Главная / Ҷуғрофия / Тӯли географӣ

Тӯли географӣ

Тули географӣ яке аз координатҳои географӣ мебошад. Он мавқеи ин ва ё он нуқтаро дар сатҳи Замин нисбат ба хати нисфирӯзии асосӣ ё ибтидой (меридиани асосӣ) муайян мекунад. Аз ин ҷо масофаи кунҷии ин ва ё он нуқтаро дар сатҳи Замин аз хати нисфирӯзии асосӣ, ки бо дараҷа ифода меёбад. тӯли географӣ меноманд.

Хати нисфирӯзии асосӣ аз болои расадхонаи Гринвиҷ, ки дар наздикии шаҳри Лондон воқеъ гардидааст, мегузарад. Мувофиқи шартномаи байналхалқй онро ҳамчун хати нисфирӯзии асосӣ (меридиани асосӣ) ё ибтидоӣ қабул кардаанд. Хати нисфирӯзии ибтидоӣ кураи Заминро ба ду қисми баробар ҷудо мекунад, ки Нимкураи Шарқӣ ва Нимкураи Ғарбӣ мегӯянд. Тамоми нуктаҳое, ки дар тарафи шарқи хати нисфирӯзй ё ибтидой дар Нимкураи Шаркй воқеъ гардидаанд, тӯли шарқй (мухтасар т.ш.). тамоми нуқтаҳое, ки дар тарафи ғарби хати нисфирӯзй ё ибтидоӣ.

Ғарбӣ ҷойгир шудаанд, тӯли ғарбӣ ном доранд. Дараҷаҳои тӯли хар хати нисфирӯзӣ дар ҷои хати истиворо бурида гузаштани онҳо навишта шудаанд. Аз рӯи ин дарачаҳо тӯли географии ҳар як нуқтаро дар сатҳи Замин муайян мекунанд. Ҳисоб кардани тӯл ҳам монанди ҳисоб кардани арз мебошад. Фақат фарқдар ин ҷост, ки ҳисобкунии дараҷаи арз аз тарафи хати истиво, ҳисобкунии дараҷаи тӯл аз хати нисфирӯзӣ ё ибтидоӣ (ба самти шарқ ва ғарб) ибтидо меёбад.

Масалан, шаҳри Душанбе аз хати нисфирӯзии 60° ба тарафи шарқ ҷойгир шудааст. Барои ёфтани тӯли он камонаки хати мувозии байни ин хати нисфирӯзй ва Душанберо ҳисоб мекунем, ки он ба 8° баробараст. Онро ба 60° ҷамъ менамоем. Дар натиҷа муайян мегардад, ки шаҳри Душанбе дар 68° тӯли шарқй воқеъ гардидааст (Бо ҳамин услуб дар глобус тӯлн Владивостокро муайян кунед).

Ҳамин тавр. хар як нуқта дар сагхи Замин дорои арз ва тӯл мебошад, ки координатхои географии онро ташкил менамоянд.

Савол ва супориш

  1. Тӯли географӣ чист?
  2.  Дараҷаҳои тӯл дар куҷои харита ва глобус навишта мешаванд?\
  3. Тӯли шарқӣ ва ғарбиро аз кадом хати нисфирӯзӣ ҳисоб мекунанд?
  4. Дар глобус тӯли Москваро муайян намоед.

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …