Главная / Теги: Китоби Ботаника сифи 6 (страница 3)

Теги: Китоби Ботаника сифи 6

Ҳукмронии пӯшидатухмон дар замони ҳозира

Гулхои Точикистон

Дар байни дигар гурӯҳи растаниҳо пӯшидатухмон ё растаниҳои гулдор дар рӯи Замин васеъ паҳн шудаанд. Онҳо дар ҷангалу буттазорҳо, марғзору даштҳо, боғу киштзорҳо, дар биёбонҳои сӯзону қуллаи кӯҳҳои осмонбӯс, дар ботлоқу обанборҳо, хулоса, дар тамоми рӯи Замин паҳн шудаанд. Нисбати дигар гурӯҳҳои растаниҳо (аз ҷиҳати пайдоишашон) пӯшидатухмон хеле ҷавон мебошанд. …

Муфассал »

Марҳилаҳои асосии инкишофи олами наботот

saraxs

Аз рӯи омӯзиши қабатҳои кадимтарини қишри Замин, акс (нақш) ва боқимондаи сангшудаи набототу ҳайвоноти қадим олимон ба хулосае омаданд, ки Замин тақрибан 4,5 — 5 миллиард сол муқаддам вуҷуд доштааст. Тақрибан 2,5 миллиард сол пеш дар рӯи Замин ҳаёт вуҷуд дошт. Дар он давраҳо тадриҷан пайвастагиҳои нисбатан мураккаби органикӣ пайдо …

Муфассал »

Чанд намуди растаниҳо ҳастанд?

rasta-b

Гуногунии растаниҳо ва пайдоиши онҳо: Набототи сайёраи мо хеле гуногун аст. Дар он зиёда аз 350 ҳазор намуди растаниҳо нашъунамо мекунанд. Паҳншавии растаниҳо дар кураи Замин якхела ва баробар нестанд. Дар бешазорҳои минтақаи тропикӣ (Ҳусусан, тропикаи намнок) аз ҳама зиёдтар намудҳои гуногуни растанӣ мерӯянд. Онҳо мансуби тамоми гурӯҳҳои таснифотии олами …

Муфассал »

Растаниҳои мевадиҳандаи Тоҷикистон

napaleon_chereshnya-2

Мевапарварӣ дар хоҷагии халқ аҳамияти калон дорад. Меваҷоти дарахтию буттагӣ маводи пурқимати ғизоӣ мебошанд. Онҳо манбаи қанд, кислотаҳои органикӣ, намакҳои маъданӣ ва дигар моддаҳои пурарзиши ғизоӣ ҳастанд. Хусусан, меваҳои тару тоза аз витаминҳои барои организм ниҳоят зарурӣ бой мебошанд. Бисёр меваҷот ҳамчун ғизои шифобахш барои табобати касалиҳои ҷигар, фишори хун …

Муфассал »

Зироатҳои полизии Тоҷикистон

tarbuz

Растаниҳои полезиро аксари сокинони шаҳру деҳотамон на танҳо хуб мешиносанд, балки шаҳду лаззати меваҳои онҳоро борҳо чашидаанд. Растаниҳои полизӣ, аз қабили харбуза, тарбуз ва каду меваи серобу сершира дошта, онҳоро истеъмбл мекунанд ва баъзе навъҳояшонро ба сифати хӯроки чорво истифода мебаранд. Ҳамаи растаниҳои полизӣ мансуби танҳо як оила – оилаи …

Муфассал »

Растаниҳои сабзавотии Тоҷикистон

sabz

Растаниҳои сабзавотӣ хеле гуногун буда, дар байни онҳо ҳам растаниҳои худрӯй ва кишта вомехӯранд. Дар айни замон, тақрибан 1200 намуди растанихои сабзавотӣ маълуманд ва аксари онҳо худрӯянд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 25 намуди растаниҳои сабзавотӣ парвариш карда мешаванд. Сабзавот барои саломатии инсон аҳамияти калон дорад. Дар таркиби растаниҳои сабзавотӣ, ғайр …

Муфассал »

Картошка зироати муҳими хурок

Сурати Картошка

Картошка зироати муҳими хуроки, техникӣ ва хӯроки чорвост Картошка яке аз маводи асосии хӯроки инсон ба ҳисоб меравад. Беҳуда нест, ки мардум картошкаро “нони дуюм” меноманд. Муқаррар карда шудааст, ки аз картошка зиёда аз 200 хел таом тайёр кардан мумкин аст. Инчунин дар саноат аз картошка оҳар, каучук, коғаз, ранг, …

Муфассал »

Пахта дар Тоҷикистон

paxta

Пахта яке аз муҳимтарин ва қадимтарин растании нахдору равғандиҳандаи техникӣ ба ҳисоб меравад. Вай ба оилаи тугмачагулҳо мансуб аст. Дар Ҳиндустон 3 ҳазор сол пеш аз милод пахтаро кишт карда, аз он матоъ мебофтаид. Дар Миср ба кишти пахта дар асрҳои 1 то милод, дар Хитой бошад, асрҳои 9-7 сар …

Муфассал »

Шолӣ – ироати мазрӯии қадима

sholi

Шолӣ зироати хеле қадима буда, мансуби оилаи хӯшадорҳо аст. Вай ба намӣ ва гармӣ эҳтиёҷи ниҳоят калон дорад. Ҳамагӣ 19 намуди шолӣ маълум аст, ки қисми зиёдашон растаниҳои худрӯй мебошанд. Аксари онҳо дар минтақаҳои тропикӣ паҳн шудаанд. Шолии мазрӯӣ растании яксола аст. Пояи (хаспояи) борики рост дорад. Аз 50 то …

Муфассал »

Ҷуворимакка – растании хӯрокӣ, техникӣ ва хӯроки чорво

juvorimaka

Ҷуворимакка растании яксола, аз оилаи хӯшадорҳо мебошад. Ватани ҷуворимакка Америкаи Марказӣ буда, онро сайёҳон ба Аврупо оварданд, ки баъдтар ба дигар мамлакатҳои қитъаи Осиё паҳн гардидааст. Ҷуворимакка растании рӯшноипарвард ва гармидӯст мебошад. Поя, барг ва хӯшагули нағз инкишофёфта дорад. Хӯшагули чорӯбшаклаш дар нӯги поя ҷойгир аст. Дар он ҷо танҳо …

Муфассал »