Главная / Теги: Шеърҳои тоҷикӣ (страница 2)

Теги: Шеърҳои тоҷикӣ

ДУХТАРИ ХАНДОНРУ

xandonru

Меравад хандон-хандон, Медавад хандон-хандон. Китоб мехонад хандон, Уко хобонад хандон. Табақча шӯяд хандон, Гулдаста бӯяд хандон. Ин духтари хандонрӯ Хоҳараки ман – Гулрӯ.

Муфассал »

Пазмонй

pazmoni

Бузаки навзоди мо Дар ҳавлӣ танҳо мондаст? Очабузро акоям Саҳар ба чаро рондаст. Аз ин сабаб бузича Ҳар дам маъас мекунад. Бегоҳ очабуз ояд, Маъасаш бас мекунад. Модарам ба кор равад, Ман ҳам мешудам гирён. Модарам аз кор ояд, Ман ҳам.мешудам хандон.’

Муфассал »

Боғи бобо

bogi-bobo-1

ШЕЪРИ БОҒИ БОБО Дар боғи бобо, Расида хурмо. Тилоӣ рангаш, Мазан ба сангаш. Хурмои ширин Пазад, Бирав, чин!

Муфассал »

Шеъри дар бораи Деҳа

deha-sher

Эй деҳаи ман, Деҳи кӯҳистон, Ман бо ту масрур Ман бо ту хандон, Манзараҳоят Завҳу нишотам, Оби зулолат, Оби ҳаётам. Оғӯши гармат Оғӯши модар, Ҳастмтубар ман Бо ҷон баробар.

Муфассал »

Шеър дар бораи Шаршара

sharshara

Шаршара ноз дорад, Мӯйи дароз дорад. Шаршара кони мағал, Шаршара кони ғазал, Зеби дара шаршара, Шаршараи Гулдара. Шаршара зебо шудаст, Боби тамошо шудаст. Шона занад мӯӣи мо, Тоза шавад рӯӣи мо.

Муфассал »

Шеър дар бараи додар / бародар

qishloq

Чаро мошин ин саҳар, Хобидаву бепарво, Мусича ҳам мегардад, Рӯи ҳавлӣ беибо, Чаро алопари мо, Ин саҳар рӯи бом аст? Машғули бозӣ Фарҳод Бунафша ҳам ором аст. Чаро наояд ба гӯш Маоси мешу барра. Осуда дон мехӯрад Хурусаки ҷангара Чаро сатилу ҷорӯб Ҷо ба ҷои худ имрӯз Ёфтам меҳмонӣ рафтаст. …

Муфассал »

Нинича – шеър барои кудакон

Сурат - расми нинича

Нинич мо, Нинии аҷиб, Бехобаку шӯх, Номакаш наҷиб Лабу даҳонаш Монанди аком, Биниаш айнан Бинии додом. Нинича бо ман Себи дукафон, Аммо, чу момо Надорад дандон.

Муфассал »

Хоҳарам гиря дорад

xohar-girya

Вар-вару вар-вар карда, Рухсораро тар карда. Гуши маро кар карда, Хоҳарам гиря дорад. Алла гӯям, нахобад, Шираш диҳам, рӯ тобад. Ҳайронам, чӣ мекобад?! Хоҳарам гиря дорад. Ба назди миз овардам, Мағзу мавиз овардам. Сад гуна чиз овардам, Хоҳарам гиря дорад. Хобондам дар гаҳвора, Чй кор кунам, чй чора?! Сарсонаму овора …

Муфассал »

Шеър дар бораи Ватан барои кӯдакон

ватан

Ватан, Ватан, Ватан, Ту ҷисму ҷону тан. Маро ба васфи ту Куҷо бувад сухан. Ватан, Ватан, Ватан, Туи баҳори ман, Ту рӯҳи бешикаст, Туи қарори ман. Ба домани ту ман, Намоз оварам, Ту қиблаӣ, ба ту. Ниёз оварам Суруди ман, Ватан, Дуруди ман, Ватан. Ба қуллаи умед, Суҷуди ман Ватан.

Муфассал »

Шеър дар бораи модар барои кӯдакон

модар

Рӯйи гул барин, Рӯйи модарам. Бӯйи гулбарин, Бӯйи модарам. Кони меҳру лутф Чашми модарам, Нарм чун баҳор Хашми модарам. Ман барои ӯ Беҳтарам зи ҷон. Ӯ барои ман Асли асли ҷон.

Муфассал »