Главная / Ҷамъият / Суханҳои ошиқона

Суханҳои ошиқона

Суханҳои ошиқона дар ду шакл тасвир меёбад ки яке дар шакли наср ва дигаре ба намуди назм (шеъру рубоӣ ва ғайра). Суханҳои ошиқона асосан ба ҷавонон бештар дилписанд аст, ки онҳо майл ба ошиқ шудан доранд ва мафтуни ошиқи худ ҳастанд.

Асосан ошиқӣ ин амалест, ки ягон кас ва ё чизеро бениҳоят зиёд дустдорӣ карда мешавад ва муҳтоҷи ҳамон кас ё чиз мешавад. Масалан шахсоне ки сарвати зиёдеро соҳиб шудани ҳастанд пас онҳлро ошиқи пулу мол мегӯянд. Лек дар ҷамъият асосан зиёда 90%-и мардум зери мафҳуми ошиқӣ ин дуст доштани писар духтарро ва ё зан мафтуни мардро мефаҳманд.

суханхои ошикона

Барои чи ошиқ мешавем?

Сабаби ошиқшавӣ дар он аст, ки вақте ки ба ин ё он чиз эҳтиёҷ дорем пас нафси худро бояд таскину тассалӣ дод ва барои ҳамин ҳам ҳангоми дарёфти моли лозима ва маъқул шудани яке аз намуди он кас ба худ беҳтаринашро интихоб карда ба он ошиқ мешавад.

Ҳаст ҳолатҳои ошиқии оддӣ ва ҳаст ҳолатҳое, ки сахт ва ё зиёд ба ин ё он чиз ошиқ мегарданд ва ин вобаста ба нозукии кор аст. Агар моле ки шумо меҳоҳед дарёфт кунед, ки дарду талаботи шуморо қонеъ гардаонад вале он мол на танҳо дарди шуморо аз байн мебарад балки ба шумо кайфияти хос дода таъби шуморо ниҳоят баланд мегардонад.

Мувофиқи суханони китобҳои муқаддаси илоҳӣ инсон аз ду ҷинс иборат аст ва ҳар яке дигареро барои худ дигареро интихоб карда дар ҳамхобагӣ ва таскин додани хоҳиши алоқаи ҷинсии худ ҷал менамояд.

Маҳз ҳамин ошиқӣ ҳаст ки одамон майл ба муносибати хуб бо якдигар карданро доранд ва нисбати ҷинси муқобили худ суханони хуб ва рафтори некро анҷом медиҳанд.

Дар кадом вақт сухани ошиқӣ мегӯем?

Одатан суханони ошиқиро духтарон бештар дуст медоранд вале дар баён карлани суханони ошиқӣ духатарон камфаъол мебошанд, ки сабабаш дар шармгин будани онҳост. Аз дигар тараф духтарон нафси ишқварзиашон камтар аст ва барои ҳамин ҳам дар андакак сухани ширини ошиқӣ розӣ ҳастанд ва хушҳол мешаванд.

Писарон, ки одатан дар ишқварзӣ серталаб ҳастанд ва барои дарёфт кардани ҷинси латиф бештар дар ташвиш буда ҷасуртар ҳастанд барои ҳамин ҳам дар гуфтани суханони ошиқӣ бештар ташвиш доранд. Маҳз писарон 2-маротиба бештар дар хондан, навиштан ва эъҷоди суханони ошиқӣ машғуланд.

Дар ҷаҳон суханони аз ҳама беҳтарини ошиқиро шоирон эъҷод кардаанд ва дар китобҳои худ навиштанд. Ҷавонони ҳозира дар дарёфт кардани суханони ошиқи ҳоло чандон мушкилӣ надоранд, чунки ингуна суханон дар шабакаи интернет ба забонҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла тоҷикӣ, руссӣ, англисӣ, узбекӣ ва ғайраҳо ниҳоят зиёд ҳастанд.

Бояд гуфт, ки одатан бисёриҳо зери мафҳуми суханони ошиқӣ шеъри ошиқиро дар назар доранд, ки дар дарунаш пур аз муҳаббат, ширинӣ, зебогӣ, латофат, хоҳиш, дилгармӣ, маҷнунӣ, шухӣ ва дигар унсурҳо ҳастанд.

