Главная / Теги: Кодекси оила (страница 4)

Теги: Кодекси оила

Оқибати бекор кардани фарзандхондии кӯдак

moddai-143-kodeksi-oila

Моддаи 143-и Кодекси оила. Оқибати бекор кардани фарзандхондии  кӯдак  Дар сурати фарзандхондиро бекор кардани суд ҳуқуқу ӯҳдадориҳои байни фарзандхондшуда ва фарзандхондаю хешовандонаш қатъ гардида, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои байни кӯдак ва падару модару хешовандонаш барқарор карда мешаванд, агар инро манфиати кӯдак тақозо кунад. Дар сурати бекор кардани фарзандхондӣ, кӯдак бо ҳалномаи суд …

Муфассал »

Шахсоне, ки ҳуқуқи талаби бекор кардани фарзандхондии кӯдакро доранд

moddai-142-kodeksi-oila

Моддаи 142-и Кодекси оила. Шахсоне, ки ҳуқуқи талаби бекор  кардани фарзандхондии кӯдакро доранд  Ҳуқуқи талаби бекор намудани фарзандхондкунии кӯдакро падару модари ҳақиқии кӯдаки фарзандхондшуда, фарзандхондкардагони (яке аз онҳо) кӯдакони фарзандхондшуда,  ки ба синни чордаҳсолагӣ расидаанд, мақoми васояту парасторӣ, инчунин  прокурор  доро мебошанд.

Муфассал »

Асосҳо барои бекор кардани фарзандхондии кӯдак

moddai-141-kodeksi-oila

Моддаи 141-и Кодекси оила. Асосҳо барои бекор кардани фарзандхондии кӯдак  Фарзандхондии кӯдак дар мавридҳое бекор карда шуда метавонад, ки агар фарзандхондкардагон аз иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташудаи падару модарӣ саркашӣ кунанд, аз ҳуқуқи падару модарии худ  сӯиистифода намоянд, бо кӯдакони фарзандхондкардаашон муносибати бераҳмона дошта, майзада ё нашъаманди ашаддӣ бошанд. Суд …

Муфассал »

Бекор кардани фарзандхондии кӯдак

moddai-140-kodeksi-oila

Моддаи 140-и Кодекси оила. Бекор кардани  фарзандхондии  кӯдак  Фарзандхондии кӯдак ба тартиби судӣ бекор карда мешавад. Парванда оид ба бекор кардани фарзандхондии кӯдак бо иштироки мақоми васояту парасторӣ, инчунин прокурор баррасӣ мешавад. Фарзандхондӣ аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани фарзандхондии кӯдак қатъ мегардад. Суд …

Муфассал »

Сирри фарзандхондии кӯдак

moddai-139-kodeksi-oila

Моддаи 139-и Кодекси оила. Сирри фарзандхондии кӯдак  Сирри фарзандхондии кӯдакро қонун муҳофизат мекунад. Судьяҳое, ки дар бораи фарзандхондӣ ҳалнома қабул кардаанд ё шахсони мансабдоре, ки сабти давлатии онро анҷом додаанд, инчунин шахсоне, ки ба ҳар тариқи дигар аз фарзандхондӣ огоҳанд, бояд сирри фарзандхондиро нигоҳ доранд. Шахсони дар қисми 1 ҳамин …

Муфассал »

Нигоҳ доштани ҳуқуқи кӯдаки фарзандхондашуда ба нафақа ва ёрдампулӣ

moddai-138-kodeksi-oila

Моддаи 138-и Кодекси оила. Нигоҳ доштани ҳуқуқи кӯдаки фарзандхондашуда ба нафақа ва ёрдампулӣ  Кӯдаке, ки дар вақти ба фарзандхондӣ гирифта шуданаш бинобар вафоти падару модараш ба нафақаю ёрдампулӣ ҳуқуқ дорад, ин ҳуқуқро дар сурати ба фарзандхондӣ қабул шуданаш низ нигоҳ медорад.

Муфассал »

Оқибатҳои ҳуқуқии фарзандхондии кӯдак

moddai-137-kodeksi-oila

Моддаи 137-и Кодекси оила. Оқибатҳои ҳуқуқии фарзандхондии кӯдак  Кӯдакони фарзандхондшуда ва авлоди онҳо нисбат ба фарзандхондагон ва хешовандонашон, фарзандхондагон ва хешовандони онҳо, нисбати фарзандхондшудагон ва авлоди онҳо дар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои молу мулкиӣ ва ғайримолумулкии шахсӣ аз рӯи аслу насаб ба хешовандон баробар карда мешаванд. Кӯдакони фарзандхондшуда нисбати падару модари худ …

Муфассал »

Сабти номи шахсони фарзандхондкарда ҳамчун падару модари кӯдаки фарзандхондшуда

moddai-136-kodeksi-oila

Моддаи 136-и Кодекси оила. Сабти номи шахсони фарзандхондкарда ҳамчун падару модари кӯдаки фарзандхондшуда  Бо хоҳиши шахсони фарзандхондкарда суд метавонад оиди дар дафтари сабти таваллуд ҳамчун падару модари кӯдаки фарзандхондшуда сабт намудани номи онҳо ҳалнома қабул намояд. Барои чунин сабт нисбати кӯдаки фарзандхондшудаи ба синни даҳсолагӣ расида, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи …

Муфассал »

Тағйир додани сана ва маҳали таваллуди кӯдаки фарзандхондшаванда

moddai-135-kodeksi-oila

Моддаи 135-и Кодекси оила. Тағйир додани сана ва маҳали таваллуди кӯдаки фарзандхондшаванда  Барои таъмини сирри фарзандхондӣ бо хоҳиши фарзандхондкунандагон сана ва маҳали таваллуди кӯдаки фарзандхондшаванда метавонанд тағйир дода шаванд. Тағйир додани санаи таваллуди кӯдак танҳо дар сурати фарзандхондкардани кӯдаки навзод (то яксола) ва ба муддати на зиёда аз се моҳиҷозатдода …

Муфассал »

Ном, номи падар ва насаби кӯдаки фарзандхондшуда

moddai-134-kodeksi-oila

Моддаи 134-и Кодекси оила. Ном, номи падар ва насаби кӯдаки фарзандхондшуда  Ном, номи падар ва насаби кӯдаки фарзандхондшуда нигоҳ дошта мешавад. Бо хоҳиши шахси фарзандхонда ба фарзандхондшуда насаби фарзандхонда, инчунин номе, ки фарзандхонда додааст, гузошта мешавад. Ба кӯдаки фарзандхондшуда номи марди фарзандхондкарда, ҳамчун насаб гузошта мешавад, агар шахси фарзандхондкарда ҷинси …

Муфассал »