Главная / Теги: Имоми Аъзам (Осор) (страница 2)

Теги: Имоми Аъзам (Осор)

МЕРОСИ ИЛМИИ ИМОМИ АЪЗАМ ВА Ё ФИШӮРДАИ МӮҲТАВОЙИ РАСОЙИЛ (ИЛМИ ФИҚҲ) -И КАЛОМИИ ИМОМ АБӮҲАНИФА (Р)

qofiya

Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) нахустин донишманди бузурги соҳибасари фиқҳ ва яке аз нахустин ҳакимест, ки мактаби илми каломро асос гузошта аст ва баъди худ диққати тамоми муҷтаҳиддину муҳаққиқини Исломро барои таҳким ва тақвияти имон ва барои шинохти ҳақ аз ботил (на барои эҷоди шак ва куфру бидъат) ба илм ҷалб …

Муфассал »

ВОҚЕАИ ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ/Р/ ВА БА ТАВОФИ КАЪБА РАФТАНИ Ӯ

ushtur

Бигӯям қиссае аз Бӯҳанифа, Зи қисса ҳиссае хоҳам вазифа. Ба «Ҳаҷ» Нӯъмону Собит бо зиёрат, Ба ҳам рафтанд бо соҳиб басорат. Зиёрат кард ҳарду «Байт»-и Раб-ро, Баҷо овард қонуни адабро. Ба «Каъба» дид Нӯъмон ҷамъи касрат, Шуда анбӯҳ аз баҳри зиёрат. Бидид нуронӣ марде дар миёна, Ба дидан гарму ширин …

Муфассал »

ПАРВОЗ БА ҚУЛЛАҲОИ ОРМОН

din-tarixash

(Муҳит ва ҳаёти илмии Имоми муаззам раҳамуллоҳ). Тавлид ва туфулият (кӯдакиву навҷавонӣ )-у умри бобаракати Ҳазрати Абӯҳанифа/р/ дар даврони   хилофати Абдулмулк ибни Марвони уммавӣ-хилофати оли уммавиёни араб, дар шаҳри Кӯфаи Ироқ гузашта аст ва дар давраи хилофати бани Аббоси араб ва эронитабор, яъне, Халифа Мансури Аббосӣ… Гавҳари илҳому дарёи каромоти …

Муфассал »

Дуздӣ – гуноҳи кабира

vduzd

Дуздӣ. Сухани Расул (с) аст, ки: «Ло тусриқу» (Яъне: «Дуздӣ накунед!»). Ва қавли Аллоҳ аст, ки: «Вас-сориқу вас-сориқату фақтаъу айдиҳумо ҷазоан бимо касабо наколан миналлоҳ»). (Тарҷума: «Ва дасти марди дузд ва зани дуздро бибуред! Бале, ин ҷазои сазоворест, ки Аллоҳ, ба сабаби ин касб (дуздӣ) муқаррар кардааст»).

Муфассал »

РАСИДАНИ АМОНАТИ ҲАЗРАТИ РАСУЛУЛЛОҲ /С/

kitobkhoni

Овардаанд, ки баъд аз вафоти Ҳазрати Расул /с/ дар ҳар соле саҳобаи гиромӣ Анас ибни Молик /р/ ба сафари Қибла мерафтӣ ва бар дари хонаи Каъба биёмадӣ ва нишастӣ ва аҳодиси Ҳазрати Расул /с/ баён кардӣ. Абӯҳанифа /р/ дар он вақт хурдсол буд. Вақте шуд, ки падари вай ӯро бо …

Муфассал »

Қатли муслим – гуноҳи кабира

124936_221122_dosiya-osmaniyan-2

Қатли муслим. Худованд ин амали ғайри инсононаро бо ин ояти шариф манъ намудааст ки, Астаъизу било; «Ва ло тақтулун-нафсал-латӣ ҳаррамал-лоҳу илло билҳақ!» (Тарҷума: «Ва қатл накунед он ҷонро, ки ҳаром кард Аллоҳ магар ба ҳақ!») (Бале, ҳақ аст. Ва беҳуда шоир нафармуда, ки: «Маёзор мӯреро, ки донакаш аст, Ки ӯ …

Муфассал »

ГУЛЧИНЕ АЗ ҲИКМАТҲОИ ЛОЗАВОЛИ ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА /р/

hikoyai-islomi

«Сухани ҳикматомез чӣ хуш ҳадяест». Аз аҳодиси шарифи Ҳазрати Расулуллоҳ /с/: – Китоби «Панҷсад Ҳадис» Москва: Комил, 1991, саҳ.28. Аз тарҷумаи форсии «Ал-Мавоъизулъададия» таҳзиб ва танзими Алии Мушкини Ардабилӣ ва кӯшиши Мирзо Аҳмад Ҷаннатии Исфаҳонӣ. Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ ба чи андозае, ки дар байни аҳли Қибла, яъне, муслимин обрӯву …

Муфассал »

ДУРУД БА РАСУЛИ АКРАМ /с/

Алҳамду лиллоҳи Раббил ъоламин, вал ъоқибату лил-муттақин вассалоту вассалому ъало Расулиҳи Муҳаммадин ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин. Аммо баъд: Эй дил, ту агарам дар ниҳодат оташи меҳри самимие дар фироқу ҳасрати рӯҳи пурфутӯҳу мутаҳҳараи мунаввараи рисолатпаноҳ-пешвойи шариати ғурро, афзалул анбиёи вал мурсалин-Ҳазрати Расули акрам Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи …

Муфассал »

Рибо – гуноҳи кабира

hqdefault

Рибо. Маънии луғавии «рибо»«-зиёдат», «фоида» ва «суд» (ба таъбири масеҳиёни рибохӯр»-протсент»-С.Б.Б) мебошад. Рибо, дар шариъати ғуррои Муҳаммад (с)-ия, як навъи доду гирифти пуливу молии мутлақан ҳаромро гӯянд ва нораворо гӯянд, ки иборат аз ду қисм аст: Рибои дар савдо ва рибои дар қарз. Худованд мегӯяд: «Аҳаллал-лоҳул-байа ва ҳаррамар-рибо» (Тарҷума: «-Ҳалол …

Муфассал »

ИМОМИ АЪЗАМ ҲОМИИ ЗАБОНИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ

kitob

Ин нукта мусаллам ба таъкид аст, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ аввалин фақеҳ ва ҳомиест, ки забони шаккарини «форсии тоҷикӣ ва ё дариро дар қатори забони бою ғании арабӣ-забони дину ойин ва коргузорӣ хонд», қайдҳои эроншиноси маъруф, шарқшиноси номдори рус профессори Донишгоҳи Санкт-Петербург зиндаёд академик В.В.Бартолъд, 34,174-178). Мавлавӣ Ҳикматуллоҳ ибни …

Муфассал »