Главная / Теги: Китоби Ботаника сифи 6 (страница 6)

Теги: Китоби Ботаника сифи 6

Гуногунии растаниҳои гулдор ва таснифоти онҳо

tuxmii-rastani

Дар Олами наботот шӯъбаи растаниҳои пӯшидатухм аз ҳама сернамояндатар буда, тақрибан 250 ҳазор хели растаниҳоро дарбар мегирад. Чи тавре ки аз дарсҳои гузашта ба шумо маълум гардид, шӯъба дар навбати худ ба синф, тартиб, оила тақсим мешавад. Шӯъбаи растаниҳои пӯшидатухм (ё гулдор) ба ду синф – ду- палла ва якпалла …

Муфассал »

Растаниҳои пӯшидатухм (гулдор) — ҳамчун гурӯҳи олиташкил

reshaho

Шумо дар бобҳои аввали китоби дарсии синфи 5-ум ба сохт ва хусусиятҳои махсуси узвҳои нашвӣ ва ҷинсии растаниҳои гулдор шинос шуда будед. Растаниҳои пӯшидатухм назар ба он гурӯҳи растаниҳое, ки то алҳол шинос шудаед, сохти мураккабтар дошта, дар онҳо бори аввал гул пайдо мешавад. Ҳамин тавр, пайдо шуда- ни гул …

Муфассал »

Аҳамияти лучтухмон дар табиат ва хоҷагии халқ

botanika_6

Олами наботот дар рӯи Замин сарчашмаи ҳаёт мебошад. Дар ҳақиқат, мавҷудият ва фаъолияти ҳаётии инсон, ҳайвонот ва микроорганизмҳоро бе мавҷудияти он “уқёнуси сабз”, ки растаниҳо онро ба вуҷуд овардаанд, тасаввур кардан ғайриимкон аст. Наботот тамоми мавҷудоти зиндаро бо гази оксиген таъмин мекунад. Ба туфайли раванди фотосинтез растаниҳои сабз атмосфераро бо …

Муфассал »

Афзоиши растаниҳои лучтухм

ras-luch

Дарахти арча ба монанди дигар растаниҳои сӯзанбарг асосан тавассути тухмаш афзоиш мекунад. Тухми арча дар пулакчаҳои чалғӯзааш ба таври кушод (яъне луч) ҷойгир аст. Аз ин рӯ, арча ва дигар растаниҳои сӯзанбаргро растаниҳои лучтухм ном мебаранд. Арча растании духонагӣ, баъзан якхонагӣ мебошад. Пулакчаҳои хурд (микроспорофилл) дар чалғӯзаи (мардонаи) хурди тухмшакл …

Муфассал »

Арча – дархт

archa

Арча растании (дарахти) ҳамешасабз буда, ба синфи сӯзанбаргон дохил мешавад. Хелҳои он асосан дарахт ё бутташакл буда, баъзан хобраванда мешаванд. Шаклҳои дарахтии он 10-12 м ва ҳатто то 20-30 м ба боло қад мекашанд. Баргҳои аксари растаниҳои ҷавони арча дар солҳои аввали сабзишашон сӯзанмонанд буда, баъд шакли пулакчаро мегиранд. Дар …

Муфассал »

Гуногуншаклии растаниҳои лучтухм

broad-beans

Аз растаниҳое, ки то алҳол шинос шудаед, лучтухмон бо доштани тухм фарқ мекунанд. Инчунин, лучтухмон аз ушнаҳо, чилбанд ва сарахсҳо бо он фарқ мекунанд, ки дар онҳо барои бордор шудани ҳуҷайратухм қатраи об ҳамчун омили муҳим дигар зарурият надорад. Ин ҳолат ба растаниҳои лучтухм имкон дод, ки дар мин- тақаҳои …

Муфассал »

Сарахсшаклҳои қадима ва ҳосил шудани ангиштсанг

saraxshakl

Тақрибан 300 миллион сол муқаддам дар ҳама ҷои сатҳи Замин тамоми сол ҳавои гарму серрутубат ҳукмрон буд. Бар асари боридани боронҳои гарму омадани сел дарёҳо сероб шуда, кӯлҳо ва ботлоқзаминҳо пайдо шуданд. Тумани тираи бухори об аксар вақт офтобро панаҳ мекард. Чунин шароит боиси нашъунамои боавҷи набототи наздисоҳилӣ ва ботлоқӣ, …

Муфассал »

Сохт ва афзоиши чилбанд

Поя ва навдаҳои чилбанд аз бандҳо

Чилбанд ё чилбуғум гиёҳи бисёрсола буда, чун сарахсшаклон растаниҳои хеле қадима ба хисоб мераванд. Онҳо такрибан 32 намудро ташкил дода, дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон, ба ҷуз Австралия ва Зеландияи Нав, мерӯянд. Дар Тоҷикистон ду намуди он чилбанди саҳроӣ ва шохронда месабзад. Баландии пояи чилбаcliндҳо аз 80 то 100 см буда, …

Муфассал »

Сарахсҳ: Сохт, ҳаёт ва аҳамият

saraxs

Сарахсҳо ба гурӯҳи растаниҳои қадимтарин дохил мешаванд. Онҳо дар рӯи Замин васеъ паҳн гардидаанд. Даҳ ҳазор хели онҳо маълум аст. Дар шароитҳои гуногуни зист, дар биёбон ва ботлоқзорҳо, кӯлҳо, майдонҳои кишти шолӣ, обҳои нисбатан шӯр, дар ҷойҳои сернаму сояи дарахтони бешазор сукунат доранд. Сарахсҳо дар минтақаҳои кӯҳсор, дар ҷойҳои сернаму …

Муфассал »

Ушнаи торфӣ ва ҳосил шудани торф

ushnai-torfi

Ушнаи торфӣ ё сфагнум чун дигар намуди ушнаҳо бошандагони ботлоқзорҳо мебошад. Он тақрибан 300 хелро дарбар мегирад. Ушнаи торфиро бо ибораи дигар ушнаи сафед ҳам мегӯянд, чунки дар ҳолати хушк буданаш ранги зарду сафед ё бо пуррагӣ сафедро дорад. Дар ботлоқзорҳои сернам сфагнум пушиши қолинмонанди яклухтро пайдо мекунад. Дар он …

Муфассал »