Главная / Теги: Дуоҳо (страница 7)

Теги: Дуоҳо

Дуои ҳусули иститоат барои ҳаҷ

duo-islom

Агар шахсе хоҳони зиёрати хонаи Аллоҳ ва равзаи поки Расулуллоҳ (с) мебошад, аммо имконоти сафар барояш мақдур нест, ин оятро ба касрат[1] бихонад, то ин ки Худованд орзуяшро бароварда созад. Оят ин аст: Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим Лақад садақаллоҳу Расулаҳу-р-руъё би-л-ҳаққи, латадхулунна-л-масҷида-л-ҳарома иншоаллоҳу оминина муҳаллиқина руусакум ва муқассирина ло тахофуна, фа алима мо …

Муфассал »

Дуот ҳусули баракат ва осонӣ дар корҳо

dua

Барои баракат ва вусъат дар ризқ ва барои ҳалли анҷоми он коре, ки аз анҷом доданаш оҷиз мебошад, сураи «Муззаммил»-ро дар як ҷо 41-маротиба то се рӯз бихонад, иншоаллоҳ ба орзуяш хоҳад расид. Аммо лозим ба тазаккур аст, ки мақсуд аз ин амал набояд ин бошад, ки ба шахси дигаре …

Муфассал »

Дуои муолиҷа аз бемории ярақон (зардча)

zanaki-zard

Агар шахсе мубтало ба бемории ярақон аст, дар ибтидо як маротиба сураи «Фотиҳа», ҳафт маротиба сураи «Ҳашр» ва як маротиба сураи «Қурайш»-ро бихонад ва бар об бидамад ва ба шахси бемор то он вақт бинушонад, ки ӯ тандуруст шавад. Сураҳои «Фотиҳа», «Ҳашр» ва «Қурайш» инҳо мебошанд: Сураи «Фотиҳа» Аузу биллоҳи …

Муфассал »

Дуо барои сохтани орзуҳои ҷоиз

revnost-razrushaet-otnosheniya

Бар ҳар мусалмоне лозим аст, то дар ҷамеи корҳо эътимоду таваккалаш бар Аллоҳ, таоло бошад ва ба ғайр аз ӯ бар каси дигаре эътимод надошта бошад, зеро ҳамон зоте метавонад ба кӯмаки бандагонаш бирасад, ки холиқи ҳамаи махлуқот бошад. Бинобар ин барои бароварда сохтани ниёзҳои ҷоиз ва дуруст ин оятро …

Муфассал »

Дуои раҳоӣ ёфтан аз изтироб ва ларзаҳои қалбӣ

dya

Агар касе мубтало ба ларзаҳои қалбӣ, дучори тарсу ваҳшат мебошад ва мехоҳад аз онҳо раҳоӣ ҳосил кунад, ин оятро 41-маротиба бар обе дамида ва пас аз он об бинӯшад Оят ин аст: Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим Ал-лазина оману ва татмаинну қулубуҳум бизикриллоҳи, ало би зикриллоҳи татмаинну-л-қулуб.[1] [1] Сураи Раъд, ояти 28.

Муфассал »

Дуои дур намудани хашм

jihod

Агар шахсе бисёр хашмгин аст ва ё ин ки зуд хашм мегирад, ин оятро то 21-рӯз 101-маротиба бар шакар ва ё қанде бихонад, сипас бо об ва ё чой бинӯшад. Оят ин аст: Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим Ва-л-козимина-л-ғайза ва-л-офина ани-н-носи, валлоҳу юҳиббу-л-муҳсинин.[1] [1] Сураи Оли Имрон, ояти 134.

Муфассал »

Дуои муваффақият дар муҳокимот

paydoishi-islom

Агар шахсе мехоҳад, дар додгоҳ ҳаққаш зоеъ нагардад, ҳар рӯз баъд аз ҳар намозе ин оятро 133-маротиба бихонад. Воқеан агар барҳақ бошад, иншоаллоҳ ба натиҷа мерасад вагарна худаш дар мусибат гирифтор хоҳад шуд. Оят ин аст: Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим Ва қул ҷоа-л-ҳаққу ва заҳақа-л-ботилу, инна-л-ботила кона заҳуқо.[1]   [1] Сураи Исро, ояти …

Муфассал »

Ҳамсари муносиб барои фарзанд

hukuki-zan-bar-shavhar

Агар шахсе наметавонад барои фарзандаш ҳамсари муносибе пайдо кунад, ин оятро дар ҳар ҳолате бихонад, то ин ки мушкилаш ҳал гардад. Оят ин аст: Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Рҳим Ам-ман юҷибу-л-музтарра изо даъоҳу ва якшифу-с-суъ.[1] [1] Сураи Намл, ояти 62.

Муфассал »

Раҳоӣ аз мушкилоти ризқ

dastarxon

  Агар шахсе  мехоҳад, ки аз тангии ризқ берун биёяд ва ё ин ки ниёз ба хурдани чизи наве дорад, ин оятро 7-маротиба бихонад ва ба сӯйи осмои суф намояд. Оят ин аст: Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим Раббано анзил алайно моидата-м-мина-с-самои такуну лано ида-л-лиаввалино ва охирино ва оята-м-минка, ва-рзуқно ва Анта Хайру-р-розиқин.[1]   …

Муфассал »

Дуои раҳоӣ ёфтан аз ҳар гуна дарду мусибат

savol

Нусхаи раҳоӣ ёфтан аз ҳар гуна дарду мусибат Агар шахсе мубтало ба мушкилоти бисёр ва гуногуне мебошад, ин оятро 7, ё 11-маротиба бихонад ва дасташро дар ҷое ки эҳсоси дард мекунад, бигӯзорад ва суф бикунад. Оят ин аст: Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим Ва ий-ямсаскаллоҳу бизуррин фа ло кошифалаҳу илло Ҳу, ва ий-ямсаска бихайрин …

Муфассал »