Главная / Теги: Шеърҳои исломӣ (страница 2)

Теги: Шеърҳои исломӣ

Наъти Иброҳими Наққош

shoir

Чу «Мо зоға-л-басар» дар восифи чашми хумор омад, Рухаш бо зевари «Ва-ш-шамс» рашки сад баҳор омад. Дигар «Ва-л-лайл»-у анбар дар сифоти ҳалқаи мӯяш, Муаттар гашта аз бӯяш раёҳин шармсор омад. Ба фарқаш афсари «Тоҳо», ба дӯшаш хилъати «Ёсин», Ба мулки ҳар ду олам босазо ӯ шаҳриёр омад. Ҳамон Сиддиқи ёрашро, …

Муфассал »

Наъти Маҳзунии Рашнагӣ (paҳ)

kitob

Эй офтоби рӯят рашки гули тар омад, Аз қоматат хиҷолат сарву санавбар омад. Дар восифи ҷамолат «Ва-ш-шамс»-у «Ва-з-зухоҳо», Андар сифоти мӯят «Ва-л-лайл»-у анбар омад. Шуд рутбаат, ки боло, фарши ту Арши аъло, Асрори Ҳақ таоло бо ту муяссар омад. Аввал зи толибон, сархайли ошиқонат, Фозил зи умматонат Сиддиқи акбар омад. …

Муфассал »

Наъти Мавлоно Муинии Ҳиравӣ (paҳ)

tasbeh-salavot

Дар ҷон чу кард манзил ҷонони мо Муҳаммад, Сад дар кушод дар дил аз ҷони мо Муҳаммад. Мо булбулем нолон дар гулситони Аҳмад, Мо лӯълӯему марҷон, уммони мо Муҳаммад. Мустағрақи гуноҳем, ҳар чанд узрхоҳем, Пажмурда чун гиёҳем, борони мо Муҳаммад. Аз дарду захми исён моро чӣ ғам чу созад, Аз …

Муфассал »

Наъти Эшони Имлои Бухорӣ (paҳ)

sharmalsheyx

Дар вақти субҳгоҳон бӯйи Муҳаммад омад, Андар машоми мардон бӯйи Муҳаммад омад. Рафтам ба сӯйи бустон, гулҳо шукуфта дидам, Аз ҷониби гулистон бӯйи Муҳаммад омад. Ҳар субҳидам бинолам дар хонақоҳу масҷид, Аз оҳи субҳхезон бӯйи Муҳаммад омад. «Ва-ш-шамс» васфи рӯяш, «Ва-л-лайл» наъти мӯяш, Аз сураҳои Қуръон бӯйи Муҳаммад омад. “Тоҳо” …

Муфассал »

Наъти Мулло Маҳмуди Рашнагӣ

shoir-kitob-islom

Ҳамду лиллаҳ сарви раъно лоларухсор омадаст, Дар мақоми дилбарӣ сархайли аброр омадаст. Васфи Субҳонаш бувад ҳам раҳматан ли-л-оламин, Рузи маҳшар бо ливои сабзи Саттор омадаст. Ғам чаро бояд, ки созад хотири уммат ҳазин, Ҳам ба аввал, ҳам ба охир соҳиби кор омадаст. Афзалини анбиёву хатми ҷамъи мурсалин, Ваъдаи «ло тақнату» …

Муфассал »

Ғазали Иброҳими Наққош

shoir-kitob-islom

Биё, эй толиби ҷаннат, дуруди Мустафо мегӯ, Шунида номи он Ҳазрат, дуруди Мустафо мегӯ. Саҳар аз хоб чун хезӣ, зи дида ашки хун резӣ, Диле бо дард омезӣ, дуруди Мустафо мегӯ. Паси ҳар тоату одат, фароғи шодиву ҳасрат, Чу майлат ҳаст бар Ҳазрат, дуруди Мустафо мегӯ. Чу рафтӣ ҷониби масҷид, …

Муфассал »

Муноҷот ба даргоҳи Қозиюлҳоҷот

duo-003

Худовандо, ба ҳаққи ҷуду фазлат, Ба ҳаққи қудрату изҳори адлат. Ба ҳаққи нуру анвору сифотат, Ба ҳаққи қудрату асрори покат. Ба ҳаққи қудратат бар чархи афлок, Ба ҳаққи санъатат дар пардаи хок. Ба ҳаққи Одаму нури чҷамолаш, Ба ҳаққи Шису асрори камолаш. Ба ҳаққи Нуҳу Иброҳиму Исҳоқ, Ба ҳаққи Юсуфу …

Муфассал »

Муноҷотҳои Иброҳими Наққош

duo-nur

Ё Раб, аз лутфи амимат, ки гунаҳ бахшӣ маро, Ҳаққи Раҳмону Раҳимат, ки гунаҳ бахшӣ маро. Гаштаам саргашта чун сайде ба доми зиндагӣ, Ҳаққи асмои Азимат, ки гунаҳ бахшӣ маро, Ташнаам, аз соғари раҳмат маро сероб кун, Ҳаққи он Зоти қадимат, ки гунаҳ бахшӣ маро. Вақти назъи ҷон, ки ояд …

Муфассал »

Муноҷоти Соил

munojotzan-soil

Ё Илоҳо, ҳамраҳам имон кунӣ, Талхии ҷонканданам осон кунӣ. Раҳматат дарёи ом аст, беканор, Бар сарам ҳар лаҳзае селон кунӣ. Нури имон бар дилам маҳкам бикун, Ҳам халос аз чангали шайтон кунӣ. Гуфтаӣ «ло тақнату мин раҳматӣ», Ҳам Ғафурӣ, ваъда дар Қуръон кунӣ. Ҳам ба ҳаққи даҳ сифотат, эй Карим, …

Муфассал »

Муноҷоти Бисмили Рашнагӣ

duo

Ба борони иноят кишти ман сероб кун, ё Раб, Ба фарқам оби раҳмат ҳамчунон селоб кун, ё Раб. Замирамро, Каримо, як дам аз ёдат макун ғофил, Зи файзи номи Худ хуршеди оламтоб кун, ё Раб. Ба мифтоҳи иноят уқдаи дил боз кун, эй Ҳақ, Ба рӯям боби раҳмат фотеҳулабвоб кун, …

Муфассал »