақвимӣ аз санаи додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқ барои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ; -панҷоҳ фоизи маблағи …

Муфассал »