Главная / Теги: Биология (страница 5)

Теги: Биология

Назарияи адсорбсия (ҷаббидан)

adsorbciya

Далели дучори зарба гаштани ақидаҳои бо роҳи абиогенӣ пайдо шудани полимерҳо, кам будани миқдор ва норасоии энергия барои ғализшавии мономерҳо дар маҳлулҳои равонтар мебошад. Дар ҳақиқат, аз рўи баъзе далелҳо, консентратсияи молекулаҳои органикӣ дар «шўрбои нахустин» қариб 1%-ро ташкил медод. Ин миқдор молекулаҳои органикӣ бинобар кам ва тасодуфӣ будани алоқаи …

Муфассал »

Назарияи ҳароратӣ ё гармӣ

Синтез полипед

Реаксияи ғализшавие, ки ба ҳосил гаштани полимерҳо оварда мерасонад, аз пайвастагиҳои хурдмолекула бо роҳи гарм кардан амалӣ мешавад. Нисбат ба дигар қисматҳои материяи зинда синтези полипептидҳо бештар омўхта шудааст. Ташаббускори синтези полипептидҳо бо роҳи ҳароратӣ олими америкоӣ С.Фокс мебошад. Ў муддати тўлонӣ ба омўзиши имконияти ҳосилшавии пептидҳо дар шароити аввалини …

Муфассал »

Шароити муҳит дар давраҳои аввалини замин

pervaya-jizn

Фаҳмидани шароите, ки «нишонаҳои аввалини ҳаёт» чӣ гуна пайдо шудаанд, барои илм аҳамияти калон дорад. Дар ин бобат хизмати олими рус академик А.И.Опарин бузург аст, зеро ў ҳанўз соли 1924 бори аввал фарзияи эволютсияи химиявиро пешниҳод карда буд. Мувофиқи ин фарзия бо роҳи таҷриба дар лаборатория шароити ҳамонвақтаи Замин, яъне …

Муфассал »

МАНБАИ ЭНЕРГИЯ ВА СИННУ СОЛИ ЗАМИН

zamin

Инкишоф ва табдилёбии материяро бе ҷараёни энергия тасаввур кардан мумкин нест. Манбаъҳои энергияеро, ки эволятсияи минбаъдаи моддаро дар Замин таъмин мекунанд, дида мебароем. Роли манбаъҳои энергияро баҳо додан душ- вор мебошад. Моро зарур аст, ки бемувозинатии шароит, хунукшавии маҳсули реаксия ва дараҷаи муҳофизати онҳоро аз манбаи энергия дида бароем. Эҳтимол, …

Муфассал »

АТМОСФЕРАИ АВВАЛИНИ ЗАМИН ВА АСОСҲОИ ХИМИЯВИИ ПАЙДОИШИ ҲАЁТ

atmosfera

Бо назардошти нуқтаи назари оид ба пайдоиши системаи ситораҳо зикрёфта дар бораи таркиби элементҳои атмосфераи нахустин хулоса баровардан мумкин аст. Ақидаҳои ҳозира низ ба зиёд мавҷуд будани миқдори гидроген дар кайҳон ва офтоб асос ёфтаанд. Дар ҷадвали 2.2. таркиби элементҳои моддаи ситора ва офтоб оварда шудааст. Тахмин меравад, ки атмосфераи …

Муфассал »

ПАЙДОИШИ СИСТЕМАИ САЙЁРАҲО

energiya

Олимон тахмин мекунанд, ки абрнокӣ марҳилаи ташаккули галактика ё системаи ситораҳои азим аст. Аз рўи ин назарияҳо, сайёраҳо маҳсули иловагии пайдо шудани ситораҳо мебошанд. Чунин нуқтаи назарро бори аввал И.Кант дар асри ХVIII пешниҳод карда, минбаъд онро Д.Койпер, Д.Алвен ва Р.Камерон бо далелҳо тасдиқ намудаанд. Ситораҳои нав дар дохили ғуборнокӣ …

Муфассал »

ПАЙДОИШИ ҲАЁТ БО ТАСАВВУРОТИ ҲОЗИРАИ ОДАМОН

hayot

Маълум аст, ки нишонаҳои асосӣ ё хосиятҳои ҳаёт муайян набошанд, масъалаи пайдоиши ҳаётро ҳал кардан мумкин нест. Агар мо дар бораи таркиб, сохт ва равандҳое, ки дар организми зинда мегузаранд, маълумоти кофӣ дошта бошем, пас бечуну чаро оиди он даврае, ки ҳаёт метавонист пайдо шавад ва омилҳое, ки ба пайдоиши …

Муфассал »

 НАЗАРИЯИ АБАДӢ БУДАНИ ҲАЁТ

Осмон одам

Назарияи абадӣ будани ҳаёт ба маънои ҳозирааш баробари тадқиқотҳои Л.Пастер ба вуҷуд омада, дар назари аввал давоми мантиқии онҳо мебошад. Яке аз назарияҳои аввалини абадӣ будани ҳаётро соли 1865 олими немис Г.Рихтер пешниҳод кард. Ин назария дар илм бо номи панспермия маълум аст. Мувофиқи назарияи Рихтер ҳаёт дар рўи Замин …

Муфассал »

Назарияи материалистии пайдоиши ҳаёт

материализм

Барои назарияи абадӣ будани ҳаёт масъалаи пайдоиши ҳаёт вуҷуд надорад, зеро назарияи мазкур тафоввути зиндаро аз ғайризинда эътироф намесозад. Ин назария зиндаю ғайризиндаро аз маҷмўи ягона иборат дониста, масъалаи пайдоиши яке аз дигареро намепазирад. Агар мавҷуд будани фарқияти махсусро дар байни зинда ва ғайризинда ба назар гирем, пас худ аз …

Муфассал »

ТАЪРИХИ ОМЎЗИШИ ҲАЁТ

kitob

  Дар бораи пайдоиши ҳаёт ва мавқеи одам дар байни организмҳои зинда фарзияҳои зиёд вуҷуд доранд. Оид ба ин масъала ҳанўз аз давраҳои қадим ду ақидаи ба ҳам мухолиф мавҷуд аст. Мувофиқи яке аз онҳо зинда аз ғайризинда бо роҳи абиогенӣ пайдо шудааст. Ақидаи мазкур дар илм бо номи абиогенез …

Муфассал »