Главная / Теги: Ҳикоя (страница 9)

Теги: Ҳикоя

Бозаргон бо ҳазор динор

negr

Бозаргонеро ҳазор динор ҳасорат афтод. Писарро гуфт: – Набояд, ки сухан бо касе дар миён ниҳӣ! Гуфт: – Эй падар, фармон турост, нагўям, валекин хохам маро бар фоидаи ин мутталеъ гардонӣ, ки маслиҳат дар ниҳон доштан чист? Гуфт: – То мусибат ду нашавад: яке нуқсони мояву дигар шамотати ҳамсоя. Магўй …

Муфассал »

Хомӯшӣ

nn6zevykrns

Якеро аз дўстон гуфтам: – Итминои сухан гуфтанам ба иллати он ихтиёр омадааст, ки ғолиби авқот дар сухан неку бад иттифоқ афтад ва дидаи душманон ҷуз бар бадӣ намояд. Гуфт: – Душман он беҳ, ки неки набинад. Ҳунар ба чашми адоват бузургтар айб аст, Гул аст Саъдию дар чашми душманон …

Муфассал »

Дарвиш

03_rsafnqj

Дарвешеро шунидам, ки ба ғоре дарнишаста буд ва дар ба рўйи аз ҷаҳониён баста ва мулуку ағниёро дар чашми ҳиммати ў шавқату ҳайбат намонда. Ҳар ки бар худ дари суол кушод, То бимирад ниёзманд бувад. Оз бигзору подшоҳи кун, Гардани бетамаъ баланд бувад. Яке аз мулуки он тараф ишорат кард, …

Муфассал »

Муштзан

unnamed

Муштзанеро ҳикоят кунанд, ки аз даҳри мухолиф ба фиғон омода ва халқи фаррох аз дасти танг ба ҷои расида. Шикоят пеши падар бурду иҷозат хост, ки азми сафар дорам, магар ба қуввати бозу домани коме фарочанг орам: Фазлу ҳунар зоеъ аст, то нанамоянд, Уд бар оташ ниҳанду мушк бисоянд. Падар …

Муфассал »

Аблаҳ кист

unnamed

Аблаҳеро дидам самин, хилъате самин дар бар ва маркабе този дар зер ва касабе мисри бар сар. Касе гуфт: – Саъдӣ,чӣ гуна ҳамебинӣ ин дебои муаллам бар ин ҳайвони лояълам? Гуфтам: – Хате зишт аст, ки ба оби зар набишаст. Як хилқати зебо беҳ аз ҳазор хилъати дебо. *** Ба …

Муфассал »

Даступобуридае ҳазорпое бикушт

bedst

Даступобуридае ҳазорпое бикушт. Соҳибдиле бар ў гузар карду гуфт: – Субҳонналлоҳ, бо ҳазор пой, ки дошт, чун аҷалаш фаро расид, аз бедаступое гурехтан натавонист. Чу ояд зи пай душмани ҷонситон, Бубандад аҷал пои аспи давон. Дар он дам, ки душман паёпай расид, Камони каёни бишояд кашид.

Муфассал »

Бозаргон бо 150 шутур

shutur

Бозаргонеро дидам, ки саду панҷоҳ шутур бор дошт ва чиҳил бандаву хидматгор. Шабе дар ҷазираи Кеш маро ба ҳуҷраи хеш даровард. Ҳама шаб наёрамид аз суханҳои парешон гуфтан, ки фалон анборам ба Туркистон аст ва фалон бизоат ба Хиндустон ва ин қаболаи фалон замин аст ва фалон чизро фалон кас …

Муфассал »

Меҳмонии Шоҳ ба хонаи деҳқон

bednyak-i-bogach-bratia-grimm-600x400

Яке аз мулук ботане чанд аз хоссон дар шикоргоҳе ба зимистон аз иморат дур афтод. Шаб даромад, хонаи деҳқоне диданд. Малик гуфт: – Шаб он ҷо равем, то заҳмати саром набошад. Яке аз вузаро гуфт: – Лоиқи қадри подшоҳон набошад ба хонаи деҳқоне илтиҷо кардан. Ҳамин ҷо хайма занему оташ …

Муфассал »

Нолиш аз зиндагю замона

zindagi

Ҳаргиз аз даври замон нанолида будаму рўй аз гардиши осмон дарҳам накашада, магар вақте ки поям бараҳна буд ва иститоати пойпўшӣ надоштам. Ба ҷомеи Кўфа даромадам тангдил, якеро дидам, ки пой надошт. Сипоси неъмати ҳақ ба ҷой овардам ва бар бекафши сабр кардам: Мурғи бирён ба чашми мардуми сер Камтар …

Муфассал »

Дар биёбони хушку реги равон

3750

Аъробиро дидам дар халқаи ҷавҳариён Басра. Ҳикоят ҳаме кард, ки вақте дар биёбоне роҳ гум карда будам ва аз озод чизе  бо ман намонда ва дил бар ҳалок ниҳода, ногоҳ қисае ёфтам пури  марворид. Ҳаргиз он завқу  шодӣ фаромўш накунам, ки пиндоштам, гандумбирён аст. Боз он  талхию навмедӣ, ки бидонистам, …

Муфассал »