Главная / Теги: Ҳикоя (страница 11)

Теги: Ҳикоя

Бомдодон ҳамаро ба қалъа дароварданд

Антагонизм

Тане чанд аз равандагон муттафиқи саёҳат буданду шарики ранҷу роҳат. Хостам, то мурофикат кунам, мувофиқат накарданд. Гуфтам: – Аз карами ахлоқи бузургон бадеъ аст рўй аз мусоҳибати мискинон тофтан ва фоида дареғ доштан, ки ман дар нафси хеш ин қадар қудрату суръат мешиносам, ки дар хидмати мардони порсро ёри шотир …

Муфассал »

Абдулқодири Гелони

800px-mahmud_in_robe_from_the_caliph

Абдулқодири Гелониро дидаанд дар ҳарами Каъба рўй бар ҳасбо ниҳода, ҳаме гуфт: – Эй худованд, бубахшой ва гар ҳароини муставҷиби уқубатам, дар рўзи қиёматам нобино барангез, то дар рўи некон шармсор нашавам. Рўй бар хоки аҷз мегўям Ҳар саҳаргаҳ, ки бод меояд: Эй, ки ҳаргиз фаромушат накунам, Ҳеҷат аз банда …

Муфассал »

ДАР АХЛОҚИ ДАРВЕШОН ХИКОЯТ

caption

Яке аз бузургон порсоеро гуфт: «Чӣ гўӣ дар ҳаққи фалон обид, ки дигарон дар вай ба таъна суханҳо гуфтанд». Гуфт: – Дар зоҳираш айб намебинам ва дар ботинаш ғайб намедонам. Ҳар киро ҷома порсо бинӣ, Порсо дону некмард ангор. В-ар надонӣ, ки дард ниҳонаш чист, Мухтасибро даруни хона чӣ кор?

Муфассал »

Искандари руми

dgrr

Искандари румиро пурсиданд: «Диёри Машриқу Мағриб ба чӣ гирифтӣ, ки мулуки пешинро хазоин ва умру лашкар беш аз ин будааст ва чунин фатҳе муяссар нашуд?» Гуфто: – Ба авни худои азза ва чалла ҳар мамлакатеро, ки гирифтам, раияташ наёзурдам ва номи подшохон чуз ба накўӣ набурдам. Бузургаш нахонанд аҳли хирад, …

Муфассал »

Канизаки чини

a18441511e3088c121cddfa07c649437

Якеро аз мулук канизаке чини оварданд. Хост, дар ҳолати мастӣ ба вай ҷамъ ояд. Канизак мамониат кард. Малик дар хашм рафт ва мар ўро ба сиёҳе бахшид, ки лаби забаринаш аз параи гўшу бини даргузашта буд ва зеринаш ба гиребон фуру хишта. Ҳайкале, Сахри ҷиннӣ аз талъаташ бирамидию айн-ул-катар аз …

Муфассал »

Ҳорун ар Рашид

egypt-e1577520557743-1024x623

Ҳорун -ар-Рашидро чун мулки Миср муссалам шуд, гуфт: – Ба хилофи он тоғӣ, ки ба ғурур малики Миср даъвои худоӣ кард, набахшам ин мамлакатро магар ба хасистарини бандагон. Саёҳе дошт номи ў Хазиб. Мулки Миср ба вай арзони дошт ва гуянд: «Ақлу дирояти ў то ба ҷое буд, ки тоифаи …

Муфассал »

Гуноҳ аст

hqdefault

Гурўҳе ҳукамо ба ҳазрати Кисро ба маслиҳати-дар сухан хаме нуфтанд ва Бузургмеҳр, ки меҳтари эшон буд, хомўш. Гуфтандаш: – Чаро ба мо дар ин баҳс сухан нагўӣ? Гуфт: – Вазирон бар мисоли атиббоанду табиб дору надиҳад ҷуз соқимро. Чун бинам, ки раъи шумо барсавоб аст, маро бар сари он сухан …

Муфассал »

Муждае пеши Анушервон

jodu

Касе муждае пеши Анушервони одил оварад, ки шунидам, фалон душмани туро худой бардошт. Гуфт: – ҳеч шунидӣ, ки маро бигузошт? Агар бимурд аду, ҷои шодмонӣ нест, Ки зиндагонии мо низ ҷовидонӣ нест.

Муфассал »

Ду бародар

arab-asp

Ду бародар яке хидамати султон кардӣ ва дигаре бо зўри бозу нон хўрдӣ. Боре тавонгар гуфт дарвешро, ки «Чаро хидмат накунӣ, то аз машаққати кор кардан бираҳӣ?». Гуфт: – Ту чаро кор накунӣ, то аз маззалати хидмат раҳои ёби, ки хирадмандон гуфтаанд: «Нони худ хўрдану нишастан беҳ, ки камари зарин …

Муфассал »

Тоифаи бузургон

fatimah

Бо тоифаи бузургон ба кишти нишаста будам. Заврақе дар паи мо ғарк шуд. Ду бародар ба гирдобе дарафтоданд. Яке аз бузургон гуфт маллоҳро: «Бигир ин ҳардувонро, ки ба ҳар яке панҷоҳ динорат диҳам». Маллоҳ дар об афтод, то якеро бироҳанд, он дигар ҳалок шуд. Гуфтам: – Бақияти умраш намонда буд. …

Муфассал »