Солҳои охир бо тараққӣ ёфтани технологияи иттилоотӣ суханони ошқӣ дар суратҳо, дар шеърҳо, дар сурудҳо, дар видеороликҳо таҷассум карда тавассути постаи элетронӣ, вайбер, СМС, скайп ва ғайраҳо ирсол мешаванд.

Суханони ошқи тоинки боз ҳам форамтар шавад мардум онро бо шаклҳои гуногун ба якдигар мерасонанд, ки ин фарҳангӣ баёнкунии худи ҳамон нафаронро иникос менамояд.

Дар назар гирифт, ки суханони ошиқӣ ба бисёриҳо маъқул аст, гарчанде дар вақти шунидани он онҳо инро инкор мекунанд ва ё ҷанҷолу фиғон мебардоранд. Баъзеҳо ки ҷасорати баланд доранд новобаста аз шуриш бемалол суханони пур аз муҳаббати ошиқонаашонро ба шахси дустдоштаашон мерасонанд, гарчанде ин байни ҷамъият бошад.

Шеърҳои ошиқӣ

Баҳоре буд,
Баҳоре буду ишқе буду ёре буд,
Ғурури саркашеву ифтихоре буд.

Дарахтон ғарқи гул буданду баргу бор,
Хуморӣ буд чашми ғунчаи бедор,
Ба чашми ман, ба чашми пурхаёли ёр,
Ҷавонӣ буду ишқу лаззати дидор. Муфассал >>>

—————— **** ——————

Ту медонӣ, туро манн мепарастам,
Биё, акнун бидеҳ дастат ба дастам.
Ба зулфони сиёҳат аҳд бастам,
Аҷоиб риштае омад ба дастам.
Бибин, соқӣ маро аз худ бадар сохт,
Намедонам кунун худро, ки ҳастам.
Шароби арғаваниро чашидам,
Дигар парҳезгариро шикастам.  Муфассал >>>

—————— **** ——————

Ман туро ёд кунам, ёраки манн, меоӣ,
Лутф фармову биё, эй ки маро дунёӣ.
Ёдам омад ҳама он лаҳза, ки бо ҳам будем,
Ошиқи зори туям, гӯй, чӣ мефармоӣ?
Атри оғӯши ту бӯи гули гулдон дорад,
Гули гулдон набувад лек ба ин раъноӣ. Муфассал >>>

—————— **** ——————

Бо шумо бахшем ҷонро, баҳри мо бас як нигоҳ,
Бо яке наззора бинмоед моро истилоҳ.

Бар даме з –ин марҳамат маҳрум мехоҳед кард,
Не аҷаб созед дунёро ба чашми мо сиёҳ.

Чашм не чашми шумо, бал чашмаи оби ҳаёт,
Бо чӣ санъат кимиё ангехт дар ин чашм илоҳ. Муфассал >>>

—————— **** ——————

Ҳамин ишқ аст, ки месузад сару пои вуҷуди ман
Сару пои вуҷуди ман, тамоми тору пуди ман,
На дилам дар канор ояд, На сабру ихтиёр ояд,
Намеои азизи ман, ки бо ту навбаҳор ояд.

Давомаш >>>

—————— **** ——————

Хуршеди сипеҳри лоязоли, ишқ аст,
Мурғи чамани хучастафоли ишқ аст.

Давомаш >>>

—————— **** ——————

Хайр, бо ту тӯю иди ман тамом,
Зиндагӣ бо ту насиби ман нашуд.
Рафтию гуфтӣ аҷаб не дар дилат
«Дар раҳи умрам ҳабиби ман нашуд».

Давомаш >>>

—————— **** ——————

Оҳ, ин хат хати як ҷононест,
Ёфтам ногаҳаш аз байни китоб.
Хондаму боз бихондам онро,
Охираш буд «фиристед ҷавоб!»

Давомаш >>>

—————— **** ——————

Ту, ки атвори хушу чеҳраи зебо дорӣ,
Қудрати тозанигаҳдории дунё дорӣ.
Метавонӣ сабаби бахти ягон ёр шавӣ,
Сабаби зиндагию шодии бисёр шавӣ.

Давомаш >>>

—————— **** ——————

Дили ман нест чу обе, ки ба ҳар ҷӯй давад,
Дили ман нест насиме, ки ба ҳар сӯй давад.
На чу овора ба ҳар ҷо ба такопӯй давад,
Лек, чун ҳусни туро дид, бирафт аз паи ту.

Давомаш >>>

—————— **** ——————

Эй ишқ, эй тараннуми номат таронаҳо,
Маъшуқи ошнои ҳама ошиқонаҳо,
Эй маъни ҷамол ба ҳар сурате ки ҳаст
Мазмуну муҳтавои тамоми таронаҳо

Давомаш >>>

—————— **** ——————

Гуфтӣ, ки аҷиб аст, туро хонаву дар нест,
Оё бувадат боми само боми иморат?
Гуфтӣ, ки пули якмаҳаат қимати тоқист,
Бо чукрӣ магар умр барӣ, умри бароҳат?

Давомаш >>>

—————— **** ——————

Духтаре рӯзе ба ман мактуб дод,
Буд мактубаш муҳаббатномае.
Буд арзи ишқи софе, эътиқод
Бо забони коғазею хомае.

Давомаш >>>

—————— **** ——————

Дар байни нозанинон моҳи замон туӣ, ту,
Дар олами муҳаббат меҳри ҷахон туӣ, ту.
Равшан намояд ин дар дилро фурӯғи ҳуснат,
Ҳам нури чашми хар як пиру ҷавон туӣ, ту.

Давомаш >>>

—————— **** ——————

Навиштам номи поки дилбареро,
Пас аз он байти ишқие навиштам.
Навиштам номи худро ҳам дар он ҷо,
Навиштам номи рӯзу моҳро ҳам.

Давомаш >>>

—————— **** ——————

Ишқи ман ин турна не , к-ояд фақат рӯзи баҳор,
Нест ё чун кӯчаи сарбас дар шаҳри қадим.
Вай наметарсад зи фасли гаму сарди рӯзгор,
Вай бувад пуррафтуо, пуркор чун роҳи азим

Давомаш >>>

—————— **** ——————

Қуҷоиву куҷоӣ, ишқи аввал?
Намеоӣ, намеоӣ чаро ту?
Дигар як лаҳза, дареғо,
Ба ёди худ намеорӣ маро ту.

Давомаш >>>

—————— **** ——————

Биё, ёрам,
Биёву бин гули ишқу умедам,
Биёву чин гули сурху сафедам.
Биё, ёрам,
Ки чун боди гулафшон бигзарад зуд
Баҳори гулнисорам.
Биё, ёрам,
Ки дар дил аз ҷудоӣ ғусса дора,
Бароят дар лабонам бӯсса дорам.

Давомаш >>>

—————— **** ——————

Туром ан дуст медорам,
Туро хоҳам, туро ҷуям,
Ки то шоми маҳтобӣ
Бароят рози дил гуям

Давомаш >>>

—————— **** ——————

Чашми ман нуру сафо мехоҳад,
Қалби ман сидқу вафо мехоҳад.
Ҷони ман ишқи туву меҳри ман
Меҳрубонии туро мехоҳад.

Давомаш >>>

—————— **** ——————

Диле дорам, ки дилдоре надорад,
Ғаме дорам, ки ғамхоре надорад,
Муҳаббат ҷони ман дар оташ афканд,
Ба оби дидаам коре надорад.

Давомаш >>>

—————— **** ——————

Ишқи худро оқибат дарёфтам
Чун умед аз ноумеди ҷаҳон.
Ишқ дар боғи дилам пажмурда буд,
Руст аз доғи дилам ӯ ногаҳон.

Давомаш >>>

—————— **** ——————

Туро ранҷур мебинам,
Фиғон аз ранҷи дунёӣ!
Дилат аз ишқ менола.
Шаби торики танҳоӣ.

Давомаш >>>

—————— **** ——————

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин

Шеъри ошиқӣ оиди духтари ношинос Оҳ, ин хат хати як ҷононест, Ёфтам ногаҳаш аз байни …