Главная / Теги: Кодекси Мехнат (страница 12)

Теги: Кодекси Мехнат

Баҳисобгирии вақти корӣ ва вақти истироҳат

moddai-257-kodeksi-mehnat

Моддаи 257-и Кодекси Меҳнат. Баҳисобгирии вақти корӣ ва вақти истироҳат, шартҳои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати кормандоне, ки бо кори фосилавӣ (дистансионӣ) машғуланд Барои кормандони ба кори фосилавӣ (дистансионӣ) машғулбуда меъёри давомнокии вақти корӣ ва вақти истироҳати бо Кодекси мазкур муқарраргардида татбиқ мегардад. Баҳисобгирии вақти корӣ барои кормандони бо кори …

Муфассал »

Шароити меҳнати кормандоне, ки бо кори фосилавӣ (дистансионӣ) машғуланд

moddai-256-kodeksi-mehnat

Моддаи 256-и Кодекси Меҳнат. Шароити меҳнати кормандоне, ки бо кори фосилавӣ (дистансионӣ) машғуланд Корфармо ба корманд воситаҳои коммуникатсионӣ (воситаҳои алоқа) пешниҳод намуда, хароҷоти пайвасткунӣ ва хизматрасонии онро ба зимма мегирад. Дар ҳолатҳое, ки корманд воситаҳои коммуникатсионии худро доимо истифода мебарад, корфармо онро ҷуброн менамояд. Ҳаҷм ва тартиби пардохти он бо …

Муфассал »

Кори фосилавӣ (дистансионӣ)

moddai-255-kodeksi-mehnat

Моддаи 255-и Кодекси Меҳнат. Кори фосилавӣ (дистансионӣ) Шакли махсуси раванди меҳнат, ки берун аз маҳалли ҷойгиршавии корфармо бо истифода аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ иҷро карда мешавад, кори фосилавӣ (дистансионӣ) ҳисобида мешавад.

Муфассал »

Реҷаи вақти корӣ ва вақти истироҳат, шартҳои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати кормандони хонакор

moddai-254-kodeksi-mehnat

Моддаи 254-и Кодекси Меҳнат. Реҷаи вақти корӣ ва вақти истироҳат, шартҳои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати кормандони хонакор Реҷаи вақти корӣ ва вақти истироҳат, хусусиятҳои назорати корфармо барои риояи тартиби вақти корӣ, шартҳои таъмини бехатарӣ, ҳифзи меҳнат ва риояи ин шартҳо барои кормандони хонакор бо шартномаи меҳнатӣ муқаррар карда мешаванд.

Муфассал »

Шартҳои меҳнати кормандони хонакор

moddai-253-kodeksi-mehnat

Моддаи 253-и Кодекси Меҳнат. Шартҳои меҳнати кормандони хонакор Корҳои хонакор танҳо дар ҳолатҳое иҷро карда мешаванд, ки агар вазъи саломатии кормандро халалдор насозанд ва барои иҷрои онҳо талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат таъмин карда шаванд. Дар шартномаи меҳнатӣ барои иҷрои кор дар хона тартиби ҳатмии шартҳои зерин бояд муқаррар карда …

Муфассал »

Кормандони хонакор

moddai-252-kodeksi-mehnat

Моддаи 252-и Кодекси Меҳнат. Кормандони хонакор Шахсоне, ки бо корфармо оид ба иҷрои кор дар хона бо меҳнати шахсӣ бо истифода аз мавод, таҷҳизот, асбоб ва олотҳои худ ва ё бо олоту воситаҳои аз ҷониби корфармо ҷудокардашуда ё ин ки бо маблағҳои корфармо харидорӣ шуда, барои иҷрои корҳо дар бинои …

Муфассал »

Қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманди хонагӣ

moddai-251-kodeksi-mehnat

Моддаи 251-и Кодекси Меҳнат. Қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманди хонагӣ Қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманди хонагӣ дар асоси муқаррароти пешбининамудаи шартномаи меҳнатӣ бо риояи талаботи Кодекси мазкур ба амал бароварда мешавад.

Муфассал »

Ҳалли баҳсҳои меҳнатии фардӣ

moddai-250-kodeksi-mehnat

Моддаи 250-и Кодекси Меҳнат. Ҳалли баҳсҳои меҳнатии фардӣ Баҳсҳои меҳнатии фардӣ байни корманди хонагӣ ва корфармо бо мувофиқаи тарафҳо ва ё тариқи судӣ ҳал карда мешаванд.

Муфассал »

Татбиқ ва бекор кардани ҷазои интизомӣ

moddai-249-kodeksi-mehnat

Моддаи 249-и Кодекси Меҳнат. Татбиқ ва бекор кардани ҷазои интизомӣ Татбиқ ва бекор кардани ҷазои интизомӣ нисбати корманди хонагӣ бо шартномаи меҳнатӣ, ки намунаашро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ тасдиқ мекунад, муқаррар карда мешавад.

Муфассал »

Вақти корӣ ва вақти дамгирии кормандони хонагӣ

moddai-248-kodeksi-mehnat

Моддаи 248-и Кодекси Меҳнат. Вақти корӣ ва вақти дамгирии кормандони хонагӣ Ба кормандони хонагӣ меъёрҳои давомнокии вақти корӣ ва вақти дамгирӣ, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, паҳн мегарданд. Реҷаи кор, тартиби додани рўзҳои истироҳат, рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда, ба изофакорӣ, кор дар вақти шабона, …

Муфассал »