Главная / Гуногун / ҲИКОЯИ «ТАБИБ ВА БЕМОР»

ҲИКОЯИ «ТАБИБ ВА БЕМОР»

bemorБишнавед, ай дўстон, ин достон,
Худ ҳақиқат нақди ҳоли мост он.
Буд шоҳе дар замоне пеш аз ин,
Мулки дунё будашу ҳам мулки дин.
Иттифоқо, шоҳ рўзе шуд савор
Бо ҳавоси хеш аз баҳри шикор.
Як канизак дид шаҳ бар шоҳроҳ,
Шуд ғуломи он канизак подшоҳ.
Мурғи ҷонаш дар қафас чун метапид,
Дод молу он канизакро харид.
Чун харид ўрову бархурдор шуд,
Он канизак аз қазо бемор шуд.
Шаҳ табибон ҷамъ кард аз чаппу рост,
Гуфт: — Ҷони ҳарду дар дасти шумост.
Ҷумла гуфтандаш, ки: ҷонбозӣ кунем,
Фаҳм гирд орему анбозӣ кунем.
«Гар Худо хоҳад» нагуфтанд, аз батар,
Пас Худо бинмудашон аҷзи башар.
Ҳар чи карданд аз илоҷу аз даво ,
Гашт ранҷ афзуну ҳоҷат нораво.
Он канизак аз мараз чун мўй шуд,
Чашми шаҳ аз ашки хун чун ҷўй шуд.

ЗОҲИР ШУДАНИ АҶЗИ ҲАКИМОН АЗ МУОЛИҶАИ КАНИЗАК ВА РЎЙ ОВАРДАНИ ПОДШОҲ БА ДАРГОҲИ ИЛОҲ ВА ДАР ХОБ ДИДАНИ ВАЛИЕРО

Шаҳ чу аҷзи он ҳакимонро бидид,
Побараҳна ҷониби масҷид давид.
Рафт дар масҷид сўи меҳроб шуд,
Саҷдагоҳ аз ашки шаҳ пуроб шуд.
Дар миёни гиря хобаш даррабуд,
Дид дар хоб ў, ки пире рў намуд.
Гуфт: «Ай шаҳ, мужда, ҳоҷотат равост,
Гар ғарибе оядат фардо, зи мост.
Дар илоҷаш сеҳри мутлақро бубин,
Дар миҷозаш қудрати Ҳақро бубин».
Чун расид он ваъдагоҳу рўз шуд,
Офтоб аз Шарқ ахтарсўз шуд.
Буд андар манзара шаҳ мунтазир,
То бубинад он чи бинмуданд сир.
Дид шахсе фозиле, пурмояе,
Офтобе дар миёни сояе.
Он хаёле, ки шаҳ андар хоб дид,
Дар рухи меҳмон ҳаме омад падид.
Шаҳ ба ҷойи ҳоҷибон фопеш рафт,
Пеши он меҳмони ғайби хеш рафт,

БУРДАНИ ПОДШОҲ ОН ТАБИБРО БАР САРИ БЕМОР, ТО ҲОЛИ ЎРО БУБИНАД

Қиссаи ранҷуру ранҷурӣ бихонд,
Баъд аз он дар пеши ранҷураш нишонд.
Ранги рўю набзу қорура бидид,
Ҳам аломоташ, ҳам асбобаш шунид.
Дид ранҷу кашф шуд бар вай нуҳуфт,
Лек пинҳон карду бо султон нагуфт.

