Главная / Гуногун / Тадқиқи диски сахт

Тадқиқи диски сахт

Пеш аз он, ки корро бо мизи корӣ ба охир расонем, папкаи «Мой компьютер»-ро кушода, мавҷудоти диски сахтро меомўзем. Барои фаҳмидани ҷойи холӣ будан, ва аз назар гузаронидани диски сахт якчанд усул (роҳ) мавҷуд  аст. Барои ин амалҳои зеринро иҷро менамоем: 

Расми равзанаи «Мой компьютер»

diski-saxt

  • Лавҳи «Мой компьютер»-ро барои даъвати папкаҳои мувофиқ интихоб менамоем. Дар натиҷа равзанаи зерин инъикос меёбад;
  • Тирчаи мушакро ба нишонии диски локалии сахт, ки он бо ҳарфи «Локальный диск (С,)» нишон карда мешавад, бурда, тугмачаи чапи мушакро пахш менамоем;
  • Дар лавҳи «Подробно» маълумот дар бораи диски сахт ва дар қисми «Системные задачи» амалиёти дастрас инъикос меёбад;
  • Курсорро ба нишонии диски сахт бурда, тугмачаи рости мушакро пахш менамоем;
  • Дар менюи инъикосшуда лавҳи «Свойства»-ро интихоб менамоем;
  • Дар равзанаи муколимавии «Свойства» лавҳи «Общие»-ро интихоб менамоем. Дар ин ҳолат расми «Свойства» системаи Windows инъикос меёбад;

Расми «Свойства локалный диск С,»                                                                 

ва чӣ тавре, ки аз диаграмма мебинем чӣ қадар ҷой дар диск банд ва чӣ қадар ҷой озод мебошад;

  • Тугмачаи ок-ро барои маҳкам намудани равзанаи муколимавӣ пахш мекунем;

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …