Главная / Теги: Ислом (страница 12)

Теги: Ислом

40 – ЧИҲИЛ ДУРУДИ ШАРИФ

adab-privetstviya2

Харҷо кунанд нақл, шавад нуқли анҷуман, Ҳарфе, ки шуд з-он ду лаби шаккарин ҷудо, Мирзо Муҳаммадалии Соиб. Мавлоно Ашрафалии Таҳонавӣ (paҳ) дар «Зоду-с-саид» ин чиҳил дурудро аз аҳодиси он Ҳазрат (с) гирдоварӣ намуда, дар шакли чиҳил ҳадис мураттаб намудааст, ки иборат аз 25 сиғаи салавот ва 15 сиғаи салом мебошад. …

Муфассал »

99 Наваду нӯҳ номи мубораки Пайғамбари Худо (Муҳаммад САВ)

masjid

Баёни наваду нӯҳ номи мубораки Пайғамбари Худо (с) Эй зоти ту аз ду қавн мақсуду вуҷуд, Номи ту Муҳаммаду мақомат Маҳмуд. Дил бар лаби дарёи шафоат бастам, 3-он рӯй равон мекунам аз дида ду руд. Бобо Афзали Кошӣ. Ин наваду нӯҳ номи мубораки он Ҳазрат (с) ба ривояти саҳеҳ омада, …

Муфассал »

Ҳикоя дар бораи Раис

sharmalsheyx

Марде буд Раис ном, ки ӯ байъат ба хидмаги Шайх Қутбиддини Бахтиёр дошт (қаддасаллоҳу сирруҳу-л-азиз). Раис шабе дар хоб дид қуббае ва халқе анбӯҳ дар ҳаволии он қубба, марде кӯтоҳболое-(ро) дид, ки ҳар бор даруни қубба мерафт ва берун меомад ва ҷавоб меовард. Ва ин Раис мегӯяд, ки: «Ман пурсидам, …

Муфассал »

Ҳикояти Шайх Аҳмади Ғаззолӣ

mucharabot

Дар «Фавоиди Фирӯзшоҳӣ» ва дар «Мифтоҳу-л-ҷинон» овардаанд, ки рӯзе аъробие ба хизмати Ҳазрати Расули акрам (с) омада гуфт: Эй Расулаллоҳ (с), ман мардеам қарздор ва аз бебизоатӣ таъни ҷуҳуде мешунавам ва дигар он, ки маро ба ҳафтае муҳлат додаст, илоҷи ин кор чӣ созам? Расулуллоҳ (с) гуфтанд, ки: Салавот бар …

Муфассал »

Ҳикояҳои Исломи

kitob-2

Овардаанд, ки яке аз салаф гуфт, ки: «Ман ахбор[1] менавиштам ва бар зикри Пайғамбар (с) дуруд менавиштам ва салом не. Пас, Пайғамбар (с)-ро дар хоб дидам, ки маро гуфт: «Салавотро бар ман дар набиштан тамом наменависӣ». Пас аз он ҳеҷ нанавиштам магар бо дуруд ва салом».[2]          * * * * …

Муфассал »

Салафиён

arab_horseman_in_a_landscape-large

Манқул[1] аст аз баъзе салаф, ки дар дарё ҷамъе дар киштӣ буданд, ки боде бархост ва киштиро дар талотуми амвоҷ андохт. Чунончӣ аҳли киштӣ дил аз ҳаёт бардоштанд ва якдигарро видоъ карданд. Дар ин маҳал нуос[2] бар ман ғалаба кард ва чашми ман гарм шуд. Пайғамбар (с)-ро дидам, маро гуфт: …

Муфассал »

Ҳикояи Исо ибни Ибоди Динурӣ

shoh-podshoh

Овардаанд, ки Исо ибни Ибоди Динурӣ (paҳ) мегӯяд, ки: «Фазл ибни Фазли Кандуриро баъд аз вафот ба хоб диданд, пурсиданд, ки: Бо ту чӣ карданд? Гуфт: Ҳақ таоло бар ман раҳмат карду маро гиромӣ дошт ва ҳамаи заллоту ҷароими[1] маро афв фармуд. Гуфтанд: Ба чӣ чиз? Гуфт: Ба ҷиҳати ин …

Муфассал »

Ҳикояи Муҳаммад ибни Умар

shutur-arab

Нақл аст, ки Муҳаммад ибни Умар (раз) гуфт, ки: «Ман назди Аҳмад ибни Мӯсо ибни Муҷоҳиди Ашъарӣ (paҳ) будам, ки Шиблӣ (қаддаса сирруҳу) даромад. Аҳмад ибни Мӯсо бархост ва Шиблиро дар канор гирифт ва дар миёни ду абруи ӯро буса дод. Гуфтам: Сайидӣ, ин Шиблиро мардум ба девонагӣ эътиқод доранд, …

Муфассал »

Ҳикоят: Куфа

shahr

Овардаанд, ки марде буд дар Куфа, ки аз барои мардум китобат кардӣ. Ва одоби ӯ он буд, ки ҳар гоҳ ки дар китобат ба номи он Ҳазрат (с) расидӣ, номи он Сарвар (с)-ро ба ҳуллаи салавот биёростӣ. Чун бимурд, ба хобаш диданд, пурсиданд, ки: Бо ту чӣ кор карданд? Гуфт: …

Муфассал »

Ҳикояти Имом Ҳасани Басрӣ

gazali-s

Дар «Равзату-л-уламо» овардааст, ки Имом Ҳасани Басрӣ (paҳ) гуфт: «Абӯисмат ибни Нӯҳ ибни Марямро баъд аз вафоти ӯ ба хоб дидам, гуфтам, ки: Эй Абӯисмат, Ҳазрати Парвардгор ҷалла ва ало бо ту чӣ кард? Гуфт: Маро биёмурзид. Гуфтам: Ба чӣ сабаб? Гуфт: Ҳар боре, ки ҳадисе аз он Ҳазрат (с) …

Муфассал »