Главная / Теги: Кодекси Мехнат (страница 11)

Теги: Кодекси Мехнат

Аттестатсияи хизматчии гражданӣ

moddai-267-kodeksi-mehnat

Моддаи 267-и Кодекси Меҳнат. Аттестатсияи хизматчии гражданӣ Бо мақсади муайян кардани дараҷаи тайёрии касбӣ, сифатҳои кории хизматчии гражданӣ аттестатсия гузаронида мешавад. Тартиб ва шароити гузаронидани аттестатсияи хизматчии гражданиро мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи дахлдори фаъолият муайян мекунад.

Муфассал »

Гузаронидани хизматчии гражданӣ ба кор ба дигар мақомоти давлатӣ

moddai-266-kodeksi-mehnat

Моддаи 266-и Кодекси Меҳнат. Гузаронидани хизматчии гражданӣ ба кор ба дигар мақомоти давлатӣ Хизматчии гражданӣ дар асоси аризаи хаттиаш бо мувофиқаи байни роҳбарони ташкилотҳои дахлдор мумкин аст ба дигар мақомоти давлатӣ гузаронида шавад.

Муфассал »

Маҳдудият дар хизмати гражданӣ

moddai-265-kodeksi-mehnat

Моддаи 265-и Кодекси Меҳнат. Маҳдудият дар хизмати гражданӣ Хизматчии гражданӣ ҳуқуқ надорад: – воситаҳои таъминоти моддию техникӣ, молиявӣ ва иттилоотӣ, дигар молу мулки давлатӣ ва иттилооти хизматиро бо мақсади ғайрихизматӣ истифода намояд; – дар амале, ки барои фаъолияти муътадили хизмати гражданӣ ва иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ монеъ мешавад, иштирок намояд; – …

Муфассал »

Қабул намудан ба ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ

moddai-264-kodeksi-mehnat

Моддаи 264-и Кодекси Меҳнат. Қабул намудан ба ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ Ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ (минбаъд – хизматчии гражданӣ) – шахсоне, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансаби воҳидии музднокро дар мақомоти давлатӣ барои амалӣ намудани ваколатҳои мансабӣ бо …

Муфассал »

Пешниҳоди рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ба корманди маъюб

moddai-263-kodeksi-mehnat

Моддаи 263-и Кодекси Меҳнат. Пешниҳоди рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ба корманди маъюб Ба корманди маъюб ҳар сол рухсатии меҳнатии пардохтшаванда тибқи ҷадвали рухсатиҳо, ки корфармо бо розигии онҳо тасдиқ намудааст, бо риояи меъёрҳои моддаи 94 Кодекси мазкур дода мешавад.

Муфассал »

Маҳдудияти кори шабона, изофакорӣ, кор дар рўзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ

moddai-262-kodeksi-mehnat

Моддаи 262-и Кодекси Меҳнат. Маҳдудияти кори шабона, изофакорӣ, кор дар рўзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ, фиристодани кормандони маъюб ба сафари хизматӣ Ҷалб намудани маъюбон ба кори шабона, изофакорӣ, дар рўзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ, фиристодани кормандони маъюб ба сафари хизматӣ танҳо бо розигии хаттии онҳо иҷозат дода мешавад, агар чунин …

Муфассал »

Маҳдудияти истифодаи ҷамъи вақти кори баҳисобгирифташуда барои кормандони маъюб

moddai-261-kodeksi-mehnat

Моддаи 261-и Кодекси Меҳнат. Маҳдудияти истифодаи ҷамъи вақти кори баҳисобгирифташуда барои кормандони маъюб Барои кормандони маъюби гурўҳҳои I ва II истифодаи ҷамъи вақти кори баҳисобгирифташуда роҳ дода намешавад. Ба кормандони маъюби гурўҳи III ҷамъи вақти кории баҳисобгирифташуда муқаррар карда намешавад, агар чунин реҷа бо нишондодҳои тиббӣ манъ карда шуда бошад.

Муфассал »

Давомнокии вақти кўтоҳи кории маъюбон

moddai-260-kodeksi-mehnat

Моддаи 260-и Кодекси Меҳнат. Давомнокии вақти кўтоҳи кории маъюбон Ба маъюбони гурўҳҳои I ва II вақти кори давомнокияш кўтоҳ на зиёда аз 36 соат дар як ҳафта бе кам кардани музди меҳнат муқаррар карда мешавад. Давомнокии кори ҳаррўзаи (басти кории) маъюбони гурўҳҳои I ва II аз 6 соат зиёд буда …

Муфассал »

Шароити меҳнати кормандони маъюб

moddai-259-kodeksi-mehnat

Моддаи 259-и Кодекси Меҳнат. Шароити меҳнати кормандони маъюб Шароити меъёрбандӣ, пардохт ва ҳифзи меҳнат, реҷаи корӣ, тартиби якҷоя кардани касбҳо (мансабҳо), шароитҳои техникӣ, санитарӣ, гигиенӣ, истеҳсолӣ-маишӣ, инчунин дигар шароитҳо бо мувофиқаи тарафҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ наметавонанд ҳолати кормандони маъюбро бад намоянд ё ҳуқуқи онҳоро дар муқоиса бо …

Муфассал »

Амалӣ намудани ҳуқуқи маъюбон ба меҳнат

moddai-258-kodeksi-mehnat

Моддаи 258-и Кодекси Меҳнат. Амалӣ намудани ҳуқуқи маъюбон ба меҳнат Маъюбон дар сурати доштани тавсияҳои меҳнатӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дода шудаанд, ҳуқуқи бо корфармо бастани шартномаи меҳнатиро бо шартҳои оддии меҳнат ё дар ташкилотҳои махсусгардонидашуда, ки меҳнати маъюбонро истифода мекунанд, доранд. Даст кашидан аз бастани шартномаи меҳнатӣ, …

Муфассал »