ХИЛВАТ ТАЛАБИДАНИ ОН ВАЛӢ АЗ ПОДШОҲ ҶИҲАТИ ДАРЁФТАНИ РАНҶИ КАНИЗАК

Гуфт: — Ай шаҳ, хилвате кун хонаро,
Дур кун ҳам хешу ҳам бегонаро.
Кас надорад гўш дар даҳлезҳо,
То бипурсам з-ин канизак чизҳо.
Нарм — нармак гуфт: — Шаҳри ту куҷост?
Ки илоҷи аҳли ҳар шаҳре ҷудост.
В- андар он шаҳр аз қаробат кистат?
Хешиву пайвастагӣ бо чистат?
Даст бар набзаш ниҳоду як ба як,
Боз мепурсид аз ҷаври фалак.
Бо ҳаким ў қиссаҳо мегуфт фош,
Аз мақому хоҷагону шаҳру бош.
Гуфт: — Чун берун шудӣ аз шаҳри хеш,
Дар кадомин шаҳр будастӣ ту беш?
Шаҳр- шаҳру хона- хона қисса кард,
На рагаш ҷунбиду на рух гашт зард.
Набзи ў бар ҳоли худ буд бегазанд,
То бипурсид аз Самарқанди чу қанд.
Набз ҷасту рўй сурху зард шуд,
К- аз Самарқандии заргар фард шуд.
Чун зи ранҷур он ҳаким ин роз ёфт,
Асли он дарду балоро бозёфт.
Ҳону ҳон! Ин розро бо кас магў,
Гарчи аз ту шаҳ кунад бас ҷустуҷў.

ДАРЁФТАНИ ОН ВАЛӢ РАНҶРО ВА АРЗ КАРДАНИ РАНҶИ Ў ПЕШИ ПОДШОҲ

Баъд аз он бархост азми шоҳ кард,
Шоҳро з- он шаммае огоҳ кард.
Гуфт: — Тадбир он бувад, к -он мардро
Ҳозир орем аз пайи ин дардро.
Марди заргарро бихон з-он шаҳри дур,
Бо зару хилъат бидеҳ ўро ғурур.
Чунки султон аз ҳаким онро шунид,
Панди ўро аз дилу ҷон баргузид.

ФИРИСТОДАНИ ПОДШОҲ РАСУЛОН БА САМАРҚАНД БА ОВАРДАНИ ЗАРГАР

Шаҳ фиристод он тараф як — ду расул,
Ҳозиқону кофиёни бас удул.
То Самарқанд омаданд он ду амир,
Пеши он заргар зи шоҳаншаҳ башир.
Нак, фалон шаҳ аз барои заргарӣ,
Ихтиёрат кард, зеро меҳтарӣ.
Инак ин хилъат бигиру зарру сим,
Чун биёӣ, хос бошию надим.
Мард молу хилъати бисёр дид,
Ғарра шуд аз шаҳру фарзандон бурид.
Андар омад шодмон дар роҳ мард,
Бехабар, к- он шоҳ қасди ҷон-ш кард.
Чун расид аз роҳ он марди ғариб,
Андар овардаш ба пеши шаҳ табиб.
Шаҳ бад — ў бахшид он маҳрўйро,
Ҷуфт кард он ҳар ду сўҳбатҷўйро.
Муддати шаш моҳ меронданд ком,
То ба сиҳҳат омад он духтар тамом.
Баъд аз он аз баҳри ў шарбат бисохт,
То бихурду пеши духтар мегудохт.
Чун зи ранҷурӣ ҷамоли ў намонд,
Ҷони духтар дар вуболи ў намонд.
Чунки зишту нохушу рухзард шуд,
Андак — андак дар дили ў сард шуд.

БАЁНИ ОН КИ КУШТАН ВА ЗАҲР ДОДАНИ МАРДИ ЗАРГАР БА ИШОРАТИ ИЛОҲӢ БУД, НА БА ҲАВОИ НАФС ВА ТААММУЛИ ФОСИД

Куштани он мард бар дасти ҳаким
На пайи умед буду на зи бим,
Ў накушташ аз барои табъи шоҳ,
То наёмад амру илҳоми Илоҳ.
Шоҳ он хун аз пайи шаҳват накард.
Ту раҳо кун бадгумониву набард.

Муаллиф:  Джалолудини Балхӣ

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …