Главная / Биология / ТАДҚИҚОТҲОИ ШОЁН ДАР ИНКИШОФИ БИОЛОГИЯ

ТАДҚИҚОТҲОИ ШОЁН ДАР ИНКИШОФИ БИОЛОГИЯ

  1. Арасту дар ин солҳо назарияи зина ба зина инкишоф ёфтани олами зиндаро гуфта гузашт ва як қатор ақидаҳои табиию илмиро пешниҳод намуд.
  2. Арасту ба чунин хулоса омад, ки олами зинда аз табиати ғайри зинда бо таъсири қувваи илоҳӣ – энтелихия (аз юнонӣ – таъсир) пайдо шудааст.
  3. Аввалин бор микроскоп ихтироъ шуд. (Г.Галилей). Гардиши хун маълум гардид. (В.Гарвей).
  4. Ташкил ёфтани мавқеъи тамоми мавҷудоти зинда аз тухм. (В.Гарвей).
  5. Капиллярҳо (рагчаҳо) кашф шуданд. (М.Малпиги). Сохтори ҳуҷайрагии бофтаи пўк маълум гардид. (Р. Гук).  Бо роҳи таҷриба исбот гардид, ки кирминаи пашша аз тухми онҳо пайдо мешавад. (Ф.Реди). Бактерияҳо ва соддатаринҳо маълум гардиданд. (А. Левенгук).
  6. Пластидҳо ва хроматофорҳо маълум шуданд. (А.Левенгук).
  7. Нахустин бор мушоҳида шудани нутфаи (сперматозоид)-и одам. (А.Левенгук).
  8. Маҳфуми намуд ҳамчун ченаки систематикӣ қабул гардид. (Д.Рей) .
  9. Сохтори систематика ва номенклатураи бинарӣ (дуномагӣ) қабул шуд. (К.Линей).
  10. Маълум шуд, ки оксигенро растаниҳо хориҷ мекунанд. (Ҷ.Пристли).
  11. Алоқамандии рўшноӣ ва ранги сабзи растаниҳо муайян гашт. (Я.Ингенхауз).
  12. Назарияи аввалини олами органикӣ ташкил ёфт. (Ж. Б.Ламарк).
  13. Маълум гардид, ки аз маводи ҷав крахмал ба қанд бо ёрии фермент табдил меёбад. (Г.Кирхгоф).
  14. Қонуни бо ҳам монандии ҷанин ташкил ёфт. (К.М.Бер). Ядрои ҳуҷайра кашф гардид. (Р.Броун).
  15. Назарияи ҳуҷайрагӣ пешниҳод гардид. (Т.Шванн, М. Шлейден).
  16. Воридшавии нутфа (сперматозоид) ба ҳуҷайратухм мушоҳида шуд. (Ф.Кебер).
  17. Пайдоиши ҳар як ҳуҷайра аз ҳуҷайра ташаккул ёфт. (Р. Вирхов).
  18. Китоби Ч.Дарвин «Пайдоиши намудҳо бо роҳи интихоби табиӣ ё зинда мондани фардҳои хубтар мутобиқшуда дар мубориза барои ҳаёт» нашр шуд.
  19. Назарияи худ аз худ пайдошавӣ инкор гардид. (Л.Пастер).
  20. Қонуни биогенетикӣ ташкил ёфт. (Э.Геккел, Ф.Мюллер).
  21. Қонунҳои ирсият нашр шуданд. (Г.Мендел).
  22. Кислотаҳои нуклеинӣ кашф шуданд. (Ф.Мишер).
  23. Тасдиқ шуд, ки сафедаҳо аз аминокислотаҳо сохта шудаанд. (Н.Н.Любавин).
  24. Митозро дар ҳуҷайраи растанӣ мушоҳида намуданд. (И.Д.Чистяков).
  25. Маълум шуд, ки раванди оксидшавӣ на дар хун, балки дар бофтаҳо ба амал меояд. (Э. Пфлюгер).
  26. Тақсимшавии митозӣ дар ҳуҷайраи ҳайвон тасдиқ гардид. (В.Флелиминг, П.И.Перемежко).
  27. Витаминҳо маълум шуданд. (Н.И.Лукин).
  28. Назарияи биологии (фагоситарӣ) иммунитет ташкил ёфт. (И.И.Мечников).
  29. Вирусҳо кашф шуданд. (Д.И.Ивановский).
  30. Нахустин бор мейоз маълум гардид. (В.И.Беляев).
  31. Дучанда бордоршавӣ дар растаниҳои гулдор маълум гардид. (С.Г.Навашин).
  32. Бактериофакҳо (вирусҳое, ки бактерияҳоро мехўранд) кашф шуданд. (Н.Ф.Гамалея).
  33. Қонуни меросгузорӣ дуюмбора кашф шуд. (К.Корренс, Э.Чермак, Г.де.Фриз).
  34. Тасаввурот оиди фаъолияти рефлексҳои шартӣ маълум гашт. ( И.П.Павлов).
  35. Мавқеи растаниҳои сабз дар гардиши энергия ва моддаҳо дар табиат маълум шуд. (К.А.Тимирязев).
  36. Назарияи филэмбриогенез-макроэволютсия ташкил ёфт. (А.Н.Северсов).
  37. Назарияи хромосомии ирсият пешниҳод гардид. (Т.Морган).
  38. Қонуни қатори гомологии тағйирпазирии ирсӣ ташкил ёфт. (Н.И.Вавилов).
  39. Таъсири як қисми ҷанин ба қисми дигар ва мавқеи ҷойдоштаи ин қисм дар инкишофи ҷанин маълум гашт. (Г.Шпеман).
  40. Фотосинтез ҳамчун ҷараёни оксидшавандаю барқароршаванда тасдиқ гардид. (Т.Тунберг).
  41. Назарияи табиию илмии пайдоиши ҳаёт дар рўи замин маълум гардид. (А.И.Опарин).
  42. Асари Вернадский оид ба «Биосфера» нашр шуд. Пенитсилини табииро ҷудо карданд. (А.Флемминг).
  43. Сохта шудани микроскопи электронӣ. (Е.Руска, М.Кнолл).
  44. Антибиотики тозаи химиявии пенитсилинро дастрас намуданд. (Г.Флори, Е.Чейн)
  45. Назарияи биогеосеноз пешниҳод шуд. (В.Н.Сукачёв).
  46. Мавҷуд будани мутатсияи спонтанӣ (табиӣ) маълум гардид. (С.Лурия, М.Делбрюк).
  47. Моҳияти генетикии КДН исбот гардид. (О.Эвери, С.Маклеод, М.Маккарти).
  48. Тўри эндоплазматикиро кашф намуданд. (К.Портер).
  49. Табиати иммунологии номувофиқии кўчонидан (трансплантатсия)-и бофтаҳо ва узвҳо маълум шуд. (П.Медавар).
  50. Системаи рекомбинатсиявӣ дар бактерияҳо маълум гардид. (Д.Ледерберг, Е.Татум).
  51. Ягонагии принсипи назорат дар системаи кибернетика ва организмҳои зинда тасдиқ гардид. (Н.Виннер).
  52. Тасаввурот оид ба сохтани модели сохтори КДН маълум гардид. (Д.Уотсон, Ф.Крик).
  53. Гибридизатсияи ҳуҷайраҳои соматикӣ (ҷисм) тасдиқ шуданд. (Г.Барский).
  54. Типҳо ва табиати умумии код (рамз)-и генетикӣ муайян шуд. (Ф.Крик, Л.Барнет, С.Бреннер, Р.Уотс-Тобин).
  55. Клоникунонии ҳайвонот оғоз шуд. (Ҷ.Гердон).
  56. Фаҳмишҳо оиди фаъол гардидани генҳои танзимгар (регулятор) аз тарафи генҳои операторӣ маълум шуд. (Ф. Жакоб, Ж. Моно).
  57. Бо усули химиявӣ генро синтез карданд. (Х.Корана).
  58. Нусхабардории (транскрипсия) баракс маълум гардид, яъне аз КРН-КДН нусхабардор мешавад. (Х.Темин, Д. Балтиморе).
  59. Нахустин таҷрибаҳо оиди клоникунонии молекулавӣ нашр гардиданд. (С.Коэн, А.Чанг).
  60. Имконияти дигар шудани генотипи ҳайвонро бо ёрии молекулаҳои реконбинативӣ КДН исбот гардид. (Р. Толмитер, Р.Бринстер).

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …